МАЪЛУМОТҲОИ НАВТАРИН
Арзан

АРЗАН

Арзан растании зироатӣ мебошад ва дар байни халқҳои осиёи миёна васеъ паҳн гаштааст. Сараш иборат аз хӯшаи тити пурдон аст. Ранги донҳояш зарди сафедтоб мебошад. Инро ба забони русӣ просо ва донҳои муқашшарашро пшено  мегӯянд, ки ба тоҷикӣ сӯк мебошад. Дар тиб ҳамин донҳои он истеъмол мегардад.

Мизоҷаш дар дараҷаи якум хунук ва дар охири дувум хушк аст. Ба қавли баъзе табибони номдор, дар дараҷаи дувум сард ва м хушк аст. Хислатҳои шифобахши он: ин ҳамчун ғизо сабуктар аз кӯноқ аст, моддаҳои рехташавандаро аз ҳаракат нигоҳ медорад, яъне аз он, ки онҳо ба узвҳои бадан рехта гарданд, нигоҳ медорад; хислати бидуни дард хушккунандагӣ дорад, вале хуни солим аз ин дар бадан камтар пайдо мешавад, аммо агар бо равған истеъмол намоянд, агарчи дерҳазм аст, чун ҳазм ёбад, баданро қавӣ мегардонад ва ғизоияташ бештар мегардад. Агар сӯкро муҳарро пухта бихӯранд, печишҳоро дар роҳҳои нафас мекушояд ва тарқишҳои он роҳҳоро ба ҳам меоварад; дар бемориҳои назла даво мешавад. Агар аз орди он нон пухта бихӯранд, исҳоли сафровиро мебандад, пешобро меронад, бачаро аз шиками занони ҳомила меафтонад.

Маҳсулоти сӯкиро аз ҳад бисёр бихӯранд, дар бадан хилти савдоро зиёд мегардонад, дар узвҳои бадан гиреҳҳо пайдо мекунад. Агар инро бо равғанҳо, шакар ва ҳалвоҳо бихӯранд, хислатҳои бади мазкураш ислоҳ меёбанд. Касеро хунаш бисёр, яъне фишори хунаш баланд бошад ва рутубатҳои мурдор дар баданаш афзуда бошанд, инро бихӯрад, меъёри ҳамаи он чизҳоро ба эътидол меоварад. Сӯкро бо шири навдӯшида пухта, бо равғанҳо бихӯранд, ҳамаи он ҳолати нохушро баэътидол меоварад.

Арзанро бо намак якҷо соида, дар латта баста, бар болои он нишинанд, мақъади (кутани) баромадаро ба ҷойи аслиаш мегардонад ва ахлоти дар рӯдаҳо бандшударо равон месозад. Сӯкро бо равғанҳо ё бо сабӯсаш пухта бихӯранду ба ҳаммом раванд ва он ҷо бар бадани худ равғанҳоро бимоланд, боди меъда ва тиҳигоҳро таҳлил ва дарди рӯдаҳо ва бавосирро таскин медиҳад. Ба ҷойи ин сиёҳдонаро ҳамчун давоҳои гузоштабандӣ истеъмол фармоянд, равост. Агар баъд аз ба сӯк гардонидани арзан як сол гузашта бошад, истеъмолаш ҷоиз нест.

Сурати тухми Арзан

Арзан
Тухми арзан

Назди admin

Инчунин хонед инро

Пойи зоғ

Пойи зоғ —  ин гиёҳро дар баъзе маҳалҳо панҷаи зоғам ҳам меноманд. Тухмашро ба забони …