МАЪЛУМОТҲОИ НАВТАРИН
АСОСӢ / Таърихи тоҷикон / ИҚТАЪ ВА ЗАМИНДОРИИ ШАРТӢ ДАР АСРҲОИ ХI–ХII

ИҚТАЪ ВА ЗАМИНДОРИИ ШАРТӢ ДАР АСРҲОИ ХI–ХII

Дар асрҳои ХI–ХII иқтаъ ва иқтаъдорӣ, яъне ба тариқи хизматона инъом карда шудани заминҳои кишт хеле ривоҷ ёфт, вале ин усул барои давлатҳои Ғазнавиён, Қарохониён, Салҷуқиён ва Хоразмшоҳиён якранг ва яксон набуд. ҳангоми аз нуқтаи назари муайяни таърихӣ таҳқиқ намудани мавқеи иқтаъ дар ҳаёти иҷтимоию иқтисодии ҳар яке аз ин чор давлат инро ҳам бояд дар назар дошт, ки ҳукмронон ва арбобони давлатии дурбин ва оқибатандеши онвақта ба таназзули иқтисодӣ ва сиёсии ҳокимияти марказӣ оварда расонидани ривоҷи иқтаъро ба  хубӣ  мефаҳмиданд. Дар ин бобат ҳикояти Олтунтош қоиммақоми Хоразми аҳди Маҳмуди Ғазнавӣ ҷолиби диққат аст. Хироҷи Хоразм аз маоше, ки Олтунтош ҳамчун қоиммақом мегирифт, ду баробар кам буд. Олтунтош ба вазири султон Маҳмуд чунин пешниҳод намуд: ӯ хироҷи Хоразмро ба фоидаи худ нигоҳ медорад ва бақияи ҳаққи худро аз хазинаи султон мегирад. Вазир пешниҳоди Олтунтошро нафақат рад кард, балки гапҳои талх ҳам зад: «Бигузор, ба амир Олтунтош маълум бод, ки вай Маҳмуд наметавонад буд. ҳеҷ гоҳ хироҷе, ки ӯ барои он масъул аст, ба ӯ дода нахоҳад шуд. Хироҷро бистон ва ба хазинаи султон таҳвил бидеҳ, пас мавоҷиб биталаб… Чӣ хавфи бузургест барои ғуломе, ки дар садади ширкат ба ҳукмронии подшоҳи худ бияфтад».[1] ҳуқуқи ба фоидаи худ ҷамъ кардани хироҷро соҳиб шудан аввалин шакли иқтаъдорӣ буд. Иқтаъ на ин ки барои «ғулом», балки барои подшоҳ «хавфи бузурге» дошт. Бинобар ин ҳукумат, агар қувваи кофӣ ва имкони иқтисодии бидуни инъоми замин адо кардани хидматона мавҷуд бошад, ҳамеша кӯшиш мекард, ки ба ивази хидмат пули нақд бидиҳад.

Мувофиқи шаҳодати Низомулмулк, Сомониён ва Ғазнавиён «…иқтаъ намедоданд, балки ба ҳар яке дар як сол чор бор аз хазина ба тариқи нақдина маош медоданд. Ва онҳо ҳамеша аз  ин қонеъ ва хушнуд буданд. Омилҳо хироҷ ҷамъ карда, ба хазина месупурданд ва аз хазина бад-ин тариқ боре дар се моҳ маош мегирифтанд».[2] Низомулмулк дар ин ҷо фақат роҷеъ ба қӯшун сухан меронад. Ин гуфтаҳои Низомулмулкро бо баъзе қайду шартҳо асосан дуруст эътироф кардан мумкин аст. Дар аҳди Сомониён иқтаъ хеле ривоҷ дошта бошад ҳам, бо сабабҳои маълум онро фақат аҳли сулола ва ё дарбориёни олимартаба соҳиб мегардиданд, ба қӯшун бошад, маош дода мешуд. Дуруст аст, ки дар аҳди Ғазнавиён қӯшун ҳам аввалҳо иқтаъ мегирифт, вале Сабуктегин (977–997) инро манъ карда, ба қӯшун аз ҳисоби хазина маоши мунтазам таъин намуд. Ин ҳолат баъдҳо, дар аҳди хукмронии ду-се насли ворисони ӯ низ давом кард.[3] Бо вуҷуди ин, дар аҳди Ғазнавиён ҳодисаҳои ҷудогонаи инъоми мулкҳои калон воқеъ мегардид, лекин ин навъи подош дар ҳаёти иҷтимоию иқтисодии онон, чи навъе ки дар замони Сомониён буд, мавқеи ба назар намоён надошт.

