МАЪЛУМОТҲОИ НАВТАРИН
АСОСӢ / Таърихи тоҷикон / АСРИ БИРИНҶӢ

АСРИ БИРИНҶӢ

Гузариш ба сохти қавмии падарӣ

Асри биринҷӣ муҳимтарин давраи таърихи инсоният мебошад. Дар ин давра чи дар тараққиёти қувваҳои истеҳсолкунанда ва чи дар сохти иҷтимоии ҷамъият тағйироти ҷиддӣ ба вуқӯъ меояд: истихроҷ ва гудозиши маъдан ва сохтани асбобҳои фулузӣ шурӯъ гардида, олоти истеҳсолот такмил меёбад, дар киштукор обёрии сунъӣ ҷорӣ мешавад, қариб тамоми қабилаҳои Осиёи Миёна ба хоҷагии истеҳсолкунанда мегузаранд, тадриҷан масканҳои бузург ба вуҷуд меоянд; ниҳоят, дар охирҳои ин давра нобаробарии молумулкӣ ва иҷтимоӣ авҷ гирифта, заминаи дар оянда ба ҷамъияти синфӣ гузаштанро фароҳам меоварад.

Ибтидои асри биринҷиро «энеолит» – «асри сангу мис» меноманд, зеро маҳз дар ҳамин вақт, баробари ҳифзи анвои зиёди олоти сангӣ, оҳиста-оҳиста асбоб ва маснуоти мисӣ ҳам пайдо ва паҳн мешаванд. Энеолит дар ҷануби Туркманистон ҳазораҳои IV–III пеш аз милодро дарбар гирифта, дар маҳалҳои дигар то ҳазораи II пеш аз милод давом намудааст. Асри биринҷӣ асосан аз охири ҳазораи III пеш аз милод оғоз ёфта, мавҷудияти худро то қарнҳои IХ–VIII пеш аз милод нигоҳ медорад.

Дар аҳди биринҷӣ қабилаҳои Осиёи Миёна ба дараҷаи хеле баланди тараққиёти маданияти моддӣ ва маънавӣ расида, дар байни тамаддуни шаҳрҳои Шарқи Наздику Миёна ва ҳиндустон, аз як тараф, ва қабилаҳои Поволже, Қазоқистон, Сибир, Осиёи Марказӣ ва Хитой, аз тарафи дигар, ҳалқаи пайвандкунанда гардида буданд. Бо вуҷуди ин, дар осори олимони ғарб майли ошкоро кам карда нишон додани аҳамияти тамаддуни қадими мардуми Осиёи Миёна ба назар мерасад. ҳатто дар чунин як асари ҷиддӣ монанди «Таърихи инсоният. Тараққиёти маданият ва илм», ки ЮНЕСКО нашр кардааст, роҷеъ ба маданияти аҳди биринҷии ҷануби Туркманистон чунин суханҳо гуфта шудаанд: «Хусусияти умумии он нисбатан сода аст, ин маданияти ҷамъиятест, ки на дар ягон ҷараёнгоҳи прогресс, балки яқинан дар «халиҷи кӯчаке» умр ба сар бурдааст»[1].

asri_birinjiТаҳқиқоти олимони советӣ ин гуна мулоҳизаҳои беасоси нигилистонаро комилан рад мекунанд. Мадракҳои таърих гувоҳӣ медиҳанд, ки саҳми Осиёи Миёна дар маданияти асри биринҷии шарқ бағоят бузург аст, ба замми ин, қабилаҳои эронизабону ҳиндузабон ба кишварҳои ҳамсояи ҳиндустон, Афғонистон ва Эрон маҳз аз Осиёи Миёна омадаанд. Ононе, ки аз ин қабилаҳо дар Осиёи Миёна монданд, як андоза тафовут пайдо карда, минбаъд аз ҳамқавмони ба Эрон ва ҳиндустон рафтаи худ ҷудо шуданд. Тараққиёти минбаъдаи маданияти Осиёи Миёна ниҳоятдараҷа бартарӣ доштани анъанаҳои давраи энеолитро нишон медиҳад.

