МАЪЛУМОТҲОИ НАВТАРИН
АСОСӢ / Таърихи тоҷикон / Абдуллохони II — Замони Узбекон

Абдуллохони II — Замони Узбекон

Аз солҳои чилуми асри ХVI ҷангу низоъҳои феодалӣ як ҳодисаи муқаррарӣ гардид. Оташи нифоқ аввал дар байни амлокдорони калон фурӯзон шуда, баъд амлокдорони хурдро низ фаро гирифт: яке ғами муҳофизати мулки худро мехӯрд, дигаре дар садади тасарруфи мулки нав буд.

Ба тасвир ва тавсифи ин ҳама ҷангҳои сершумори феодалон, гурӯҳсозӣ ва гурӯҳбозиҳои султонҳо ҳоҷате нест.[1] Фақат ҳаминро хотирнишон мекунем: султонҳои шайбонӣ аксар вақт ҳатто дар масъалаи вориси тахт ҳам мувофиқат ҳосил карда наметавонистанд ва сардори давлат ҳамчун амлокдори муқаррарӣ дар ҷангҳои байни феодалон иштирок менамуд. Гоҳо чунин воқеъ мегардид, ки баъзе султонҳо на фақат сардори давлатро эътироф намекарданд, на фақат бо ӯ ва тарафдоронаш меҷангиданд, балки ҳатто ба худ рутбаву унвонҳои олиро нисбат дода, хутбаро ба номи худ мехононданд ва дар сиккаҳо номи худро сабт мекунонданд. Гоҳо чунин ҳодисае ҳам рӯй медод, ки ҳар як тарафи муқобил подшоҳи худро эълон мекард ва ба ин тариқа дар мамлакат як навъ дуҳокимиятӣ ба вуҷуд меомад. Яке аз ҳамин қабил рӯйдодҳо бо номи ҳокими ҳисор — Темур Аҳмад алоқаманд аст. Чунон ки тазаккур ёфт, ҳисор аз калонтарин мулкҳои хосаи давлати Шайбониён буд. Дар вақте ки ҳокими Тошканд — Наврӯз Аҳмадхон ба тахти салтанат нишаст, ҷангҳои байнихудӣ хеле авҷ гирифт. Дар ин маврид сардори давлат на ин ки роли оштидиҳандаро бозид, балки худаш ташаббускори сар задани низову нифоқ гардид. Оқибат ду гурӯҳи асосии мухолифи якдигар ба вуҷуд омад: хонадони амлокдорони тошкандӣ бо сардории хоқон — Наврӯз Аҳмадхон ва гурӯҳе, ки дар сари он Абдулло султони ҷавон меистод. Дар чандин муҳосира ва муҳорибаҳо Наврӯз Аҳмадхон бар Абдулло ғолиб омада, ӯро ба ақибнишинӣ маҷбур кард ва ҳатто мулки падараш – вилояти Миёнколро, ки дар байни Бухоро ва Самарқанд воқеъ буд, бо маркази он шаҳри Кармина забт намуд.[2]

Пас аз фавти Наврӯз Аҳмадхон, мувофиқи маълумоти сарчашмаҳои хаттӣ, волии Балх ва амаки Абдулло — султон Пирмуҳаммадхон тахти салтанатро соҳиб шуд. Аммо мадракҳои сиккашиносӣ ба тавсифи ҳаводиси сиёсии он замон тағйироти ҷолибе медароваранд.[3] Маълум мешавад, ки ду гурӯҳи мухолифи собиқа ба таври худ ду хоқонро ба маснади ҳукумати олӣ менишонанд: хонадони амлокдорони тошкандӣ ҳокими ҳисор — Темур Аҳмадро сардори давлат хонда, сиккаро бо номи ӯ мезананд, гурӯҳи Абдулло султон бошад, узви хонадони ӯ амакаш — Пирмуҳаммадро сардори давлат эълон мекунанд ва охири охирон пирӯзӣ насиби ин гурӯҳ мегардад.

Дар воқеъ, ин аввалин ғалабаи калони сиёсии Абдулло султон буд. Пас аз ин ӯ боз як қатор муваффақияти ҳарбӣ ва сиёсӣ ба даст овард. Дар навбати аввал амлоки хонадони худи — Миёнколро бозгардонид, сипас писарони Наврӯз Аҳмадхонро аз Самарқанд ронда, дар соли 1557 Бухороро тасарруф намуд. Дере нагузашта, Абдулло аз нифоқи Балх (писари Пирмуҳаммадхон дар вақти набудани падараш ин шаҳрро ғасб кард) истифода бурда, падарашро аз Кармина ба Бухоро хонд ва дар соли 1560 ӯро сардори давлат эълон намуд,[4] ҳарчанд ки амакаш Пирмуҳаммадхон зинда буд  ва Балхро дубора ба даст даровард ва мебоист то охири умр дар маснади хоқонӣ мемонд. Аммо ӯ дигар пир шуда, мубталои ташвишҳои хонавода гардида буд ва, аз ин рӯ, барои дубора баргардонидани тахти салтанат ҳатто кӯшише ҳам зоҳир накард. Падари Абдулло — Искандар фақат исман ҳукмрон буд, амалан зимоми ҳокимиятро Абдулло дар дасти худ нигоҳ медошт. Ягона душмани ашадии сиёсии вай хонадони амлокдорони Тошканд маҳсуб меёфт.

Абдулло, ки акнун ҳеҷ кас ва ҳеҷ чиз истиқлолияташро маҳдуд намекард, собитқадамона ва бо ҷидду ҷаҳди тамом ба кори минбаъдаи «ҷамъ кардани мулкҳои хоса» иқдом намуд. Соли 1573 Балх, соли 1574 ҳисор, соли 1578 Самарқанд ва ниҳоят соли 1582 Тошкандро ба таҳти тасарруфи худ даровард. Соли 1583, пас аз фавти падар, Абдулло (ки бо номи «Абдуллохони II» маъруф гардидааст) бар хилофи русуми мавҷуда, ки мебоист фарзанди калонии хонадон ба тахт менишаст, ҳукмрони мамлакат эълон карда шуд. Акнун ӯ амалан ва расман ба тамоми ҳуқуқи ҳукмрони мутлақи салтанат соҳиб гардид. Ӯ дар байни хоқонҳои шайбонӣ ягона касе буд, ки дар муборизаи зидди худсарии соҳибони мулк муваффақ шуда, давлати то як андоза мутамарказ ба вуҷуд оварда тавонист.

Расми Абдуллохон
Расми Абдуллохон

Вале Абдуллохони II бо ин ҳама қаноат накарда, орзуи ба қаламрави худ баргардонидани ҳамаи он мулкҳоеро, ки замоне сарсилсилаи ин хонадон — Муҳаммад Шайбонихон фатҳ карда буд, дар дил мепарварид. Дар ҳақиқат ҳам, бар хилофи пешгузаштагони бетолеаш, ӯ дар ин роҳ пирӯзиҳои намоён ба даст овард. Яке аз сабабҳои ин муваффақият, албатта, ҳокимияти номаҳдуди ӯ буд, ягон иқдоми вай ба нозу нуз ва қарори дигар аъзои хонадони салтанатӣ вобастагӣ надошт.

Дар соли 1584 Абдуллохони II Бадахшонро забт кард. Соли 1588 ҳирот ва пас бисёр шаҳрҳои дигари Хуросон ба тасарруфи ӯ даромаданд. Фатҳи Хоразм қувват ва вақти зиёдеро талаб намуд: ӯро лозим омад се мартаба ба он ҷониб лашкар кашад, то ки ниҳоят соли 1595 каму беш дар он ҷо ҳокимияти худро барқарор созад.

Ба анҷом расидани ҷангҳои байнихудӣ ва ба дараҷаи муайян марказият ёфтани давлат барои ба ҳолати муқаррарӣ даровардани ҳаёти хоҷагӣ баъзе заминаҳои мусоид фароҳам намуд. Абдуллохони II, зоҳиран, ходими барҷастаи давлат буд. Дар нақлу ривоятҳои халқӣ таъмиру бинокориҳои зиёде, аз қабили сохтмони иншоотҳо, роҳҳо, сардобаҳо, пулҳо, корвонсаройҳо, тимҳои тиҷорат ва амсоли инҳо ба номи ӯ марбут гардидаанд. Ин нақлу ривоятҳо асоси воқеӣ доранд.

Дар сарчашмаҳо баъзе корҳои обёрӣ ёдоварӣ мешаванд, ки бо амри ӯ анҷом ёфтаанд. Чунончи, дарғоти Нурато барои пешгирии сел, таъмири каналҳои ноҳияи Саврон, обанбори канори дарёи Кушка, пули дар наздикии Ғиждувон будаи Зарафшон, ки, аз афташ, ба мақсади бардоштани об ва ба ҷӯйборҳо тақсим намудани он низ хизмат мекард, аз ҳамин қабиланд[5].

Абдуллохони II ба масъалаи тиҷорати дохилӣ ва хориҷӣ диққати махсус медод. Инро ободонии роҳҳои корвонгард ва, умуман, беҳтар намудани шароити тиҷорат, ки дар аҳди ӯ ба вуқӯъ пайвастаанд, собит менамоянд. Дар ин бобат ислоҳоти пулии ӯ, вазифа ва натиҷаҳои объективии он хеле ҷолиби таваҷҷӯҳ мебошанд.[6]

Ҷангу низоъҳои муттасили феодалие, ки тақрибан муддати панҷоҳ сол дар сарзамини Осиёи Миёна давом карданд, барои тиҷорат ва гардиши пул вазъияти хеле номусоид ба миён оварданд. ҳокимони мустабид ва худсари мулкҳои хоса дар масъалаи пул ҳам сиёсати мустақилонаи худро ҷорӣ кардан мехостанд, то ки аз ин моддаи даромад низ ҳар чӣ зиёдтар фоида ба даст оранд. Онҳо ҳамаи муқаррароти муомилаҳои давлатиро вайрон карданд. Инро ҳам бояд ба назар гирифт, ки дар натиҷаи ба дараҷаи лозима набудани истихроҷи маъдан ва аз хориҷа ворид нашудани он эҳтиёҷ ба маводи нуқра дар мамлакат торафт бештар ба миён меомад. Дар чунин шароит аз тарафи ҳокимони мулкҳои хоса густохона сикка задан ва ба гардиш андохтани пулҳои нуқра боиси он гардид, ки захираи онҳо дар муомилоти тиҷоратӣ тадриҷан кам шудан гирифт. Пулҳои нуқра бо ду роҳ нопадид мегардид: як қисми онҳо «барои рӯзи нек» пинҳон карда мешуд, қисми дигари онҳо аз пайи фоидае ба хориҷа мерафт. Ин тариқа коҳиш ёфтани нуқра дар ҳолати эҳтиёҷи зиёда ба он таносуби байни мису нуқраро дар хариду фурӯш тағйир дода, сабабгори аз ҳам ба дараҷаи зиёд тафовут кардани арзиши бозорӣ ва расмии давлатии сиккаҳои нуқра гардид.

Бӯҳрони муомилоти пулӣ ба андозае тунду тез гардида буд, ки мудохилаи ҷиддиро талаб мекард. Ин вазъиятро маҳз ислоҳоти пулии Абдуллохони II бартараф намуд. Дар манбаъҳои хаттӣ аз ин хусус маълумоти бевосита мавҷуд нест. Фақат дар «Абдуллонома»-и ҳофизи Таниш ба таври мубҳам гуфта шудааст, ки Абдуллохони II бо диққат назорат мекард, то дар зарробхона сиккаҳои тиллоро бо омезиши филизи паст вайрон насозанд. Дар ҳақиқат ҳам, Абдуллохони II зарби сиккаҳои тиллои асилро ба роҳ гузошт. Вале қисмати муҳимми ислоҳоти ӯ ба зарб ва гардиши сиккаҳои нуқра алоқаманд аст. Барои амалӣ шудани ин тадбироти ӯ марказият ёфтани давлат, ки дар натиҷаи он бисёр зарробхонаҳои амлоки хоса баста шуданд, мусоидат намуд. Акнун пулҳое, ки асосан дар Бухоро бароварда мешуданд, аз «садди мулкӣ» берун омада, дар саросари давлат баробар ба гардиш даромаданд. Нархи бозорӣ ва расмии пули нуқра бо ҳам мувофиқат пайдо намуд. Ба ин васила коҳиши нуқра дафъатан боздошта шуд. Ислоҳоти пулӣ ҳам ба манфиати тиҷорат ва ҳам ба манфиати давлат гардид. Пас аз ин даромади зарби сикка асосан ба хазинаи Абдуллохони II рехтан гирифт.

2. МУНОСИБАТҳОИ ИҶТИМОИЮ ИҚТИСОДӢ

Моликият ва истифодаи замин

Дар асри ХVI замин аз рӯи ҳуқуқи моликият, мисли пештара, ба 5 категория тақсим мешуд. Истилокориҳои Шайбониён дар ин ҷиҳат ягон дигаргунии ҷиддие ба миён наовард. Бо вуҷуди ин, баъзе ҳодисот ва тамоюлоти наверо бояд қайд намуд. Замини давлатӣ ҳамоно аз калонтарин категорияҳо маҳсуб меёфт ва он захираи асосӣ, вале на ягонаи мулки инъомӣ, яъне заминдории шартии феодалиро ташкил мекард. Навигарӣ ин буд, ки акнун заминҳои давлатӣ ба таври табиӣ аз нав тақсим карда мешуданд. Дар асри ХVI соҳибони асосии заминҳои инъомии давлатӣ гурӯҳи нави синфи феодалон: аъзои сершумори хонадони салтанатӣ ва табақаи болои бо Шайбониён омадаи тоифаҳои саҳронишини ӯзбек гардиданд.