Ба ин тариқа, дар аҳди Ғазнавиён бахшишҳои феодалӣ, ҳатто дар айни авҷи нашъати ин салтанат камтар аз аҳди ҳукмронии Сомониён буд; ҳукумати марказӣ аз тақсими иқтаъ худдорӣ карданро мақсади асосӣ қарор дода, дар роҳи иҷрои ин маром ба имконоти иқтисодии худ такя мекард.

Аммо вазъият дар аҳди Салҷуқиён тамоман дигар буд. ҳарчанд мисли Низомулмулк шахсони пешқадами замон оқибатҳои зиёновари васеъ ҷорӣ намудани иқтаъ ва иқтаъдориро хеле хуб фаҳмида, барои пешгирӣ кардани он чораҳо меандешиданд, ин усул торафт бештар ривоҷ меёфт. ҳукмронони салҷуқӣ ба аъёну ашроф ва соҳибмансабон инъомҳои бузург ва ба қувваҳои аскарӣ бахшишҳои зиёде ато мекарданд.[4]

zamindoriИқтаи сарбозон сар то сари мамлакатро фаро гирифта буд. Иқтаъдор ҳақ дошт, ки як қисми даромади замини киштро ба фоидаи худ истифода намояд. Вале дар амал вай ба васеътар шудани ҳуқуқи худ саъй мекард. Низомулмулк чандин мартаба бо ҳар баҳона изҳор менамояд, ки муқтаъ (иқтаъдор) набояд аз доираи ҳуқуқе, ки ба ӯ дода шудааст, берун барояд ва ҳокимияти марказиро лозим аст, ки аз болои он назорат кунад: «Иқтаъдорон, ки иқтае доранд, бояд бидонанд, ки эшонро бар раоё ҷуз он фармон нест, ки моли ҳақ, ки ба эшон супорида шудааст, аз онҳо биситонанд ба ваҷҳе некӯ ва чун онро ситониданд, раоё ба тан, мол, фарзандон, асбоби худ ва ғайра аз онҳо эмин бимонанд».[5]

Аҳволи барзгарон дар заминҳои иқтаъшуда як хел набошад ҳам, вале умуман вазнин буд. Барзгарон бо ихтиёри худ аз як ҷо ба ҷои дигар рафта наметавонистанд. Баъзе сарчашмаҳо дар бораи меҳнати маҷбурии онон маълумот медиҳанд. Районҳои тамом, ки ҳоло дар ҷануби Туркманистон воқеанд, дар вақташ ба тариқи иқтаъ ба шахсони ҷудогона инъом гардида буданд.[6] Масъалаи иқтаъ ва иқтаъдорӣ дар давлати Қарохониён на он қадар равшан аст. В.В.Бартолд ва А.Ю.Якубовский чунин ҳисоб мекарданд, ки дар давлати Қарохониён усули амлокдорӣ боло гирифта, иқтаъ ба дараҷае паҳн шуда буд, ки онро метавон шакли ҳукмрони заминдории онвақта донист.[7] Ин ду муҳаққиқи маъруф аз рӯи қиёси давлати салҷуқӣ чунин натиҷа бароварда буданд.

О.Г.Болшаков[8] ба равияи умумии тараққиёти муносибатҳои феодалии Шарқи Наздик ва Миёна комилан мутобиқ будани ин хулосаро тасдиқ намуда, дар айни замон дурустии чунин тарзи муҳокимаро, ки ба як шабоҳат асос ёфта, худ ба худ имкони тафовутро аз байн мебарад, ба зери шубҳа гирифтааст. Ӯ доир ба усули амлокдорӣ дар давлати Қарохониён ин тариқа мулоҳизаро пеш меронад: аз рӯи далелҳои Е.А.Давидович, ҳатто дар айёми нашъунамои давлати сомонӣ ғайр аз мулкҳои вассалӣ, аз қабили Хоразм, Чағониён ва Хатлон, мулкҳои калони инъомшуда низ мавҷуд буданд. Дар даҳсолаҳои аввали ҳукмронии Қарохониён Мовароуннаҳр ба бисёр мулк ва мулкчаҳо тақсим шуда буд. Вале пас аз таъсиси давлати мустақил дар ин ҷо тақрибан ҳамон вазъияте, ки дар аҳди Сомониён вуҷуд дошт, дубора ҳукмфармо гардид. Пас ҳеҷ як асосе нест, ки усули амлокдории давлати Қарохониён ва давлати Сомониёнро (ҳарчанд бо баъзе тафриқаҳо бошад ҳам) бо ҳам муқобил гузорем.

