МАЪЛУМОТҲОИ НАВТАРИН
АСОСӢ / Таърихи тоҷикон / ОСИЁИ МИЁНА ДАР ОХИРИ ҲАЗОРАИ I ПЕШ АЗ МИЛОД

ОСИЁИ МИЁНА ДАР ОХИРИ ҲАЗОРАИ I ПЕШ АЗ МИЛОД

Дар тангаҳои Юнону Бохтар ва давраҳои баъдтар ва инчунин дар тангаҳои Кушониён чунин унвони юнонӣ ё худ шарқиэронии сардори давлат сабт гардидаанд – «волӣ», «шоҳ», «шаҳаншоҳ». Дар як мӯҳри ҳиндӣ ба хатти кушонӣ номе зикр шуда, баъди он унвони он шахс – «вазурк фрамалар»[1] омадааст. Дар Эрони сосонӣ ҳам сардори маъмуриятро «вазург фрамадар» мегуфтаанд, ки гӯё як навъ сарвазир буд. Ба ин мансаб фақат муқаррабони шоҳ ё худ намояндагони авлодҳои машҳур соҳиб шуда метавонистанд.[2] Вале бояд дар назар дошт, ки дар Осиёи Миёна маънои ин унвон дигар буданаш ҳам мумкин, зеро дар матнҳои мансуб ба давраҳои аввали асри миёнаи Суғд фармондор «маъмури хоҷагии дарбор» буд.[3] Аммо аз эҳтимол дур нест, ки дар замони Кушониён унвони мазкур унвони маъмури олии (ё яке аз унвонҳои олии) давлат буд.

Дар Эрмитажи давлатӣ[4] ва дар Музеи Британия[5] мӯҳрҳое ҳастанд, ки дар онҳо унвони «ҳазорахт» сабт шудааст ва он ҳамчун ҳазорпати Сосониён мебошад.[6] Санаи ин мӯҳрҳо муайян нест, эҳтимол, онҳо ба давраҳои баъди Кушониён мансуб бошанд. Дар бораи ҷои таҳияи онҳо ҳам ягон гапи муайян задан мумкин не, вале мо метавонем барои исботи дар асрҳои III-IV милодӣ дар Бохтар мавҷуд будани идораи мукаммали давлатӣ онҳоро чун далели иловагӣ ба кор барем. Дар катибаи Сурхкӯтал гуфта шудааст, ки унвони Ноқанзоқ «каралраг» буд. Ба ақидаи В.Б.ҳеннинг ин бо унвони сосонӣ «каноранг» (яъне сарҳадбон) як асту соҳиби ин унвон волии ноҳияи шарқӣ (яъне ноҳияи ба Осиёи Миёна ҳамсарҳади) давлати Сосониён буд. Вазифаи ин волӣ асосан ҳарбӣ буд, на гражданӣ. Баъд ин унвон дар Осиёи Миёна хеле паҳн шуд, масалан, дар ибтидои асрҳои миёна намояндагони оли Самарқанд чунин унвон доштанд[7].

Дар мӯҳре, ки дар Эрмитажи давлатӣ маҳфуз аст, В.Б.ҳеннинг калимаи «асбаропат»-ро хонд. Қисми аввали калима калимаи забони форсии миёна «асбар», яъне «савор» мебошад. Қисми дувуми калима аз «пат»-и забони қадимаи форсӣ аст, ки ба маънои «соҳиб» меояд. Хуллас, аниқаш ҳамин, ки ин калима ном не, балки унвон буда ва маънои он «сардори саворон аст»[8].

Дар яке аз геммаҳои кушонӣ номи соҳиби гемма «Харбалан» (яъне «Харсавор») сабт шудааст. В.А.Лившитс ишорат кардааст, ки ин ном дар ду катибаи ҳиндӣ, ки аз Сарнатҳа (қарибии Банорас) ёфт шудааст, дучор  мешавад ва зимнан яке аз катибаҳо сана дорад ва он ба соли севуми ҳукмронии Канишка рост меояд. Дар ин катиба дар бораи иморати ибодатгоҳи буддоӣ хабар дода шуда, дар байни донаторҳо ду «сатрап» –Wanaspaқa ва Khaқapallano зикр мешавад. Шахси дувум талаффузи номи ҳиндии касест, ки дар гемма сабт гардидааст, Vanaspaқa бошад, аз Wanaspaқ-и бохтарӣ бармеояд ва маънояш «зафардод» аст. Дар дувумин катибаи мазкур Khaқapallano «сатрапи аъзам» номида шудааст».[9]

