МАЪЛУМОТҲОИ НАВТАРИН
АСОСӢ / Таърихи тоҷикон / ВАЗЪИЯТИ АМОРАТИ БУХОРО ДАР СОЛ. 1905-1907

ВАЗЪИЯТИ АМОРАТИ БУХОРО ДАР СОЛ. 1905-1907

Аморати Бухоро дар давраи аз соли 1868 то охири асри ХIХ истиқлолияти худро торафт бештар аз даст медиҳад. Дар соли 1886 дар Бухоро «Агентии сиёсии императории Россия» таъсис меёбад, ки он ба вазири корҳои хориҷӣ ва генерал-губернатори Туркистон тобеъ буд. Агентӣ дар аморати Бухоро сиёсати мустамликадории ҳокимияти подшоҳиро ба амал мебаровард. Дар ибтидои асри ХХ дар қаламрави аморат қӯшуни ҳаштҳазорнафарии подшоҳ мавҷуд буд, ки он хатти сарҳад ва пунктҳои муҳимтарини стратегии аморатро ишғол мекард. Дар соли 1895 қаламрави аморат ба сарҳади боҷхонагии империяи Россия ҳамроҳ карда мешавад. Амир аз ҳуқуқи сикка задани пул бе иҷозати генерал-губернатори Туркистон маҳрум мегардад. Дар пойтахти аморат шӯъбаи банки давлатии Россия кушода мешавад. Шӯъбаҳои банкҳои хусусӣ пайдо мешаванд. Банкҳо иқтисодиёти мамлакатҳоро тадриҷан ба даст гирифта, ба соҳаи савдо, ба пахтакорӣ, гӯсфандҳои қарокӯлпарварӣ ва ҳоказо сар медароварданд.

Иқтисодиёти аморати Бухоро, алалхусус, ноҳияҳои шарқии он мисли пештара хусусияти ниҳоят қафомондаи зироатпарварӣ дошт. Дар ноҳияҳои тоҷикнишин саноат қариб умуман набуд. Дар тамоми Бухорои шарқӣ фақат дар Ҷилликӯл як заводи хурди пахта кор мекард. Ягона соҳаи саноат, ки гӯё андаке ҷон гирифтанӣ мешуд, саноати истихроҷи маъдан буд. Агар миқёси сарвати зери замини Тоҷикистонро ба назар гирем, андозаи он ҳам ночиз буд. Вале ҳаминро ҳам гуфтан даркор, ки ба шарофати заҳмати олимону сайёҳони машҳури чоряки охири асри ХIХ Россия конҳои калони ангишт, тилло, оҳан, қӯрғошим, мис, селитра, намак ва ғайра кашф шуданд. Вале ба истифодаи босамари ин конҳо қафомонии умумии иқтисодии Бухоро монеъ мешуд. Ғайр аз ин бойҳои маҳаллӣ метарсиданд, ки ба ин «савдо»-и ношиносу номаълум маблағе гузоранд. Ба ин сабаб ва боз бо баъзе дигар сабабҳо ташкили истифодаи конҳо дар ихтиёри соҳибкорони империяи Россия монд. Яке аз кормандони боғайрати ин арса инженери кӯҳкорӣ П.Н.Жоравко – Похорский буд. Бо дастгирии «Агентии сиёсии императории Россия» дар Бухоро ба вай муяссар шуд, ки бо амир шартномае бандад (июни соли 1895) ва ҳуқуқ пайдо кунад, ки конҳои тиллои бекии Балҷувон ва Дарвозро истифода барад. Жоравко– Покорский дар соҳили дарёи Яхсу дар Балҷувон кони тиллоро ба кор андохт, ки аз он соли 1900 5 қадоқу 18 нахӯд ва соли 1909 16 қадоқу 23 нахӯд тилло гирифта шуд.

