МАЪЛУМОТҲОИ НАВТАРИН
Анор -меваааш

Анор

Анор -ин самар навъҳои гуногун дорад: ширин, майхуш, турш. Мизоҷи анори ширин умуман сард дар дараҷаи дувум ва дар якум тар аст. Мизоҷи пӯсташ сард ва хушк аст, бисёр қабзиятовар мебошад. Беҳтарини самари анори ширин бузургдона ва шодоби он аст. Хислатҳои шифобахши он: агар бихӯранд, ғизоияташ кам, вале аз он хуни солим пайдо мешавад, боднок аст.

Агар инро одамони гарммизоҷ бихӯранд, олати мардии онҳоро ба ҳаракат меоварад, узвҳои баданро аз моддаҳои зарарнок пок мегардонад, гиреҳҳои мавҷударо мекушояд, дарунро мулоим мекунад, пешобро меронад, ташна мегардонад. Агар инро баъд аз таом бихӯранд, таомро зуд аз меъда фуруд меоварад. Инчунин хӯрдани ин рӯҳи табииро, ки маконаш ҷигар аст, соф ва дурахшон мегардонад, худи ҷигарро қувват мебахшад; барои истисқои обӣ, сустии ҷигар (суулқиня), зардпарвин, бемориҳои сипурз, дилтапак (дилбозӣ), дарди узвҳои даруни сина, сурфаи гарм дору мешавад, овозро соф ва равшан мекунад, баданро фарбеҳ мегардонад; қӯтур ва хоришро дафъ месозад, ранги рухсораро некӯ менамояд.

Вале ин анори ширинро аз ҳад зиёд бихӯранд, ғизоро вайрон ва мурдор мекунад, меъдаро заиф мегардонад; азбаски ин боднок аст, масомҳои пӯстро дағал мегардонад, инчунин барои одамони табгирифта зарар дорад. Дар ин маврид барои ислоҳи ин анори турш бояд бихӯранд. Ва агар ба одамони сардмизоҷ зарар кунад, занҷабил бихӯранд, зиёнаш ислоҳ меёбад.

Оби анори ширинро дар об ҷӯшонида, ғафс гардонида бошанд, инро рубби анори ширин мегӯянд. Рубби онро бихӯранд, назар ба оби он қавитар аст. Вале хӯрдани ин ҳам меъдаро суст мегардонад — дар ин ҳолат барои ислоҳи зиёнаш мустако бояд хӯрд. Чун сари анори ширинро сӯрох карда, дафъа ба дафъа ба қадри ғунҷоиши он равғани бодоми ширин ё равғани бунафша дар он рехта, ба рӯйи оташ гузоранд, то он ки равғанро бимакад ва ба ҳадде расад, ки дигар равғанро ҷазб накунад. Он анорро бимаканд, дарди узвҳои даруни сина ва сурфаи хушки кӯҳнаро дафъ мекунад. Оби анори ширинро бо шакар ва нишоиста, шилми бодом ва равғани бодом, ки нимгарм бошад, нимгарм бардавом бихӯранд, низ ҳамин асарро дорад.

Оби ин анорро дар шиша рехта ба офтоб гузоранд, то он ки ғафс гардад ва баъд онро дар чашм кашанд, рӯшноии онро меафзояд — ҳарчанд ин кӯҳнатар шавад, беҳтар ва қавитар мегардад. Хӯрдани тухмаш бодангез аст, дар меъда бод пайдо мекунад. Гулашро сӯхта бипошанд, ҷароҳатҳоро ба ҳам оварда хушконида, сиҳат мекунад.

Мизоҷи анори майхуш (туршу ширин) дар сардӣ ва тарӣ моил ба эътидол аст. Дар дигар ҷиҳат монанди анори ширин мебошад. Вале дар таскин додани ҷӯшиши сафро ва ҷӯшиши хун аз он қавитар аст ва барои одамони сафровимизоҷ назар ба анори ширин ва турш форамтар мебошад. Хислатҳои шифобахши он: оби анори майхушро, ки бо ҷирмҳои дарунаш фишурда гирифта бошанд, аз 150 то 300 грамм бо 70 грамм шакари нав биёшоманд, барои дафъ кардани моддаи сафро бо исҳол ва қувват бахшидан ба меъда даво мебошад; табҳои сафровӣ, зардпарвин, қӯтур ва хоришро дафъ мекунад — дар ин хислат монанди ҳалилаи зард аст.

