МАЪЛУМОТҲОИ НАВТАРИН
АСОСӢ / ГУНОГУН / АФСОНАИ «ХИЁНАТИ АЪРОБӢ»

АФСОНАИ «ХИЁНАТИ АЪРОБӢ»

(АЗ «ҲАЗОРУ ЯК ШАБ»)

Эй мулуки ҷаҳон, бидонед, чанд гоҳ пеш аз ин шабе бадхобӣ маро бигрифт ва шаб чандон ба ман дароз шуд, ки гумони субҳ надоштам, чун субҳ шуд, бархоста шамшер бар миён бастам ва савор шудам ва найза ба каф гирифтам ва қасди ман бипурсиданд. Ман қасди (нияти) худ ба эшон бигуфтам. Эшон гуфтанд:

— Мо низ ёрони туем.

Пас ҳама бо ҳам бирафтем, ногоҳ шутурмурғе падид шуд,оҳанги шутурмурғ кардем, ў бигрехт ва мо аз пайи ў ҳамерафтем, то ин ки зуҳр шуд ва шутурмурғ моро ба биёбоне беобу алаф кашонид, ки дар он ҷо ҷуз сафири (садои) морҳо ва нафири (овози баланди) чиниён ва фарёди ғулон (девон) чизе набуд. Чун ба он макон расидем, шутурмурғ аз мо нопадид шуд, надонистем, ки ба осмон парид ё ба замин фурў рафт.

rasmПас мо сари асп баргардонидем, дидем, ки бозгаштан дар он ҳавои гарм муҳол аст. Пас ҳаво сахт гарм шуд ва ташнагӣ ба мо ғалаба кард ва аспони мо аз рафтан бозмонданд, маргҳо аён бидидем, ки ногоҳ аз дур марғзоре васеъ ба назар омад, ки дар он ҷо хаймае барзада ва аспе дар паҳлуи хайма баста буданд. Моро пас аз ноумедӣ шодмонӣ рўй дод ва равони мо бо нишот андар шуд. Аспҳо ба сўи хайма рондем ва оҳанги марғзор кардем ва ман дар пешрўи ёрон ҳамерафтам, то ба марғзоре бирасидем ва ба чашмаи обе истода об бинўшидем ва аспҳо сероб кардем. Маро нодонӣ бар он бидошт, ки наздики хайма шавам. Чун наздики хайма рафтам, ҷавоне дидам сода ва ба моҳ ҳамемонист ва духтаре моҳрўй чун ниҳол дар паҳлуи ў истода буд.

Ҷавонро салом гуфтам, ҷавоб рад кард. Пас гуфтам:

— Ё ахиалараб, бо ман бигў, ки ту кистӣ ва зўҳраҷабин дар паҳлўи ту кист? Ҷавон соате сар дар зер афканд. Чун сар бардошт, ба ман гуфт:

— Ту бозгў, кӣ кистӣ? Ва ин саворон бо ту кистанд?

Гуфтам:

— Ман Ҳаммод ибни Фарозӣ ҳастам, ки дар миёни араб маро ба ҷои пансад савор шуморанд ва мо дар хонаи худ ба оҳанги нахчир бадар омадем, ташнагӣ ба мо ғалаба кард, ба дари ин хайма даромадем, ки ҷуръаи об дар ин ҷо биёбем.

Чун ҷавон ин сухан аз ман бишнид, ба он парипайкар гуфт, ки:

— Об аз барои ин мард биёр ва хўрданӣ низ ҳар чӣ ҳозир бошад, биёвар.

Пас духтарак монанди сарви сиҳӣ хиромидан гирифт, андак замоне ғоиб буд, пас аз он бозомад ва ба дасти рост ҷоми нуқраи пур аз оби хунук ва ба дасти дигар қадре хурмо ва қадре гўшти ғизол биёвард ва маро аз бисёрии майл

ба он духтар ёрои таом ва шароб гирифтан намонд ва беих тиёр гуфтам: 

Ай оташи хирмани ғарибон,
Биншин, ки ҳазор фитна бархост.
Болои чунин агар дар ислом
Гуянд, ки ҳаст зеру болост.
Ва ин абёт низ бархондам:
Ҳиност он, ки нохуни дилбар бируштаӣ,
Ё хуни бедилест, ки дар банд куштаӣ.
Ман одаме ба лутфи ту ҳаргиз надидаам,
Ин сурату сифат, ки ту дорӣ, фариштаӣ.
Зебу фиреби одамиён то ниҳоят аст,
Ҳурӣ магар на аз гили одам сириштаӣ.
Аз анбару бунафшаи тар бар сар омадаст,
Он мўи мушкбўй, ки дар пой ҳиштаӣ.
Ман дар баёни ҳусни ту ҳайрон бимондаам,
Ҳаддест ҳусни рўи ту аз ҳад гузаштаӣ.