Умуман, дурустии ин тарзи таҳқиқ ва натиҷаҳои онро эътироф накардан мумкин нест. Бо вуҷуди ин, баъзе тасҳеҳ ва илова кардан лозим меояд. Агар бахшишу инъомҳоеро, ки ба ивази хизмат дода мешуданд, аз рӯи аломати иҷтимоӣ ба ду гурӯҳ: «хӯронидани» қӯшун ва бахшишҳои калон ба аъзоёни сулола ва амалдорон ҷудо намоем, барои муҳокима рондан доир ба бахшиши гурӯҳи аввал дар аҳди Қарохониён ҳоло, дар ҳақиқат ҳам, далелҳои конкрети таърихӣ вуҷуд надоранд. Он чӣ оид ба гурӯҳи дувум бошад, аз сиккаҳои қарохонӣ баъзе маълумот ба даст овардан мумкин аст. Дар ибтидои асри ХI давлати Қарохониён воқеан ҳам ба бисёр мулкҳои калону хурд тақсим шуда, муносибатҳои тобеият ва силсилаи маротиби серзинаи феодалӣ хеле равшан ба зуҳур омада буд. На фақат аҳли сулола, балки дигар намояндагони табақаи ҳукмрон низ ба мавқеи вассали мулкдорони калон расида буданд. Баъдтар зикри соҳибони вассал дар сиккаҳо торафт камтар мешавад, вале тамоман аз байн намеравад. Дар замони асосгузори ҳақиқии давлати хоқонии Қарохониёни ғарбӣ, ки марказаш Самарқанд буд, Иброҳим Тамғочхон ҳам дар чанде аз сиккаҳо ному унвони соҳибони мулкҳои хурд–вассалони ӯ зикр ёфтаанд.[9] ҳатто дар нимаи дувуми асри ХII, вақте ки давлати Қарохониёни Осиёи Миёна ба дасти хонадони фарғонӣ қарор мегирад, на танҳо сардорони сулола, ки дар Самарқанд менишастанд ва на танҳо сардорони мулки Фарғона, ки дар Ӯзганд сукунат доштанд,[10] балки гоҳо соҳибони мулкҳои хурд, масалан, дар Марғиён ва Бинокат ҳам, ба ихтиёри худ пули сикка мебароварданд.[11]

Таассуроте ба вуҷуд меояд, ки авҷ гирифтани тамоили марказиятдиҳӣ пас аз таъсиси давлати мустақили қарохонии пойтахташ Самарқанд усули амлокдориро, ки дар ибтидои асри ХI муқаррар гардида буд, аз миён набардошта, фақат ҳуқуқи соҳибони мулкро маҳдуд гардонид ва, аз афташ, миқдори ин қабил мулкҳоро кам намуд. Ин аст, ки соҳибони мулкҳои хурд аз ҳамин вақт сар карда фақат аҳёнан номи худро дар сикка сабт мекарданд. Ғайр аз ин, агар Сомониён ба муқобили кӯшишҳои ба мулки меросӣ табдил додани мулкҳои инъомӣ мубориза бурда ва гоҳо муваффиқият ба даст оварда бошанд, дар аҳди Қарохониён, чунон ки аз сиккаҳо маълум мешавад, ба мерос гузоштани чунин мулкҳо як ҳодисаи маъмул мегардад. ҳақ ба ҷониби О.Г.Болшаков аст, ки барои сухан рондан дар бобати муқобилгузории давлатҳои Сомониён ва Қарохониён ҳоло ягон далел ва асосе мавҷуд нест. Лекин доир ба инкишофи «пешравандаи» минбаъдаи иқтаъ ва усули амлок, бо чунин як таъкид, ки ин ҳам як ҷараёни муттасили бомайлон набуд, метавон сухан ронд.