Дигар намудҳои маъданро асосан худи аҳолии маҳаллӣ истихроҷ мекард ва ба хӯҷаинҳои худ ҳаққи калони иҷора медоданд (маҳз ба ҳамин сабаб, масалан, беки Балҷувон ва атрофиёнаш ҳарҷониба пеши роҳи соҳибкорони Россияро мегирифтанд ва намемонданд, ки онҳо ба конҳои тилло кордор шаванд). ҳаққи иҷозати истихроҷи тилло баъзан чоряки тамоми он тиллое буд, ки заршӯйҳо бо машаққат ба даст меоварданд. Агар инро ҳам ба назар гирем, ки баъди адои ҳаққи иҷозат боз закот додан даркор буд, амир ва як олам калоншавандаҳою муллоҳоро қаноатманд кунонидан зарур буд, худ аз худ равшан мешавад, ки саноати истихроҷи маъдан фоидаи казоӣ надошт, ба ҳар ҳол, ба соҳибкорони маҳаллӣ даромади кироӣ намедод.

Равнақи муомилоти тиҷорат

Пас аз анҷоми сохтмони роҳи оҳани Тошканд, ки Осиёи Миёнаро бо Оренбургу Москва пайваст, тиҷорат хеле равнақ ёфт. Масалан, агар соли 1865 содироти Бухоро 3306 ҳазор сӯми тилло ва воридоташ 1913 ҳазор сӯми тилло бошад, пас солҳои 1900-1904 ба ҳисоби миёна содирот ба 23700 ҳазор сӯми тилло ва воридот ба 23 200 ҳазор сӯми тилло расид.

Муносибатҳои пулию молӣ хеле ривоҷ ёфтанд. Деҳқонон беш аз пеш барои бозор шуда кор мекарданду ба тақозои содирот мутобиқ мешуданд. Агар солҳои 1850–1860 барои содирот тақрибан 50 ҳазор пуд пахта ҷудо карда бошанд, пас дар арафаи асри ХIХ аллакай 1200 ҳазор пуд пахта барои содирот ҷудо карда шуд. Дар миёнаҳои асри ХIХ содироти пӯсти қарокӯлӣ соле ҳамагӣ 30-40 ҳазор дона бошад, ин миқдор дар ибтидои асри ХХ ба 1 млн. дона расид, мисли ҳамин содироти пашм ҳам соле аз якчанд ҳазор пуд то 150-170 ҳазор пуд афзуд.

samarqand-Бухорои шарқӣ ҳам мисли тамоми аморат аз воридоти рӯзафзуни молҳои фабрику заводҳои Россия хеле зиён дид. Миқдори фурӯши ин гуна молҳо дар Бухорои шарқӣ нисбат ба вилоятҳои Туркистон камтар бошад ҳам, вале ба он дараҷае буд, ки тавонист ба саноати косибии маҳаллӣ зарбаи короӣ занад. Ин зарбаро фақат мушкилгузар будани баъзе вилоятҳову ноҳияҳо андак сабук кард. Дар якчанд шаҳрҳои нисбатан калони Бухорои шарқӣ – Душанбе, ҳисор, Кӯлоб, Қаротоғ, Балҷувон истеҳсоли газворҳои абрешимию пашмию пахтагин, маснуоти кулолию чармгарӣ, асбоби зироат, корду шамшер ва ғайра идома дошт. Зимнан баъзе бекиҳо маҳз дар истеҳсоли ин ё он намуди маҳсулоту маснуот тахассус меёфтанд. Масалан, Дарвоз, ки аз конҳои маъдани оҳан бой буд, асосан маснуоти оҳанин мебароварду ноҳияҳои ҳамсояро ҳам бо асбобу анҷоми зироат таъмин мекард. Дар Кӯлобу Балҷувон чармгарӣ ва истеҳсоли маснуоти чармин мақоми намоён дошт. ҳисор бо шоҳиҳои худ, Қаротегин бо хӯрҷинҳои пат, намад, газворҳои пахтагин, Қубодиён бо абрешими худ ном бароварда буданд. Дар бекиҳо инчунин корхонаву дӯконҳое, ки барои таъмини эҳтиёҷи рӯзгори мардум зарур мебошанд, низ вуҷуд доштанд – осиёбҳо, обҷувозҳо, ҷувозхонаҳо, дӯконҳои оҳангарӣ, мисгарӣ ва ғ.

