МАЪЛУМОТҲОИ НАВТАРИН
АСОСӢ / Тандурустӣ / Канзи Шифо / Ангур дар Канзи Шифо (Китоб)
Ангур

Ангур дар Канзи Шифо (Китоб)

Ангур — маълум аст, ки ин самари дарахти ток мебошад. Беҳтарини он пухтарасида ва ширини он аст, ки аз ҷинси аскарӣ, соҳибӣ, риши бобо ва кишмиш аст. Баъд аз инҳо навъҳои дигараш мақом дорад. Мизоҷаш гуногун аст бинобар ранг ба ранг будани навъҳои он. Мутлақан пухтаи он дар дараҷаи якум гарм ва тар аст; баъзеҳо бисёр ширини онро то дараҷаи дувум гарм донистаанд.

Хислатҳои шифобахши он: ин беҳтарини меваҳо ба ҳисоб меравад ҳамчун ғизо ва пайдо кардани хуни солим; мизоҷҳои ғализро ба эътидол меоварад, хунро соф мекунад, моддаҳои савдовӣ ва сӯхтаро аз бадан дафъ месозад; ҳоли бади узвҳои даруни сина ва шушро ислоҳ менамояд, баданро фарбеҳ мегардонад; агар онро макида оби онро биёшоманду пӯсташро партоянд, чарбии гурдаро зиёда мекунад. Вале хӯрдани ин ба меъдаи тармизоҷ ва боднок зарар дорад ва инчунин дар он бодро ба амал меоварад — давои ин зиёнаш зира ва арпабодиён хӯрдан аст. Ва агар дар ҷигар ва сипурз гиреҳ пайдо шуда бошад, низ зиён мекунад, ба қулинҷи бодӣ ва гурда низ зарарнок аст — дар ин мавридҳо тухми карафс бихӯранд, кифоя аст, ки ислоҳи зарар намояд. Инчунин дарунро мулоим ва хӯрандаашро ташна мекунад — дар ин ҳолат сиканҷабин ва ғизоҳои турш истеъмол бояд намуд.

Агар ангур хӯрда, аз болояш оби хунук бинӯшанд, бағоят зарарнок аст: мумкин аст ба иллати истисқо ва табҳои бадбӯ гирифтор намояд. Бояд ки ангурро баъди аз дарахташ ҷудо кардан дарҳол тановул накунанд, балки як-ду рӯз истода бошад, баъд бихӯранд ва инчунин мобайни ду таом, ки таоми аввал хӯрдашуда ҳазм ёбад, баъд онро бихӯранд. Ангури нав бодангез аст. Агар пӯсти он андак пажмурда гардад, баъд бихӯранд, дар ғизоият қавитар мешавад назар ба анҷир, бодаш ҳам кам мебошад, баданро қувват мебахшад, фарбеҳ мекунад, хуни солимро зиёда менамояд; моддаҳои нодаркор ва зарарнокро пазонида, барои дафъ шудан муҳайё месозад; дарунро мулоим мекунад, барои беморони нимҷон ва ба касони аз беморӣ навхеста ва инчунин таби хунуки доимӣ гирандагон фоида дорад.

Оби ангур зуд нуфузкунанда ва ба тезӣ аз меъда гузаранда аст, барои бемориҳои узвҳои даруни сина ва шуш бисёр фоидабахш аст ва бояд оби онро макида, пӯсташрю бипартоянд. Мавиз, хусусан мавизи тойфӣ барои меъда, ҷигар, гурда ва хичак мувофиқтар мебошад. Агар ангур баъди аз сараш чидан ду рӯз монда бошад, онро ва ё мавизашро бардавом бихӯранд, дардҳои меъда, рӯдаҳо ва хичакро шифо мебахшад.

Ангур

Аз ангур равған ҳам тайёр мекунанд ба ин усул. Оби ангурро бо равғани зайтун якҷо ҷӯшонида, обаш бухор шуда равад, баъд равғанро соф карда мегиранд. Ин равған бағоят гармкунандаи бадан, таҳлилдиҳандаи моддаҳои ғафс, гардонандаи варамҳо ва мулоимкунандаи пӯст аст. Мизоҷи тухми ангур дар дараҷаи дувум сард ва хушк аст. Агар инро бихӯранд, бод пайдо мекунад, дарунро мебандад, пешоб ва маниро нигоҳ медорад, хусусан тухми ангуре, ки аз хуми сирко бароварда бошанд, дар ин бобат қавитар аст. Вале ин ба хичак ва гурда зарар дорад.

Мизоҷи пӯсти меваи ангур дар дараҷаи якум хунук ва хушк аст. Агар инро бихӯранд, аз меъда дер фуруд меояд, бод пайдо мекунад. Пӯсти меваи ангурро сӯхта, ос карда бипошанд, пӯсти баданро ҷило медиҳад, рутубатҳои чашмро хушк мегардонад ва аксари захмҳоро дар ҳар як узве, ки бошанд, хушк месозад.

Ангури хом ва ғӯраи он дар таъм тунҷ ва мизоҷаш хунук мебошад. Хӯрдани ангури сурх, ки нисбатан турштар аст, аз меъда дер мефурояд, вале ба меъда қувват мебахшад. Аммо навъи сафеди он латиф ва аз меъда ба зудӣ поён фуруд меояд. Хокистари чӯби токро бихӯранд, сангҳои гурда ва хичакро майда карда мерезонад. Агар инро гузошта банданд, варамҳои сарди хояҳоро таҳлил медиҳад; дарди сар, дарди нимсар ва бавосирро шифо мебахшад.

Назди admin

Инчунин хонед инро

tarkibi-xun

Таркиб ва вазифаҳои хун ва плазмаи он

Аҳамият ва вазифаҳои хун. Хун ҳамчун моеъи дохилии организм дар системаи махсуси худ ҳаракат карда, …