АСОСӢ / Тандурустӣ / Канзи Шифо / АБРЕШИМ — пилла дар Канзи Шифо (Китоб)
Абрешим

АБРЕШИМ — пилла дар Канзи Шифо (Китоб)

Ин пиллаи печидаи кирмаки дастӣ мебошад. Пилларо дар офтоб гузоранд, то кирмаки даруни он буда бимирад, инро дар тиб абрешими хом меноманд. Мизоҷи абрешими хом дар дараҷаи якум гарм ва хушк аст, вале як қатор табибон мизоҷи инро дар тариву хушкӣ мӯътадил медонанд. Хислатҳои шифобахши он: хӯрдани абрешими хом дилро бағоят қавӣ мегардонад, инчунин ин аз давоҳои фараховар ба ҳисоб меравад.

Азбаски, ба қавли як қатор табибон, мизоҷаш дар гармиву хушкӣ мӯътадил аст, рутубати рӯҳиро латиф (хуш) мекунад ва ба худ мекашад. Бо ин хислаташ рӯҳро равшан ва моил ба фараҳ месозад. Қувватбахшандагии абрешим фақат ба як рӯҳ ва ҳоли бадан хос нест, балки дар ҳама ҳолат мулоимкунандаи ҳамаи рӯҳҳо, яъне қавӣ гардонандаи ҳамаи рӯҳҳои бадан аст, ҳатто рӯҳи табииро, ки қувватҳои ҷигар аст, рӯҳи нафсониро, ки қувватҳои майна аст ва рӯҳи ҳайвониро, ки рӯҳ ва қувватҳои дил аст, яъне ҷойи бахши бадан низ меноманд, қавӣ мегардонад. Инчунин қуввати ҳофиза, зеҳн ва пушти камарро (боҳро) тавоноӣ мебахшад; иллати дилтапак (дилбозӣ)-ро нест мекунад; сустии меъда ва шушро ба ислоҳ меоварад, баданро фарбеҳ мекунад.

Ҳарир, яъне матоъи шоҳии маҳз қирмизиро ба хуни бинӣ тар карда, хушк сохта, баъд сӯхта, хокистари онро бо воситаи найча ба даруни бинӣ пуф кунанд, хуни биниро мебандад. Аз абрешим шароб ҳам тайёр мекунанд. Ин чунин аст. Абрешими хомро бо қайчӣ маҳин реза мекунанду дар об мепазанд ва баъд дар он шакари сафед андохта, аз нав то қивом шуданаш меҷӯшонанд. Хӯрдани шароби абрешим гиреҳҳоро, ки дар ҳар ҷойи бадан пайдо шуда бошанд, мекушояд, дилро қавӣ месозад ва ранги рухсорро некӯ мекунад.

Агар абрешими хомро бисӯзонанд, бо вуҷуди он, ки сӯхтаи ин барои хӯрдан дар қувват бахшидан аз абрешими хом заифтар аст, вале барои реш, обравӣ, шилпуқӣ ва қӯтури чашм фоиданоктар мебошад назар ба хоми он. Миқдори як бор хӯрдан аз абрешими хом дар як рӯз аз 3,5 грамм то 10,5 грамм аст. Кам ё зиёд хӯрдан аз ин ба пасту баланд будани холати беморӣ ва ҳоли бадан вобаста мебошад. Либосхои бофтаи абрешимӣ ва ҳарир дар мизоҷ, гарм ва латиф аст. Агар либоси шоҳиро бипӯшанд, баданро мулоим, нарм ва фарбеҳ мегардонад, ба пӯшандааш сурур мебахшад, вале пӯсти баданро нафис мекунад. Ва барои он ки пӯсти баданро тунук нагардонад, ба тори бофташ ё пудаш ресмони пахтагинро ба кор бурдан даркор аст.

Дар бобати ин либос ҳаким Муҳаммад бинни Закариё гуфтааст: «Либоси абрешим гармтар аз либоси зағирпоягӣ аст, боиси салобати башара аст, вале хислати либоси зағирпоягӣ баръакси ин мебошад». Матоъи абрешим омехташуда дар мизоҷ гарм ва форам аст ва пӯшидани он барои пирон хуб аст, ба онҳо фоида дорад. Инчунин одамони сардмизоҷ ва занонро дар ҳавоҳои сард пӯшидан бисёр мувофиқ аст, хунро гарм мегардонад. Аммо барои он ки хунро гарм насозад, дар бофташ ба абрешим риштаҳои пахтагин дохил кардан даркор аст.

Яке аз хосиятҳои либоси абрешим он аст, ки намегузорад дар бадан шапуш пайдо шавад.

Назди admin

Инчунин хонед инро

siresh-daraxt

Сиреши саҳроӣ чист ва барои чи лозим?

Сиреши саҳроӣ —   Ин гиёҳ монанди сиреши кӯҳӣ, вале баргаш аз барги он хурдтар, пояаш …