МАЪЛУМОТҲОИ НАВТАРИН
АСОСӢ / ГУНОГУН / Амонат чи хел ҳифз шудааст?

Амонат чи хел ҳифз шудааст?

Амонат дар бонкҳо якчанд қабат барои баргардонидан ба мизоҷон ҳифз карда шудааст:

Ҳар як қабат бо мақсади муҳаё кардани фазои кафолат барои баргардонидани амонатҳои мизоҷони бонк ташаккул дода мешавад, ки чорабинии мазкур зери назорати ҳукумати кишвар қарор дорад.

depozit

Қабати якуми ҳифзкунӣ- ин меъёри кифоятии сармоя аст, ки нисбати бонкҳо талабот аз тарафи ҳукумати кишвар гузошта шудааст ва андозаи он дар Тоҷикистон то  10% (соли 2017), баробар аст. Ин нишондиҳанда чи қадаре, ки баланд бошад ҳамон қадар мустаҳакам будани бонкро иникос мекунад.

Қабати дуюм – ин меъёри пардохтпазирӣ аст, ки андозаи он ба дар бонкҳои Тоҷикистон ба на кам аз 30% (соли 2017) баробар аст. Меъёри мазкур чи қадаре ки зиёд риоя шавад, ҳамон қадар аз аз қудрати баргардонидани амонат ба мизоҷон шаҳодат медиҳад.

Қабати сеюм – ин ҳаҷми захираҳои ҳатмӣ аст. Яъне дар Бонки миллии Тоҷикситон як ҳаҷми муайяни маблағ мувофиқи меъёри таъиншуда аз бақияи амонатҳои муҳлатнок ҳисоб шуда, нигоҳ дошта мешавад. Соли 2017-ум меъёри мазкур бо асъори миллӣ ба 3% ва бо асъори хориҷӣ 9% муайян карда шудаст. Дар ҳолатҳои мушкилии молиявӣ дидан, аз  тарафи Бонки миллии Тоҷикистон ба бонке, ки дар баргардонидани амонатҳояш муаммо дорад аз ин маблағҳои қаблан захиракардааш ёрӣ медиҳад.

Қабати чорумин Хазинаи суғуртаи пасандозҳои шахсони воқеӣ, ки  мутобиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон, таъсис дода шудааст ва вазифааш дар ҳимояи ҳуқуқ ва манфиатҳои қонунии пасандоздорон ва таҳкими боварии шаҳрвандон ба низоми бонкии Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад мебошад.

Хазинаи мазкур фонди худро аз ҳисоби бонкҳо ташаккул дода дар ҳолати муфлис шудани ин ё он бонк маблағи амонатро аз ҳисоби худ қисман пардохт (баргардонидан) менамояд. Яъне на ҳаммаи маблағи пасандоз баргардонида мешавад ва нозукии ин масъала дар Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи суғуртаи пасандозҳои шахсони воқеӣ” дарҷ гардидааст.

Қабати панҷум – ин кафолати Ҳукумат (давлат) аст.  Дар баъзе ҳолатҳо Ҳукумат метавонад ба пасандозгузорон кафолат диҳад, ки дар ҳолати муфлис (банкрот) шудани Бонк масъалаи баргардонидани амонатҳои онҳо худи давлат баромад кунад. Ба назар гирифт, ки  агар дар ҳолати ҳукумат ба пардохти амонатҳои бонкҳои муфлисшуда сарукор кунад вақт металабад ва ташвиши иловагӣ мерасонад.

Назди admin

Инчунин хонед инро

Бофтахо

Бофтаҳо, аъзо ва танзими узвҳо

Бофта чист? Бофта ин Маҷмўи ҳуҷайраҳо ва моддаи байниҳуҷайравӣ, ки аз рўи пайдоиш, сохт ва иҷрои …