АСОСӢ / ГУНОГУН / Амонатро кай баргардонида гирифтан мумкин аст?

Амонатро кай баргардонида гирифтан мумкин аст?

Баргардонидани амонатҳо аз бонкҳо мутобиқи қонунгузории ҳар як кишвар алоҳида ва гуногун метавонад ба танзим дароварда шавад. Дар Тоҷикистон баргардонидани амонат аз бонк ба мизоҷ метавонад дилхоҳ вақт ба амал ояд ва бонк ҳақ надорад, ки аризаи мизоҷонро дар ин самт рад кунад. Яъне кадом вақте, ки мизоҷ хоҳад пулашро аз бонк талаб карда гирифтанро дархост намояд пас ҳамон замон бонк бояд пули мизоҷонашро баргардонад.

amonati-bonki

Лек гарчанде қоидаву қонун бошад ҳам вале дар асл дар аксар ҳолатҳо бонкҳо боз ҳархел баҳона кофта амонати мардумро дар масъалаи баргардонидани онро тӯл мекашанд ва ин метавонад якчанд рӯзу моҳу солро дар бар гирад. Тӯл кашидани баргардонидани амонат аз пардохтпазирии бонк вобаста аст ва бонкҳо баҳонаҳои гуногуну дуруғро ба мизоҷонашон гуфта дар баргардонидани амонат монеа эҷод мекунанд.

Барои ҳамин ҳам агар хоҳед, ки амонати худро бемамоният ва саривақт аз бонк бозгашт карда гиред пас амонатро дар ҳамон бонке гузоред, ки нишондиҳандаҳои «Пардохтпазирӣ»-яш зиёда аз 30-40%» дар давоми 100-рӯзи охир ва нишондиҳандаи ROE зиёда аз «10-15%» дар давоми 3-соли охир бошад.

Назди admin

Инчунин хонед инро

maxresdefault

Суруди чечени аз Марха Макаева