Баёни вазъияти давлати Хоразмшоҳиён басе осонтар аст. Дар асари ёдоваришудаи котиби шахсии Хоразмшоҳ — Текиш (1172– 1200) Муҳаммади Бағдодӣ якчанд ҳуҷҷати марбут ба вилояти Насо мавҷуд аст. Он вақтҳо дар ҳаёти сиёсии канорҳои ҷануби давлати Хоразмшоҳиён феодалҳои ғуз мавқеи калон доштанд. Текиш ба яке аз феодалони номдори ғуз — Туғоншоҳ ноҳияи калонеро дар ин вилоят ба тариқи иқтаъ инъом намуд. Аз ярлиқ маълум мешавад, ки ба Туғоншоҳ ҳуқуқи комили масуният дода шудааст. Рӯҳониён, қозиҳо, уламо, давлатмандон, «ҳукамо», «саркардаҳо», заминдорон ва дигар табақаи одамон ба ӯ итоат мекарданд. Шиҳна – ҳокимони деҳ ва музофот, мутасаррифон – маъмурони молияву хироҷ (дар дастгоҳи ҳукумати марказ ва маҳалҳо), инчунин идоракунандаи обёрӣ ва омилон – ғундорандагони хироҷ — ҳама дар зери итоати соҳиби иқтаъ буданд. Дар ярлиқ ба иқтаъдор чунин дастури амал зикр ёфта буд: «Бигузор, ӯ ҷазояшро диҳад, то ки муставфии хироҷ ва мутасаррифон ба зевари инсоф ва эътимод ороста гарданд, то ки онҳо аз фасод ва фориғболӣ орӣ бошанд, то ки ҳатман ва ҳаққан (манофеи аҳолиро) ҳимоя кунанд, то ба ҷуз молиёти муайян ва хироҷи маълум дигар андозе (ягон молиёти наве) аз барзгарон наситонанд, то (ба сари онҳо) ягон маҷбурияти берун аз одат наниҳанд ва (он чӣ таъин мешавад) ҳамчун навии ошкоро номақбулест, ки на Холиқ розӣ асту на халқ».

Дар ин панди бообуранг ҳамчунин зарурати ҳифзи номуси зан, молу мулк ва ҳаёти аҳолӣ, таъмини бехатарии хонаву ҷой ва ғайра таъкид шудааст. Аз ин ҳама чунин бармеояд, ки соҳибони ваколатдори иқтаъ, дар воқеъ, ҳамчун ситампешагону ғоратгарони ошкор буда, чунон ки дар санад гуфта мешавад, «мусулмонро маҷбур ба фирор менамуданд».

Қисмати аз иқтаи Туғоншоҳ берунмондаи вилояти Насо ба мулки худи Хоразмшоҳ Текиш дохил мешуд. Текиш онро ба воситаи қоиммақом идора мекард. Ба ин қоиммақом мавоҷиб таъин гардида, илова бар ин, баъзе маҳалҳо ба тариқи иқтаъ инъом шуда буд. Дар ярлиқи ба қоиммақом тақдимшуда хотирнишон мегардид, ки ӯ дар заминҳои иқтаи худ метавонад барояш хироҷ ғундорад, ба ӯ «калиди ҳаллу фасл ва банду баст, амри иҷро ва манъ» дода шудааст, «Бигзор, ӯ ба ноибони худ бигӯяд, ки онҳо дар вақти талабидани молиёти замин ба дӯши барзгарон андози (аз ҳадди) қарор берун ва вазнин бор накунанд, дар ҳоле ки онҳо иқтидори таҳаммули мушкилоти ҳисобу китоб ва ихтилоли (онро) надоранд…» Аз барзгарон ва шаҳрнишинон талаб мекарданд, ки нодории худро баҳона наоварда, тамоми андозу хироҷро бисупоранд, касони саркашидаро ҷазоҳои сахт нигарон буд.[12]

ҳамин тариқа, аз ин санадҳои воқеӣ манзараи мудҳиши зулму  ҷабри оммаи халқ дар пеши назар намоён мегардад.

Моликияти замин ва деҳқонон

Яке аз протсессҳои хоси иҷтимоии давраи мавриди таҳқиқ тағйир ёфтани ҳайъати заминдорони калон ва, ҳатто миёна мебошад. То истилои араб соҳибони асосии замин деҳқонон буданд. Вале пас аз истилои араб деҳқонон ба муфлисӣ рӯ ниҳоданд. Дар навбати аввал, албатта, деҳқонони камбизоат ва миёнаҳол, ки дар натиҷаи андозҳои аз ҳад зиёд ва сӯиистифодаи амалдорон хонахароб мешуданд, ба ин ҳолат афтоданд. Баъзе моликони хурд ба моликони калон ихтиёран супурдани заминҳои худро афзалтар медонистанд. Истилогарон ва аъёну ашрофи наздики онҳо ин гуна заминҳоро бо майли тамом мехариданд. Деҳқонон аз зулму фишор маҷбур мешуданд, ки замини меросиашонро ҳам фурӯшанд. Мусодира ва зӯран ғасб кардани мулки деҳқонон низ воқеъ мегардид.