Чунон ки хотирнишон гардид, давлати Шайбониён аз маҷмӯи мулкҳои хоса фароҳам омада буд. Асоси иқтисодии ин «мулкият» иборат аз он буд, ки мулкдор метавонист хироҷу андозҳои замини давлатии ба тариқи инъом соҳибшудаашро тамоман ё қисман (ҳар ду навъ ҳам маъмул буд) ба нафъи худ ҷамъоварӣ намояд. Мулкҳои калони инъомшударо дар асри ХVI низ «суюрғол» меномиданд.[7] Соҳибони чунин мулкҳо як қатор масуниятҳо доштанд, аз ҷумла метавонистанд нисбат ба молиёти замини инъомгирифтаашон комилан мувофиқи савобдиди худ ихтиёрдорӣ кунанд. Тадриҷан кор ба дараҷае расид, ки онҳо низ дар навбати худ як қисми замини давлатии мулкашонро ба зумраҳои нисбатан хурди аъёну ашроф, рӯҳониён ва намояндагони табақаи ҳарбӣ тақсим карда медоданд. Ба ин тариқа, силсилаи дараҷаҳои инъоми замин ба вуҷуд омад, ки ин амри воқеӣ дар санадҳои расмии асри ХVI возеҳу равшан қайд гардидааст.[8]

buxaraИн қабил инъомҳои дараҷаи поинтарро, ки аз тарафи ҳукумати марказӣ ва ё соҳибони мулкҳои хоса дода мешуданд, низ бо истилоҳи «суюрғол» ифода мекарданд. Дар айни замон, истилоҳоти дигаре ҳам вуҷуд доштанд. Чунончи, инъомеро, ки барои хидматҳои ҳарбӣ дода мешуд, дар ин аср аксаран «танҳо ва иқтоъ» (иқтаъ) меномиданд.[9]

Дигар категорияи замин аз рӯи ҳуқуқи моликият – милки феодалӣ (яъне замине, ки қисми оидоти он ба фоидаи давлат ва қисми дигараш ба нафъи шахси ҷудогона – феодал истифода мешуд) ниҳоят калон буд. Дар ин ҷо се тамоюл ба назар мерасад. Аввал он ки аъзоёни хонадони Шайбониён ва табақаи болои тоифаҳои саҳронишини ӯзбек тамоми саъю кӯшиши худро барои соҳиб шудан ба заминҳои милк сарф мекунанд. Қисми зиёди заминҳои милк бо роҳи мусодараи Темуриён, ашрофи темурӣ ва амалдорони фурсати ба тарафи Шайбониён гузаштанро наёфта ва ҳатто дар мавридҳои ҷудогона тавассути мусодараи рӯҳониён ба дасти истилогарон медаромад. Баъдтар, чунон ки аз санадҳои расмии асри ХVI бармеояд, аъзоёни хонадони салтанатӣ ва табақаи болонишини тоифаҳои ӯзбек ҳам дар деҳот ва ҳам дар шаҳр ба харидани милкҳо хеле вусъат доданд[10].

Тамоюли дувум, ки дар ин бобат ҳам санадҳои расмӣ шаҳодат медиҳанд, «таҷзия»-и заминҳои милк, аз рӯи даромади солиёна байни давлат ва феодал мутаносибан тақсим шудани он мебошад. Масалан, агар ҳиссаи давлат аз се ду қисми даромади замини милк ва ҳиссаи феодал аз се як ҳиссаи онро ташкил намояд, он гоҳ пас аз тақсимот аз се ду қисми замини милк ба замини давлатӣ ва аз се як қисми он ба замини ҳурри холис (яъне мулки хусусӣ) табдил ёфт[11]. Дар натиҷаи чунин тақсимот захираи заминҳои милк кам мешуд. Боз як манбаи коҳиши заминҳои милк дар он давра ба андозаи хеле зиёд барои вақф бахшидани онҳост (аз ин хусус дар поин сухан хоҳад рафт).

Ва, ниҳоят, чунон ки аз санадҳои асри ХVI ва давраҳои минбаъда маълум мешавад, давлат заминҳои милкро беш аз пеш ҳамчун захирае барои подоши феодалӣ истифода менамуд. Дар ин маврид давлат ҳиссаи даромади худро аз заминҳои милк инъом мекард[12]. Ин навъ подошро аз «сафедкунӣ»-и замини милк, ки давлат милкдорро аз хироҷи даромади солиёна озод мекард ва он соҳиби тамоми даромади замин мегардид, бояд фарқ намуд. Давлат заминҳои милкро (мисли заминҳои давлатӣ) барои подош истифода намуда, ҳиссаи даромади худро аз ин заминҳо метавонист на ин ки ба милкдор, балки ба шахси тамоман дигар инъом кунад. Дар ин ҳолат як қисми даромади солиёнаи заминро (дар асоси подош) шахси дигар соҳиб мешуд.

Вазни қиёсии заминҳои категорияи милки ҳурри холис дар асри ХVI он қадар калон набуд, вале торафт меафзуд. Санадҳои расмӣ дар ин давра ду роҳи афзудани миқдори ин қабил заминҳои комилан моликияти хусусӣ гардидаро нишон медиҳанд: яке, чунон ки дар боло қайд карда шуд, тақсимшавии заминҳои милк дар байни давлат ва феодал, дигаре аз тарафи феодалон харида шудани заминҳои давлатӣ. Қобили таваҷҷӯҳ аст, ки хариди заминҳои давлатӣ ҳамчун табдил додани онҳо ба заминҳои милк ба тақсими минбаъдаи дар боло баёнёфтаи ин заминҳо ба расмият дароварда мешуд.

Захираи заминҳои вақф дар асри ХVI ҳам аз ҳисоби заминҳои милк ва ҳам як андоза аз ҳисоби заминҳои милки ҳурри холис ғанитар гардид. Миқдори зиёди масҷиду мадрасаву хонақоҳҳои дар давоми асри ХVI сохташуда, ки ҳамаи онҳо ҳатман бо молу мулки вақф, беш аз ҳама, замин таъмин мегардиданд, ба ин иддао гувоҳӣ медиҳанд. Ғайр аз ин, аз асри ХVI вақфномаҳои зиёде боқӣ мондаанд, ки ба ҷуз таъминоти аслӣ, барои сохтмонҳои хайрия аз тарафи шахсони ҷудогона нисор шудани ионаҳоро собит менамоянд.

Давлат аз даромади заминҳои вақф гоҳо ҳиссаи худро мегирифт ва гоҳо не. Вале хоқонҳо аксар вақт заминҳои вақфро «сафед мекарданд». Аз ин ҷиҳат асри ХVI аз давраҳои пеш кам тафовут дошт. Аммо аҷобат дигар аст. Чунон ки маълум аст, аслан замини вақф тақсимнопазир ва, умуман, дастнорас дониста мешуд. Бо вуҷуди ин, дар баъзе вақфномаҳо падидаҳои ташвишу изтироб аз он ки феодалони калон ба даромад ва молу мулки вақф даст дароз карданӣ мешаванд, ба назар мерасад. Ба ин маънӣ хусусан вақфномае, ки ба нафъи мадрасаи Шайбонихони Самарқанд навишта шудааст, равшан шаҳодат медиҳад. Масалан, дар байни шартҳои вақфгузор чунин таъкид ёфтааст «…(ин молу мулки вақфро) ба касе ба орият додан нашояд, ки аз он хавфи ғасби ин (молу мулки) ориятӣ ба миён меояд, минҷумла: ба ситамкорон, касони хусуматпарвар ва тарсангез, султонҳо…»; «…ин молу мулки вақф ба ҳеҷ ваҷҳ ба иҷораи амалдорон ва одамоне, ки аз онҳо рӯёнидани ҳаққи орият душвор ва ё номумкин аст, дода нашавад»[13].

Замин ва молу мулки вақф одатан дар ихтиёри мутаваллӣ буда, ҳадянома дар дасти яке аз авлодони шахси вақфгузор нигоҳ дошта мешуд. Вақф барои рӯҳониён яке аз воситаҳои истисмори бераҳмонаи табақаҳои меҳнаткаши аҳолии мамлакат ва муҳимтарин василаи сарватмандшавии онҳо маҳсуб меёфт.

Шайху эшонҳои ду тариқати сӯфияи хеле бонуфузи Осиёи Миёна– «кубравия» ва «нақшбандия» аз бузургтарин ихтиёрдорони заминҳои вақф ва нигаҳдорандагони вақфномаҳо ба шумор мерафтанд. Шайхони дарвеш сарвати бисёреро ба даст оварда буданд. Масалан, дороии хоҷагони Ҷӯйборӣ ҳадду ҳисоб надошт[14].

Муосири Абдуллохони II — Хоҷа Исломи Ҷӯйборӣ дорои галаву рамаҳои бешумори асп, гӯсфанд, уштур ва заминҳои кишти беканоре буд. Хоҷа Ислом ба сайёдӣ шуғл варзида, сагҳои зиёди шикорӣ нигоҳ медошт ва чандин мири шикор ба ӯ хидмат мекарданд. Зиёраткунандагон аксаран гилагузорӣ мекарданд, ки «пири муқаддас» аз одамон дида, бо мурғону сагони шикорӣ бештар сӯҳбат мекунад. 300 ғулом хидмати боргоҳи ӯро ба ҷо меовард ва барои ҳисобу китоби иқтисодиёташ идораи махсусе вуҷуд дошт. Хоҷа Ислом ба тиҷорат ҳам машғул мешуд. Корвонҳои ӯ то ба Москва расида буданд. Ҳамаи ин ҳукмронони тоҷдору бетоҷ – ашрофу рӯҳонӣ, ҳама гуна шайхону муридонашон мардумро бераҳмона ғорат мекарданд.

Дар санадҳои расмӣ гоҳо боз як категорияи замин – қитъаи хурди замини милк ёдоварӣ шудааст, ки соҳиби он худи корандаи замин будааст[15]. Мо дар бораи миқдори чунин милкҳои деҳқонон маълумоти бевосита дар даст надорем. Вале мушоҳидаҳои ғайримустақим нишон медиҳанд, ки захираи ин қабил заминҳо дар асри ХVI ва давраҳои баъдина торафт кам мешуд. Деҳқонон замини худро ба феодалони давлатманд мефурӯхтанд. Албатта, ин бо майлу ихтиёри онон набуда, балки таҳти фишори феодалон ва ё дар натиҷаи ночории иқтисодӣ сурат мегирифт. Дар ин бобат, хусусан, роли судхӯрӣ ва гаравмонӣ калон буд.

Деҳқонони милкдор назар ба қисмати боқимондаи корандагони замин як дараҷа вазъияти имтиёзнок доштанд, зеро хироҷи аз даромади солиёна ба давлат мепардохтагии онҳо нисбат ба он чӣ, ки дигар деҳқонон ба давлат ва феодалон медоданд, камтар буд. Аммо ночизии қитъаи замин, зиёд шудани аъзои хонавода ва пеш омадани тангии маишат боис мегардид, ки деҳқонони милкдор ҳам аз қарздорӣ ба асорати феодалон ва судхӯрон гирифтор шаванд.

Аҳволи деҳқонони безамин – иҷоранишин ниҳоят дараҷа бад буд. Дар асри ХVI, мисли давраҳои гузашта, воҳиди асосии хоҷагон ҳамоно хоҷагии деҳқонӣ ба шумор мерафт. Заминҳои ҳама гуна категорияҳо ба тариқи иҷора ба деҳқонон дода мешуд. Вазъияти деҳқонони иҷоранишин яксон набуд. Аз санадҳои расмии асри ХVI маълум мегардад, ки аксар вақт иҷорадори заминҳои вақфӣ ва давлатӣ феодалон буданд. Дар ин маврид деҳқонон дар заминҳои иҷорагирифтаи феодалон кироянишинӣ мекарданд. Шартҳои кироянишинӣ хеле гарон буд, зеро феодали иҷорадор аз деҳқони кироянишин ба андозаи дилхоҳи худ ҳақ меситонид[16]. Аҳволи деҳқонони иҷоранишин ва кироянишин боз аз он сабаб ҳам бад мегардид, ки мӯҳлати иҷора кӯтоҳ буд. Масалан, дар вақфномаҳо бисёр вақт таъкид шудааст, ки замин набояд зиёда аз се сол ба иҷора гузошта шавад.

Дар Осиёи Миёнаи асри ХVI заминдории ҷамоавӣ (обшинагӣ) ва боқимондаҳои маҳками ҷамоа ҳанӯз давом мекард[17]. Аҳволи деҳқони ҷамоа аз деҳқони иҷоранишин хеле кам тафовут дошт. Вале ӯро чунин як имтиёзе буд: ӯ метавонист аз ҳуқуқи як навъ «иҷораи доимӣ» истифода намояд ва «бемӯҳлат» ба кишти замин машғул шавад. Гумон набояд кард, ки деҳқонони ҷамоа фақат дар заминҳои давлатӣ буданд. Замини ҷамоавӣ аз як молик ба молики дигар мегузашт, метавонист дохили милк ё тобеи вақф бошад, аммо дар ҳар сурат деҳқони ҷамоа ҳуқуқи нисбат ба «иҷораи доимӣ» доштаашро аз даст намедод. Ва аз ҳама муҳимтар он аст, ки дар вақти харидуфурӯш замини ҷамоа тақсим намешуд. Дар амал ин на харидуфурӯши худи замин, балки ба даст овардани ҳуқуқи аз корандаи он ситонидани даромади солиёна буд. Чунин ҳодисаҳо ҳам сабт шудаанд, ки замини ҷамоавӣ ба чанд молик тааллуқ пайдо намуда, вале байни онҳо тақсим нагардидааст, онҳо фақат даромадро ба ҳам дидаанд.[18]

Мо дар даст далеле надорем, ки дар бораи тағйир ёфтан ё наёфтани шакли истисмори асри гузашта дар аҳди Шайбониён қазоват кунем. Ба хубӣ исбот шудааст, ки ҳаҷми қонунӣ ва муайяни қисми асосии даромади солиёнаи замин дар асри ХVI, маъмулан, 30 фоизи ҳосили киштро ташкил мекард (гоҳо то 40 фоиз ҳам мерасид) ва ба шакли мол пардохта мешуд[19]. Ғайр аз ин, бисёр молиёту андозҳои дигаре ҳам вуҷуд доштанд, ки гоҳ ба шакли пул ва гоҳ бо шакли мол ситонда мешуд. ҳаҷми ин молиёту андозҳо яқинан маълум нест. Вай аксаран ба худсарии ҳокимияти марказӣ ва маъмурони маҳаллӣ алоқаманд буд. Даромад ва ҳаққи иҷора аз боғоту токзорҳо, таомулан, ба шакли пул гирифта мешуд. Мисли пештара ба тариқи кор карда додан адо намудани андози замин низ вуҷуд дошт.

Гувоҳи бешубҳа ва бегумони аҳволи табоҳи деҳқонон, чунон ки дар манбаъҳои мухталиф зикр ёфтааст, замин ва ҷойҳои муқимии худро гузошта фирор кардани онҳост[20]. Зоҳиран, чунин ҳодиса ба андозае зиёд рух додааст, ки ҳукумат маҷбур шудааст дар ин бобат тадбирҳои муассир, аз қабили ба замин банд кардани деҳқононро пешбинӣ намояд. Аз ин лиҳоз хусусан ҳуҷҷатҳои марбут ба Фарғона ҷолиби таваҷҷӯҳанд: дар онҳо аз хусуси ба ҷойҳои худ баргардонидани деҳқонони фирорӣ сухан меравад.