Аз тадқиқи Порт маълум буд, ки идораи маъмурӣ — вилоятӣ ва маҳаллӣ ниҳоят маъмул буду барои пахш намудани истеҳсолкунандагони бевосита хизмат мекард.

osiyoi_miyonaИнак, ду қутб: дар як тараф, ашроф, ки дар даст ҳокимияту сарвати беандозаро нигоҳ медошт ва дар тарафи дигар, ононе, ки ин сарватро ба вуҷуд овардаанд. Дар бораи таркиби аҳли меҳнат (агар маҳз аз Осиёи Миёна сухан равад) дигар маълумоти муфассалтаре нест. Дар маъхазҳои то ба мо расида хабаре нест, ки қасрҳоро кӣ месохт, қалъаву истеҳкомҳоро кӣ барпо менамуд, кӣ дар устохонаҳои шаҳр кор мекард ва аҳолии деҳот аз киҳо иборат буд. Шакке нест, ки дар Осиёи Миёна ғуломон[10] ҳам буданду аҳолии мазлуму мутеъ ҳам.

Бояд қайд кард, ки (дар асоси исботи забоншиносон) барои ифодаи ғуломи давраи падаршоҳӣ ҳиндуевропоиён ҳанӯз дар давраи биринҷӣ истилоҳе доштанд, пас онҳо дар ҳамон замонҳо аз ғуломдории падаршоҳӣ воқиф будаанд. Дар давраи «Авесто» ҳам ғуломону одамони мутеъ вуҷуд доштаанд. Агар давраҳои сонитарро гирем, дар бораи ғуломони Суғд, Порт маълумоте ҳаст, дар бораи ғуломоне низ сухан меравад, ки аз Бохтар ва эҳтимол, аз Фарғона мешудаанд. Дар «Мактубҳои қадимаи суғдӣ» ва дигар осори хаттии суғдиён истилоҳоти «вандак» («банда», «ғулом») ва «дайя» («чӯрӣ») дучор мешавад. Дар никоҳхати суғдиён (аввали асри VIII милодӣ) чор тоифаи мардумони мутеъ зикр шудааст. Дар байни онҳо ғуломони дар боло зикршуда вандакҳо, ғуломони ба ҷои пули қарз гирифташуда нипакҳо ва шахсони асир афтода ғуломшуда — ванакҳо номбар шудаанд. Дар айбномаи Сосониён, ки дар асри V милодӣ таълиф шудааст, ду тоифа ғуломон – бандакҳо (яъне умуман ғуломон) ва анашҳракҳо (яъне шахсони асир афтода ғуломшуда) ба назар мерасанд.[11] Дар ду катибаи рӯи устухондонҳои Тӯққалъа (Хоразм), ки санаи онҳо дар як вақт аст, истилоҳи «хуноник» пайдо шуд. Мувофиқи баъзе мадракот дар Хоразм истилоҳи «хун» маънои асири ғарибро доштааст.

Барои ҳалли масъалаи сохти иҷтимоию иқтисодӣ хуҷҷатҳои Тупроққалъа аҳамияти махсус доранд (асрҳои II–III милодӣ). Ин рӯйхати аҳли хонавода-ҳост, аниқтараш, рӯйхати мардони оила, яъне рӯйхати тоифаи агнатӣ мебо-шад. Масалан, дар ҳуҷҷати № 8 гуфта мешавад, ки тоифа аз 21 кас иборат, аз ҷумла, 4 шахси озод (соҳибхона, ду писари калонаш ва домодаш). Ғуломон бошанд (ё худ хизматгорон) 17 нафар, зимнан 12 нафари онҳо ғулом (ё хизматгори) худи соҳибхона, 2 нафарашон аз они занаш, 2 нафари дигар аз они писаронаш ва 1 ғулом аз они писари канизи соҳибхона[12]. То нашри пурраи ҳуҷҷатҳои мазкур аз тафсири таърихии он беҳтараш худдорӣ кардан даркор. Вале бори дигар таъкид мекунем, ки меҳнати ғуломон на ягона буду ва на, аз афти кор, афзалияте дошт. Ин гап, аз ҷумла ба хоҷагии қишлоқ ҳам дахл дорад.

