МАЪЛУМОТҲОИ НАВТАРИН
АСОСӢ / ГУНОГУН / Бедгул
Бедгул

Бедгул

Бедгул — ин растиниро баргаш монанди барги бед аст, вале ғафстар аз он. Бинобар хотири баргаш «бедгул» ном гирифтааст. Бӯяш андак нофорам, таъмаш талх ва тез мебошад. Гулаш зебо, ду навъ аст: навъеро гулаш сурх, дигареро сафеди моил ба зардӣ.

Мизоҷи бедгул дар дараҷаи севум гарм ва хушк аст, таркибаш заҳр дорад. Хислатҳои шифобахши он: инро фақат ба берун истеъмол мекунанд, на ба дарун. Агар ба дарун истеъмол намоянд, кушандаи инсон ва ҷонварони дигар аст.

Барги бедгулро чун дар шароб ва анҷир ҷӯшонида, 12 грамм аз он чӣ, ки ин ҷӯшонида шуда бошад, бо маскаи гов биёшоманд, аз зарари ҷонварони заҳрнок эмин мегарданд, дар чорпоён низ ҳамин гуна асар дорад.

Баргашро пухта, кӯфта гузошта банданд, варамҳои сахтро таҳлил медиҳад, ҳатто онҳоро мегудозад; дарди кӯҳнаи пушт ва дарди зонуро таскин медиҳад; ирқуннасо (радикулит), қӯтур, хориш, доғи кунҷидак ва доғҳои дигари пӯстро дафъ мекунад.

Оби баргашро бимоланд, қӯтури пӯстро шифо мебахшад ва хориши аъзоро таскин медиҳад.Барги хушкашро кӯфта бипошанд, захмҳоро ба ҳам оварда сиҳат мекунад. Агар инро занҳо аз таг бардоранд, дарди бачадонро дур месозад.

Оби барг ва гули онро бимоланд, рухсораро пок мегардонад, мӯйро сара мекунад. Ҳар як қисми рӯйи заминии бедгулро дар об ҷӯш дода, он обро ба маконаш бипошанд, кайк ва мӯрчагони чӯбҳорро мекушад.

бедгули сурхОберо, ки як шабонарӯз бедгул тар карда шуда бошад, буз, гӯсфанд ва дигар ҷонварони майда биёшоманд, мекушад. Шох ва баргашро дар равғанҳо ҷӯшонида, он равғанро бимоланд, качалӣ (каляра) ва қӯтури ҳайвонотро дафъ мекунад.

Аз бедгул равған ҳам тайёр мекунанд ба ин тариқ. Барг ва гули онро муҳарро пухта, дар таносуби 100 грамм оби он 50 грамм равғани зайтун аз болояш андохта, бо оташи мулоим меҷӯшонанд, то он ки об тамоман бухор шуда раваду равған бимонад.

Ин равғанро бимоланд, качалӣ дар ибтидо бошад, қӯтури решгашта, хориш, доғи пес, бемориҳои сардмизоҷ, сустии асабҳо, нотавонии узвҳо ва дардҳои пушт, дарди зонуи кӯҳна ва монанди инро дафь мекунад.

Чун аз барги бедгул, чаккаи ҷурғот, гӯгирди зард — аз ҳар се якмиқдорӣ гирифта, кӯфта, бо равғани гӯсфанд сиришта, ба қӯтури решгашта бимоланд, то ҳафт мартаба, билкулл шифо мебахшад. Аввал 4,5 грамм усораи барги бедро, яъне оби барги бедро дар офтоб ғафс гардонида, 4,5 грамми онро бо шакар бихӯранд, баданро аз ахлоти сегона (балғам, сафро, савдо) пок мекунад. Баъд ин таркиби сегонаи мазкурро дувоздаҳ маротиба ба доғи пес бимоланд, онро дафъ мекунад.

Решаи бедгул дароз, борик, шӯртаъм, рангаш моил ба сурхӣ ва аксар сафедранг аст. Чун решаи қисми сафеди онро ба миқдори каме дар шири гови навдӯшида ҷӯшонида, маскаи онро бигиранд, баъд камтареро аз он бихӯранд, боҳро (пушти камарро) қавӣ мегардонад ва агар ҳангоми мубошарат маниашон зуд меомада бошад, дер меомадагӣ мекунад — инро аҳли Ҳиндустон аксар истеъмол мекунанд.

Агар бедгулро дарёфт карданаш душвор гардад,: барои таҳлил додани варамҳои сахт ба вазни он юнучқаи зардак (говришқа)-ро истифода баранд, раво мебошад ё бобунаро ба кор баранд, мумкин аст ва инчунин баробари сеяки он барги анҷир низ ҷойи онро мегирад.

Решаи бедгул ҳангоми истеъмоли он ба дарун ба шуш зарар дорад. Дар ин ҳолат асал бояд хӯрд, ки ислоҳи зарари он намояд. Миқдори як бор хӯрдан аз решаи бедгул дар як рӯз аз 1,75 то 3,5 грамм аст.

Барг ва гули онро хоҳ пухта бихӯранд ва хоҳ хом соида, кушанда аст бо гирифтор кардани дарди шадиди гулӯ, тафси бадан, андӯҳ, ташнагӣ, пурбод гардонидани шикам, берун баромадани саққои чашм ва сурх шудани он. Дар ин ҳолат қай кардан, ҳуқна (клизма), хӯрдани обгӯшти хунукшуда, дӯғ, равғани бодоми ширини сардкарда, хӯрдани анҷир бо каме асал ва хурмои бузургдона даво мешавад.

Назди admin

Инчунин хонед инро

Обшорон Аквапрки Душанбе

Шахри Душанбе дар сурату расм