Дар шаҳрҳои Осиёи Миёна низ ҳамон категорияҳои моликияти замин, ки дар деҳот вуҷуд дошт, амал мекард. Чунон ки аз санадҳои расмии онвақта бармеояд, як ҳодисаи ҳам ба шаҳр ва ҳам ба деҳот хос беш аз пеш ба дасти аъзои хонадони салтанатӣ, аъёну ашроф ва рӯҳониёни олирутбаи феодалӣ ҷамъ шудани моликияти замин мебошад. ҳам дар шаҳр ва ҳам дар деҳот ин ҳолат аз ҳисоби хонахароб шудани мулкдорони хурд ва ҳатто миёна ба вуқӯъ меомад. Баробари ин, дар шаҳрҳо ҳодисаи дигар – ба дасти феодалон даромадани дӯконҳои косибӣ, коргоҳҳои ҳунармандӣ ва манзилҳои иқоматӣ ба амал меомад. Пешаварон на фақат заминро, балки акнун ҷои кор ва ҳатто иқоматгоҳи худро ҳам ба иҷора мегирифтанд. Ин боиси афзудани нормаи истисмори қувваҳои кории шаҳр мегардид. Ғайр аз ин, дар шаҳр хироҷҳои маъмулӣ ҳам вуҷуд доштанд. Дар ин бобат Ҷенкинсон навиштааст: «Хони Бухоро даҳяки арзиши ҳама гуна молҳои фурӯшии ҳунармандон ва тоҷиронро меситонад, ки ин тамоми мардумро бенаво хоҳад кард»[21]. Бори хироҷҳои шаҳр боз аз ан сабаб ҳам чандин мартаба вазнинтар мешуд, ки ҳокимон ғайр аз молиёту андозҳои расмӣ худсарона шаҳриёнро ба пардохтани андозҳои иловагӣ водор мекарданд, ҳамчунин аз андозҳои ғайримустақим низ истифода менамуданд[22].

Касбу ҳунар, тиҷорати дохилӣ ва муомилоти пулӣ

Дар адабиёти илмӣ доир ба вазъияти истеҳсолоти ҳунармандии Осиёи Миёнаи асри ХVI ду фикри ба ҳам мухолиф баён ёфтааст: баъзе муаллифон чунин мепиндоранд, ки касбу ҳунар пас аз истилои Шайбониён рӯ ба таназзул ниҳод, вале муаллифони дигар, баръакс, дар ин давра падидаҳои инкишофи минбаъдаи онро мушоҳида мекунанд. Ба назари мо, ҳар ду фикр ҳам нодуруст аст.

Дар соҳаи истеҳсолоти ҳунармандӣ ва тиҷорати дохилии пулӣ дар давоми асри ХVI тағйирот ва пешрафти муайяне ба амал омад. Аммо ин ба ҷиҳатҳои техникии истеҳсолоти молӣ кам дахл дорад. Тахассусёбии касбу ҳунар дар ин аср ҳам, мисли асри ХV ҳамоно маҳдуд буд. Барои тавзеҳи ин тахассусёбӣ дар асри ХVI мо нисбат ба асри гузашта бештар материал дорем, зеро миқдори хеле зиёди ҳуҷҷатҳои расмӣ – санадҳои харидуфурӯш, вақфномаҳо ва ғ. маҳфуз мондаанд, ки дар онҳо дӯкону устохона ва коргоҳҳои гуногуни ҳунармандӣ зикр шудаанд. ҳар як намуди моли тайёр ва ҳатто нимтайёр аз тарафи пешавари ҷудогона таҳия мегардид. Дар ин давра ҳосилнокии меҳнат дар соҳаи касбу ҳунар ба ҳамон дараҷаи ҳаддалимкон баланди замони феодалӣ воқеъ гардида буд[23].

Дар сифати маҳсулот ҳам ягон тағйироти муҳим рӯй надод. Масалан, агар сифати баъзе навъҳои маснуоти кулолӣ ва ё касбҳои амалӣ бад шуда бошад, дар айни замон коғази самарқандӣ [24] ва бисёр маҳсулоти ҳунармандии Осиёи Миёна шӯҳрати пешинаи худро нигоҳ дошта, ба хориҷа содир мешуданд. Ба ҳамин тариқа, истеҳсолоти ҳунармандӣ ва сифати маҳсулоти он дар давоми асри ХVI аз нуқтаи назари савияи техникӣ ба ягон тағйироти ҷиддӣ дучор нашуда, аз ин ҷиҳат комилан ба ҳолати пешинаи худ боқӣ монд.

Бо вуҷуди ин, назар ба нимаи дувуми асри ХV баъзе тамоюлоти нав: як андоза камшавии ҳаҷми истеҳсолоти молӣ ва тиҷорати пулӣ (ҳам дар соҳаи чаканафурӯшӣ ва ҳам дар савдои калон) зоҳир мегардид. Ин тамоюлот якбора падид наомада, фақат дар чоряки дувум ва миёнаҳои асри ХVI ба назар намоён шуд[25]. Баъзе тадбироти ҳокимияти давлатӣ дар роҳи фароҳам овардани шароити мусоид барои тиҷорати пулӣ (ислоҳоти Шайбонихон, Кӯчкунчихон ва Абдуллохони II дар назар дошта шудааст), албатта, инкишофи ин тамоюлотро бозмедоштанд, вале онро тамоман аз байн бурда наметавонистанд. Таҳқиқи сабабҳои тадриҷан, вале устуворона кам шудани истеҳсолоти молӣ ва тиҷорати пулӣ дар асри ХVI ва босуръати бештар дар асрҳои ХVII–ХVIII хеле қобили таваҷҷӯҳ аст. Муаррихон ин масъаларо ҳанӯз бояду шояд мавриди баррасӣ қарор надодаанд.

Дар сари баъзе сабабҳои ҷузъие, ки мебоист ба вазъи касбу ҳунар ва тиҷорати пулии асри ХVI таъсир мерасонид, таваққуф менамоем. Дар ин бобат тағйироти тиҷорати хориҷӣ нақши муайяне дорад. Чунон ки маълум аст, дар муддати чандин аср роҳи калони корвонгард аз Осиёи Миёна гузашта, шарқу ғарбро ба ҳам мепайваст, вале дар асри ХVI, пас аз кашфиётҳои бузурги географӣ, ин роҳ аҳамияти худро гум кард. Осиёи Миёна аз ҷараёни асосии ҳаракати молҳои тиҷоратӣ дар канор монд ва ин ҳолат ба истеҳсолоти молии дохилӣ таъсир карда, боиси камшавии ҳаҷми маснуоти як қатор соҳаҳои касбу ҳунар гардид, хусусан он соҳаҳое, ки моли худро ба тиҷорати байналхалқӣ мебароварданд ва ҳам хидмати корвонҳои ояндаву равандаро анҷом медоданд.

Албатта, робитаҳои тиҷоратии Осиёи Миёна бо Россия, ки дар асри ХVI ривоҷ ёфта буд, як дараҷа қусури ин зиёнҳоро мебаровард. Лекии анвои гуногуни молҳое, ки ба миқдори торафт афзоянда аз Осиёи Миёна ба Россия содир карда мешуд, манфиати фақат гурӯҳи муайяни корхонаҳои ҳунармандиро таъмин мекард.

Вазъияти хоҷагии пулӣ дар асри ХVI, таъсири сохти амлокии давлати Шайбониён ба пулбарорӣ ва муомилоти пулӣ аз нуктаҳои хеле муҳим ба шумор мераванд. Барои охири асри ХV ва даҳаи аввали асри ХVI истифодаи боздоштанашавандаи нишони пулӣ хос аст. ҳокимони зуд-зуд ивазшавандаи шаҳру вилоятҳо саъй мекарданд, ки аз кори пулбарорӣ ба ҳар васила фоидаи бештаре ба даст оваранд. Дар ин давра, хусусан, дар сикказанӣ ва муомилоти пули мисӣ бетартибӣ ва худсариҳои зиёде рӯй дод, дар сурате ки маҳз ҳамин пул дар чаканафурӯшӣ истифода мешуд. ҳам косибоне, ки на олоти зинатӣ, балки асбобҳои ба мардуми шаҳрнишин зарурӣ тайёр мекарданд ва ҳам худи шаҳриёну деҳқононе, ки барои хариди молҳои лозима ба дӯкони онҳо меомаданд, ба чунин навъи савдо манфиатдор буданд. Барои савдои калон, ки, пеш аз ҳама, табақаҳои гуногуни синфи ҳукмрон аз он манфиат мебурданд, низ ҳар гоҳ вазъияти номусоид ба вуҷуд меомад ва ин, дар навбати худ, ба таври ғайримустақим ба касбу ҳунар ҳам зарар мерасонид.

Ду ислоҳоти пулие, ки дар зарфи чоряки аввали асри ХVI гузаронида шуда, мақсади аслии онҳо омода сохтани шароити мусоид барои тиҷорати пулӣ буд, возеҳу равшан шаҳодат медиҳанд, ки фароҳам овардани чунин шароит, тавре ки мебоист, имконпазир нагардид. Хеле мавриди аҷобат аст, ки ислоҳоти дувум ба сабаби худсарии соҳибони мулк якбора гузаронида нашуд, барои аз байн бурдани бӯҳрон ва дар миқёси тамоми давлат мураттаб сохтани муомилоти пулӣ бештар аз понздаҳ сол лозим омад.

Истиқлоли ҳукмронони мулкҳо дар давраҳои баъдина ба муомилоти баробари пулии умумидавлатӣ торафт монеаҳои нав ба нав ба вуҷуд меовард.

Пас аз ислоҳоти Кӯчкунчихон, ки соли 1525 ба анҷом расид, фоидаи аз зарбу гардиши пул бадасторандаи ҳокимони мулк боз ҳам афзунтар гардид. Тавассути ин ислоҳот қоидае расмият пайдо кард, ки мутобиқи он даромади мулкдорони калон аз сикказании, масалан, пули нуқра аз ду манбаъ ҳосил мешуд: яке – пардохти ба мизони муайян даромадаи соҳибони филиз, дигаре –оидоте, ки аз макру найрангҳои ошкорои табдили қурби нуқра ба даст медаромад. Маънии манбаи охирӣ аз ин иборат буд, ки пулҳои нуқраи ҳамвазну ҳаммаҳак ба ду гурӯҳ–сиккаи «кӯҳна» ва сиккаи «нав» ҷудо карда шуда, ба онҳо арзиши гуногун дода мешуд (чунончи, қобилияти хариди 10 тангаи «кӯҳна» баробари 9 тангаи «нав» буд). Ба истибдоди ҳокимияти давлатӣ такя карда, дар ҳар сари чанд вақт пулҳои «нав» худсарона «кӯҳна» эълон карда мешуданд, ки ба ин васила 10% даромади муфт ба хазинаи давлат медаромад ва соҳиби пул ҳам якбора 10% зиён мекашид. Ҷенкинсон, ки дар солҳои 1558–1559 ба Бухоро сафар карда буд, истифодаи беисти нишони пулӣ ва оқибати онро дар тиҷорат хеле боварибахш тавсиф намудааст: «Подшоҳ ҳар моҳ ва гоҳо дар як моҳ ду бор арзиши нуқраро баланд ё паст мекунад: вай аз ҳоли мардум парвое надорад, чунки барои аз ду ё се сол зиёдтар ҳукм рондан чашмаш намерасад, ӯро ё мекушанд ва ё меронанд. Ин ҳолат мамлакатро хароб ва тоҷиронро муфлис мегардонад».

Ба ин бояд ҳаминро ҳам илова кард, ки ҳокимони мулк баробари афзудани парокандагии феодалӣ беш аз пеш ба муомилоти пулии умумидавлатӣ мамониат мекарданд. Онҳо ҳар чӣ бештар даромад ба даст оварданӣ шуда, пеши роҳи дар қаламравашон гардиш кардани пули мулкҳои дигарро мебастанд.

Бесабаб нест, ки дар чоряки севуми асри ХVI Осиёи Миёна боз як бӯҳрони хеле сахти муомилоти пулиро аз сар гузаронид.

Севумин нуктаи муҳим вазъи умумии мамлакат ва таъсири бевоситаи он ба хоҷагист. Лашкаркашӣ ва тохтутозҳои сершумор ба Хуросон ҳокимони шайбонӣ ва то андозае аскарони онҳоро сарватманд намояд, тадорукот ва таҷҳизоти ин лашкаркашиҳо барои аҳолӣ бисёр гарон меафтод. Хусусан, ҷангҳои байнихудии феодалон, ки қариб ним аср муттасил давом намуд, аҳволи мардумро ниҳоятдараҷа табоҳ сохт: дар натиҷаи муҳорибаҳои байни султонҳои шайбонӣ, аз даст ба даст гузаштани шаҳру мулкҳо заминҳои кишт зери по, шаҳрҳо тороҷ ва хироҷу андозҳо зиёд мешуданд. Ба ҳамин тариқа, шароити ин замон ҳам ба равнақ ва ҳатто як дараҷа мӯътадил гардидани вазъи истеҳсолоти ҳунармандӣ ва тиҷорат кӯмаке нарасонид.

Дуруст аст, ки дар охирҳои аср, вақте ки Абдуллохони II ба ҷангҳои байнихудӣ хотима дода, барои беҳтар гардидани шароити тиҷорат як қатор тадбирҳо пешбинӣ кард, вазъият тағйир ёфт ва хоҷагии мамлакат каме ба ҳолати эътидол даромад. Аммо ин давраи на он қадар тӯлонии истиқрор барои бартараф намудани тамоми оқибатҳои хасорате, ки дар давраи пешина ба касбу ҳунар ва тиҷорат ворид омада буд, кифоят накард. Ҷараёни инкишофи минбаъда ба зудӣ ҳамаи он натиҷаҳои мусбатеро, ки дар аҳди Абдуллохони II дар бобати ба дараҷаи маъмулӣ даровардани вазъияти умумии мамлакат ба даст омада буданд, ба боди фано дод.

Ба ҳамон хулосае, ки се чоряки асри ХVI давраи тадриҷан камшавии ҳаҷми истеҳсолоти ҳунармандӣ ва тиҷорати дохилист, амри воқеии маҳз дар ҳамин аср нисбатан бештар ба тараққӣ рӯ ниҳодани шаҳрҳо мухолифате надорад. Масалан, дар давоми асри ХVI масоҳати Бухоро афзуда, як қисми маҳалҳои атрофи он ба шаҳр дохил карда шуданд. Дар ин давра дар Бухоро бисёр иморатҳои нави мӯҳташам ба вуҷуд меоянд, аз ҷумла тоқҳои тиҷорат, корвонсаройҳо ва амсоли инҳо сохта мешаванд. Бухоро дар нимаи дувуми асри ХVI ба таври қатъӣ пойтахти давлати Шайбониён мегардад. Боз муҳимтар аз ин, Бухоро маркази тиҷоратии Осиёи Миёна, маҳалли омадурафти аксари тоҷирони хориҷӣ ва гузаргоҳе барои молҳои хориҷӣ маҳсуб меёфт. Аз ин рӯ, ҳаҷми тиҷорати Бухоро хоси тамоми Осиёи Миёна намебошад ва барои сухан рондан аз боби инкишофи беш аз пеши саноати ҳунармандӣ дар саросари Осиёи Миёна асосе намедиҳад.