Ин протсесс дар замони Сомониён ҳам давом намуд: аҳли сулола, амалдорон ва саркардаҳои соҳибмансаб ва сарватманд заминҳои мулкиро мехариданд. Ривоҷ ёфтани бахшишҳои феодалӣ дар асрҳои IХ–Х, аз як тараф, сарвати касони бахшишгирифтаро афзунтар намояд, аз тарафи дигар, ба онҳо барои хариди заминҳои меросии деҳқонон имкониятҳои фаровон муҳайё месохт, зеро бахшишҳои онвақта ниҳоятдараҷа калон буда, баробари он мансаби қоиммақом – ҳокими шаҳр, ноҳия ва вилоят низ дода мешуд. Ин буд, ки дар асри ХI моликияти хусусӣ нисбат ба замин фақат бо деҳқонон маҳдуд нагардида, дигар доираҳои болонишини ҷамъиятро низ фаро мегирифт.

Бо вуҷуди ин, дар асри ХI деҳқонон ҳанӯз табақаи пуриқтидореро ташкил менамуданд. Деҳқонони калон ноҳия ва вилоятҳои тамомро соҳибӣ мекарданд. Баъзе аз ин қабил деҳқонон бо хоҳиши тамом ба тарафи истилогарони Қарохонӣ гузаштанд[13] ва дар вақтҳои аввал на фақат мулк, балки то андозае мавқеи сиёсии худро ҳам нигоҳ доштанд. Номи онҳо бо унвони «деҳқон», ҳатто дар сиккаҳои мисӣ (зарбаи солҳои 997, 998, 1004/05 ва 1008/09 дар Илак) ба сифати вассали хони Қарохониён ёд шудааст.[14] Чунин таассурот ҳосил мешавад, ки дар аҳди Қарохониён дар охири асри Х – ибтидои асри ХI деҳқонони Илак, ҳатто ба мавқеъҳои баландтар соҳиб шуда, бештар мустақилият ба даст оварданд ва эътибори онҳо, аз он ки дар асри Х дар замони Сомониён буд, баландтар гардид.[15]

То ибтидои асри ХI мавқеи ашрофи қадимаи заминдор – ҳокимони вилоятҳои гуногуни сарҳадӣ устувор буд. Масалан, дар замони Сомониён, чунонки зикр ёфт, баъзе мулкҳо ба тӯҳфаву пешкашҳои аксаран рамзӣ маҳдуд шуда, хироҷ намедоданд. Дар он ҷо замин моликияти феодалони маҳаллӣ ба шумор мерафт. Султон Маҳмуди Ғазнавӣ барои тасарруфи ин вилоятҳо кӯшишҳои зиёде ба харҷ дод. Ў Гарҷистонро ишғол карда, кӯшкҳои ашрофи маҳаллиро ба замин яксон намуд. Вай кишвари Ғурро низ ба ҳамин минвол ба худ тобеъ кард.[16] Вилоятҳои назди дарёи Аму яке аз паси дигаре ба тобеияти султон Маҳмуд дохил шуданд. Фақат Чағониён то солҳои 1038/39 соҳибихтиёрии сиёсии худро нигоҳ дошт. Дар он ҷо, ба қавли Байҳақӣ, моликони меросӣ ҳукмронӣ мекарданд, дар сиккаҳои онҳо Ғазнавиён тамоман, ҳатто ба сифати султон ҳам ёд нашудаанд.[17]

Дар вилоятҳои истилошуда системаи хироҷ ҷорӣ карда шуд, ки барои мулкдорони маҳаллӣ аз ҷиҳати иқтисодӣ хеле номусоид буд ва ин боиси тадриҷан хонахаробшавии заминдорони хурд ва камбизоат мегардид. Дар ин маҳалҳо, зоҳиран, ҳамон протсесс, ки дар вилоятҳои марказӣ пештар сар шуда, то асри ХI қувват пайдо карда буд, «бо каме таъхир» такрор меёфт.

