МАЪЛУМОТҲОИ НАВТАРИН
Авсаҷ

Авсаҷ

Авсаҷ — ин растаниест, ки бар деворҳо ва панҷараҳо хазида баланд мешавад. Баргаш ба барги гулисурх монанд, вале хору пашмак дорад ва васеътар аст аз он. Мевааш монанди самари мармиҷон ва тути сиёҳ, вале сурх аст. Инро дар диёрҳои мо бисёр парвариш менамоянд. Онро ба забони русӣ земляника мегӯянд.

Мизоҷи ҳамаи қисмҳои ин растанӣ дар дараҷаи якум сард ва дар дувум хушк аст. Оби барги тару тозаи онро ҳафт рӯз пай дар ҳам дар чашм чаконанд, гули дар он афтодаро дафъ мекунад.

Чун оби самари пухтагии онро ситонида, соф карда, хушк намуда ва вақти ҳоҷат 0,5 грамми онро бо сафедаи тухми мурғ ё бо шири занон соида, дар чашм чаконанд, ҳамаи намудҳои дарди чашм ва гули ба он афтодаро дафъ мекунад. Инро батанҳоӣ ба пешонӣ гузошта банданд, фуромадани моддаҳои зарарнокро манъ менамояд.

Тутиёро дар оби авсаҷ як шабонарӯз тар карда, баъд ба чашм кашанд, барои дарди чашм давои бисёр хубест. Чун барги онро то қувваташ ба об гузаштан биҷӯшонанд, пас, молида, аз матоъи бофташ зич гузаронида соф кунанд ва то ғафс гаштанаш боз биҷӯшонанд, ки ин барои дафъ кардани гули чашм таъсираш бисёр хуб аст.

Баргашро бихоянд, ҷӯшиши (пухтани) даруни даҳанро сиҳат мекунад. Барги тарашро кӯфта гузошта банданд, доначаҳои мӯрчагазак ва сурхбодро, агар ҳарорати онҳо дар камоли шиддат набошад, шифо мебахшад.

Усораи барги тару тозаи он, яъне оби баргашро дар офтоб ғафс гардонида, баъд биёшоманд, барои қутури сафровӣ даво мешавад ва тафси сафровии баданро таскин медиҳад.

Табиби номӣ Шариф шаҳодат додааст, ки табибони Юнон, Форс ва Ҳинд бо авсаҷ махавро, агар иллат дар ҳолати ибтидо бошад, муолиҷа менамоянд ба ин тариқ, ки решаи онро реза карда, ҳар рӯз 25 граммашро дар 300 грамм об то сеяки об мондан меҷӯшонанд ва баъд соф намуда менӯшанд — ин тавр чор-панҷ маҷлис (бегоҳ) меошоманд, ба воситаи дафъ кардани савдои сӯхта аз бадан, махав шифо меёбад, ба шарте ки ду рӯз пеш аз ошомидани он шӯрбои гӯшти гӯсфанди фарбеҳро бихӯранд ва дар рӯзи севум оби ин решаи ҷӯшонидашударо бинӯшанд, инак, то чанд рӯз бо он мудовамат намоянд, мурод ҳосил мегардад. Бояд, ки рӯзи дувум баъд аз нӯшидани он, ки рӯзи роҳат аст, ҳаммом кунанд.

Ҳакими машҳур Бағдодӣ ва як қатор табибони номӣ навиштаанд, ки решаи авсаҷро дар шароби райҳонӣ ҷӯшонида бинӯшанд ва дар он рӯзҳо ҳар рӯз ҳаммом кунанд, барои ҳамин беморӣ, яъне махав, давост. Табиби номдор Антокӣ ҳамин шароберо, ки решаи ин растанӣ ҷӯшонида шудааст, бинӯшанд, барои решҳои тар, қӯтур, хориш ва дафъ кардани доғҳои пӯст беҳтар аз чӯби чинӣ донистааст. Ҳол он ки чӯби чинӣ барои аксари бемориҳои бедаво дармони хубтарин ҳисоб меёбад.

Чун решаи инро реза карда, бо барги мӯрд якҷо бисӯзонанд ва пошидани он барои реш ва бемориҳои мақъад, манъ намудани реши хабиса ва рӯёнидани мӯй зудтар таъсир мекунад. Меваи ин дар хислатҳои тиббӣ монанди барги он аст, хунравиро қатъ мекунад ва исҳолро мебандад.

Миқдори як бор хӯрдан аз авсаҷ дар як рӯз то 4,5 грамм аст. Вале хӯрдани авсаҷ ба сипурз зарар дорад, иллати қулинҷро, ки дард ва варами рӯдаҳои ғафс аст, пайдо мекунад. Барои дафъи ин зарарҳояш катиро бояд хӯрд. Барг ва усораи онро дуд кунанд, ҷонварони зарарнок аз он ҷо мегурезанд.

Назди admin

Инчунин хонед инро

Пойи зоғ

Пойи зоғ —  ин гиёҳро дар баъзе маҳалҳо панҷаи зоғам ҳам меноманд. Тухмашро ба забони …