Тиҷорати хориҷӣ. Муносибатҳои дипломатӣ

Устувор  гардидани  муносибатҳои  иқтисодӣ ва  дипломатӣ бо Россия омили тараққиёти таърихии Осиёи Миёна дар асри ХVI буд[26]. Ин бештар аз ҳама дар нимаи дувуми аср, ки рафтуомади сафирони рус ба Осиёи Миёна ва алалхусус сафирони осиёмиёнагӣ ба давлати Москва ранги доимӣ гирифт, ба назар намоён гардид. Он вақтҳо сафирон ба корҳои тиҷорат ҳам машғул мешуданд: онҳо бо корвонҳои худ на фақат тӯҳфаҳои подшоҳӣ ва хонӣ, балки молҳои тиҷоратӣ низ мекашонданд. Аз тиҷорати подшоҳӣ ва хонӣ боҷ гирифта намешуд. Бинобар ин, султонҳои шайбонӣ ва ҳокимони мулкҳо корвонҳои пурбори худро бо камоли майл ба сӯи давлати Москва равон месохтанд. Вале аз нуқтаи назари мустаҳкам кардани робитаҳои иқтисодӣ аҳамияти вусъат ва инкишофи ҳаҷми тиҷорати хусусӣ бештар буд. ҳарчанд аз корвони тоҷирони ҷудогона, ки ба Аштархон рафтуомад мекарданд, боҷ гирифта мешуд, аммо ин боиси камшавии тиҷорат намегардид. Молҳои Осиёи Миёна барои Россия чунон зарурат пайдо карда, ба таомул даромада буданд, ки ҳатто дар терминология ва топонимикаи он осори худро гузоштанд. Масалан, яке аз миқёсҳои маъмули вазн дар давлати Москва «ансири бухороӣ» номида мешуд. Дар давлати хонии Қазон тоҷирони осиёимиёнагиро «тезикҳо» (тоҷикон) меномиданд ва дар маркази шаҳри Қазон маҳалле буд, ки бо номи «мавзеи тезикҳо» шӯҳрат дошт.

tijoratТиҷорат ба самти дигар – ба тарафи Сибир ҳам вусъат ёфт. Дар ин ҷо молҳои Осиёи Миёна лузумоти бештаре доштанд. Ба ин сабаб ҳукумати Москва дар асри ХVI аз тиҷорати ин сарзамин ягон хел боҷ намеситонд.

Дар давлати Москва аз молҳои тиҷоратии Осиёи Миёна талабот, махсусан, ба матоъҳои гуногуннавъи пахтагӣ ва абрешимӣ зиёд буд. Аз Москва ба Осиёи Миёна пӯсти хом, зарфҳои чӯбӣ, газворҳои пашмӣ ва бисёр маснуоти дигар оварда мешуданд. Баъзе аз ин молҳои русиро дар Бухоро савдогарони ҳинду ва эронӣ мехариданд.

Дар асри ХVI дар миёни давлати Шайбониён ва давлати Темуриёни ҳинд муносибатҳои бисёр наздики тиҷоратию дипломатӣ ва иртиботи маданӣ вуҷуд дошт. Лекин муносибати тиҷоратӣ ба Эрони сафавӣ хеле коста гардид. Дар ин маврид, ғайр аз сабабҳон умумӣ (тағйири роҳҳои корвонгард), низоъҳои мазҳабии байни Эрони шиа ва Осиёи Миёнаи суннӣ ҳам роли муайяне мебозид. Сабаби дигар ҳамоно муносибатҳои сиёсии байни Шайбониён ва Сафавиён буд, ки дар натиҷаи лашкаркашӣ ва тохтутозҳои пайдарпайи султонҳои шайбонӣ ба Хуросон (бо нияти тасарруфи шаҳрҳои пурсарвати ҳирот, Машҳад, Исфароин ва ғ.) беш аз пеш тезутунд мегардид. Ҷенкинсон, ки солҳои 1558–1559 дар Бухоро зиста, махсусан ба масъалаҳои тиҷорат мароқ зоҳир кардааст, роҷеъ ба тиҷорати Осиёи Миёна бо ҳиндустон ва Эрон чунин менависад: «ҳиндуҳо матоъҳои сафеди нафисро, ки тоторҳо ба гирди сарашон мепечонанд, ҳамчунин дигар навъҳои газвори сафедро, ки дар вақти аз матои пахтагӣ дӯхтани либос истифода мешаванд, ба ин ҷо ворид мекунанд, вале онҳо на тилло, на нуқра, на ҷавоҳирот ва на адвияҷот намеоваранд. Ман пурсуҷӯ карда фаҳмидам, ки роҳи ин тиҷорат ба воситаи уқёнус будааст, чунки ҳамаи маҳалҳои истеҳсоли ин молҳо дар таҳти тасарруфи португалиҳо воқеъ аст.

ҳиндуҳо аз Бухоро шоҳиворӣ, пӯсти хом, ғулом ва асп мебаранд, лекин ба хариди пашмина ва моҳут он қадар майл надоранд. Ман ба тоҷирони он кишварҳо, ки аз дурдасттарин қисматҳои ҳиндустон, ҳатто аз сарзамини Бангола ва каронаҳои дарёи Ганг меоянд, муовизаи матоъҳои пашмиро ба молҳои онҳо пешниҳод кардам, вале нахостанд молашонро ба чунин матоъ, мисли моҳут, иваз кунанд.

Эрониҳо ба ин ҷониб парча, ғози пахта, катон, шоҳии алвон, аспи зотӣ ва амсоли инро оварда, аз ин ҷо пӯсти хом ва дигар молҳои русӣ, ғуломони гуногуннажод харида мебаранд, аммо матоъ намехаранд, зеро худашон ин навъ молҳоро ба ин ҷо меоваранд»[27].

Манбаъҳои дигар рӯихати молҳои ба ҳиндустон содиркунандаро (аз қабили себу нок, мавизу бодом, харбузаи хоразмӣ, мӯинаи русӣ ва мурғи шикорӣ) ва, бараъкс, аз ҳиндустон ба Осиёи Миёна воридкунандаро (мисли парча, рангубор, чой, марворид) пурра месозанд[28]. Боз як моли махсус – тангаҳои нуқраи шайбониро, ки дар асри ХVI аз Осиёи Миёна ба ҳиндустон бурда мешуд, бояд хотирнишон кард. Аҷоиб, ки шоҳ Акбар (1556–1605) барои гардиши пулҳои шайбонӣ дар дохили давлати худ иҷозат дода буд, аз ин рӯ номи Акбар ба шакли мӯҳри кӯчаке дар рӯи пул зарб зада мешуд [29].

Муносибатҳои дипломатии байни Шайбониён ва Темуриёни ҳинд низ бомуваффақият инкишоф меёфт. Шайбониён, ки Бобурро аз Осиёи Миёна тамоман ронда буданд, дере нагузашта пас аз қисмати зиёди ҳиндустонро фатҳ карданаш саъю кӯшиш намуданд, муносибатҳои худро бо ӯ мӯътадил гардонанд. Дар солҳои охири ҳукмронии Кӯчкунчихон ба назди Бобур сафорати босалобате фиристода шуд. Сафирон на фақат аз тарафи сарсулола, яъне худи Кӯчкунчихон, балки аз тарафи баъзе султонҳои хонадони шайбонӣ ҳам буданд. Бобур сафиронро ба хубӣ пазироӣ намуд ва ҳангоми рухсат ба онҳо тӯҳфаҳои бисёре дод. Масалан, ба сафири Кӯчкунчихон 70 ҳазор пули нуқра, ханҷари қиматбаҳо ва кулоҳи зардӯзӣ инъом кард[30]. Ин сафорат фақат маънии ба расмият шинохтанро надошт. Шайбониён, ки дар ин солҳо пай дар пай ба Хуросон ҳуҷум мекарданд, ба таъмини амнияти ақибгоҳи худ манфиатдор буданд.

Муносибатҳои дипломатӣ, хусусан, дар байни ду ҳукмрони барҷаста – султони шайбонӣ — «Абдуллохони II ва подшоҳи ҳиндустон» — Акбар хеле муваффақиятомез буд. Онҳо ҳар гоҳ ба кишвари якдигар ҳайъати сафорат мефиристоданд, бо ҳам мукотиба доштанд ва ба якдигар тӯҳфаҳои гаронбаҳо мефиристоданд. Абдуллохони II ба сафорате, ки фавран баъди Бадахшонро забт кардани Шайбониён ва дар Афғонистон ғалабаҳои калон ба даст овардани қӯшуни Акбар фиристода буд, арзиши баланд медод. Ин сафорат мақсади дутарафа дошт: яке – гирифтани пеши роҳи ҳаракати минбаъдаи қӯшуни ҳинд ва дигаре – ба Акбар фаҳмондани ин, ки Шайбониён даъвои мулки ӯро надоранд. Сафорати дар навбати худ фиристодаи Акбар бо ҳусни таваҷҷӯҳ ва иззату эҳтироми бузурге пазируфта шуд[31].

3. МАСЪАЛАИ ЭТНОГЕНЕЗИ ХАЛҚИ ӮЗБЕК

Масъалаи этногенези халқи ӯзбек фақат дар илми таърихнигории марксистии советӣ аввалин бор бар асоси илмӣ гузошта шуд. Дар асарҳои шарқшиносони тоинқилобии рус ва ҳамчунин хориҷӣ нуқтаи назаре ҳукмрон буд, ки мувофиқи ои гӯё таърихи халқи ӯзбек аз асрҳои ХV–ХVI, яъне аз вақти дар Осиёи Миёна бо номи ӯзбек пайдо шудани тоифаҳои истилокор оғоз меёфта бошад. Тавзеҳи моҳиятан нави ин масъала аз А. Ю. Якубовский сар шуд. Ӯ дар ҷараёни тадқиқ ба чунин хулосае омад, ки ӯзбекҳои истилогар бо аҳолии маҳаллии туркнажоди Мовароуннаҳр як шуда рафтанд: «…ӯзбекҳои саҳронишин, агар дар тамоми ҳудуди ҳозираи Ӯзбекистон набошад ҳам, ба ҳар ҳол дар қисмати зиёди он аҳолии туркзабон, яъне қавми турк ва туркшударо дарёб карданд, ки дар ин ҷо муддати дуру дарозе ҳаёти мутамаддина ба сар бурда, дар ҷараёни омезиш бо дигар халқҳои нисбатан қадимтари аз аҳди бостон дар ин маҳал сокиншуда ташаккул ёфтаанд. Ӯзбекҳои саҳронишин ба ҳайъати аҳолии туркзабон ҳамчун ҷузъи охирин дохил шуда, ба он номи худро бахшиданд»[32].

Соли 1949 банда дар китоби «Таърихи халқи тоҷик» нуқтаи назари худро доир ба ин масъалаи мураккаб ва муҳим баён карда будам. Дар он китоб, аз ҷумла, навишта шудааст: «….Аз асри VI торафт бештар сар даровардани тоифаву қавмҳои туркзабон ба сарзамини Осиёи Миёна шурӯъ мешавад»[33]. Дар ин миён ҷараёни қаробат пайдо кардани ин тоифаву қавмҳо ба аҳолии қадимии Осиёи Миёна давом менамояд. Амалиёти якҷояи туркҳо ва суғдиён ҷиҳати хоси муборизаи халқҳои Осиёи Миёна бо истилогарони аҷнабӣ мебошад. Дар зарфи чандин аср, пеш аз ҳама, табақаҳои камбизоати бодиянишинони турк ба тарзи зиндагии муқимӣ ва зироаткорӣ мегузаранд. Тадриҷан ихтилот ва омезиши қавмҳои турк бо суғдиёну хоразмиён ва тоифаҳои сакоиву массагетҳо қувват мегирад, ки зимнан халқияти ба ин тариқа ташаккулёфта аксаран ба забони туркӣ гуфтугӯ мекарданд. Мана дар ҳамин асос халқи ӯзбек ташаккул ёфта, дар ҷараёни сурат гирифтани худ, мисли дигар халқҳои Осиёи Миёна, аз мероси мадании сокинони қадимаи он баҳраманд гардид. Дар ибтидои асри ХI ҷараёни ташаккули халқи ӯзбек суръати бештаре пайдо намуда, аз қисматҳои шимоли Осиёи Миёна беш аз пеш ба ноҳияҳои ҷануби он паҳн шуд, ки ин, аз ҷумла, дар таъсиси давлати Қарохониён ва инкишофи маданияти шаҳр нақши худро гузоштааст.

Ташаккули босуръати халқи туркман ва дигар халқҳои ба истилоҳ туркзабони Осиёи Миёна низ ба ҳамин давра тааллуқ дорад. Маҳз дар ҳамин давра таъбири «турку тоҷик» барои тавсифи ду унсури асосии нажодии аҳолии Осиёи Миёна вирди забон гардид.

Чунон ки дар боло оварда шуд, ҳанӯз дар замони Сомониён дар ноҳияҳои муқимии Осиёи Миёна бисёр қавмҳои туркзабон зиндагӣ мекарданд. Сарчашмаҳо дар Фарғона, Хоразм, Чоч ва дигар ноҳияҳои муқимии зироатӣ сукунат доштани миқдори зиёди аҳолии туркзабонро қайд кардаанд. Ба ҳар ҳол дар давраи Сомониён аксарияти аҳолии шаҳрҳо ва ноҳияҳои муқимии зироатии Осиёи Миёнаро тоҷикон ташкил медоданд. Вале ин ҳолат дар аҳди ҳукмронии Қарохониён тағйир ёфта, дар натиҷаи беш аз пеш ба ҳаёти муқимӣ гузаштани бодиянишинони туркзабон ва турккунонии аҳолии маҳаллии тоҷик дар Осиёи Миёна аз ҷиҳати этникӣ бартарӣ пайдо кардани халқҳои туркзабон сар мешавад.