Қувваҳои истеҳсолкунанда

Бо мурури асрҳо олоти истеҳсолот беш аз пеш такмил ёфта, техника тараққӣ намуд. Яке аз равияҳои ин тараққиёт ба пайдоиши фулузгудозӣ оварда расонид. Илм дар ихтиёри худ мадракҳои аниқ ва дақиқи ба вуҷуд омадани металлургияи ибтидоиро надорад. Аввалҳо одамон фулузоти худрӯйро як навъи махсуси санг пиндошта, бо ҳамон усуле, ки ба санги муқаррарӣ кор мефармуданд, сохту пардохт мекарданд. Тадриҷан онҳо пай бурданд, ки баъзе навъҳои санг дигаргун буда, хосияти ёзандагӣ доранд. Дертар, вақте ки инсон аз даруни хокистари сард дар натиҷаи тасодуфан гудохта шудани маъдансанг як порча мисро пайдо намуд, фикри аз маъдан хориҷ кардани мис, яъне гудозиши маъдани мис ба вуҷуд омад. Таҷрибаи сафолпазии кулолон дар кори омӯхтани фулузгудозӣ хеле кӯмак расонид. Ин қадамҳои аввали саноати фулузсозии ибтидоӣ бо машаққати зиёде гузошта шуда, чунон ки бостоншиносон муайян кардаанд, чандин ҳазор сол тӯл кашидааст.

Аммо олоти мисӣ, бинобар мулоим будани худ, он қадар самараи дилхоҳ дода натавонист. Он вақте, ки инсон ба мис қалъагӣ (гоҳо сурб, сурма ва маргимуш) ҳамроҳ карданро омӯхт, вазъият фавран тағйир ёфт, як навъи нави фулуз – биринҷӣ тавлид гардид, ки дар баробари як қатор бартариҳои технологӣ ба сабаби хеле сахт буданаш барои вусъат пайдо кардани таҳияи олоти фулузӣ имконият фароҳам овард. Вале дар айни замон асбобу аслиҳаи сангӣ низ ҳамоно мавҷудияти худро нигоҳ медошт[2].

Ф.Энгелс навиштааст: «Муҳимтарини онҳо (фулузот.– Б.Ғ.) мис ва қалъагӣ, инчунин биринҷии аз ҳамбастагии онҳо ҳосилшуда ба шумор мерафтанд; биринҷӣ олоту аслиҳаи лозимаро ба вуҷуд овард, лекин олоти сангиро аз байн бурда натавонист; ба ин кор фақат қудрати оҳан мерасид, аммо ҳосил кардани оҳанро ҳоло намедонистанд»[3].

Дар Осиёи Миёна осори бисёр конҳои мис, ки дар асри биринҷӣ кашф гардида, мавриди истифодаи аҷдоди қадимаи мо қарор гирифта буданд, боқӣ мондаанд. Чунончи, дар Фарғона мисро аз кони Навкат, дар кӯҳистони Чатқолу Қурама истихроҷ мекарданд, ҳамчунин конҳое, ки дар Буконтоғ ва дигар маҳалҳои кӯҳсори Осиёи Миёна ёфт шуданд, аз ҳамин қабил манбаъҳои машҳури мис ба шумор мераванд. Тадриҷан хелҳои маъдане, ки дар гудозиш истифода мебурданд, зиёдтар гардид; аввалҳо фулузгудозони ибтидоӣ мисро фақат аз маъданҳои туршонидашуда гудохта ҳосил мекарданд, баъдтар технологияи нисбатан мураккабтари аз маъданҳои хеле васеъ паҳншудаи сулфид ҳосил кардани мис азхуд карда шуд. Дар Осиёи Миёна қалъагӣ аз кони Қарнаб, воқеъ дар самти ҷанубии водии Зарафшон, истихроҷ карда мешуд[4].

