АСОСӢ / Таърихи тоҷикон / ҲАЁТИ ХОҶАГӢ ПАС АЗ ИСТИЛОИ МУҒУЛ

ҲАЁТИ ХОҶАГӢ ПАС АЗ ИСТИЛОИ МУҒУЛ

Чингизхон давлати бузурги императории ташкилкардаашро дар байни писарони худ тақсим намуд.

Писари калони ӯ — Ҷуҷӣ ҳанӯз дар соли 1207 ба идора кардани «халқҳои ҷангалнишин» ӯҳдадор гардида буд, ки ин халқҳо дар масоҳати васеъ аз поёноби дарёи Саланга то соҳили Иртиш зиндагӣ мекарданд. Дар соли вафоти Чингизхон (1227) қисми шимолии ҳафтруд, тамоми хоки онвақтаи қазоқҳо ва қирғизҳо, инчунин қисмати шимолии Хоразм низ ба ҳиссаи мулки Ҷуҷӣ дохил шуд. Мулки писари дигари Чингизхон – Чағатой аз мамлакати уйғурҳо то Самарқанд ва аз қисмати ҷанубии Олтой то соҳилҳои дарёи Аму вусъат дошт. Ӯрду – қувваи асосии хони бузург Ӯқтойхон дар Тарбоғатой воқеъ гардида буд. Писари хурди Чингизхон Тулӯй, аз рӯи таомули бодиянишинон, ба заминҳои асосии падараш соҳиб шуд.

Агарчанде Мовароуннаҳр ба мулки Чағатой дохил мешуд, вале амалан ин мамлакатро бевосита худи хони бузург Ӯқтой (1229-1241) дар тасарруф медошт ва фақат як қисми оидоти онро ба Чағатой ва хонаводаи ӯ медод.

Истилокорони муғул кишварҳои забткардаашонро бо қувваи худ идора карда наметавонистанд. Ин буд, ки Ӯқтой вазифаи идора кардани Мовароуннаҳрро ба бузургтарин тоҷир ва рибохӯри ин мамлакат — Маҳмуди Ялавоч супорид. Маҳмуд дар Хуҷанд истода, қаламрави худро идора мекард. Тамоми қувваи ҳарбии дар Мовароуннаҳр гузоштаи муғулҳо низ дар ихтиёри ӯ буд. Сардорони ин қувваи ҳарбӣ баскакҳо, ки назорати аз аҳолӣ ҷамъ кардани молиёт ҳам вазифаи онҳо ҳисоб мешуд, бевосита ба Маҳмуди Ялавоч итоат намуда, бо нишондоди ӯ амал мекарданд.

Истилои муғул сохти ҷамъиятии Осиёи Миёнаро тағйир надод, вале ба авзои табақаҳои мухталифи мамлакат ба таври гуногун таъсир расонд.

Рӯҳониён, тоҷирон ва заминдорони калон ба зудӣ ба такягоҳи ғосибони муғул табдил ёфтанд. Чи навъе ки муаррихи асрҳои ХIII-ХIV Рашидаддин мегӯяд, дар вақти Чингизхон ва ворисони ӯ Ӯқтойхон ва Гуюкхон (1246-1248) хонҳо ва шоҳзодагони муғул ба тоҷирон ва заминдорони калон ярлиқҳои махсус («пайтези») медоданд, ки дар асоси он аҳолӣ мебоист ҳар вазифа ва хидмате, ки онҳо фармоянд, иҷро мекард. Вазъияти оммаи заҳматкаш, чи дар шаҳрҳо ва чи дар маҳалҳои рустоӣ рӯз аз рӯз бадтар мегардид.

chingiz-mongolБарзгарон ва пешаварон ғайр аз хироҷ, ки ҳар сол аз заминҳои кишт ба давлат медоданд, боз ба адо намудани вазифаҳои зиёде маҷбур буданд. Маъмурон, тоҷирон, намояндагони табақаи рӯҳонӣ ва аъзои хонаводаи хонӣ, вақте ки аз ягон маҳал мегузаштанд, ярликҳои махсусро иишон дода, аз аҳолӣ маскан, озуқа ва нақлия талаб мекарданд ва аҳолӣ маҷбур буд, ки ҳамаи ин талаботро ба ҷо орад. Илова бар ин, масъулияти бо хӯрок ва пӯшок таъмин намудани дастаҳои ҳарбии дар шаҳру деҳот гузошташуда низ ба зиммаи аҳолӣ буд. Пешаварон дар феҳрасти махсус буданд ва ғайр аз вазифаҳои номбаршуда ба таҳия намудани як миқдори муайяни маҳсулот ҳам ӯҳдадорӣ доштанд. Онҳо мебоист дар мӯҳлати муқаррарӣ миқдори муайяни маснуоти худро барои ҳокимони муғул ҳозир мекарданд. Махсусан, аҳволи пешаварони аслиҳасоз, пойафзолдӯз ва бофанда хеле бад буд.

Истилои муғул ба ҳаёти хоҷагии Осиёи Миёна зарбаи сахт расонид. Сӯистеъмолкунии ҳукмронони маҳаллӣ, ки худсарона андоз ва молиётро назар ба дараҷаи муқарраршуда якчанд мартаба бештар меситониданд, аҳволи халқро ба куллӣ тоқатнопазир мекард. Зулму истибдод ва ҷабру бедод аҳолии зиндамондаи шаҳру қишлоқро аз ҳар гуна майлу иштиёқи пеш бурдани хоҷагӣ маҳрум сохт. Ин буд, ки вазъияти хоҷагии мамлакат дар даҳсолаҳои аввали истилои муғул боз ҳам харобтар гардид.

