МАЪЛУМОТҲОИ НАВТАРИН
АСОСӢ / Тандурустӣ / Бемориҳо ва табобат / Табобати Аденома простата, дору барои бемории мардон!

Табобати Аденома простата, дору барои бемории мардон!

Аденомаи простата ё худ онро гиперплазияи ғадуди простатаи безарар мебошад, ки яке аз маъмултарин бемориҳои урологӣ дар мардон ба шумор меравад.

Ғадуди простата як ғадуди-мушакии хурди узв аст, ки дар кос, дар поёни масона,  қисми аввали роҳи пешоб ҷойгир аст, ки кисми аввали роҳи пешобро ишгол менамояд (шошараҳа). Ғадуди простата сир истихроҷ мекунад, ки бо нутфа омехта шуда, фаъолияти нутфаро таъмин намуда, муқовимат ба шароити гуногуни манфиро нигоҳ медорад.  Дар мавриди аденома ғадуди простата калон шуда  роҳи пешобро фишурда ба вайрон гардидани ҷараёни пешоб аз масона оварда мерасонад. Вайроншавии просеси муқаррарии пешоббарорӣ боиси таназзули пешоб мегардад ва дар натиҷа ба рушди бемории санги пешоб, варами масона, бемориҳои гурда (пиелонефрит) ва ғайра оварда мерасонад.

Бемории простата

Худди калоншавии ғадуди простата беозор аст ва одатан аз ҷониби бемор ҳис карда намешавад. Бо вуҷуди ин, мушкилоти бавучудомада бо пешобҷудокунӣ  касалро ба ҳолати бузурги ногувор оварда, беморон айнан бо ҳамин шикоятҳо ба духтур мурочиат менамоянд.

Cабабҳои касали простата

То ба имрӯз, олимон дар бораи сабабҳои ин беморӣ ба як андеша наомадаанд. Дар байни омилҳои имконпазир на танҳо синну сол ва вайроншавии гормонҳо, балки мавҷудияти як қатор бемориҳо (масалан, атеросклироз), афзоиши бузурги вазн, тағйирёбии тарзи ҳаёти солим, стрессҳо, омилҳои экологӣ.

Эҳтимол, аденомаи простата яке аз бемории синну соли буда, вобаста бо тагйироти табиии сатҳи гормонҳо (тестостерон) мебошад.

Нишонаҳои бемории аденома простата

Барои холи кардани масона, сахт кардани мушакҳои шикам  зарур аст;

  • — пешобкунӣ дарозмуддат мешавад, пешобрави суст шуда бо фавраи борик мебарояд.
  • — наздик ба охири пешоббарорӣ пешоб  канда-канда мебарояд.

Дар марҳилаҳои баъдӣ, вақте ки дар масона аз сабаби пурра холи накардани боқимондаи пешоб мемонад, нишонаҳои зерин илова карда мешаванд:

  • зарурати пешобравии шабона, аксар вақт якчанд маротиба;
  • ташвиши мунтазами пешобронӣ ва доштани пешоб;
  • чакидани доимии пешоб;
  • эякуляцияи дарднок;
  • просесси пешобкунӣ  бештар пуразоб гардида, пешоб бо қатраҳо мебарояд.

Нуксҳои гиперплазияи ғадуди простата

Бе табобати мувофик аденома метавонад оварда расонад ба:

  1. Нигоҳдории бошиддати пешоб;
  2. Гематурия (пайдоиши хун дар пешоб);
  3. Сироятҳои системаи олати таносул ва шоша (пешобравии дарднок, хунукхурӣ, дарди бадан, дарди шадид дар кисми поёни тахтапушт, дар пешоб мавҷуд будани хун ё мадда мумкин аст).

Ба шумо чи кор кардан мумкин аст:

Агар шумо дар худ нишонаҳои дар боло номбаршударо пайдо кунед, ба шумо лозим аст, ки ҳар чи зудтар ба духтур муроҷиат кунед. Бисёре аз мардон вақте, ки ин нишонаҳо пайдо мекунанд, онҳо фикр мекунанд, ки ин тағйироти одди вобаста ба синну сол мебошад. Ин монанди он нест. Хар чӣ зудтар бемор ба духтур муроҷиат намояд, пешгирии авҷи беморӣ осонтар мегардад.

Табиби шумо чӣ кор карда метавонад?

Ташхиси аденома дар бисёри мавридхо аз пурсиш ва муоинаи бемор асос меёбад. Дар ҳолати қабул духтур беморро бодиккат дар бораи шикоят ва зуҳуроти беморӣ пурсупос менамояд.

Барои тасдиқи ташхис ба Шумо метавонанд таъин намоянд:

  • Санҷиши ректалии ангуштӣ,
  • Ултрасадои ғадуди простата
  • Урофлоуметрия (усуле, ки ба шумо имкон медихад, ки суръати шиддати пешобро муайян намояд),
  • Систография, пневмосистография (имконият барои муайян кардани миқдори бокимондаи пешоб)
  • Систоскопия (агар лозим бошад),
  • таҳлили умумии пешоб (имконият барои муайян кардани мавчудияти бемории урологии инфексионӣ),
  • Санҷиши умумии хун ва санҷиши хун барои муайян кардани сатҳи антигени махсуси простата.

Барои истисмори саратони  ғадуди простата санҷиши хун барои сатҳи антигени махсуси простата, инчунин биопсияи трансперинеалӣ ё трансректалӣ гузаронида мешавад. Аденомаи простата ба тарзи консервативӣ (доругузаронӣ) ва ҷарроҳӣ табобат карда мешавад.

Табобати дармони танҳо дар марҳилаҳои ибтидоии беморӣ натичаи назаррас меорад, вақте ки просесси ташаккули бақияи пешоб ҳанӯз оғоз нашудааст. Доруҳо катъиян  алоҳида, танҳо баъд аз гузарондани тадқиқотҳои зарурӣ таъин карда мешаванд.

Аз ҳама усули самараноки муолиҷаи гиперплазияи ғадуди простатаи безарар ин ҷарроҳӣ аст. Якчанд намуди амалиётҳои чаррохӣ мавҷуданд, ки дар мавриди аденома ба анҷом дода мешаванд. Намуди фаъолияти чарроҳӣ аз тарафи духтур муайян карда мешавад.

Назди admin

Инчунин хонед инро

tarkibi-xun

Таркиб ва вазифаҳои хун ва плазмаи он

Аҳамият ва вазифаҳои хун. Хун ҳамчун моеъи дохилии организм дар системаи махсуси худ ҳаракат карда, …