Худсарию бедодии феодалҳо ба равнақи истеҳсолоти ин соҳаҳо ҳам монеъ шуд. Намемонд, ки он каму беш бемалол вусъат ёбад. Масалан, газетаи «Туркестанские ведомости» навишта буд: «Дар бекии ҳисор, бешубҳа, шоҳии дар ҷаҳон беҳтарин истеҳсол карда мешавад, вале он мутлақо ба бозор намебарояд, зеро тамоми онро худи бек кашида мегираду нархашро ҳам худаш мемонад ва бар замми ин, чанд тӯби онро як тин надода азони худ ҳам мекунад»[1].

Аҳволи аҳли меҳнат

Дар хоҷагии қишлоқ ривоҷ ёфтани муносибатҳои пулию молӣ таҷзияи деҳқононро хеле тезонд–дар як қутб бойҳои кулак ва дар қутби дигар камбағалон, батракҳои безамин (мардикорон, ятимон, хизматгорон), мазлумон ҷойгир шуданд.

Деҳқонон аз кулфати безаминӣ аз ҷон безор мешуданд. Масалан, дар бекии ҳисор бойҳо, ки ҳамагӣ 7,6% аҳолӣ буданд, 45,6% тамоми заминҳои обиро соҳибӣ мекарданд. Дар дасти 28% хоҷагиҳои камзамин ҳамагӣ 1% заминҳои обӣ буд. Дар ноҳияи ҳозираи Орҷоникидзеобод 1,3% бойҳо 32% заминҳои обиро соҳибӣ мекарданду 38% хоҷагиҳои камзамин ҳамагӣ 2,3% заминро кишт менамуданд. Бойҳову судхӯрон деҳқони сарсахтро бо ҳазор ҳилаву найранг хонавайрон мекарданду маҷбур месохтанд, ки қарз бардораду як пора заминашро ба гарав монад. Барои ин ки деҳқон дар замини худаш кор кунад, маҷбур буд, ки ба қарзхоҳ фоидаи ноинсофонае диҳад. Ҳамаи ин толону тороҷро бо васиқаи замин ба расмият медароварданд, ки он деҳқонро дасту по баста, ба дасти бой медод ва тамоми лоқупару чизу чораву аҳлу аёлаш ба ихтиёри бой ё судхӯр мегузашт.

vaziyati_tojikonДар аморати Бухоро деҳқонони ба ғуломӣ афтода бисёр буданд. ҳамаи қарздорони қарзашонро адо накарда, инчунин бақиядорони аз хазинаи амир қарздор ба дафтарҳои махсус қайд карда мешуданд. Деҳқоне, ки номаш ба чунин дафтар афтода бошад, аз ҳамаи ҳуқуқҳо, аз ҷумла, аз ҳуқуқи бемалол ба ягон ҷо сафар кардан маҳрум мегашт. Ҷорчиён номи ӯро дар бозорҳо эълон мекарданд ва баъд аз он ҳар касе ки қарзи дар дафтар қайдшударо адо кунад ё худ ба адо кардан ӯҳдадор шавад, ҳуқуқи хӯҷаини ҳамон шахси қарздор шуданро молик мегашт.

Деҳқонони ба ғуломӣ афтода қашшоқона рӯз гузаронда, корҳои вазнинтарини зӯрталабро иҷро мекарданд. ҳатто онҳоро ба омочу ароба қатӣ мекарданд. Онҳо дар бадали меҳнати пуразоби худ як порча зағораи қоқу андаке шавлаи ҷуворӣ мегирифтанд, дар оғилхонаҳо бо чорпоён якҷоя мезистанд. Онҳоро калтаккорӣ карда, ба пойҳояшон ишкел меандохтанд.

Ғуломоне ҳам, ки вақти тохтутоз ба вилоятҳои ҳамсоя ба дасти бодиянишинҳо асир афтода ва дар бозорҳои ғуломфурӯшӣ фурӯхта мешуданд, дар шароити сахти тоқатфарсо мезистанд. Аз заминҳои давлатӣ ба фоидаи хазина аз даҳ чор ё худ аз сад чил қисми ҳосил гирифта мешуд.