Пас аз он хўрданӣ хўрда ва об нўшидам ва ба ҷавон гуфтам:

— Ё ваҷаал араб, ман туро аз ҳақиқати кори худ огоҳ кардам, ҳамехоҳам, ки ту низ маро аз ҳоли худ бохабар кунӣ.

Ҷавоб гуфт:

— Аммо ин духтар хоҳари ман аст. Гуфтам:

— Ўро ба хушӣ ба ман кобин кун, вагарна туро бикушам ва ўро бибарам. Ҷавон соате сар ба зер афканд. Пас аз он сар бардошта ба ман гуфт, ки рост гуфтӣ, дар ин, ки саворе ягона ва далери мардона ҳастӣ, валекин агар ба ман ба ин сон ҷанг кунед ва маро кушта хоҳарамро бибаред, ин нанг ба шумо бимонад, ҳар гоҳ шумо савори далер ҳастед, маро мўҳлат диҳед, ки алами ҳарб бипўшам ва теғ ба миён баста найза ба каф орам ва бар аспи худ савор шавам. Он гоҳ манну шумо ба майдони ҷанг дароем ва агар ман ба шумо зафар ёфтам, ҳамагон бикушам ва агар шумо бар ман чира шудед, маро кушта ва ин духтар ғанимат баред. Чун ман сухани ў бишнидам, гуфтам:

— Инсоф ҳамин аст ва хилоф кардан нашояд. Пас сари асб (асп) бозгардондам ва дар муҳаббати духтараки моҳрўй ҷунун бар ман ғалаба карда буд. Чун ба наз-

ди ёрон биёмадам, ҳусну ҷамоли духтар ва писарро ба онҳо бигуфтам ва собитқадамӣ ва шуҷоати ҷавонро баён кардам, ки мегўяд: «Бо ҳазор савор муқотила кунам». Ва ҳар чӣ мол ба хайма андар дида будам, ба ёрон боз намудам ва ба онҳо гуфтам:

— Агар ин ҷавон далере намебуд, дар ин сарзамин танҳо нанишастӣ. Валекин бо шумо аҳд мекунам, ки ҳар кӣ ин ҷавонро бикўшад, хоҳараш аз они кушандаи писар бошад.

Ёрони ман ба ин паймон розӣ шуданд ва олати ҳарб пўшида савор гаштанд ва оҳанги ҷавон карданд. Дидам, ки ҷавон низ олати ҳарб пўшида ва бар асп нишастааст. Вале хоҳараш дар рикоби ў овехта ва бурқаи худ аз сиришк тар сохта

буд ва аз бародараш ҳаметарсид ва ин абёт ҳамехонд: 

То тавонӣ, макаш зи мардӣ даст,

Ки ба сустӣ касе зи марг наҷаст.

Ҳар ки ўро баланд мардӣ кард,

То ба рўзи аҷал нагардад паст.

Сар фарорад чу тир дар марде,

Ки миён ҷангро чу найза бибаст.

Чун ин абёт аз хоҳар бишнид, сахт бигрист ва асп ба сўи хоҳар бозгардонид ва дар ҷавоб ин абёт бархонд:

Ай басе размгоҳи чун дўзах,

Ки қазо андар ў дуруст нараст,

Найза чун ҳамла хостам бурдан,

Гашта печон маро чун мор ба даст.

Гуфтам, ай моҳи марги ростгарой,

Ки басе дил ба ту бихоҳам, ҳаст.

Чун абёт ба анҷом расонид, ба хоҳар гуфт, ки:

— Агар ман ҳалок шавам, ту кас ба худ роҳ мадеҳ! Духтар гуфт:

Маозаллоҳ (Худо нигоҳ дорад), ки ман туро кушта бинам ва касро тамкин кунам! Пас дар он ҳангом даст дароварда, бурқаъ (парда) аз рўи он моҳрух баркашид. Гўё офтоб аз абр бадар омад.Пас ҷавон ҷабини ўро бибўсид ва ўро видоъ гуфта рў ба мо овард ва гуфт:

— Эй сарварон, агар меҳмон ҳастед, зиёфат кунам ва агар ин моҳрўро ҳамехоҳед, як-як ба муҷодилати (ҷанги) ман оед!

