МАЪЛУМОТҲОИ НАВТАРИН
АСОСӢ / Тандурустӣ / Аҳмияти машқҳои ҷисмонӣ барои мушак ва скелет  

Аҳмияти машқҳои ҷисмонӣ барои мушак ва скелет  

Инкишофи системаи такягоҳ ва ҳаракати одам. Скелети мушакҳодар бачагӣ ва наврасӣ инкишоф меёбад. Мушакҳо дар синни 14-17-солагӣ босуръат инкишоф ёфта, дар синни 18-солагӣ баробари мушакҳои калонсолон мешаванд. Ба ҳадди инкишоф ва ташаккул ёфтани кўдак ҳаракатҳояш ҳам торафт мукаммал ва гуногун мешаванд. Дар инкишофи тавоноӣ, чобукию чолокӣ ва тобоварии одам машқҳои ҷисмонӣ нақши ҳалкунанда мебозанд.

Машғулияти тарбияи ҷисмонӣ, варзиш ва меҳнат боиси ташаккулёбии скелет мегардад. Дар он ҷойе, ки пайи мушакҳо мечаспанд ноҳамворӣ, барҷастагӣ, қирраҳои устухонӣ пайдо мешаванд. Устухон дар он самтҳое тезтар месабзад, ки бисёртар кашиш ё фишор меёбад. Ҳамин тариқ, мушакҳои бадан чӣ қадаре ки нағз инкишоф ёбанд, скелет ҳамон қадар мустаҳкам мешавад. Дар вақти тағйир ёфтани вазни бадан, масалан ҳангоми аз меъёр зиёд фарбеҳ шудан, вазни бадан зиёд шуда, ба буғумҳо бештар фишор меорад.

sutunmuhra

Дар натиҷа ба бемории буғумдард гирифтор шудан мумкин аст.  Аҳамияти варзиш барои мушакҳо. Муайян шудааст, ки ҳар як узви бадан нисбат ба ҳолати оромӣ дар вақти кор кардан бисёртар хун қабул мекунад. Чӣ қадаре ки мушак бисёр кор кунад, ҳамон қадар бисёртар моддаҳои ғизоӣ ва оксиген ба он дохил мешаванд. Дар ҳолати ба варзиши бадан машғул шудан нахҳои мушак инкишоф ёфта, одам пурқувват мешавад. Дар вақти кор кардани мушак фаъолияти бисёрии узвҳо, системаи дилу рагҳо, узвҳои нафаскашӣ тағйир меёбанд.

Бофтаҳо бисёртар оксигенро қабул мекунанд, реаксияи биохимиявӣ дар ҳуҷайраҳо авҷ мегирад, мубодилаи моддаҳо дар бофтаҳо фаъолтар мегузарад. Варзиши бадан ба тамоми организм таъсири мусбат расонида, саломатии одам мустаҳкам мешавад, одам обутоб меёбад ва ба ҳар гуна таъсироти номўътадили беруна мутобиқ мешавад.

Бо меҳнату варзишу машқу бозиҳои варзишӣ пайваста машғул шуда, минбаъд онҳоро мунтазам зиёд кардан лозим аст. Бе тайёрии муносиби ҷисмонӣ бозии дуру дароз, масалан футбол, хоккей, баскетбол, давидан ба масофаи дур метавонад ба организми беқувват таъсири манфӣ расонад. Якчанд олимони машҳур, ба монанди академик И.П.Павлов, нависандаи маъруф Л.Н.Толстой умри дароз дидаанд, барои он ки баъд аз кори фикрӣ бисёртар ба кори ҷисмонӣ машғул мешуданд.

Пешгирӣ кардани каҷшавии сутунмўҳра ва паҳнкафии (росткафии) пой. Организми одам тавассути бисёр мушакҳо, аз ҷумла мушакҳои тахтапушт дар ҳолати муайян нигоҳ дошта мешавад. Масалан, мушакҳои росткунанда одамро «ростқомат» мекунанд. Барои дар ҳолати рост нигоҳ доштани бадан мушакҳои росткунанда бояд на танҳо дар муқобили мушакҳои қаткунанда, балки инчунин ба муқобили мушакҳои кашишхўранда, ки якҷоя бо онҳо амал мекунанд, истодагарӣ намоянд.

Қомати рост, бозуи пурқувват, синаи фаррох, сари баланд – ҳамаи инҳо аломатҳои андоми хуб, яъне зебоӣ, саломатӣ ва коршояманд. Шонаи ноҳамвору хамида, синаи фурўрафта кори узвҳои дарунӣ, дар навбати аввал кори узвҳои нафаскашӣ, дил ва рагҳои мағзи сарро душвор месозад.

Қомати зебо модарзодӣ набуда, баъд пайдо мешавад. Вай дар хурдсолӣ ва наврасӣ ташаккул ёфта, баъд аз 18-солагӣ бартараф кардани нуқсонҳояш душвор мешавад. Дар синну соли мактабӣ вақте, ки бофтаҳои тағоякӣ ҳанўз пурра ба устухон табдил наёфтаанд, ҳангоми сари миз ва парта нишастан аз қаду қомат бохабар шудан хеле муҳим аст. Сутунмўҳраи талабае, ки рўз ба рўз қоматашро нодуруст нигоҳ дошта мешинад ё кор мекунад, мумкин аст, ки каҷ шавад (расми 36). Каҷшавии сутунмўҳра фаъолияти узвҳои дохилиро душвор месозад.

Агар наврасон пойафзоли ҳаҷмаш хурд ва пошнабаланд пўшанд, ин ба нодуруст инкишоф ёфтани кафи пой ва ниҳоят паҳн шудани он, ба паҳнкафӣ оварда мерасонад. Кафи пойи калонсолон ҳам, ки аз рўи касбу корашон дуру дароз рост меистанд ё ҳамеша роҳ мегарданд, ҳамвор мешавад. Ба пошнапаҳнӣ фарбеҳӣ мусоидат мекунад. Кафи пойи одамон вақти роҳгардӣ ва истодан дард мекунад. Дар натиҷаи машқҳои махсуси ҷисмонӣ Пошнапаҳниро бартараф кардан мумкин аст.

Саволҳо:

  1. Чаро мунтазам ба варзиши бадан машғул шудан ба инкишофи мушаку скелети одам оварда мерасонад?
  2. Барои чӣ сутунмўҳра каҷ мешавад?
  3. Барои каҷ нашудани сутунмўҳра чӣ бояд кард?
  4. Сабаби асосии пошнапаҳнӣ чист?
  5. Пошнапаҳниро (плоскоскопия) чӣ тавр пешгирӣ кардан мумкин аст?
  6. Меҳнати ҷисмонӣ, машғулияти тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш ба организм чӣ хел таъсир мерасонад?

Назди admin

Инчунин хонед инро

tarkibi-xun

Таркиб ва вазифаҳои хун ва плазмаи он

Аҳамият ва вазифаҳои хун. Хун ҳамчун моеъи дохилии организм дар системаи махсуси худ ҳаракат карда, …