Мувофиқи маълумоти С.Айнӣ, «истифои ҳаққи подшоҳӣ ба ин тариқа буд: вақти расидани ҳосил муставфии хироҷ (амлокдор) ё намояндаи он бо саворе чанд ба сари замин омада ҳосилро аз будаш ду дараҷа зиёдтар тахмин карда, миқдори ҳаққи подшоҳиро ба қиёси он тахмин ба номи деҳқони фалакзада навишта меравад… Дар охири сол, ки одатан нархи ғаллот гарон мешавад, билқасд маъмурони ҳукумат боз як ду бозорро гаронтар карда, нархро ба амир арз мекунанд. Табиӣ, нархҳои арзшуда аз тарафи амир тасдиқ меёбад ва бо ҳамон нарх ҳаққи подшоҳиро аз деҳқон нақдан меситонанд.

Бисёр воқеъ шудааст, ки деҳқон ҳама чизашро, ҳатто баъзан писар ва духтарашро фурӯхта ҳаққи подшоҳиро адо намудааст»[2].

Закоти чорпоро мувофиқи қоидаю қонуни маҳаллӣ аз рӯи саршумори мавҷудаи чорпо гирифтан лозим буд, аммо чунон ки С.Айнӣ менависад, дар ин бобат найрангу ҳилаҳои гуногуне ба кор бурда мешуданд. Масалан, агар падар ё худ бобои касе як вақтҳо як рама гӯсфанд дошта бошаду дар сари закотандозӣ саршумори гӯсфандон кам шуда бошад, писар ё набераи соҳиби рама аз рӯи миқдори пештараи дар рӯйхати кӯҳна будагӣ закот медод.

Дар сари роҳҳо аз роҳгузарон закоти савора гирифта ғорат мекарданд. Чун ягон роҳгузар ё сокини ягон шаҳр ба вилояти Бухоро сафар мекард, — менависад устод С.Айнӣ, — ӯро одатан закотчӣ аз назар мегузаронд. Агар ӯ ҳатто чизе надошта бошад ҳам, ки аз он закот гирифтан мумкин гардад, мебоист ба закотчӣ ягон чизро ҳамчун «дастовез» медод. Ба замми ин, тасдиқномаи як закотчиро закотчии дигар ба эътибор намегирифт ва дубора закот мерӯёнд. ҳатто камбағалоне, ки аз мардикорӣ ба диёри худ бармегаштанд, аз закотдиҳӣ озод набуданд. Дар замони амир Абулаҳад (1885-1910) закоти чорпо, хироҷ аз хоҷагии қишлоқ ва закоти савдо шакли ғоратгарии рӯйростро ба худ гирифта буд.

Аҳволи ҳунармандони гуногункасб низ вазнин буд. ҳатто ҳунармандоне, ки дорои маҳорати баланди шахсӣ буданд, бо олоти бағоят оддӣ маҳсули корро зиёд ва бо молҳои аз дигар ҷойҳо овардамешудагии фабрика рақобат карда наметавонистанд.

Дар Бухоро 9 корхонаи калони бофандагӣ буд, ки ҳар кадоме 50-60-тогӣ дастгоҳ дошт ва ин мануфактураҳои хурд аз они ҳоҷӣ Қурбон, ҳоҷӣ Абдулҷаббор ва дигарон буданд. Ба ғайр аз ин 80 корхонаи хурди бофандагии 3-4 дастгоҳдор мавҷуд буд. ҳамагӣ дар Бухоро қариб 1500 бофанда кор мекард. Онҳо дар шароити вазнини тоқатфарсо, рӯзи дароз аз дӯконхона берун наомада кор мекарданд. На фақат ҳунармандони кироя, балки косибони алоҳидаи яккадаст ҳам аз тарафи соҳибони корхонаҳои калони бофандагӣ гирифтори асорат шуда буданд.