Дар давоми асрҳои ХI–ХII дар давлатҳои Қарохониён, Ғазнавиён ва Салҷуқиён протсесси аз тарафи аҳли ин сулолаҳо, ашрофу асилзодаҳо ва саркардаҳои ҳарбӣ харида гирифтани заминҳои мулкӣ бо суръати тамом давом намуд. Дар сарчашмаҳо мулкдорони ниҳоят калоне, ки аз байни аъёну ашрофи нав баромада буданд, зикр шудаанд. Онҳо ба имтиёзҳои зиёде соҳиб гардида, аксар вақт аз заминҳои худ андоз намедоданд.

ҳамин тариқа, заминҳои мулкии деҳқонони баъзе вилоятҳо бо роҳҳои гуногун ба дасти сулолаҳои нав ва феодалони нав мегузашт. Дар ин вилоятҳо деҳқонон дар арафаи истилои муғул дигар ҳамчун табақаи асосии заминдорон мавҷудияти худро қатъ карданд. Вале аз рӯи кашфиёти А.Мухторов дар кӯҳистони тоҷик – Мастчоҳу Фалғар, ҳамчун соҳиби деҳу замин то асри ХVI деҳқонон бақия монданд.[18]

Диққатро боз ба чунин як зуҳуроти инкишофи иқтисодиёти феодалӣ, аз қабили хариду фурӯши замин, мулки хусусӣ ҷалб кардан лозим аст. Пайдо шудани нархи замин, мавриди савдо қарор гирифтани заминҳои мулкӣ, бешубҳа, натиҷаи аз тарафи арабҳо, сипас, Қарохониён ва Салҷуқиён истило шудани Осиёи Миёна ва Хуросон, таъсиси давлатҳои нав, тағйири ҳайъати табақаи болои феодалӣ ва дигар ҳодисаҳое мебошанд, ки мо аз назар гузаронидем. Маҳз хариду фурӯши заминҳои мулкӣ сабабгори асосии ҳамчун табақаи мустақил ва асосии мулкдор аз байн рафтани қисми деҳқонон ва ба вуҷуд омадани ҳайъати нави мулкдорон гардид ва ин табаддулотро тезонид.

[1]Низомулмулк, 1949, с. 230–231.

[2] {амон асар, с. 106.

[3] Ӣosworth С.Е., 1963, р. 124-125.

[4] Бертельс А. Е., 1959, с. 31–33; Воsworth С. Ӯ., 1968 а, р. 230–244; Lamӣton А.К.S., 1969, р. 53-76 (дар ин ҷо роҷеъ ба таносуби усули иrтаи аҳди салҷукӣ ва давлати Буиён маълумот дода мешавад)

[5] Низомулмулк, с. 34.

[6] Lamӣton А.К.S., 1969, р. 66–69.

[7] Бартольд В. В., 1963 6, с. 330, 367 ва мобаъд; 1963 е, с. 248; Якубовский А. Ю., 1949, с. 39–40.

[8] ИТН, II, I, с. 248-250.

[9] Марков А.К., 1896, с. 265-267, 451-453, 457-460 ва мобаъд.

[10] Давидович Е. А., 1957 б, с. 108-119.

[11] Давидович Е. А., 1961 с. 189-190.

[12]Семёнов А.А., 1955.

[13] Аз ҷумла, худи деҳrонон Буuрохони rарохониро даъват карда буданд (Бартольд В.В, 1963 б, с. 318).

[14] Марков А.К., 1896, с. 218-219, № 192-193; Массон М.А., 1953, с. 81.

[15] Муr. Бартольд В. В., 1963 б, с. 292.

[16] Бертельс А.Е., 1959, с. 25-26.

[17] Давидович Е. А., 1970 б.

[18] Доир ба таҳаввули калимаи «деҳrон» ниг.: Бартольд В. В., 1923; 196.3 б, с. 238–239; Бертельс А. Е., 1959, с. 16–26; Мухторов А., 1967 ва uайра. 65.

Назди admin

Инчунин хонед инро

hulbuk

ШАҲРҲОИ ОСИЁИ МИЁНА ДАР АСРҲОИ ХI–ХII

Тараққиёти босуръати шаҳрҳо, истеҳсолоти молӣ ва тиҷорати пулӣ аз муҳимтарин аломатҳои давраест, ки мо ба …