МАЪЛУМОТҲОИ НАВТАРИН
АСОСӢ / Тандурустӣ / Канзи Шифо / АНЗАРУТ дар Канзи Шифо (Китоб)
Анзарут

АНЗАРУТ дар Канзи Шифо (Китоб)

Анзарут — ин шилми буттаи хорнокест, қаддаш то 1,5-2 метр мехезад, дар сарзаминҳои Форс, Хуросон ва Осиёи Марказӣ мерӯяд. Ранги ин шилм сурх ва сафеди моил ба зардист. Беҳтарини он ранги сафеди зардтобаш аст, ки зудшикан ва дар таъм талхи андак ширинӣ дошта бошад. Мизоҷаш дар охири дараҷаи дувум гарм ва дар аввали ҳамон дараҷа хушк аст.

Хислатҳои шифобахши он: ин хушккунанда бидунн дард аст ва беҳтарин давои бо исҳол дафъкунандаи балғами шахшӯл ва сафроро ҳамоно дафъ мекунад; бодҳои ғализро таҳлил медиҳад, гиреҳҳои узвҳои баданро мекушояд, бачаи занони ҳомиларо аз шикам меафтонад, кирми меъда ва рӯдаҳоро мерезонад; барои иллатҳои пайвандҳо, дарди сурин ва ирқуннасо (радикулит) дору мешавад; балғами ғафсро аз ҷоҳои дур ва чуқури бадан мекашад, ҳусусан бо турбуд ва ҳалила бихӯранд, ин навъ таъсираш қавӣ мегардад. Барои фарбеҳ кардани баданҳои лоғар чун 17,5 грамми онро бо 0,6 грамм санги даруни заҳрадони гов ва 35 грамм норгул ҳамроҳ карда, чор ҳисса сохта, ҳар рӯз як ҳиссаи онро баъд аз ҳаммом кардан ва баъди хӯрдани зардии тухми мурғи нимпухта биёшоманд, бисёр пуртаъсир аст, бо як аҷобат фарбеҳ месозад.

Ҳаким Бағдодӣ гуфтааст, ки занони Миср анзарутро дар оби тарбуз ним рӯз тар карда, барои фарбеҳ шудан то 35 грамми онро мехӯранд. Мегӯянд, ки 17,5 грамми анзарутро соида бихӯранд, масомҳоро банд карда ва ба узвҳои даруни шикам часпида мекушад. Ислоҳкунандаи зарари ин шилми бодомҳо ва равғани бодоми ширин аст. Ҳар гоҳ ки худи анзарутро ба танҳойӣ истеъмол карданӣ шаванд, бояд ки даҳ баробари он равғани бодоми ширин ҳамроҳ намоянд. Миқдори як бор хӯрдан аз анзарут дар як рӯз аз 2,25 то 9 грамм аст, вале агар бо давоҳои дигари ислоҳовар ошомидан хоҳанд, 4,5 граммаш кифоя аст.

Анзарут

Ба ҷойи анзарут ба ҳамон вазн сабир (алоэ)-ро истеъмол фармоянд, равост. Аммо истеъмоли он аз берун барои беҳ шудани ҷароҳат, рӯёнидани гӯшти солим ва хӯронидани гӯшти ҳароми реш ва ягон узви дигар, пок сохтани рим аз захмҳо, хуни равони ягон ҷоро манъ гардонидан, дафъ кардани доғҳои нағзак даво мебошад; бо натрун (танакори арманӣ, яъне танакори сурх) якҷо карда гузошта банданд, ханозерро (хукгарданро) таҳлил медиҳад. Ва агар инро бо асал сиришта, фатилаи борикро ба он олонда, дар гӯш гузоранд, рими даруни гӯшро пок месозад.

Кӯфтаи анзарутро дар шири хар ё шири ҷавонзанон як шабонарӯз тар карда, баъд ба чашм кашанд, барои дарди чашм, часпидани пилҳо ва дафъ намудани назлаҳо, қӯтур ва шилпуқии чашм дору мешавад. Чун анзарутро бо марворид ва марҷон сӯхта ва баробари ҳама наботро маҳин ос карда, якҷоя бипошанд, гули ба чашм афтодаро дафъ мекунад. Чун даруни пиёзро кофта холӣ карда, он ковокиро аз анзарути сафед пур сохта, ба ахгари оташ ниҳанд, то он ки ба ҷӯш ояд, баъд онро дар гӯш чаконанд, дарди гӯшро таскин медиҳад.

Дастури ташвияи анзарут чунин аст. Бигиранд анзарути сафедро бо шири хар ё бо шири ҷавондухтарон хамир карда, ба шохҳои чӯби газ бичаспонанду дар танӯр, ки гармиаш мӯътадил бошад, биёвезанд, то он ки хушк ва андаке кабоб шавад. Агар онро бори дигар соида, бо андаке сафедаи тухми мурғ сиришта, аз нав ба чӯби газ часпонида, чун пешина кабоб намоянд, мизоҷаш ба мӯътадил наздиктар мегардад.

Назди admin

Инчунин хонед инро

Мухаллас

Мухаллас дар Канзи Шифо (Китоб)

Мухаллас (лотинӣ: Dianthus tetralepis), (русӣ: гвоздика четырёхгранная ) —  Ин гиёҳ аз як реша то 15-20 соқ бармеоварад, гиреҳдор, …