Дар байни табақаҳои ҳукмрон бо ҳам наздикшавии аъёни тоифавии турк ва ашрофи феодалии қадима ба амал омада, онҳо якҷоя истисмори оммаи меҳнаткашро вусъат медиҳанд. Дар айни замон, дар зинаҳои поин меҳнаткашони тоҷик ва унсурҳои меҳнаткаши халқҳои туркзабон бо ҳам унс гирифта, дар муборизаи якҷоя ба муқобили зулму истисмори синфи ҳоким риштаҳои дӯстии онҳо, хусусан ӯзбекону тоҷикон маҳкам мегардад. «Дар тамоми шӯришҳои халқии асрҳои баъдина, дар муборизаи қаҳрамононаи зидди истилогарони аҷнабӣ паҳлуи ҳам истодани ниёгони ҳамаи халқҳои Осиёи Миёна, аз ҷумла ду халқи ҳамсоя –тоҷикон ва ӯзбеконро метавон дид. Мо саҳми махсуси ба ганҷинаи маданият гузоштаи ҳар яки ин халқҳоро омӯхта, дар айни замон робитаи мутақобил ва таъсири байниҳамдигарии онҳоро хотирнишон менамоем»[34]. Дар ақидаи мо чунин нуктае, ки ӯзбекҳо дар қатори тоҷикон ва дигар халқҳои Осиёи Миёна вориси тамоми таърих ва маданияти Осиёи Миёна мебошанд, таъкид ёфта, ҳамчунин роли тоифа ва қавмҳои қадимаи эронизабон дар ташаккули халқи ӯзбек нишон дода шуда, ба замми ин, замони сурат гирифтани ин воқеа – асри ХI муайян гардида буд.

Ин ақида дар муқаддимаи (муаллиф – А.Ю.Якубовский) нашри аввали «Таърихи халқҳои Ӯзбекистон» (1950) ба назар гирифта шуда[35], дар нашри охирини «Таърихи РСС Ӯзбекистон (1967) ифодаи возеҳу равшани худро ёфта буд[36].

Мувофиқи ин ақида, халқи ӯзбек иштироккунандаи баробарҳуқуқи на фақат воқеаҳои чорсад соли охири Осиёи Миёна, балки давраи бениҳоят тӯлонии таърихи ин сарзамин мебошад.

Тадқиқоти минбаъда барои мо имкони сареҳ ва равшантар намудани баъзе нуктаҳои ин ақидаро фароҳам сохт. Қазияи охирин аз ин иборат аст, ки забонро дар муайян кардани ҳудуди таърихи этникии халқҳо ҳамчун нишонаи ягона донистан нашояд. Дар марҳилаи ҳозираи тараққиёти илми таърих ин қазияро мухтасаран ба тариқи зайл метавон баён кард.

Дар боло роҷеъ ба давраҳои аввали таъсири мутақобили аҳолии эронию турк сухан рафта буд. Ба Осиёи Миёна нуфуз кардани каломи туркӣ бо кӯчиши азими қабилаҳои саҳронишини Осиёи Марказӣ ва шимоли шарқӣ, ки тақрибан дар ҳудуди аҳди нав шурӯъ гардида, муддати чандин аср гоҳ суст шуда ва гоҳ дубора бо қуввати тоза давом кардааст, алоқаманд мебошад Як қисми ин қабилаҳо, аз ҷумла тоифаҳои туркзабон дар ҷараёни кӯчиш ва тохтутозҳояшон дар сарзамини Осиёи Миёна маскан гирифта, иқомати доимӣ ихтиёр намуданд. Алалхусус, аз нимаи дувуми асри VI милодӣ, вақте ки дастаҳои хоқони турк пас аз шикасти ҳайтолиён дар Мовароуннаҳр ҳокимиятро ба даст гирифтанд, теъдоди аҳолии туркзабони Осиёи Миёна афзоиш меёбад. Аз ҳамин вақт сар карда тоифаҳои туркзабон дар сайри ташаккул ва тараққии қавмҳову забонҳои Осиёи Миёна (хусусан, дар вилоятҳои шимолӣ ва шимоли шарқии он) роли ба назар намоёне мебозанд. А.Н. Бернштам оғози ин протсессро дар мулки Фарғона ба асри VII милодӣ нисбат медиҳад[37]. Е.А. Давидович ва Б.А. Литвинский чунин мешуморанд, ки ин протсесс дар ин маҳал андаке барвақт (асрҳои VI–VII) ба вуқӯъ пайвастааст[38]. Дар бораи мавҷудияти аҳолии туркзабон дар Хатлонзамин Хой Чао маълумот медиҳад, ки он ба солҳои 726–727 тааллуқ дорад.

Дар вилоятҳои шарқии Осиёи Миёна (хусусан дар ҳафтруд) ва дар Туркистони шарқӣ, ки аз давраҳои қадим қасабаҳои сершумори суғдиён воқеъ гардида буданд, тадриҷан ҷои каломи суғдиро каломи туркӣ ишғол менамояд.

Омадани аҳолии туркзабон дар асрҳои Х–ХII боз ҳам зиёдтар мешавад. Туркҳо дар дастгоҳи идораи давлати Сомониёи, дар қувваҳои ҳарбӣ ва ғ. мавқеъҳои муҳимро ишғол мекунанд. Сулолаҳои турк (ба мисли Ғазнавиён) ба вуҷуд меоянд. Дар охири асри Х– ибтидои асри ХI мавҷи пуршумори ба Осиёи Миёна фурӯ рехтан ва ҷойгир шудани тоифаҳои мухталифи туркнажод: туркони салҷуқӣ, туркманҳо, ғузҳо ва эликхониҳо мушоҳида мешавад. Қавми охирин, яъне эликхониҳо Сомониёнро торумор намуда, давлати бузургеро, ки Мовароуннаҳр, ҳафтруд ва Туркистони шарқиро фаро мегирифт, барпо карданд. Ин давлат, ки дар таълифоти муаррихон бо номи «давлати Қарохониён» ёд мешавад, дар таърихи Осиёи Миёна роли муҳим бозид. Ба ҳайъати давлати Қарохониён қабилаҳои уйғур, қарлуқ, чигил, яғмо, арғу, туркеш ва ғ. дохил мешуданд, ки дар байни онҳо қарлуқҳо ва уйғурҳо мавқеи асосӣ доштанд.

Бесабаб нест, ки забони аҳолии турки давлати Қарохониёнро забоншиносон ба қарлуқиву уйғурӣ нисбат медиҳанд. Ин забон як қатор хусусиятҳои фонетикӣ, морфологӣ ва лексикию грамматикиро дорост, ки дар «Қутадғу билик»-и Юсуфи Баласоғунӣ, дар баъзе қисматҳои «Девони луғат ат-турк»-и Маҳмуди Кошғарӣ ва ғ. ба назар мерасад[39]. Тоифаҳои туркзабони аҳди қарохонӣ чи бо суғдиёни маҳаллӣ (ва дигар қавмҳое, ки ҳамоно ба забонҳои шарқиэронӣ гуфтугӯ мекарданд) ва чи бо аҳолии тоҷикзабон мутақобилан муносибати хеле наздик доштанд. Масалан, дар замони зиндагии Маҳмуди Кошғарӣ (асри ХI) сокинони шаҳрҳои ҳафтруд, аз ҷумла Баласоғун, «тарзи либоспӯшӣ ва урфу одати турконро қабул карданд», онҳо ҳам ба суғдӣ ва ҳам ба туркӣ ҳарф мезаданд ва ҳеҷ касе набуд, ки фақат ба суғдӣ гап занад (аҳолии Тароз ва Исфиҷоб низ чунинанд)[40]. Аз ин маълум мешавад, ки дар нимаи дувуми асри ХI суғдиёни ҳафтруд дузабона будаанд ва тадриҷан бо қавмҳои турк омезиш ёфта рафтаанд. Намунаи чунин ҳолатро дар рӯзҳои мо низ метавон мушоҳида кард. Дар ҷануби Ӯзбекистон бо номи «ҳардурӣ» гурӯҳи хурди этникие ҳаст, ки аслан тоҷик буда, то ҳол ба забони тоҷикӣ гуфтугӯ мекунад. Албатта, дар шеваи он калимаҳои ӯзбекӣ хеле зиёд аст. Тарзи зиндагӣ, хоҷагидорӣ ва бисёр одатҳои ин гурӯҳ бо тоифаҳои ҳамсояи ӯзбек шабоҳат дорад[41].

Мисоли дигар бо Хоразм алоқаманд аст. Дар асри ХII дар он ҷо ду қавми асосӣ: тоҷикон (дар он вақт забони тоҷикӣ ба андозаи зиёд забони хоразмиро танг карда бароварда буд) ва туркон мезистанд. Дар васиқаҳои Текеши Хоразмшоҳ (1172–1200) ҳокимони шаҳрҳои сарҳадии Сирдарё фақат ҳамин ду қавмро ном бурдаанд[42].

Мувофиқи шаҳодати олими бузурги Осиёи Миёна — Берунӣ, ки аслан аз Хоразм аст, барояш забони «зотӣ» хоразмӣ буд. Чунон ки маълум аст, дар таълифоти асрҳои ХII–ХIII низ калимаву ибораҳо, ҳатто муколамаҳои тамом хоразмӣ дучор меоянд. Дар айни замон ин таълифот калимаву иқтибосҳои туркӣ ҳам доранд, ки аз ин дар Хоразми асри ХIII ба миқдори муайян (эҳтимол хеле зиёд) мавҷуд будани аҳолии туркзабон аён мегардад. Мадракҳои осори муаллифони он замон низ ин иддаоро тасдиқ мекунанд. Чунончи, Плано Карпини, ки солҳои 40-уми асри ХIII дар Хоразм будаасг, дар бораи «бо кумонӣ» (яъне, бо яке аз лаҳҷаҳои забони туркӣ) гуфтугӯ кардани одамони ин ҷо иттилоъ медиҳад. Яқинан метавон тасаввур кард, ки дар ин вақт аксарияти аҳолии Хоразм дузабона буда, ҳам ба хоразмӣ ва ҳам ба туркӣ муошират доштанд ва зимнан сухани туркӣ нисбат бя хоразмӣ бештар дар истеъмол буд.

Пас аз асрҳои ХIII–ХIV мо дигар аз мавҷудияти забони хоразмӣ ҳеҷ як мадраке дар даст надорем. Мумкин аст, аз он вақт дере нагузашта, ин забон бо таъсири лаҳҷаҳои туркӣ тамоман аз байн рафта, аҳолии дар собиқ эронизабони Хоразм комилан туркзабон гардида бошад. Шеваҳои туркӣ (ӯзбекӣ ва туркманӣ), ки дар заминаи забони хоразмӣ инкишоф меёфтанд, як миқдор калимаҳои қадимаи хоразмиро низ дар бар гирифта буданд (чунончи, агна – канали калон, уав – канали хурд ва амсоли инҳо дар шеваи ӯзбекии Хоразми ҳозира то ҳол маҳфузанд). Калима ва истилоҳоти қадимаи эронӣ дар номи маҳалҳои ин ноҳия хеле фаровон ба назар мерасанд (аз қабили ҳазорасп).

Тадқиқи манбаъҳои хаттӣ нишон медиҳанд, ки дар асрҳои ХI– ХII нуфузи туркнажоди Осиёи Миёна хеле афзуда, хусусан дар вилоятҳои шимоли ин сарзамин қисмати зиёди аҳолиро ташкил менамуд. Дар ҳаёти мадании Осиёи Миёна, ҳатто дар маданияти шаҳрнишинон саҳм ва нуфузи туркҳо беш аз пеш нақши равшан пайдо мекунад (ниг., масалан, ба тасвири рӯи олоти сафолӣ). Забони туркии онвақта, ки дар боло роҷеъ ба он сухан рафт, яъне қарлуқию уйғурӣ асосзабоне буд, ки баъди ба қисмҳо ҷудошавӣ дар заминаи он дар Осиёи Миёнаи пас аз давраи муғул забони ӯзбекии қадим рӯ ба тараққӣ ниҳод. Ин забон аз бисёр ҷиҳатҳо ба пешгузаштаи худ – асосзабон алоқаи хеле наздик дошт[43].

Дар илми таърихнигории советӣ ақидае ҳаст, ки дар «Таърихи РСС Ӯзбекистон» мухтасаран баён ёфтааст: «Дар асрҳои ХI–ХII ташаккули халқияти ӯзбек асосан ба анҷом расида, минбаъд ба худ номи «ӯзбекҳо»-ро мегирад[44]. Дар ин ҷо калимаи «асосан» дуруст оварда шудааст, зеро ташаккули халқи ӯзбек (мисли халқи тоҷик) муддати дуру дарозеро дар бар мегирад. Тафриқаҳои тоифавӣ ҳамоно ба таври равшан зоҳир мегардид, туркони навомада аз аҳолии муқимии туркзабоншуда ва ҳам аз он кӯчнишинони туркзабон, ки ҳанӯз дар замони пеш аз арабҳо ба Осиёи Миёна омада буданд, тафовути ҷиддӣ доштанд. Ин давраи ташаккули забони ӯзбекии қадим буд[45].

Футуҳоти муғулҳо ба харитаи этникии Осиёи Миёна боз дигаргуниҳои калон дохил намуд. Кӯчида омадани миқдори зиёди бодиянишинони муғул дар ин амр омили хеле муҳим гардид. Тоифаҳои муғулии манғит, ҷалоир, барлос ва ғ. пас аз сукунат ёфтан дар Осиёи Миёна, дере нагузашта, ҳама аз ҷиҳати забон турк шуданд[46]. Сабаби асосии тоҷик нашуда, маҳз турк шудани тоифаҳои ба ин сарзамин омадаи муғул дар он аст, ки тарзи зиндагии ҳам муғулҳо ва ҳам туркҳо бодиянишинӣ буд, ва аз ин рӯ, табиист, ки муғулҳо ва туркҳо бо ҳам робитаи наздик доштанд. Вале аз он, ки ин ҷараён хеле зуд ва босуръат ба вуқӯъ пайваст, ба чунин хулоса расидан мумкин, аст, ки ин тоифаҳои муғул ба муҳити ниҳоят пурнуфузи туркҳо афтода будаанд.

Дар асрҳои ХIV–ХVI забони ӯзбекии қадим, аз ҷумла шакли адабии он низ мавҷудияти худро нигоҳ дошта, ба дараҷаи олии такомул мерасад. «Дар ин давра як қатор лаҳҷаҳои арзӣ ба вуҷуд меоянд, аммо тафовутҳои забонии тоифаҳо ҳанӯз роли муҳим мебозиданд. Дар хиттаи Фарғона, дар Мовароуннаҳр ва Хоразм намояндагони се гурӯҳи шеваҳои асосӣ: қарлуқиву уйғурӣ, уйғуриву оғузӣ ва кипчоқӣ дар таносубҳои гуногун бо ҳам дар муошират буданд»[47]. Забони туркии аҳолии Мовароуннаҳр, ки дар баробари иқтибоси фаровони калимаҳои эронӣ бисёр унсурҳои туркии шарқиву ғарбиро дар худ фароҳам оварда буд, ҳамчун асоси забони адабӣ хизмат намуд[48]. Дар забони адабӣ калимоти эронӣ ва арабӣ хеле зиёд истеъмол мешуд (аксар вақт 40–50% таркиби луғавиро ташкил мекард), ҳамчунин таркибҳои ба забони туркӣ хоснабуда мавриди истифода қарор мегирифт. Бисёр шоирон ба туркӣ ва форсӣ шеър мегуфтанд (чунончи, Лутфӣ ва дигар шоирони гузашта ва муосири Навоӣ, инчунин худи асосгузори адабиёти ӯзбек, ки ӯро ҳамасронаш «зуллисонайн» номидаанд)[49].