Зироат ва чорводорӣ, ки дар аҳди гузашта пайдо шуда буд, дар асри биринҷӣ ба соҳаи асосии хоҷагӣ табдил ёфта, аҳамияти шикор камтар гардид.

Дар ҷануби Туркманистон, ки дарёчаву ҷӯйбор бисёр аст, зироаткорон дар вақтҳои аввал аз обхезиҳо истифода карда, бештар дар заминҳои лойқа кишт мекарданд. Дар ҳазораи IV пеш аз милод дар ин ҷо нахустин иншооти обёрӣ пайдо гардид, ки дар тамоми Шарқи Пеш қадимтарин иншоот ба шумор меравад. Обанбори сунъии ғунҷоишаш 3,5 ҳазор метри мукааб, инчунин каналҳои обёрии андаке дертар (дар байни ҳазораҳои IV–III пеш аз милод) сохташуда кашф гардиданд, ки онҳо ба ҷӯю ҷӯйчаҳои зиёде тақсим шуда, қариб 150 гектар замини яке аз деҳкадаҳои ҷануби Туркманистонро обшор мекардаанд. Аввалҳо зироати асосиро ҷави дурадда ва гандуми нарми зирадона ташкил мекард, вале сонитар, чунон ки бозёфтҳои бостонӣ шаҳодат медиҳанд, ғайр аз ҷаву гандум ҷавдор, нахӯд ва ангур низ ба қатори зироатҳои асосӣ дохил гардид. Пештар доси сангӣ ба кор бурда мешуд, баъдҳо ҷои онро доси мисӣ ва биринҷӣ гирифт. Яқинан метавон гуфт, ки дар айни тараққиёти аҳди биринҷӣ дар шудгор ва киштукор аз қувваи ҳайвонот низ истифода мебурданд. Рамаи чорпоён аксаран аз бузу гӯсфанд иборат буд. Аз ҳайвоноти корӣ, алалхусус аспу шутур нигоҳ дошта мешуд[5].

Пайдоиши зироати обӣ дар байни қавму қабилаҳои дигар вилоятҳои Осиёи Миёна нисбатан дертар, дар охирҳои аҳди биринҷӣ ба вуқӯъ омад. Маълумот ва мадракҳои баҳснопазире ҳастанд, ки дар ҳазораи II пеш аз милод дар Хоразм мавҷуд будани каналҳои обёриро тасдиқ менамоянд[6]. Аз эҳтимол дур нест, ки ин гуна каналҳо дар Фарғона ҳам буданд. Чорводорӣ дар хоҷагии ин вилоятҳо назар ба ҷануби Туркманистон ҳиссаи бештареро ташкил мекард.

Дар баробари истихроҷи фулуз, пайдоиши фулузгудозӣ, зироат ва чорводорӣ дигар навъҳои истеҳсолот, аз ҷумла кулолӣ, таҳияи олоти сангӣ ва ғайра низ хеле тараққӣ карда буд.

[1] Hawkуs J. and Wolly L., 1963, р. 827.

[2] Богаевский Б.Л., 1936, с. 390–439; Литвинский Б.А., 1954 б, с. 13–36; «A History of Tӯchnology», 1957, р. 572–598.

[3] К.Маркс ва Ф.Энгельс. Соч., т. 21, с. 161.

[4] Ливинский Б.А. ва диг., 1950; 1962, с. 189–191.

[5] Лисицына Г.Н., 1965; «Средняя Азия в эпоху камня и бронзы». М.–Л., 1966, с. 110–113, 164.

[6] Итина М. А., 1968; Андрианов Б. В., 1969. с. 102–110.

Назди admin

Инчунин хонед инро

hulbuk

ШАҲРҲОИ ОСИЁИ МИЁНА ДАР АСРҲОИ ХI–ХII

Тараққиёти босуръати шаҳрҳо, истеҳсолоти молӣ ва тиҷорати пулӣ аз муҳимтарин аломатҳои давраест, ки мо ба …