Дарҳол савори далер ба мубориза қадам ниҳод. Ҷавон

гуфт:

— Номи худ ва номи падар ба ман бигў! Ман савганд ёдкардаам, ки ҳар кадомро ном ба ном ва номи падар ба номи падари ман як бошад, накушам.

Он савор гуфт:

— Маро ном Билол аст.

Ҷавон ўро бо ин ду байт посух дод: 

Маро моми ман ном марги ту кард,

Замона маро путки тарки ту кард.

Ҳам акнун ба хок андарорам сарат,

Бисўзам дили меҳрубон модарат.

Пас ба ҳамдигар ҳамла карданд, ҷавон найза бар синаи ў зад ва синони найза аз мўҳраи пушти ў даргузашт. Пас аз он дигаре ба муборизат пеш омад. Ҷавон ба ў гуфт: 

Агар чарх бо ман барорад хурўш,

Ба гурзи гаронаш бимолам ду гўш.

Ба гурзи гарон бишканам пайкараш,

Ба найза рабоям ҳама ахтараш.

Пас ҷавон ўро мўҳлат надода, дарҳол ба хунаш оғушт ва муборизи дигар хост. Саворе ба муборизат қадам ниҳод, он ҷавон бо найзаи ҷонситон аз хонаи зин сарнагунаш кард. Савори дигар ба муқотала (ҷанг) биштофт, ҷавон низ пеш рафта ба якдигар ҳамла карданд: ду зарбат аз онҳо тахаллуф (хилофи ваъда) кард. Дар зарбати савум савор кушта шуд ва ҳар як аз ёрон пеш мерафтанд, ўро мекушт, дидам, ки ёрони ман кушта шуданд ва бо худ гуфтам: «Агар ман низ ба муҳориба равам, халос нахоҳам ёфт ва агар бигурезам, маро қабоили араб сарзаниш хоҳанд кард».

Пас ҷавон маро мўҳлат надод. Даст дароз карда маро бигирифт ва аз зин ба заминам андохт ва шамшер баланд карда хост маро бикушад, ман дар доманаш овехтам, маро чун гунҷишк бардошта дар ҳаво бигрифт. Он духтар ба кирдори бародар шодон шуд, омада ҷабини бародарро бўса дод ва ҷавон маро ба ў дод ва бо ў гуфт:

— Инро ба ту супурдам. Ба ҷойгоҳи накў ҷояш деҳ, ки ў дар амони мост. Пас духтар гўшаи домани маро гирифта чун саги мурда ҳамекашид. Он гоҳ олоти ҳарб аз тани баро дар бадар оварда ва ҷома бар ў бипўшонид ва тахте аз ҷо бигзошт. Ҷавон бар тахт биншаст.

Хоҳараш гуфт:

— Худо рўи туро сафед кунад ва ҳодисот аз ту баргардонад! Ҷавон дар ҷавоби хоҳар ин абёт бархонд: 

Бизӣ шодмон, ай паричеҳра хоҳар!

Ки инак ба тавфиқи дидори довар,

Рабудам зи зин душманонро ба найза,

Бад-он сон, ки дона рабояд кабўтар.

Ба номуси ту қасд карданд хасмон,

Зи теғи ман акнун бидиданд кайфар.

Кулаҳ мардро баҳри номус бояд,

Чу номус не, чи кулоҳу чи маъҷар22.

Тамаъ кард ҳар кас ба номуси мардум,

Ҳалол аст, фармуд хунаш паямбар.

Чун абёти ўро бишнидам, дар кори худ ҳайрон бимондам ва ба асирии худ назора карда, хештанро маломат намудам. Пас аз он духтари парирўйро назар карда бо худ гуфтам: «Ин фитнаҳоро сабаб ҳамин моҳрўй шуд». Пас дар ҷамоли ў шигифт мондам ва об аз дида равон карда, ин абёт бихондам: 

Бас хун, ки ба тори ғамзагон рехтаӣ,

Бас дил, ки ба тори зулф овехтаӣ.