ҳиндушинос — марксисти машҳур Валтер Рубен (РДГ) ақида дорад, ки дар ҳиндустон шумораи ғуломон хеле зиёд буд, вале бевосита дар истеҳсолот (ҳам дар хоҷагии қишлоқ ва ҳам дар ҳунармандӣ) онҳо мақоми баланд надоштанд, зеро самараи меҳнатии онҳо зиёд набуд.[13]. Вазъият нафақат дар ҳиндустон чунин буд, балки чи тавре олимони советӣ нишон доданд, дар аксари мамлакатҳои дунёи қадим, ки дар он ҷо истеҳсолоти молӣ тараққӣ накарда буд, чунин вазъиятро дидан имкон дошт. И.М.Дяконов менависад: «…Фақат Коринф, Афина ё Рим (ҳам Рими республикаи сонӣ ва ҳам Рими империяи аввал) барин ҷамъиятҳо, яъне фақат баъзе ҷамъиятҳои дунёи қадим, ҷамъиятҳое, ки дар онҳо ғолибан истеҳсолоти молӣ равнақ дошт, дар инкишофи пуравҷи ғуломдории ғайридавлатии миқёсан хеле калон мисол шуда метавонад.»[14]

Ба фикри мо ҳам, дар Осиёи Миёна меҳнати ғуломон, аз ҷумла меҳнати ғуломон дар истеҳсолоти хоҷагии қишлоқ роли ғайриасосӣ, аниқтараш, роли дувумдараҷаро мебозид.

Ба ин муносибат бояд таъкид кард, ки мувофиқи шаҳодати баъзе мадракоти бевосита ва бисёр мадракоти бавосита дар Осиёи Миёнаи қадим, чунончи, умуман дар Шарқи қадим[15] ҷамоат мақоми ниҳоят баланде дошт. Ҷамоатҳои хонаводагии падаршоҳӣ ва ҷамоатҳои ҳамсоягон, ки онҳоро муттаҳид менамуданд, ҳамон таҳкурсие буд, ки бар он ҷамъияти қадим пойдор меистод. Ин ҷамъият, бо таъбири И.М.Дяконов, пеш аз ҳама, ташкилоти одамони озоду ғуломдорони баробарҳуқуқ буд.[16]

Дар Суғди давраҳои аввали асрҳои миёна (ва аз афти кор, аз ин ҳам пештар) ҷамоат (наф) аз ашроф (озоткорон), савдогарон (ҳавокорон) ва деҳқонони озоди ҷамоату ҳунармандон (корикорон)[17] иборат буд. Умуман аз давраҳои «Авесто» сар карда дар забони эронӣ муқобилгузории шахсони аз ҷиҳати иҷтимоӣ боло ба шахсони аз ҷиҳати иҷтимоӣ паст ба назар мерасад. Шахсони аз ҷиҳати иҷтимоӣ болоро «озод» меномиданд.[18] Ба онҳо шахсони мутеъ, пеш аз ҳама, ғуломон муқобил меистоданд. Ба қавли Ф.Энгелс, «истибдоди шарқӣ ба моликияти умумӣ асос ёфта буд».[19]

Гарчанде дар сохти иҷтимоию иқтисодӣ муносибатҳои ғуломдорӣ мақоми муҳим доштанд ва чуноне ки бисёр муҳаққиқон нисбат ба Шарқ инро раво медонанд, ҷамъиятро умуман ҷамъияти ғуломдорӣ номидан мумкин аст, вале ба ақидаи мо, дар Осиёи Миёна дар истеҳсолот дар тамоми муддати давраи қадим аҳли ҷамоат роли пешбаранда доштанд ва ин, алалхусус, дар истеҳсолоти хоҷагии қишлоқ аён аст. Ин замоне буд, ки дар деҳот ҷамоати қишлоқ ҳукмронӣ мекард.[20]

Хусусияти ҷамоатӣ доштани зироаткорӣ протсесси аз хоҷагии натуралӣ ба хоҷагии молӣ гузаштанро хеле суст кард, зеро маълум аст, ки «ҳар қадар таназзули тарзи ҷамоатии зиндагонӣ бештар бошад, ба мол табдил ёфтани маҳсулот… ҳамон қадар зиёдтар мешавад».[21]

Чи тавре дар бобҳои болоӣ нишон додем, дар Осиёи Миёна ҳаёти шаҳрӣ барвақт оғоз ёфта, бо бисёр мамлакатҳо робитаи савдо баста шуд, вале хусусияти натуралии хоҷагӣ мисли пештара мақоми асосӣ дошт. Агарчи ба туфайли ин савдои дохилӣ ва муомилоти пул чандон чуқур паҳн нашуда бошанд ҳам, онҳо дар ҳар ҳол «барои ба системаи ғуломдорӣ, ки ба истеҳсоли арзиши изофа нигаронида шудааст, табдил ёфтани системаи патриархалии ғуломӣ, ки ба истеҳсоли васоили бевоситаи зиндагӣ нигаронида шудааст»[22], мусоидат карданд.

