МАЪЛУМОТҲОИ НАВТАРИН
Карвиё

Карвиё

Карвиё — Ин зираи сиёҳ аст, ки зироат мекунанд ва ҳам саҳроӣ дорад. Баргаш монанди барги шабит, гулаш низ чатрӣ монанди гули шибит аст, сафедранги моил ба кабудӣ, ки ба гули бӯстонии он шабоҳат дорад. Дар тиб навъи бӯстониашро ба кор мебаранд. Тухмаш дар ҳаҷм ба андозаи зираи сафед, тезтаъм, талх. Бехрешааш ба сабзӣ монандӣ дорад, низ мехӯранд. Қуввати зираи сиёҳи бӯстонӣ то се сол боқӣ мемонад. Ба забони руссӣ онро «Тмин» меноманд.

Мизоҷаш дар дараҷаи дувум гарм ва хушк аст. Хислатҳои шифобахши он: хӯрдани ин ахлоти баданро нарм ва рақиқ мегардонад, бодҳоро таҳлил медиҳад, дарунро мебандад, вале агар ин зираро ҳамроҳ карда бихӯранд, ғизоҳои дигари боднокро ислоҳ мегардонад. Агар инро бихӯранд, бухорҳои зарарноки ба сар барояндаро манъ мекунад.

Инро маҳин соида, чун сурма ба чашм кашанд, нури чашмро тез мегардонад ва инчунин ин аз ҷумлаи давоҳои чашм ба ҳисоб меравад. Вале агар инро аз ҳад зиёда ба чашм кашанд, чашмро хира мекунад.

Тухми карвиёХӯрдани ин барои зиқ-ун-нафас, дилтапак (дилбозӣ), ки аз хунукӣ бошад, инчунин барои ислоҳ додани оруғи боднок  даво мешавад, меъдаро гарм мекунад, оруғ меоварад, иштиҳоро мекушояд, вайрон шудани таомро дар меъда ва турш гаштани онро дар ин узв манъ месозад; қай ва дарди рӯдаҳоро даво мебошад, балғамро тит ва пароканда менамояд, пешобро меронад, дарди меъда ва рӯдаҳоро таскин медиҳад, бодҳои гурда ва хичакро пароканда мегардонад, баданро қувват мебахшад ва фарбеҳ мекунад, вале маниро қатъ мекунад, кирмҳои рӯда ва меъда, ҳатто кирми кадудонаро ҳам мекушад ва дафъ мекунад.

10,5 грамми ин зираро бо 25 грамм ҳар рӯз то як ҳафта бихӯранд,   истисқоро дармон мешавад. Ин зираро дар сирко парварда, яъне тар карда баъд бихӯранд, барои одамони гарммизоҷ низ мувофиқ ва форам мегардад.

Гиёҳ ва тухмашро дар об ҷӯшонида, он обро бинушанд, дарди рӯдаҳоро таскин медиҳад, пешобро меронад, маниро қатъ мекунад ва кирмҳои гуногуни шикамро мекушад.

Дар обе, ки зираи сиёҳ дар он ҷӯшонида шуда бошад, занҳо то ноф даромада нишинанд, дардҳои бачадонро дафъ мекунад. Тухмашро сӯхта, ос карда гузошта банданд, бавосири овехташаклро хушк карда меафтонад.

Миқдори як бор хӯрдан аз ин зира дар як рӯз 17,5 грамм аст. Вале ба дарун истеъмол кардани ин ба шуш зарарнок аст. Барои ислоҳи ин зарараш асал ва кокутиро бихӯранд, кифоя аст. Ба гурда ҳам зиён мекунад, барои ин катиро бихӯранд, зиёнаш ислоҳ меёбад. Ба ҷойи зираи сиёҳ арпабодиён ва зираи расмиро бихӯранд, равост.

Назди admin

Инчунин хонед инро

Бемории простата

Табобати Аденома простата, дору барои бемории мардон!

Аденомаи простата ё худ онро гиперплазияи ғадуди простатаи безарар мебошад, ки яке аз маъмултарин бемориҳои …