Дар ин бобат махсусан вазъи ҳаёти шаҳр ва тиҷорати дохилии пулӣ мисоли равшан шуда метавонад. Бар тибқи шаҳодати Чан-чун, ки аз қатлу ғорати муғулҳо дере нагузашта ба Самарқанд сафар кардааст, дар шаҳр қариб чор-яки аҳолии маҳаллӣ боқӣ монда, ҳама ҷоро гадову гурусна зер карда буд, бо вуҷуди ин тиҷорат давом мекард ва бозор моли фаровон дошт. Баъдтар аҳвол на ин ки рӯ ба беҳбудӣ ниҳод, балки бадтар гардид. Дар сиккаҳои онвақтаи Самарқанд аломатҳои афзудани бӯҳрони тиҷорати пулӣ, шакли бӯҳрон ва кӯшишҳои дар роҳи пешгирӣ кардани ин бӯҳрон бахарҷдодаи ҳукумат возеҳу равшан нақш ёфтааст.[1]

Дар Самарқанди пас аз истилои муғул (мисли пештара, чунон ки дар асри ХII ва ибтидои асри ХIII) сиккаҳои калони мисӣ зарб зада, аз рӯяш оби нуқра медавониданд. Ин дирамҳои мисии нуқраандуд дар муомилот пулҳои нуқраи асилро иваз карданд. Осиёи Миёна «бӯҳрони пули нуқра»-ро ҳоло ҳам аз сар мегузаронд. Ин аввалин пулҳои пас аз истилои муғул баровардашуда, ки навиштаҳои арабии аксаран динӣ доштанд, дар муомила дер давом накарданд. Дар соли 1225 ба ҷои онҳо пулҳои қадре ғайриоддӣ ба муомила гузошта шуданд, ки навиштаҳояшон на ин ки ба забони арабӣ, балки ба забони маҳаллии тоҷикӣ буд. Акнун зарурате ба миён омад, ки мардум пулро на фақат аз шакли зоҳириаш, ҳамчунин аз мазмунаш ҳам бишиносанд. Ин навиштаҳо бо забони фаҳмои самарқандиҳо мардумро бовар кунонданӣ мешуданд, ки ин пули маҳаллист, барои Самарқанд ва давоири он бароварда шудаст ва дар ҳамин ҷо роиҷ аст. Вале мардуми Самарқанд бовар накарданд. Он гоҳ пас аз як сол дирамҳои нави мисии нуқраандуд бароварда шуд, ки дар онҳо низ суханони «боваркунонанда», вале акнун бо оҳанги таҳдидомез, сабт гардида буд: бо ин мақсад дар навиштаҳои рӯи пул се мартаба бо исрор таъкид мешуд, ки ин тангаҳои худи Чингизхон аст. Аммо самарқандиҳо аз ин натарсиданд. Ба ин сабаб дар соли 1232 дирамҳое пайдо шуданд, ки дар рӯи онҳо ба забони тоҷикӣ суханони ошкоро таҳдидкунанда сабт ёфта буд: «ҳар касе, ки дар Самарқанд ва ноҳияи ин шаҳр ин пулро нагирад, ҷинояткор аст».

Аз ин чунин бармеояд, ки дар он вақтҳо Самарқанд сахттарин бӯҳрони муомилоти пулиро аз сар мегузаронид: касе намехост моли худро ба пули мисии нуқраандуд фурӯшад, лекин пули дигар мавҷуд набуд.

Аз хоҳишу таҳдид чизе ҳосил нашуд. ҳукумат маҷбур гардид, ки дар Самарқанд пули нуқраи асил барорад. Вале ин иқдом вазъиятро фақат бадтар кард: тангаҳои нуқра, ҳамин ки ба дасти касе афтад, дигар берун намебаромад ва дере нагузашта захираи ин пул ба итмом расид. Дар чунин шароит бозгаштан ба дирамҳои мисии нуқраандуд умуман аз ақл берун буд. Инак, Самарқанди як замон бузургтарин маркази бозаргонию ҳунармандии Осиёи Миёна ба «давраи бепулӣ» қадам гузошт: тиҷорати пулӣ тамоман қатъ гардид.

Вазъияти тиҷорат дар дигар вилоятҳои калоне, ки як вақтҳо аз ҷиҳати иқтисодӣ хеле нашъунамо доштанд, боз ҳам бадтар буд. Чунончи, дар Фарғона, Шош, Тирмиз, Чағониён ва бисёр шаҳру вилоятҳо пас аз истилои муғул умуман пул бароварда нашуд. Агар дар ин маҳалҳо ягон қадар тиҷорати дохилӣ вуҷуд дошта бошад, тадриҷан ба дараҷаи содатарин доду гирифти молӣ таназзул намуд.

[1] Давидович Е. А., 1970 а.

Назди admin

Инчунин хонед инро

hulbuk

ШАҲРҲОИ ОСИЁИ МИЁНА ДАР АСРҲОИ ХI–ХII

Тараққиёти босуръати шаҳрҳо, истеҳсолоти молӣ ва тиҷорати пулӣ аз муҳимтарин аломатҳои давраест, ки мо ба …