Дар асрҳои ХIV–ХV ба таври оммавӣ турккунонии аҳолии муқимии шаҳру деҳот хусусан Хоразм, ҳафтруд, воҳаи Тошканд ва Фарғона ба амал омад. Дар сарчашмаҳо ин аҳолии муқимӣ аксаран бо номи «сартҳо» вомехӯранд [50] ва зимнан, чунон ки аз «Бобурнома» маълум мешавад, ин ном ба сокинони ҳам туркзабон вз ҳам тоҷикзабони ин маҳалҳо нисбат дошт ва ин худ аз худ ишораест бар он, ки он вақт дар миёни туркзабонону тоҷикзабонон тафриқаи назаррасе набудааст.

Он чӣ оид ба истилоҳи «ӯзбек» бошад, ҳама гуна кӯшишҳои бо ҳукмрони Олтинӯрда-Ӯзбекхон (1312–1340) вобаста намудани ин ном асосе надорад.[51] Метавон фарз кард, ки дар солҳои 50 ё 60-уми асри ХIV таҳти ин ном аҳолии турку муғули Дашти Қипчоқ дар назар дошта мешуд ва пас аз он ки иттиҳодияи қабилаҳои бодиянишин бо роҳбарии Шайбонихон дар ҳудуди асрҳои ХV ва ХVI ба Мовароуннаҳр ва Хуросон сар дароварданд, ин ном ба «аҳолии туркзабони ин вилоятҳо нисбат ёфт[52], яъне халқи ӯзбек аз ҳамон вақт номи худро пайдо намуд.

Албатта, кӯчида омадани оммаи нави сершумори тоифаҳои туркзабон, ки барои халқ ном ҳам овард, ҳодисаи муҳим буд, вале вай лаҳзаи асосӣ ва принсипиалии таърихи халқи ӯзбек ба шумор намеравад. Гап дар сари он аст, ки ӯзбекҳои бодиянишини ба Мовароуннаҳр омада аксаран аз худи ҳамон қабилаҳое буданд, ки ҳанӯз дар замонҳои пешин дар Осиёи Миёна зиндагонӣ мекарданд.

Донишмандони забони туркӣ муқаррар кардаанд, ки «аллакай дар асрҳои ХIV–ХV сохти грамматикӣ ва захираи асосии луғавии забони қавми ӯзбек тақрибан дар ҳамон шакле, ки дар рӯзҳои мо арз андом мекунад, муқаррар гардида буд», ҳатто дар Мовароуннаҳр сукунат ёфтани тоифаҳои бодиянишини ӯзбек на хусусиятҳои забонӣ ва на типи этникии халқи вуҷуддоштаи ӯзбекро тағйир надод[53].

Инкишофи минбаъдаи этникии халқи ӯзбек бо чанд роҳ ҷараён ёфт. Бо ташаккули ваҳдат ва робитаи арзӣ тадриҷан аз байн рафтани хусусияти парокандагии ҷойгиршавӣ ва сохтмони иҷтимоӣ ба амал омад. Бояд гуфт, ки ин протсесс ҳатто дар замони нав ҳам ба анҷом нарасида, дар баъзе ноҳияҳо ҷудоии қабилавӣ ва қавмию тоифавӣ ҳамоно давом мекард. Аммо дар он ҷойҳое, ки гузариш аз ҳаёти бодиянишинӣ ба ҳаёти нимбодиянишинӣ ва хусусан ба тарзи зиндагӣ ва хоҷагидории муқимӣ ба вуқӯъ меомад, ин ҷараён суръати бештаре дошт. Баробари ин дар миқёси васеъ  бо турккунонии аҳолии маҳаллии тоҷикзабон бо шаклҳои мухталифи дузабонӣ (аз ҷузъӣ то куллӣ) ва дар айни замон тоҷиккунонии гурӯҳҳои ҷудогонаи ӯзбекон давом мекард. Ҳамаи ин тамоюлоти мураккаб, мухталиф ва зидди якдигар ҷамъан ба бартараф шудани тафовути ҷузъҳои таркибӣ ва аз ҷиҳати этникӣ мутамарказ гардидани халқи ӯзбек оварда расонданд.

Дар боло борҳо хотирнншон гардид, ки халқи ӯзбек бар асоси аҳолии муқимии эронизабон, ки чандин мартаба ба он тоифаҳои туркзабон пайваст шуда ва гурӯҳҳои туркшуда бо ҷузъҳои таркибии нави туркӣ омезиш ёфтаанд, ба вуҷуд омад. Мутаассифона, дар илм ҳоло чунон усулҳое, ки бо кӯмаки онҳо муқаррар кардани таносуби миқдории ин ва ё он ҷузъи таркибӣ имконпазир гардад, вуҷуд надоранд. Ин муамморо ба василаи таҳлили мадракҳои антропологӣ низ ҳал кардан амри маҳол аст. Инро ҳам бояд дар назар дошт, ки тоифа ва қавмҳои туркзабони ба Осиёи Миёна омада метавонистанд то ба ин сарзамин кӯчиданашон омезиши нажодӣ пайдо кунанд. Воқеан ҳам, мадракҳои антропологӣ ба ҳар ҳол дар ин хусус барои мулоҳизаи тахминӣ баъзе имконот фароҳам меоваранд. Дар ҳақиқат, аз байни се халқи туркзабони нисбатан сернуфузи шимоли Осиёи Миёна – ӯзбекҳо, қазоқҳо ва қирғизҳо ду халқи охирӣ аз лиҳози шаклу шамоил муғулнажод (қирғизҳо назар ба қазоқҳо бештар муғулнажод) ва ӯзбекҳо европоинажоданд. Ӯзбекҳо аз ҷиҳати антропологӣ ба ҳамон нажоде, ки тоҷикон тааллуқ доранд, мансуб мебошанд. Тафовути зоҳирӣ дар миёни тоҷикону ӯзбекон аз ин иборат аст, ки ӯзбекон бештар омезиши муғулӣ доранд.

Бо вуҷуди ин чунон ки антропологҳо хотирнишон мекунанд, «типи антропологии ӯзбекон бар асоси типи нажодии қадими европоисурати маҳаллӣ қарор гирифта, аломатҳои муғулӣ ба он фақат изофа шудаасту бас» (В.В. Гинзбург). Чунин аст нуқтаи назари Л.В. Ошанин, А.И. Ярхо, В.В. Гинзбург[54]. Типи нажодии тоифаҳои кӯчнишини ӯзбек гоҳо назар ба ӯзбекони муқимӣ бештар муғулист. Чунончи, барои исботи ин иддао метавон лақайҳоро мисол овард. Дар айни замон, ӯзбекони қарлуқ, шамоили муғулии худро тамоман гум карда, бо аҳолии маҳаллӣ «аралаш» шуда рафтанд ва аз тоҷикон ягон тафовуте надоранд [55]. ҳамин тариқа, аз омезаи сохти қиёфаи муғулӣ то шабоҳати нисбатан камтар, ки дар ин сурат миёни ӯзбек ва тоҷик фарқе намемонад, таҳаввули симои нажодии ӯзбекони имрӯза ба назар мерасад. Барои қиёс ҳаминро бояд қайд кард, ки ба истиснои тоҷикони помирӣ, ки ягон омезаи муғулӣ надоранд, дар ҳамаи гурӯҳҳои боқимондаи тоҷикон кам ё беш ин омеза мушоҳида мешавад: бештар дар тоҷикони Фарғона, ноҳияҳои ҷанубӣ ва ҷануби шарқии Тоҷикистон ва ба дараҷаи камтар дар тоҷикони Бухоро, Самарқанд ва саргаҳи Зарафшон[56].

Ба ин тариқа, чунон ки мадракҳои антропологӣ нишон медиҳанд, қисми асосии халқи ӯзбек аз аҳолии маҳаллии европоисурати Осиёи Миёна, ки дар натиҷаи омезиш ёфтан бо қавмҳои типи нажодии ҷанубисибирӣ як андоза қиёфаи муғулӣ пайдо карда буд, фароҳам омадааст. Инро аз нуқтаи назари таърихи нажодҳо тавзеҳ дода, бояд хотирнишон кард, ки ҷузъи асосии таркиби халқи ӯзбек, агар онро ба таври куллӣ гирем, аҳолии аслии Осиёи Миёна мебошад. Турконии қисмати он хеле барвақт, дар давраҳои аввали асри миёна шурӯъ гардида, баъдҳо бо суръати беш  аз пеш идома ёфт. Зимнан, ҷараёни аз ҷиҳати забон турконӣ назар ба ҷараёни биологии муғулонӣ тезтар ва васеътар сурат мегирифт. Ба ин ҷараёнот гурӯҳҳо ва табақаҳои нав ба нави аҳолӣ кашида мешуданд. Дар байни қавму тоифаҳои ба дараҷаи гуногун муғулӣ ва туркишуда дар бобати ҳамзистӣ ва амали мутақобили хеле наздик бо қавмҳои европоисурати эрону тоҷикзабон тағйироти мураккабе рух медод. Амали мутақобила аз лиҳози нажодӣ боиси бо ҳам даромехтани ҷараёнҳои гуногунравия мегардид; ҳодисаҳои аз мансубияти туркӣ  баргаштан низ ба вуқӯъ омада, манзараи умумиро боз ҳам мураккабтар месохтанд.

Чунин аст мухтасаран мулоҳизаҳои мо доир ба таърихи ташаккули нажодҳо. Таърихи хуб бо санадҳо тасдиқшудаи маданияти Осиёи Миёна, аз ҷумла адабиёти он, ин мулоҳизаҳоро комилан собит менамояд ва бо тамоми ҷузъиёташ шарҳ медиҳад. Мо дар сари ин масъала батафсил таваққуф нахоҳем кард, хусусан ки равобити адабии тоҷику ӯзбек аз тарафи адабиётшиносон ба таври амиқ тадқиқ шудааст[57]. Тимсоли барҷастаи қаробати адабиёти ду халқи бародар ҳаёт ва эҷодиёти ду фарзанди барозандаи халқҳои тоҷику ӯзбек — Абдурраҳмони Ҷомӣ ва Алишер Навоӣ мебошад[58]. Материалҳои этнографӣ низ бағоят муҳимманд, зеро онҳо барои возеҳ ва воқеӣ тасаввур кардани ҷараёни муносибатҳои байни тоҷикону ӯзбекон кӯмак мерасонанд (дар ии бобат асарҳои этнограф Б.Ҷ. Кармишева хеле ҷолибанд) ва муҳимтар аз ҳама ин, ки то чӣ андоза наздик будани маданият ва тарзи зиндагии ҳозираи халқҳои тоҷик ва ӯзбекро нишон медиҳанд ва ин наздикӣ ба дараҷаест, ки баъзан ҳудуди байни онҳоро ҳатто шартан бошад ҳам, муайян кардан мумкин  намешавад. ҳамсоягии чандинасра ва иртиботи хеле наздик, ҳамчунин мавҷудияти бунёди умумӣ боиси ба забони ӯзбекӣ нуфуз ёфтани калимоти тоҷикӣ ва ба забони тоҷикӣ дохил шудани калимоти ӯзбекӣ гардидааст. Забоншиносон таъсири мутақобили чашмрасеро дар сохти грамматикии ин забонҳо низ қайд кардаанд. Дузабонии тоҷикию ӯзбекӣ як ҳодисаи хеле маъмулист.

Ба ин тартиб, агарчанде ки халқҳои тоҷик ва ӯзбек дар замонҳои гуногун ташаккул ёфта ва забони ин халқҳо ба гурӯҳҳои мухталифи забонҳо тааллуқ дошта бошад ҳам, бунёди аслии нажодию антропологии онҳо як аст. Тақдири таърихии ин халқҳо ва маданияти онон пайвандҳои ногусастанӣ дорад. Дар асрҳои миёна маданияти ӯзбек ва маданияти тоҷик фақат дар баъзе соҳаҳо, он ҳам асосан аз ҷиҳати забон, тафовут пайдо намуда, ҳар яке дорои хусусият ва анъанаҳои худ гардидааст, вале таъсир ва робитаи мутақобила дар ин соҳаҳо низ хеле зиёд ба назар мерасад. Тоифа ва қавмҳои туркӣ ва шарқиэронӣ, тоҷикон, ӯзбекон ва дигар халқҳои Осиёи Миёна дар хоки як давлати таъсисёфта, дар як шаҳр ва деҳкада паҳлу ба паҳлу зиндагӣ мекарданд. Онҳо дӯш ба дӯш истода, ба муқобили истилогарони аҷнабӣ ҷангидаанд, дар муборизаҳои синфии зидди истисморгарони  «худӣ» якҷоя иштирок намудаанд. Албатта, баъзе ҳодисаҳои нифоқу бадхоҳӣ ҳам рух медод, вале заминаи муносибатҳои байниҳамдигарии онҳо аз дӯстии самимӣ, ҳамзистии бо сулҳу сафо ва ҳамкории аҳлона фароҳам омада буд.

Баъзе тафовутҳои нажодие, ки мо дар ин ҷо сухан рондем, ҳеҷ гоҳ асоси муқобилгузории як халқ бо халқи дигар нахоҳад шуд. Дар тараққиёти тамаддуни умумиинсонӣ ҳамаи мардумони Осиёи Миёна саҳми бузург гузоштаанд. ҳам халқҳои эронизабон ва ҳам халқҳои туркзабонро арбобони барҷастаи илму маданият ҳастанд, ки онҳо мояи ифтихори тамоми халқҳои Осиёи Миёна мебошанд.

4. МАДАНИЯТИ МОДДӢ ВА МАЪНАВӢ

Бинокорӣ ва меъморӣ

Дар асри ХVI бинокорӣ хеле авҷ гирифт. Хусусан, сохтмони биноҳои маъмурӣ, хоҷагӣ ва маданию маишӣ вусъати зиёде пайдо намуд, ки ин яке аз ҷиҳатҳои хоси ин давра ба шумор меравад. Дар бисёр шаҳрҳо ва роҳҳои корвонгард кӯпрукҳо, сардобаҳо, корвонсаройҳо, ҳаммомҳо ва тиҷоратхонаҳои боҳашамат сохта шуданд. Дигар иморатҳои мӯҳташам, аз қабили мадраса, масҷид, мақбара ва хонақоҳ низ ба вуҷуд омаданд. Агар ба ин ҳама он биноҳои сершумореро, ки дар он вақт сохта шуда, вале то замони мо нарасидаанду фақат дар вақфномаҳо ва дигар манбаъҳо зикр гардидаанд, илова кунем, он гоҳ доир ба вусъати фаъолияти бинокорӣ дар ин аср тасаввуроти пурра ҳосил мешавад.