Дар ноҳияҳои кӯҳӣ ва даштии Осиёи Миёна инчунин воҳиди тақсимнашудаи ҳунармандӣ байни шаҳру деҳот вуҷуди худро идома медод. Дар ин ҷойҳо ҳунармандӣ аз зироаткорӣ ҳанӯз қатъиян ҷудо нашуда буд.

ҳамзистӣ ва ҳамкории зичи ноҳияҳои зироаткор ва олами қабилаҳои кӯчманчӣ дар тӯли бисёр асрҳо ва ҳазораҳо ҳодисаи хоси тараққиёти таърихии Осиёи Миёна ва бисёр дигар мамлакатҳои Шарқ буд.[23]

Яке аз вазифаҳои истибдоди шарқӣ бо мақсади ғорати кишварҳои дигар ва ғасби заминҳои бекарон доимо ҷанг кардан буд.

Инчунин бояд қайд кард, ки тараққиёти хоҷагӣ ниҳоят нобаробар буд ва, аз ин рӯ, дар инкишофи муносибатҳои ғуломдорӣ дар вилоятҳои гуногуни Осиёи Миёна низ нобаробарӣ ба назар мерасад. Аз ҷиҳати иқтисодӣ ноҳияҳои пешқадам воҳаҳои Суғд, Хоразм, Бохтар (Тахористон), Фарғона ва Хуросон буданд. Воҳаҳои нисбатан маҳдуди кӯҳистони доманаи Помир, Бадахшон, Кӯҳистон ва ғ. андак қафо мемонданд. Ноҳияҳои ҳафтрӯд, назди Арал, соҳили Каспий ва ноҳияҳои Қазоқистони ҳозира гӯшаҳои қафомондаи дурдаст ҳисоб мешуданд. Воҳаҳои Чоч ва Истаравшан як навъ районҳои гӯё буферӣ буданд. Дар хоҷагии чорводории даштҳо ва дар хоҷагиҳои маҳдуди кӯҳистон сохти авлодӣ хеле вақт боқӣ монд. Дар ноҳияҳо муносибатҳои ғуломдорӣ тезтар инкишоф меёфтанд. Умуман бояд қайд кард, ки дар Осиёи Миёна муносибатҳои ғуломдорӣ он қадар амиқ нашуданд, ки дар олами антиқа шуда буданд.

Зиддияти асосии беш аз пеш тезутундшавандаи синфӣ дар байни ду тараф ба назар мерасад, аз як тараф, ашрофи беш аз пеш бойшавандаи ҳарбиёну ғуломдорону коҳинон, ки соҳиби ғуломони бисёру заминҳои беканор ва корвонҳои бешумор буданд ва, аз тарафи дигар, аҳли оддии ҷамоат, ки гирифтори шаклҳои гуногуни асорати сарватдорон буданд.

ҳокимияти давлатӣ дар дасти ашрофу коҳинон бо сарварии мустабиду лашкари вай буд – ҳамаи онҳо дар дӯши халқ менишастанд. Табақаи ҳукмрон ба ҳокимияти муқтадири марказӣ такя карда, ғуломон ва аҳли ҷамоатро истисмор менамуд.

К.Маркс ҳатто дар бораи Рим барин мамлакати классикии ғуломдории антиқӣ навишта буд: «… дар Рими қадим муборизаи синфӣ фақат дар дохили ақаллияти имтиёзнок, дар байни боёни озод ва камбағалони озод ба амал меомад ва ҳол он ки оммаи бузурги истеҳсолкунандаи аҳолӣ, яъне ғуломон, барои ин муборизон танҳо пояи сусте шуда хизмат мекарду бас»[24].

Алалхусус, дар Осиёи Миёна, ки оммаи асосии истеҳсолкунандаи он аҳли озоди ҷамоат буд, зиддиятҳои асосии синфӣ, ки ба онҳо маъхазҳои қадим норавшану нимғурма ишорат мекунанд, маҳз дар байни ашроф ва камбағалони озоди ҷамоат ҷой дошт.

Чунин аст мухтасаран манзараи протсессҳои иҷтимоӣ, ки аз асри VII пеш аз милод то худи асри III–IV милодӣ ба амал омаданд. Дар бобати ташаккули халқҳои Осиёи Миёна ҳаминро гуфтан даркор, ки дар ин давра ба ҷои робитаи авлодӣ ва баробари ин робитаҳо беш аз пеш робитаҳои маҳаллӣ мустаҳкам мешаванд. Ҷамоатҳои деҳот аллакай ба андозае иттифоқҳои ноҳиявӣ ҳам буданд. Ғайр аз иттиҳоди муқаррарии қабилаҳои ҳамсоя, инчунин протсессҳои омезиши онҳо, ташаккули халқиятҳо ба назар мерасад.