Алалхусус, аҳволи ҳунармандони кироя вазнин буд. Барои нишон додани системаи ваҳшиёнаи истисморшавии онҳо баъзе рақамҳоро мисол меоварем. Косибон ҳафтае як ҷӯра алоча мебофтанд, ки як тоқаи он 12 олчин буда, дар бозор 10 сӯму 20 тин меистод. Косиб бошад, ҳафтае 1 сӯму 20 тин ҳақ мегирифт. Косибон якумр аз соҳибкорони худ қарздор буданд. Косиби қарздорро ба корхонаи дигар (агар соҳиби он қарзи косибро диҳад) гузарондан, яъне фурӯхтан мумкин буд.

Мануфактураҳои дигар ҳам сохта мешуданд, ки дар онҳо ҳунармандон дар зери истисмори сахти бераҳмона мемонданд. С.Айнӣ дар «Ёддоштҳо» чунин мануфактура – устохонаи рехтагариеро тасвир мекунад, ки ба шайхи давлатманд тааллуқ дошт. Коргарон дигар ба азобу машаққат тобоварӣ карда натавониста, устохонаро оташ мезананд ва соҳибаш дар он ҷо месӯзад. Эътирози коргарони бадбахт дар ҳамин шакл зоҳир гардид.

Эътироз дар шаклҳои дигар ҳам баён мешуд. Аҳолии баъзе маҳалҳо яроқ ба даст гирифта, зидди талошу тороҷу худсарию бедодиҳои ҳукуматдорони амир мубориза мебурданд. Дар ибтидои асри ХХ дар бекиҳои Помир – дар Рӯшон, Шуғнон, Вахон вазъият бениҳоят тезутунд шуд. Аҳолии ин маҳалҳо, ки худ гушнагӣ мекашиданд, андозҳои сершумореро, ки аз онҳо ҳукуматдорони амир ситонданӣ мешуданд, адо карда наметавонистанд. Ба ин муносибат доимо шӯру ошӯбҳо мешуд.

Вазъият боз барои ҳамин ҳам шадид мешуд, ки дар ин ҷойҳо посбонгоҳҳои қӯшунҳои рус воқеъ буданд ва офитсерони онҳо хавф доштанд, ки тоҷикон ба хориҷа кӯчида мераванд[3]. Агар ин тавр шавад, аз як тараф, посбонгоҳҳо аз манбаи хӯроку озуқа маҳрум мешуданд, аз тарафи дигар, ба ақидаи афсарон, «ба номи империяи Россия иснод мерасид». Дар байни офитсерон одамоне ҳам буданд, ки мафкураи демократӣ доштанд ва дар тоифаи худ нисбатан тараққипарвар ҳам буданду усулҳои асримиёнагии идораи Бухоро онҳоро ба даҳшат меовард. Масалан, сардори отряди Помир капитан А.Е.Снесарев дар бораи дигар шудани бекҳо навишта буд, ки «беки пештара мардумро ё ғорат мекард, ё калтак мезаду ҳар дуи инро якбора намекард; беки нав бошад, ҳар дуи ин корро якбора мекунад, яъне ҳам калтак мезанаду калтакхӯрдагонро ғорат ҳам мекунад. Зимнан барои ин талошу калтаккорӣ баҳонаи дуруст ҳам ҷуста наменишастанд, чаққа мешуданду беҳуда кӯфтан мегирифтанд»[4].

Бо исрори ҳукумати подшоҳӣ баъди дар бекиҳои Помир интишор ёфтани ҳокимияти Бухоро аз мардум дар муддати чанд сол андоз гирифтан мумкин набуд. Вале дар ин муддат сатҳи зиндагии мардум заррае боло нашуд, зеро асоси иқтисодии кишвар зироатпарварии беҳад қафомондае буд. Бинобар ин, вақте соли 1903 амалдорони амир эълон карданд, ки андоз гирифтанианд, мардуми ғарби Помир якбора ба шӯр омад. Дар баъзе маҳалҳо (масалан, дар Ғунд, Шохдара, Ғорон ва ғ.) мардум рӯйрост рахти сафар мебастанд, ки ба маҳалҳои озод аз ҳукми амир, масалан ба Туркистони тобеи ҳукумати подшоҳии Россия кӯчида мераванд. ҳамон сардори Отряди Помир ба губернатори ҳарбии Фарғона ҳаросон хабар дода буд, ки дар баъзе ҷойҳо, «дар маҷлисҳои махфӣ» гап рафтааст, ки «акнун вақти он аст, ки тоҷикон худро муҳофизат кунанд ва милтиқ (чи тавре дар матни хабар айнан омадааст – «мултуқ») ба даст гиранд[5].