Биноҳои нав аз ҳама бештар дар Бухоро ва атрофи он сохта шуданд.[59] Бемуболиға гуфтан мумкин аст, ки симои Бухорои охири асри миёнаро маҳз иморатҳои дар асри ХVI сохташуда муайян мекунанд. Дар ҳамин давра девори нави шаҳр, ки масоҳати он вақт хеле вусъатёфтаи онро иҳота менамуд, ба вуҷуд омад. Дар охирҳои асри ХVI Абдуллохони II барои хотири шайхони бонуфуз аа давлатманди ҷӯйборӣ тамоми амлоки бузурги ононро ба ҳудуди шаҳр дохил намуд.

Аз ин рӯ, муҳимтарин хусусиятҳои санъати меъмории асри ХVI[60] бештар дар иморатҳои Бухоро таҷассум ёфтаанд. Агар синтези тамоюлҳои анъанавӣ ва навин хоси сохтмони масҷиду мадрасаҳо бошад, дар биноҳои ҷамъиятӣ мавқеи асосиро тамоюли нав ишғол менамояд.

Дар бинокориҳои асри ХVI аз ҷиҳати нақшакашӣ ва тарҳрезӣ ҷустуҷӯҳои ҷолибе ба назар мерасанд. Хусусан, гунбаз ва қуббаҳо хеле зебо ва мутаносиб сохта шуда, бо ҳаҷм ва таъйиноти бино мувофиқати комил пайдо кардаанд. Дар рехтани тарҳи иморат хеле дур шудан аз қолабҳои анъанавӣ мушоҳида мешавад. Аз он аср чанд нақшаи ҳақиқии иморатҳои гуногун ба даст расид, ки, зоҳиран, ба лоиҳаи намунавӣ монанд аст[61]. Дар байни онҳо лоиҳаи хонақоҳ ҳам ҳаст. Баъзе биноҳои хонақоҳи дар асри ХVI сохташуда аз ин лоиҳаи намунавӣ фақат дар ҷузъиёти тарҳи худ фарқ мекард. Вале як иморати хонақои охири асри ХVI дар Файзобод аз ҷиҳати ҳаҷм ва тарҳаш тамоман нав мебошад: дар ду тарафи пешрӯи иморат айвонҳои дарози қуббадор сохта шудаанд, ки дар шароити иқлими гарми Осиёи Миёна вазифаи гирифтани пеши бодҳои тафсонро адо мекарданд.

Мисоли дигар – мадрасаи асри ХVI. Нақшаи мадраса хеле пештар ба вуҷуд омада, расмият пайдо карда буд ва баъзе мадрасаҳои асри ХVI асосан ҳамонро фақат такрор мекарданд. Тарҳи мадрасаҳои дигар аз лоиҳаи анъанавӣ тафовути ҷиддӣ дошт ва бештар ба ҷиҳатҳои амалӣ асос ёфта буд: меъморон имкони зиёд кардани миқдори ҳуҷраҳо ва ба вуҷуд овардани манзилҳои ёрирасонро ҷустуҷӯ мекарданд. Аз ин нуқтаи «назар мадрасаи Мири Араб ва, алалхусус, мадрасаи Абдуллохон дар Бухоро ҷолиби диққат мебошанд. Тарҳи мадрасаи Абдуллохон хеле мавриди таваҷҷӯҳ аст. Андаруни мадраса ҳавлии росткунҷаи муқаррарист, ки атрофи онро дар ду табақа ҳуҷраҳо иҳота кардаанд. Дар миёнаҷои чор тарафи он чор айвон сохта шудаанд, ки ба назар муқаррарӣ манамоянд. Аммо дар амал дутои онҳо ба комплексҳои ҷудогонаи манзилҳои иловагӣ пайвастаанд ва вурудгоҳ доранд. Яке аз ин комплексҳо ҳавличаи дарунист, ки ҳашт гӯша дошта, болояш бо гунбаз пӯшида шудааст ва атрофашро ҳуҷраҳо иҳота кардаанд. Миқдори умумии ҳуҷраҳои мадрасаи Абдуллохони II аз нақшаи муқаррарӣ хеле зиёд аст.

Такомули тадриҷии ороиш ва нақшу нигори пештоқҳо ва рӯи деворҳои асосии биноҳо низ бисёр ҷолиби таваҷҷӯҳ мебошад. Дар санъати меъмории нимаи аввали асри ХVI анъанаҳои аҳди темурӣ ҳоло идома дошта, марҳилаҳои нави тараққиёти худро ба сар мебурданд. Хотамкории рангубаранги қимат ва пурзаҳмат хеле васеъ ба кор бурда мешуд, хиштҳои кошинкорӣ, мисли асри ХV, бо нақшҳои зебо ва рангҳои мутаносиби кабуду сафеду нилобӣ ҳамоно асоси ороишоти биноҳо ба шумор мерафтанд, сафолтахтаҳои сирдори поини деворҳо бо нақшбандиҳои нафиси заррин зеб дода мешуданд, нақшҳои барҷастаи зарандуду нилобии бо усули кундал дар ниҳояти нафосат ва зебоӣ кашидашуда ҳар бинандаро моту мабҳут месохт.

Чунин тариқи ороишотро мо дар ёдгориҳои Бухоро, аз қабили Масҷиди Калон, Мадрасаи Мири Араб, Масҷиди Баланд ва Масҷиди ҳоҷӣ Зайниддин, дар мақбараи Сиюнҷихони Тошканд, Мадрасаи Абдулатиф Султон (Кӯкгунбаз) дар Ӯротеппа ва ғ. низ дида метавонем. Махсусан, Масҷиди Баланд ва Масҷиди ҳоҷӣ Зайниддин бо нақшу нигорҳои ниҳоят зебо ва муҷаллали худ касро ба ҳайрат меоваранд. Масалан, тамоми деворҳои Масҷиди Баланд бо тасвироти рангубаранг ороста гардидаанд: дар ин ҷо сафолтахтаҳои минокории бо нақшҳон заррин зинатёфта, хотамкориҳои нафиси шаклҳои мураккаб ва нақшбандиҳои кундалро метавон дид.

Дар нимаи дувуми асри ХVI ҳусни зоҳирии иморатҳои бошукӯҳ тағйир меёбад. Акнун василаҳои нисбатан арзонбаҳо ва камзаҳмати ороиш ба кор бурда мешаванд. Аммо аз ин чунин барнамеояд, ки дар ҷиҳати бадеии ҳунари меъморӣ таназзул рух дода бошад. ҳунармандони гулдаст тавассути арзонтарин воситаҳо шоҳкориҳои ҳайратангезе ба вуҷуд меоварданд. Аз ҷумлаи ин шоҳкориҳо гунбазҳое мебошанд, ки фақат дар натиҷаи ба шакли коҷ чидани хишт ба худ сурати зебое гирифта, дар назари бинанда мисли як ситораи сеқираи мушаъша намудор мешаванд. Аксар вақт ороиши гунбазҳо тавассути сохтани гӯшаҳои яклухти гаҷӣ ва бо хиштҳои муқаррарии сайқалӣ пур кардани байни онҳо таъмин мегардид. Моддаи асосии зебу зинати дохили биноҳоро гаҷи сафед ва ранга ташкил мекард. Усули истифода аз он гуногун буд. Баъзан гаҷро ба девор ду бор мемолиданд (дафъаи аввал гаҷи ранга, дафъаи дувум гаҷи сафед), сипас дар рӯи гаҷи сафед ҳар навъ нақшҳо мекашиданд. Дар мавридҳои дигар ба девор аввал гаҷи сафед молида, онро бо тасвирҳо оро медоданд ва пас аз он гаҷи рангаро ба шакли нақшҳои кандакорӣ «рӯйкаш» мекарданд. Беҳтарин намунаҳои чунин ороишоти арзонбаҳо, вале бисёр зеборо метавон дар хонақоҳи Файзободи назди Бухоро ва Баҳоуддин мушоҳида намуд.

Дар Осиёи Миёнаи асри ХVI ҳам биноҳои ҷудогонаи бошукӯҳ ва ҳам мӯҳташами ҷомеъ сохта мешуданд, ки баъзе аз онҳо, аз қабили Масҷиди Калон ва мадрасаи Мири Араб аз калонтарин ансамблҳои меъмории Осиёи Миёна ба шумор мерафтанд. Дар чор тарафи ҳавлии калони росткунҷаи дарунии Масҷиди Калон айвонҳои дароз сохта, болои онро бо сесад гунбаз пӯшидаанд, ки онҳо бар сутунҳои мураббаъ устуворанд. Даромадгоҳи асосии масҷид дар тарафи кӯча воқеъ гардида, худи иморати он дар пешгаҳи ҳавлӣ ҷой гирифтааст ва бомашро гунбази нилобие, ки бар устувонаи баланд қарор гирифтааст, зеб медиҳад. Мадрасаи Мири Араб, ки рӯ ба рӯи Масҷиди Калон воқеъ аст, нисбатан хурдтар мебошад. Вале байни мадрасаву масҷид аз ҷиҳати тарҳу сохт таносуби комил хеле моҳирона ба даст оварда шудааст: мадраса рӯи суфаи баланд бино ёфта, тарафи пеши он бо бурҷҳои калони кунҷӣ «ҷасимтар» гардидааст.

Ансамбли меъмории Чорбакр, ки дар наздикии Бухоро воқеъ аст, боз ҳам бузургтар мебошад. Маркази композитсионии онро се иморати боҳашамати дар як суфа гузошташуда – хонақо, масҷид ва айвони пайвасткунандаи онҳо, ки аз ду тарафи он дар ду табақа ҳуҷраҳо сохта шудаанд, ташкил менамояд. Дар ин маҷмӯи иморат ҳавличаҳое низ ҳастанд ки дар онҳо дахмаҳои хонаводагӣ бо теъдоди зиёди сангҳои рӯи қабр воқеъ гардидаанд.

Водии ҳисор низ аз ёдгориҳои меъморӣ бой аст. ҳисор дар асрҳои ХV–ХVI ба авҷи равнақи худ расида буд. Дар ин давра ҳудуди он вусъат пайдо карда, ҷануби Тоҷикистон, ҷануби Ӯзбекистон, вилоятҳои шимолии Афғонистон (Балх, Шибирғон, Қундуз), инчунин Бадахшонро дар бар мегирифт. Иморатҳои Қалъаи ҳисор, аз қабили Мадрасаи Кӯҳна, Мазори Махдуми Аъзам ва ғ. шоҳиди санъати баланди меъмории ҳисори онвақта мебошад[62].

Сохтмони биноҳои ҷамъиятӣ аз иморатҳои масҷиду мадрасаҳо фарқ мекард. Дар чорроҳи баъзе хиёбонҳо бинои чорсу бардошта, ба тӯли хиёбон тоқҳо ва корвонсаройҳо месохтанд. Маҷмӯи ин бинокориҳо боиси ба худ шакли муайян гирифтани майдонҳо, кӯчаҳо ва чорроҳҳо мегардид. Калонтарини ин қабил ансамблҳои меъморӣ дар ду маҳалли Бухоро ба вуҷуд омада буд: яке дар Регистон (ҳоло аз он асаре боқӣ намондааст) ва дигаре дар чорроҳи ду кӯчаи пешинаи шаҳристони қадими Бухоро, ки ба самти шимол то беруни марзи шаҳристон давом мекард (аз он ҳоло се чорсу ва тоқи Абдуллохон маҳфуз мондааст).

Барои ҳар чи пурратар тасаввур намудани санъати асри ХVI чунин навъҳои касбу ҳунари амалӣ, мисли кандакории рӯи санг ва чӯбро низ бояд зикр кард. Дар ин соҳа комёбии устодони асри ХVI хеле назаррас аст. Сангҳои сершумори рӯи қабр дар маҷмӯи иморати номбурдаи Чорбакр аз намунаҳои барҷастаи ҳунари кандакории он давр маҳсуб мегардад. Ин сангҳо бо катиба ва нақшунигор ороиш ёфта, гӯшаҳои онҳо ба шакли сутунча дароварда шудааст. Баъзе сангҳои рӯи қабр ба худ шакли хурди мақбараи қуббадорро гирифтаанд. Беҳтарин намунаҳои кандакории рӯи чӯб ҳаккокии сақфи Масҷиди Баланд, дари чанде аз мадрасаҳо ва ғ. мебошад.

Дар асри ХVI ороиши бадеии китобҳои дастнавис ба дараҷаи баланд расида буд.[63] Китобхонаҳое, ки дар дарбори баъзе султонҳо мавҷуд буданд, дар айни ҳол вазифаи коргоҳи китобат ва ороиши дастнависҳоро адо мекарданд. Дар Осиёи Миёнаи он замон бисёр миниётурсозон ва хушнависони забардаст ҳаёт ба сар мебурданд, ки чанде аз онҳо ба ин сӯ аз ҳирот омада буданд. Миқдори зиёди дастнависҳое, ки дар асри ХVI хушнависони маҳаллӣ китобат кардаанд ва миниётурсозони он давр зинат додаанд, ба замони мо расидаанд. Дар байни ин хушнависону миниётурсозон касоне ҳам буданд, ки бо истеъдод ва қареҳаи олии худ шӯҳрати ҷаҳонӣ ёфта, аз мумтозони замон ба шумор мерафтанд.