Аммо дар он шароити таърихӣ, чунон ки Энгелс дар бораи Юнони антиқӣ таъкид карда буд, протсесси ташаккул ёфтани халқҳо танҳо боиси барпо шудани иттифоқи қабилаҳое мегардид, ки қисман бо ҳамдигар алоқаманд буданду бас. Он вақт барои ташаккули халқи ягонаи калон ҳанӯз замина набуд.[25] Ин нуктаи Ф.Энгелсро мисоли Осиёи Миёна ҳам тасдиқ мекунад. Дар ин давра дар бораи халқи муттаҳиди Суғд ё Хоразм сухан рондан ғалат аст. Дар он замон танҳо марказҳои маҳаллӣ, халқҳои гуногуни камшумори Суғд, Хоразм, Балх, Хуросон ва дигар вилоятҳо буданду бас.

[1] Ӣivar А. Д. Н., 1961, р. 320–322.

[2] Дьяконов М.М., 1961, с. 299.

[3] Лившиц В.А., 1962 б, с. 134–135.

[4] Stavisky В.S., 1960, р. 107.

[5] Ӣivar А. Д.Н., 1965, р. 209-210.

[6] Hӯnning W.В., 1965 в, s. 81.

[7] Iӣid, S. 77–78.

[8] Hӯnning W. В., 1962.

[9] Лившиц В.А., 1967, с.168–170. Дар бораи сохти маъмурии давлати Кушон олими {индустон Б.Н Пурӣ (Puri В. N. 1965, р. 80–87; аз ҷумла, мавҷуд будани шӯрои шоҳ ҳам дар ҳамин ҷо) маълумоти муфид ҷамъ кардааст.

[10] Маълумоти маъхазҳо дар бораи uуломони Осиёи Миёна дар ҷилди I «Таърихи халrи тоҷик» (М., 1963) ҷамъ ва таҳлил карда шудааст.

[11] ИТН, I, 1963, с. 468-276.

[12] Гудкова А.В., Лившиц В.А., 1967, с. 13–14; Бентович И.В., 1969, с.304-305.

[13] Ruӣӯn W.. 1961, 5. 101.

[14] Дьяконов И. М., 1963, с. 18.

[15] Тюменев А. И., 1956; Дьяконов И. М., 1959; 1963 ва диг.

[16] Дьяконов И. М., 1963, с. 33.

[17] ИТН, I, с. 472.

[18] Дар бораи таърихи ин истилоҳот ниг.: Ӣailӯy Н.W., 1932. р. 952–954. Дар бораи «озода»-ҳои матнҳои хутанусакоӣ ниг.: Ваilеу Н. W., 1960. р. 45. Дар бораи истифодаи ин истилоҳот дар ҳуҷҷатҳои ҳиндӣ, ки ба кҳароштӣ (Туркистони шарrӣ) навишта шудаанд, ниг.: Ӣurrow T., 1934, р. 509.

[19] К. Маркс ва Ф. Энгельс. Асарҳо, ҷилди 20. с. 647.

[20] Баъзе муҳаrrиrон кӯшиш доранд, ки манзилгоҳҳои хурди зироаткори дар Бохтари шимолӣ ёфтшударо ҳамчун манзилгоҳҳои ҷамъиятӣ ба rалам диҳанд – дар ин бора ниг.: Массон В. М., 1974, с. 9; Пидаев Ш. Р.. 1976, с. 192–193.

[21] К.Маркс ва Ф.Энгельс. Асарҳо, ҷилди 23, с. 89.

[22] К.Маркс ва Ф.Энгельс. Асарҳо, ҷилди 25, rисми I, с. 364–365.

[23] Тафсилоти инро ниг.: Uафуров Б. U., 1968, с. 7–8.

[24] К.Маркс ва Ф.Энгельс. Асарҳо, ҷилди 16, с. 375.

[25] Ниг.: К.Маркс ва Ф. Энгельс. Асарҳо, ҷилди 22, с. 482–483.

Назди admin

Инчунин хонед инро

hulbuk

ШАҲРҲОИ ОСИЁИ МИЁНА ДАР АСРҲОИ ХI–ХII

Тараққиёти босуръати шаҳрҳо, истеҳсолоти молӣ ва тиҷорати пулӣ аз муҳимтарин аломатҳои давраест, ки мо ба …