Чун оби анори майхушро дар зарфи мис ба қивом оваранду бимоланд, барои шилпуқӣ, қӯтур ва қавӣ гардонидани чашм давои хубест, инчунин ҷароҳатҳои кӯҳна ва хабисаро (злокачественные язвы)-ро шифо мебахшад. Мизоҷи анори турш дар дараҷаи дувум сард ва хушк аст.

Хислатҳои шифобахши он: инро бихӯранд, дарунро сахт мекунад; тафс, гармии меъда ва ҷигарро таскин медиҳад; ҷӯшиш ва фишори баланди хун ва сафроро паст мегардонад ва ба меъда рехта шудани моддаҳои зарарнокро манъ мекунад, пешобро меронад, намегузорад, ки бухорҳои зарарнок аз поёнии бадан ба майна бароянд ва дуднокии онҳоро дафъ месозад. Хумор, қай ва дилтапак (дилбозӣ)-ро ба ибро меоварад.

anor-daraxt

Вале инро аз ҳад зиёд бихӯранд, рӯдаҳоро захмин мекунад, сатҳи даруни рӯдаҳоро мехарошад. Агар баъд аз таом бихӯранд, ба мағзи сар баромадани бухорҳои зарарнокро манъ мекунад. Инчунин ба одамони хунукмизоҷ зиёнкор аст, қуввати ҷозибаи ҷигарро заиф мегардонад, инчунин қуввати боҳро суст мекунад. Дар ин ҳолат анори ширин, сир (саримсоқ) ва занҷабил бихӯранд, зиёнаш ислоҳ меёбад.

Оби анори туршро ба чашм кашанд, барои нохунак ва сурхиҳои он дору мешавад. Ва агар оби онро дар даҳан гардонанд ва муддате дар он нигоҳ доранд, захмҳои раддӣ ва бадфиоли онро манъ мекунад. Ин оби анори туршро дар зарфи мис бо асал хуб ҷӯшонида, онро дар даҳан гардонанд, решҳои хӯрандаи даруни даҳанро шифо мебахшад. Оби ин анори туршро то ғафс шуданаш биҷӯшонанд, ки ғафс гардад, инро руби анори турш меноманд. Рубби анори туршро бо асал даромехта чаконанд, решҳои даруни бинӣ ва дарди гӯшро ба ибро меоварад. Инро ба решҳои ҳабиса гузошта банданд, сиҳат мегардонад, гӯшти зоидро низ дур мекунад.

Анори туршро бо пӯсташ пухта гузошта банданд, кӯтур ва хориши сафровиро шифо мебахшад. Инро дар шароб хуб ҷӯшонида, ба варам бимоланд, онро таҳлил медиҳад. Шароби ин бандкунандаи дарун асг. Агар инро биёшоманд, одати бади хок ва чизҳои ношоистаи дигар хӯрдани занони ҳомила ва дигаронро дафъ мекунад.

Рубби анори турш назар ба шароби он қавитар аст. Чун даруни анори туршро холӣ карда, баъд дар сирко муҳарро бипазанд, то он ки ғафс гардад ва онро ба миқдори донаҳои мурч ҳабҳо банданду 15 адад ё зиёда аз он бихӯранд, исҳоли кӯҳнаро дафъ мекунад ва харошида шудани сатҳи даруни рӯдаҳоро, ки хатарнок бошад, инчунин захми рӯдаҳову мақъадро шифо мебахшад.

Мизоҷи рубби анори майхуш дар дараҷаи дувум сард ва дар аввал хушк аст. Ин барои дафъ кардани тафси меъда ва иллати обхӯра дору мебошад, табҳои тезро таскин медиҳад, хуморро мешиканад, хоҳишҳои бади занони ҳомиларо нест мекунад, ранги зардро ислоҳ месозад, ғамро дур мегардонад. Оби анори майхушро дар даҳан гардонанд, милки дандонро мустаҳкам мекунад. Агар пӯсти онро бихӯранд, беихтиёр равон шудани пешобро ислоҳ мекунад. Хушки онро соида, ба қадри 3,5 грамм бо оби гарм бихӯранд, кирмҳои меъда ва рӯдаҳо, ҳатто кирми кадудонаро дафъ мекунад. Низ решаи ҳамаи анорҳоро дар об ҷӯшонида, он обро бинӯшанд, ҳамин гуна асар дорад; ин обро дар даҳан гардонанд, милки дандонро мустаҳкам мегардонад ва дарди дандонро таскин медиҳад.