Баъзе муҳаққиқон ба чунин хулосае омадаанд, ки миниётури Осиёи Миёна дар асри ХVI дорои мактаби мустақили худ гардидааст. Пеш аз ҳама, Г.А.Пугаченкова ин иддаоро муфассалтар (ҳарчанд ки фикру ақидаҳои вай ҷиҳатҳои баҳсталаб низ доранд) баён намуда, зимнан тараққиёти ин мактаби осиёимиёнагии миниётурро ба чанд марҳила тақсим кардааст. Марҳилаи аввал (то солҳои 40-уми асри ХVI) –давраи ҳамзистии ду равия. Як гурӯҳи миниётурсозон ба анъанаи Беҳзод пайравӣ мекарданд. Гурӯҳи дигар равияи андаке дигарро пеш гирифта, зарофатро камтар ва мухтасариро бештар меписандиданд ва офаридаҳои онҳо бештар ҷанбаи этнографӣ дошт. Хусусиятҳои ин равияро беҳтар аз ҳама миниётурҳои «Фатҳнома» метавонанд тавсиф намоянд. Асар ба васфи корномаҳои Шайбонихон бахшида шуда, китобати он дар ибтидои асри ХVI ба вуқӯъ пайвастааст. Миниётурҳо бо мазмуни ҳар фасл ва воқеаҳои муайяни таърихӣ мувофиқат доранд, дар онҳо симои як қатор шахсони таърихӣ, аз ҷумла худи Шайбонихон ҳам тасвир ёфтааст. Тамоми ҷузъиёти зист, либос ва ҷиҳозот комилан воқеӣ акс гардидаанд. Дар онҳо омезиши маданияти муқимӣ ва саҳроӣ возеҳу равшан ба назар мерасад. Тасвироти дигар асарҳои таърих низ ба ҳамин минволанд. Мавриди аҷобат аст, ки дар «Таърихи Абулхайр», ки дар асри ХVI таълиф ёфтааст, агарчи баёни воқеаҳо фақат то аҳди Абулхайрхон давом мекунад, аммо миниётурҳо «модернизатсия» шудаанд: либосҳо, ҷиҳат ва ҷузъиёти зист, сарфи назар аз замони вуқӯи ҳодисот, ба асри ХVI мансубанд.

Дар ин давра протсесси эҷоди бадеӣ асосан иборат аз ҳамин буд, ки минётураҳои ҳирот ниҳоят муфассал омӯхта ва аз он нусхабардорӣ карда мешуд. ҳатто чунин ҳодисаҳое маълум, ки рассомони Осиёи Миёна аз расмҳои давраҳои пешинаи ҳирот баъзе манзараҳо ва баъзе композитсияҳои томро айнан кӯчонда мегирифтанд. Яке аз чунин композитсияҳои том, ки хеле маъмул буд, лавҳаҳое мебошанд, ки бо номи манзараҳои тахти подшоҳӣ машҳур гардидаанд. Дар айни ҳол, дар дигар шаҳрҳои Осиёи Миёна анъанаҳои маҳаллии расмкашӣ вуҷуд дошт (маркази ин анъанаҳо, масалан дар Самарқанд ва Тошканд буд). Дар расмҳои ин ҷойҳо таъсири мактаби ҳирот қариб ҳис карда намешавад. Рассомон беш аз ҳама «ба тасвири ҳақиқии воқеаҳо ва юришҳои ҳарбии конкрет» [64] мароқ доштанд.

Дар марҳилаи дувум, аз миёнаҳои аср сар карда, дар офаридаҳои беҳтарин миниётурсозон як навъ омезиши ин ду сабк ба амал меояд. Тасвирҳои онҳо хеле нафис, дақиқ ва зебоянд, вале, баробари ин, дар онҳо таҳлили психологӣ, мазмуни иҷтимоӣ ва мавзӯоти жанрӣ торафт мавқеи бештар ишғол менамояд. Дар ин маврид ба тасвири симо низ аҳамият дода мешавад. Яке аз барҷастатарин намунаҳои осори ин марҳила дастнависи «Шоҳнома»-и Фирдавсӣ мебошад, ки тасвироти он ба килки устоди машҳури миниётур — Муҳаммадмуроди Самарқандӣ тааллуқ дорад. Саҳнаҳои муҳориба дар тасвири ӯ хеле зинда, пур аз ҳаракат ва ниҳоят ҳаяҷонангез баромадаанд. Ӯ ба мавзӯъҳои иҷтимоӣ ҳам рӯ овардааст. Аз ин ҷиҳат миниётурае, ки дар он шӯриши Коваи оҳангар тасвир ёфтааст, ҷолиби диққат мебошад.

Ин давра (солҳои 40–70-уми асри ХVI) яке аз пурсамартарин давраҳои санъати миёнитуранигорӣ буд. Гарчанде дар санъати рассомии пойтахт– шаҳри Бухоро андак таъсири мактаби ҳирот ҳис карда шавад ҳам, рафти умумии инкишофи санъати миниётуранигорӣ далолат мекунад, ки он дар ҷустуҷӯи роҳу усулҳои ба худаш хоси ривоҷу равнақ буд. Яке аз намоёнтарин рассомони ин давраи ташаккули мактаби нави миниётуранигорӣ Маҳмуди Музаҳҳиб буд. Ин рассом дар асоси талаботи мактаби ҳирот эҷод кунад ҳам, дар айни ҳол, дар осораш ҳамон тағйироту дигаргуние ба назар мерасад, ки худи вай ба ин санъат дохил карда буд ва ё таъсири анъанаҳои нави маҳаллӣ ба шумор мерафт.

Эҷодиёти Усто Абдулло ном рассоми забардаст ба инкишофи санъати рассомии Бухоро хеле таъсир расонд. Нақшу тарҳу суроби расмҳои ин рассом ниҳоят нафису зариф ва мавзуну муносиб буда, тобишҳои ранг бо маҳорати ҳайратангез кор фармуда шудаанд ва дар сохтани композитсия ҳам ин рассом ниҳоят забардаст будааст. Миниётураҳое, ки то ба рӯзҳои мо расидаанд, далолат мекунанд, ки Абдулло пайравони бешуморе дошту онҳо ба устоди худ тақлид мекарданд ва аз вай нусха мебардоштанд.

Эҷодиёти Муҳаммад Чеҳраи Маҳосин ва дигар мусаввирони забардаст низ дар ҳамин давра ҷараён ёфта, ба пояҳои баланди инкишофи худ расидааст.

Хусусияти ба назар намоёни асри ХVI дар офариниши портрет иборат аз ин аст, ки миниётурсозон дигар аз тасвири шартии подшоҳ даст мекашанд: портретҳои офаридаи онҳо подшоҳонро идеализатсия намекунанд, дар онҳо кӯшиши на фақат дар ҳадди имкони миниётур ба таври воқеӣ нишон додани қиёфаи шахс, балки ҳамчунин аён сохтани кайфияти рӯҳии он эҳсос мешавад. Зоҳиран, Ҷалолиддин Юсуф, ки ӯро Зайниддини Восифӣ борҳо ёд кардааст, дар офаридани портрет шӯҳрати зиёде касб карда буд. Ӯ карикатураҳои хуб ҳам эҷод мекард.

Бояд таъкид намуд, ки ҳангоми мусаввар кардани осори назму насри классикӣ ҳатто дар ҳалли мавзӯъҳои «доими»-и ба сурати қолаб даромада ҳам, ҳунармандони забардаст ҳаргиз аз офаридаҳои пешиниён нусхабардорӣ намекарданд, балки дар ин маврид ҳам ба эҷоди худ рӯҳи тоза дохил менамуданд.

[1] Тафсили онро ниг. Вельяминов – Зернов В. В., 1859; Вяткин В. Л., 1927.

[2] Вельяминов – Зернов В. В., 1859, с. 379–386.

[3] Давидович Е. А., 1952, с. 27–36.

[4] Чунин русуми варосати тахти салтанатро шоҳиди воrеаҳои он замон {офизи Таниш дар асари худ «Абдуллонома» наrл намудааст. В. В. Вельяминов – Зернов (1859, с. 392–395) дуруст rайд мекунад, ки баёноти муаррихи асрҳои баъдина Муҳаммадюсуфи Муншӣ тамоман uалат буда, аз таҳрифот иборат аст. Барои таrвияти ин фикри В. В. Вельяминов–Зернов бояд илова кард, ки мадракҳои зиёди дар давоми асри гузашта ҷамъшудаи сиккашиносӣ (ниг. хулосаи ахбори охирин: Lowick N.М., 1966) наrли {офизи Танишро, фаrат бо rадре возеҳу равшантар  сохтани баъзе маълумоти ӯ комилан тасдиr менамоянд.

[5] Бартольд В. В., 1965 а, с. 153, 200, 226; Чехович Д., 1954, а, с. 106.

[6] Давидович Е. А., 1951 а, с. 120–141.

[7] Иванов П. П., 1954, с. 26.

[8] Набиев Р. Н., 1959, с. 26-28.

[9] Иванов П. П., 1954, с. 26-27. Бояд гуфт, ки истилоҳоти ба инъомҳои асри ХVI алоrаманд ҳанӯз ба дараҷаи кофӣ омӯхта нашудааст.

[10] Иванов П. П., 1954, с. 24-25.

[11] Давидович Е. А., 1961, а,»с. 28–32.

[12] Давидович Е. А., 1961 а, с. 29–30.

[13] Мукминова Р. Г., 1966 с. 293.

[14] Вяткин В. Л., 1927, с. 3 ва давомаш, Иванов П. П., 1954, с. 48 ва давомаш. Дар бораи муборизаи байни шайхони «кубравия» ва «наrшбандия», ки асоси онро манфиатrои моддӣ ва кӯшишҳои пайдо кардани нуфузи сиёсӣ ташкил менамуд, ҳамчунин роҷеъ ба усулҳои фирефтани мардум ниг.: Семёнов А. А., 1040 ва 1941.

[15] Иванов П, П., 1954, с. 32-33, 41.

[16] Иванов П. П., 1954. с. 33–34.

[17] Иванов П. П., 1958, с. 62.

[18] Давидович Е. А., 1961 а, с. 36-38.

[19] {амон ҷо, с. 30-32.

[20] Набиев Р. Н., 1964, с. 95–96; Мукминова Р. Г. 1966, с. 52, 55, 56.

[21] Ҷенкинсон., 1937, с. 183.

[22] Шишкин В. А.,1947, с. 25-26; Давидович Е. А., 1961 а, с. 40–44.

[23] Беленицкий А. М., 1940; Беленицкий А. М., 1949; ИТН, П. 1, 1964, с. 401 – 402.

[24] Мукминова Р. Г., 1966, с. 32.

[25] Давидович Е. А., 1965, с. 90–91.

[26] Жуковский С. В., 1915; Панков А. В., 1927; Чулошников А., 1932; Зиёев Ҷ. З., 1962; 1965; Юлдошев Ш Ю., 1964; Ҷамолов R., 1966.

[27] Ҷенкинсон, 1937, с. 184.

[28] История Узбекской ССР, т. 1, 1967, с. 537-538.

[29] Давидович Е. А., 1951 а, с. 139-140; Lowick N. М., 1966.

[30] Бобур, 1958, с. 407.

[31] Умняков И. И., 1930, с. 325–328.

[32] Якубовский А. Ю., 1941, с. 3.

[33] Воrеан, баъзе муаррихон кӯшиш карданд, ки ин нуrтаи назарро рад кунанд. Онҳо иддао доштанд, ки вуруди тоифаҳои туркзабон хеле барваrт воrеъ гардидааст. Бо ин иддао розӣ шудан мумкин аст. Лекин муаллиф чунин мешуморад, ки ба сарзамини Осиёи Миёна бештар ва ба таври оммавӣ сар даровардани rавму тоифаҳои туркзабон ба ҳар ҳол аз асри VI шурӯъ мешавад.

[34] Uафуров Б. U., 1949, с. 223–224.

[35] Тревер К. В., ва диг., 1950, с. 10–12.

[36] История Узбекской ССР, т. 1, 1967, с. 380–381.; ниг. инчунин Ваҳҳобов М., 1961, с. 3–85.

[37] Бернштам А. Н., 1947 в.

[38] Давидович Е. А. ва Литвинский Б. А., 1956, с 207–208. Зоҳиран, аз нуrтаи назари катибашиносӣ  намунаи  rадимтарин хатҳои туркӣ – навиштаҷоти бостонии туркии шимоли Фарuона ва умуман, Осиёи Миёна ба нимаи дувуми асри VI – ибтидои асри VII нисбат дорад.

[39] Шербак А. М., 1956; Баскаков Н. А., 1969, с. 300–301.

[40] Бартольд В. В., 1964, с. 466–467.

[41] Эшниёзов М., 1956.

[42] Семёнов А. А., 1952 с. 24

[43] Щербак А. М., 1959, с. 108–109.

[44]История Узбекской ССР, т. 1, 1967, с. 380.

[45] Малов С. Е., 1961, с. 221–222

[46] Щербак А. М., 1956, с. 109.

[47] Щербак А. М., 1962, с. 223.

[48] {амон асар, с. 211.

[49] {амон асар, с. 20; Рустамов Э. Р., 1963; Бертельс Е. Э., 1965 а.

[50] Роҷеъ ба ин истилоҳ ва таърихи он ниг.: Остроумов Н. П., 1908; Самойлович А., 1910; Бартольд В. В., 1964 ж, 1964 з, Ваҳҳобов М. Л., 1961, с. 31–33.

[51] Семёнов А.А., 1954, б. с. 3–37; Аҳмадов Б.А., 1965 а, с. 11–12. Муr. Греков Б.Д., Якубовский А. Ю., 1950, с. 298–302.

[52] Ахмадов Б. А., 1965 а, с. 11–17. Роҷеъ ба таносуби истилоҳоти «ӯзбек»  «rазоr» дар асрҳои ХV–ХVI ниг.: Иброҳимов С. К., 1960 а, 1960 б.

[53] Щербак А. М., 1956, с. 109-110.

[54] Ошанин Л. В., 1957, с. 93–100; Гинзбург В. В.,  1964, с.  132-133.

[55] Ошанин Л. В., 1957, с. 34-35.

[56] Гинзбург В. В., 1949, с. 316-331.

[57] Брагинский И. С., 1962.

[58] Махсусан ниг.: Бертельс Е. Э., 1965 а.

[59] Шишкин В. А., 1936.

[60] Адабиёти илмӣ оид ба санъати меъмории асри ХVI фаровон аст, асарҳои тавсифкунандаи ёдгориҳои алоҳида ва тадrиrоти ҷамъбасткунанда мавҷуданд: Воронина В. Л., 1950, с. 93–96; Давидович Е. А., 1950 а; Дмитрим В. И., 1950; Литвинский  Б. А.,  1953; Массон М. Е., 1936; Пугаченкова Г. А., 1962; 1968; Пугаченкова Г. А. ва Ремпель Л. И., 1958; Ратия Ш.Е. ва Воронин Л. Н., 1936; Френкель Н. И., 1950. Бакланов Н., 1944;

[61] Пугаченкова Г. А., 1962, с. 194–210.

[62] Давидович Е. А., Мухторов А., 1969.

[63] Галеркина О. И.,  1956; Долинская В.  Г.,  1955; Пугаченкоеа Г. А., Ремпель Л. И., 1956; Семёнов А. А., 1946 б ва u.

[64] Galӯrkina O., 1976 c. 180-193.

Назди admin

Инчунин хонед инро

hulbuk

ШАҲРҲОИ ОСИЁИ МИЁНА ДАР АСРҲОИ ХI–ХII

Тараққиёти босуръати шаҳрҳо, истеҳсолоти молӣ ва тиҷорати пулӣ аз муҳимтарин аломатҳои давраест, ки мо ба …