Борони дусадсола фурў наншонад,

Ин гарди балоҳо, ки ту ангехтаӣ.
Пас он духтарак хўрданӣ аз баҳри бародар ҳозир овард ва маро ба хўрдан бихонданд. Ман шод гашта, аз ҳалок эмин шудам. Чун бародараш аз хўрдан фориғ шуд, қаробаи (шишаи) шароб биёвард, ҷавон ба майгусорӣ бинишаст ва ҳаменўшид, то ин ки мастӣ бар ў чира шуд ва гунааш сурх гардид. Пас ба сўи ман нигоҳ карда ба ман гуфт:

— Ё Ҳаммод, ман Имод ибни Тамим ибни Тағлаба ҳастам, Худо зиндагонии тоза ба ту бахшид. Он гоҳ қадаҳе ба ман дод, чун нўшидам, қадаҳи дувум ва савум ва чаҳорум бидод, ки ўро хиёнат накунам. Ман ҳазору понсад савганд ёд кардам, ки ҳаргиз ба ў хиёнат накунам, балки ёри ў бошам. Пас дар он ҳангом бо хоҳар гуфт,

даҳ ҷомаи ҳарир аз барои ман биёварад ва ҳамин ҷома, ки дар бар дорам, аз ҷумлаи онҳост ва шутуре аз беҳтарин аз баҳри ман биёвард ва гуфт: асбе ашқар (сурхранг) низ барои ман ҳозир оварад. Ман се рўз дар назди онҳо мондам. Пас аз се рўз гуфт:

— Эй Ҳаммод, эй бародар, ҳамехоҳам андаке аз баҳри роҳат бихусбам, ки аз ту эмин гаштам ва ҳар гоҳ саворон бу бинӣ, ки бад-ин сўй ҳамеоянд, ҳарос макун, ки онҳо аз бани Тағлаба ҳастанд ва оҳанги ҷанги ман доранд. Пас шамшер ба зери сар ниҳода бихуфт. Маро нафс дар куштани ў васваса кард. Ба суръати тамом бархоста шамшер аз зери сари ў бадар овардам ва ба як зарба сар аз танаш ҷудо кардам. Чун хоҳараш аз кори ман огоҳ шуд, хештан ба бародар андохт ва ҷомаҳои худ бидарид ва ин абёт бихонд: 

Бинолед, ай дўстону бигирйед!

Бар он талъати хубу фарри кайонӣ,

Биханд, ай бадандеш, баъд аз вафоташ,

Зи чанголи марг ар бирастан тавонӣ.

Чу шодӣ ба маргаш, ки охир туро ҳам,

Диҳад даври гардун аз ин дўст, к-онӣ?!

Чун абёт ба анҷом расонид, ба ман гуфт:

— Эй палид, бародари маро чаро куштӣ? Ва аз баҳри чӣ хиёнат кардӣ? Ва қасди ў ин буд, ки бо ҳадяҳо ва тўшаҳо туро ба хонаат бозгардонад ва ҳамехост, ки маро дар оғози ин моҳ бар ту кобин кунад.

Пас аз он духтарак шамшер бигирифт ва қабзаи шамшерба замин ва нўги онро ба сина гузошт ва биафтод, ки ногоҳ нўки шамшер аз пушти ў берун шуд ва дарҳол бимурд ва ман маҳзун шудам ва пушаймон гаштам. Вале пушаймонӣ суде надошт. Пас бархоста ба хона даромада ва он чи, ки дар вазни сабук ва ба қимати гарон буд, бардошта равон шудам ва аз ғояти бим ва шитоб, ки доштам, ба куштаҳои ёрони худ илтифот накардам ва он ҷавону духтаракро низ ба хок насупурдам.

САВОЛ ВА СУПОРИШ:

  1. Аъробӣ Ҳаммод ибни Фарозӣ бо кадом мақсад аслиҳаи ҷангӣ ба бар карда ба асп савор шуд?
  2. Сайд дар сурати шутурмурғ аъробӣ ва ёрони ўро то куҷо аз қафои худ овора карда бурд?
  3. Онҳо дар марғзори дур бо кӣ вохўрданд?
  4. Ҷавони араб ва духтари зўҳраҷабини парипайкар киҳо буданд ва Ҳаммодро чӣ хел пазироӣ намуданд?
  5. Ҳаммод ба ҷавонмарди мизбон чӣ талабҳо пешниҳод намуд?
  6. Ҷавонмарди мизбон ҷавобан дар назди Ҳаммод чӣ шартҳо гузошт?
  7. Ў бо кадом корнамоиҳо хоҳари худро ҳимоя намуд?
  8. Симои зоҳирӣ ва ботинии он духтари арабро тавсиф намоед.
  9. Ба хиёнати Ҳаммод чӣ хел баҳо медиҳед?
  10. Хислат ва рафтори он ҷавонмард ва Ҳаммодро муқоиса кунед.

Назди admin

Инчунин хонед инро

dili-odam

Кори дил

Хосияти автоматикии дил. Дил дар ҳолати нисбатан ором дар як шабонарўз тахминан 100000 маротиба кашиш …