Анордона барои давогӣ қавитар аст назар ба қисмҳои дигари онҳо.  Агар тухми анор ва баробари он мавизи ангурро гирифта, панҷяки он зираи сиёҳ — ҳамаро кӯфта бихӯранд, иллати қай карданро манъ месозад ва меъдаро қувват мебахшад. Вале хӯрдани ин ба одамоне, ки сатҳи даруни рӯдаҳояшон харошида шуда бошад ва сурфа доштагон зарар дорад. Дар ин маврид мавизи ангур бояд бихӯранд, ислоҳи зарари он намояд.

Тухми ҳамаи навъҳои анорро дар об ҷӯшонида, то ноф дар он даромада нишинанд, беҷо ва бемаврид омадани ҳайзро ислоҳ мекунад, мақъади (кӯтани) баромадаи тифлонро ба ҷояш мебарад. Инро кӯфта, бо асал хамир сохта, гузошта банданд, доғи обиларо дур мекунад. Ин тухми анорро сӯхта, бо асал сиришта, ба сина ва меъда аз рӯ бимоланд, хунравӣ ва хун қай карданро манъ мекунад. Бо обе, ки дар он тухми анор ҷӯшонида шуда бошад, бо бӯдодаи ҷави муқашшар ва биринҷ — ҳамаро якҷо дар об ҷӯшонида, бо он об нимгарм ҳуқна кунанд, исҳол, харошида шудани сатҳи даруни рӯдаҳоро шифо мебахшад; бо ин об мақъадро бишӯянд, хуни бавосирро манъ мекунад ва бемориҳои мақъадро даво мебошад.

Гули анорГули анор дар хислатҳои тиббӣ монанди гулнори форсӣ аст. Агар хушки онро кӯфта бипошанд, хуни буни дандонро қатъ мекунад, ҷароҳатҳоро ба ҳам меоварад, ҷӯшиши (пухтани) даҳанро шифо мебахшад, даридани пардаҳои шикам (ҷурра, дабба)-ро сиҳат мекунад. Агар инро дар об ҷӯш дода, он обро дар даҳан гардонанд, дандонҳои ҷунбонакро сахт месозад, хуни аз милки дандон меомадагиро нигоҳ медорад, ҷӯшиши даҳанро шифо мебахшад.

Гули анорро бо барги тари ангур якҷо кӯфта, ба сари меъда аз рӯ гузошта банданд, иллати бисёр қай карданро ба ибро меоварад. Оби гули анорро бо гулоб даромехта, дар чашм чаконанд, рехта шудани моддаҳои зарарнокро ба чашм манъ мекунад ва варами онро таҳлил медиҳад; агар бо оби сагангур ё оби барги зуф бичаконанд, захми сӯрохи закарро, ки сӯзок меноманд, шифо мебахшад; рутубати онро хушк мекунад ва моддаҳои зарарнокро намегузорад, ки ба закар рехта шаванд. Агар инро бо оби соф даромехта бичаконанд, харошидагӣ ва хоидагии кафш ва мӯзаро ба ибро меоварад ва милкаки нохунро ҳам дар вақти ибтидо бошад, сиҳат мебахшад; бо сирко даромехта бимоланд, сурхбодро дафъ мекунад.

Пӯсти тари анорро кӯфта, фишурда обашро бигиранд ва онро дар офтоб ғафс гардонанд, инро усораи пӯсти анор меноманд. Ин дар хусусият баробари гули он аст. Чун ҳафт адад ғунчаи ношукуфтаи онро даст нарасонида фурӯ баранд, дар муддати як сол ба тани он кас пучак барнамеояд, дарди чашм намерасад.

Чун анорро дар об то муҳарро шуданаш биҷӯшонанду 15 грамми онро бо оби ҳамон анори ҷӯшонидашуда бо 50 грамм орди арзан даромезанд, то атола барин гардад ва дар он равғани зайтун ё равғани гулисурх рехта бихӯранд, исҳоли бадтарини илоҷнопазирро манъ мекунад. Бемори табгирифта андак хӯрок хӯрда, баъд оби анори ширин ё туршро бимакад, фоида мебахшад ва агар пеш аз ғизо бимакад, беҳтар аст. Чун анорро дар шароб то пухтанаш биҷӯшонанд, баъд онро соида, бар гӯш гузошта банданд, дарди онро дафъ мекунад.

Назди admin

Инчунин хонед инро

Болдирғон

БОЛДИРҒОН

Болдирғон  (Борщевик ба русс.) — ин растаниро дар баъзе маҳалҳо тоҷикон куруш низ меноманд. Гиёҳаш …