МАЪЛУМОТҲОИ НАВТАРИН
Фохтак

ФОХТАК

Фохтак парандаест машҳур, ки ғуррак ҳам меноманд, аз мусича калонтар ва аз кабӯтари саҳроӣ майдатар, зери гарданаш тавқҳои холмонанд дорад ва рӯйи болҳояш ҳам пурхол аст.  Мизоҷаш дар охири дараҷаи дувум гарм ва хушк аст. Беҳтаринаш ҷавон ва фарбеҳи он мебошад.

Хислатҳои шифобахши фохтак: гӯшташро муҳарро пухта бихӯранд, барои иллатҳои фолиҷ (шал шудани нимаи бадан ба дарозӣ), ларзак, карахтӣ ва дигар бемориҳои сарди асабонӣ дору мебошад; бодҳои ғализро таҳлил медихад, гиреҳҳои дар бадан баамаломадаро мекушояд.

Хуни фохтакро ҳангоми нав кушта шудан гармогарм, хусусан хуни боли онро бичаконанд, гули чашмро дафъ мекунад. Саргинашро бо сирко хамир сохта, гузошта банданд, варамҳоро таҳлил медиҳад ва инчунин онҳоро мепазонад, доғи кунҷидакро аз рухсора дафъ мекунад.

Гӯшти фохтакро бардавом бихӯранд, бехобӣ меоварад, дер ҳазм мешавад, хусусан кабоби он. Ин навъ зарари он бо шакар хӯрдан ислоҳ меёбад. Агар дар равған пухта, бо сирко ва кашниз бихӯранд, безарар мегардад. Саргинашро ба кӯдаке, кн вақти шаб дар хоб метарсида бошад, биёвезанд, дигар наметарсад. Мор аз овози он мегурезад, инчунин аз дудаш ҳам мор гурезон мешавад.

Назди admin

Инчунин хонед инро

Пиёзи Ансул

Пиёзи ансул

Пиёзи ансул (Анзур ба русс.) — Номи инро барғалат «анзур» мегӯянд, ки ҳатман таҳриф аст. Ин …