Тақрибан, пас аз ду ҳафта маълум шуд, ки ин хавф асос доштааст. 30 июни соли 1903 ба деҳаи Зинг (Вахон) ду амалдори Бухоро омада, адои андозро талаб карданд. Ин кор боиси ғазаби халқ гардид. Деҳқонон дар майдони канори деҳа ҷамъ омаданд. Дар ҷамъомади митингмонанд ҳама савганд хӯрданд, ки амлокдоронро мекушанду баъд аз хоки амири Бухоро гурехта мераванд.

ҳавлие, ки дар он амлокдорон меистоданд, муҳосира карда ҳар дуро кашолакунон бароварданду дасту пояшонро куллук бастанд. Баъд чизу чораи худро ба китф партофта, ба роҳ баромаданд, ки Бухорои манфурро тарк намоянд. Мардум хеле дур рафтанду вале сардори яке аз посбонгоҳҳо хорунжий Голявинский аз воқеа хабар ёфта, аз паси онҳо давид ва расонда гирифту амлокдорони аз тарс қариб гурдакафшударо халос кард. Баъди маслиҳату машварати дурудароз Голявинский мардуми Зингро аз нияташон гардонд ва розӣ кард, ки ба деҳаашон баргарданд.

Шӯру ошӯбҳои халқӣ дар ғарби Помир рӯз ба рӯз вусъат меёфт. ҳукумати подшоҳӣ инро дида амирро розӣ кунонд, ки боз маншуре барораду дар бекиҳои Помир мӯҳлати ғундоштани андоз боз мавқуф гузошта шавад. Ин ғалабаи калони халқ буд.

Шӯру ошӯбҳои халқӣ

Авҷи шӯру ошӯбҳои халқӣ дар бекиҳои ғарби Помир ҳодисаи ҷудогонаву мустасно набуд. Худи ҳамин хел ҳодисаҳо ва дар ҳамин шакл дар ноҳияҳои гуногуни аморати Бухоро ба амал меомаданд. Дар Бухорои шарқӣ, ки анъанаҳои озодидӯстӣ ҳанӯз мустаҳкам буданд, мардум зуд-зуд ба даст сангу кулӯх, калтаку таёқ ва белу каланд гирифта ба по мехестанд.

Дар ибтидои асри ХХ неҳзатҳои зиддиҳукуматӣ ниҳоят шиддат гирифтанд. Ин воқеа сабабҳои зерин дошт – истисмори феодалӣ ва зулму асорати андозҳо тоқатгудоз мешуд. Худшиносии синфии камбағалони маҳаллӣ такмил меёфт, ба сабаби ҳама бозорҳоро зер кардани молҳои русии фабрику заводӣ мардум, алалхусус, косибон тез бенаво мешуданд ва ғайраву ва ҳоказо. Ин неҳзатҳо барои ҳамин ҳам аҳамияти калон доштанд, ки бо муборизаи озодихоҳонаи пролетариат ва деҳқонони тамоми Россия, бо ҳаракати револютсионии кишвари Туркистон зич алоқаманд шуда мерафтанд.

buxoro_Масъалаи тадқиқи шӯру ошӯбҳои меҳнаткашони Бухорои шарқӣ зидди ҳокимияти амир ва нӯкарони вай дар солҳои охир хеле пеш рафта бошад ҳам,[6] аз афти кор, тадқиқи амиқу муфассали ин масъала дар пеш аст. Умуман, материалҳои архивҳо, алалхусус ҳуҷҷатҳои архиви қушбегиро, ки дар Тошканд маҳфуз аст ва фонди сектори таърихи асрҳои миёнаи Институти таърихи ба номи Аҳмади Дониши АФ РСС Тоҷикистонро дар Душанбе ниҳоят муфассал тадқиқ кардан даркор, ки онҳо мадракҳои басо муфид хоҳанд дод.

Вале маълумоти мавҷуда ҳам имкон медиҳанд иддао намоем, ки дар арафаи револютсияи якуми буржуазии демократии солҳои 1905–1907-уми Россия замона ҳам барои ҳукумати подшоҳии Россия ва ҳам барои ҳукуматдорони аморат бағоят пуртаҳлука ва нотинҷ буд. Алангаи шӯру ошӯбҳои халқ гоҳ дар ин ҷову гоҳ дар он ҷо боло мехест. Соли 1900 шӯриш бекии Калифро фаро гирифт, соли дигар (1901) дар Деҳнав, соли 1902 дар Қӯрғонтеппа шӯриш шуд.

Дар солҳои аввали асри ХХ Қӯрғонтеппа ва ноҳияҳои атрофи он дучори офатҳои табиат шуда буданд–аввал малах зер кард, баъд муромурии чорво сар шуд. Вале ба ин нигоҳ накарда амлокдорони бек бераҳмона закоту андозро кашида мегирифтанд, судхӯрону савдогарон аз ночорию ноилоҷии мардум истифода бурда, давлат меандӯхтанд. Замона басо нотинҷ бошад ҳам, амир бо таҳрики амалдорони подшоҳӣ фармуд, ки тамоми ғаллаи шаҳру деҳаҳоро ҷамъ карда гиранд, ҳол он ки худи мардум аз гушнагӣ мурда мерафт. Мардум дигар илоҷе намеёфтанд, баъзе мисли аҳолии Қӯрғонтеппа ният доштанд сарашонро гиранду ба Афғонистон ё ягон ҷои дигар гурехта раванд, баъзе ҳамин тавр ҳам карданд.

Ба хоки генерал-губернатории Туркистон, ба Афғонистон ё ба дигар бекиҳо, ки аҳвол дар он ҷойҳо ҳам беҳтар набуд, гурехта рафтан фақат аз ҳамин далолат медод, ки мардум ноумед шудаасту чӣ кор карданашро намедонад. Ин корро, албатта, усули қатъии мубориза номидан мумкин не. Аммо дар айни ҳол бояд гуфт, ки ин ҳам як шакли эътирози мардуми бадбахту сарсахту хонабардӯшу қашшоқу бенавои Бухорои шарқӣ буд, ки нисбат ба муҳити пур аз ҳақорату залолат ва зулму асорат зоҳир месохт…

[1] «Туркестанские ведомости», 5 августи соли 1910.

[2] Айнӣ С. Куллиёт, ҷ. 10, с. 111–112.

[3] Uайр аз ин шиддат ёфтани вазъияти Помирро империалистони Британия, ки кайҳо ба ин ноҳия тамаъ доштанд, мумкин буд истифода баранд ва инро З.Баҳромов дар маrолааш дуруст баён кардааст. Ниг.: Баҳромов З., 1957, с. 63–64.

[4] ЦГА Уз. ССР, р. 77,–вар. 105–109; Муфассал ниг.: Халфин Н.А., 1975.

[5] ЦГА Уз. ССР, д. 77, лл. 160-170.

[6] Дар бораи ии воrеаҳои муҳим дар ҷилди 2, китоби 2-юми «Таърихи халrи тоҷик» бисёр маълумоти пурrимат дода шудааст.

Назди admin

Инчунин хонед инро

hulbuk

ШАҲРҲОИ ОСИЁИ МИЁНА ДАР АСРҲОИ ХI–ХII

Тараққиёти босуръати шаҳрҳо, истеҳсолоти молӣ ва тиҷорати пулӣ аз муҳимтарин аломатҳои давраест, ки мо ба …