АСОСӢ / Тандурустӣ / Канзи Шифо / Балут — чи табобат медиҳад?

Балут — чи табобат медиҳад?

Балут — Ин ду хел дарахт аст: якеаш шоҳбалут, ки ба забони тоҷикӣ кастона ва ба русӣ каштан меноманд. Самари ин гирдаки паҳн, ранги сурхи ҷигарӣ дорад, таъмаш ширин аст. Навъи дигараш фақат балут ном дорад, ки самараш ба вазни ҳамон шоҳбалут аст, вале ба андозаи санҷид дарозак, рангаш низ сурхи ҷигарӣ, таъмаш талхи моил ба тунҷӣ мебошад. Инро, яъне дарахташро, ба русӣ дуб меноманд. Ҳардуи навъи ин дарахт дар ҳамаи ноҳия ва минтақаҳои сарзамини давлати мо бисёр асг ва парвариш меёбад.

балут
Сурати дарахти Балут (Каштан)

  Мизоҷи самари шоҳбалут, яъне самари кастона, дар дарачаи якум сард ва дар дувум хушк аст, вале мизоҷи самари балут, ки дар тиб ҷуфти балут меноманд, талхтаъм аст, дар дараҷаи севум хушк мебошад.

  Хислатхои шифобахши он: агар инро, яъне самарашро бихӯранд, дерҳазм мешавад, дар хӯрокият вазнин аст, вале агар ҳазм, ёбад, исҳолро мебандад, хун қай кардан ва хунравиҳоро манъ мекунад; барои беҷо (бехузур) шудани дил ва тапидани дил (дилбозӣ), ки вобаста ба иллати сари меъда бошад, шифо мебахшад; харошида шудани сатҳи дарун да захми рӯдаҳоро ба ибро меоварад; беихтиёр равон гаштани пешоб, чакмезак ва сӯзиши пешобро дафъ мекунад. пешобро меронад, исҳолро мебандад.

  Агар онро кӯфта, занҳо аз таг бардоранду рутубати бачадонро, ки бемаврид ва бисёр ҷорӣ шавад, ислоҳ медиҳад.

  Агар инро кӯфта, бо равғани намакхӯрдаи худ хамир сохта гузошта банданд, варами каши ронро таҳлил медиҳад (ин варамро тоҷикони ҷануб бисмил ва хиёрак меноманд), инчунин варамҳои сард ва сахтро мегардонад.  Ин самарро сӯхта, кӯфта, гузошта банданд ё онро маҳин соида, бардавом бипошанд, пухтани (ҷӯшиши) даҳан ва решҳои давандаро бартараф мекунад.

  Чун самари балутро кӯфта, бо ним вазни он мустако бо равғани зайтун хамир карда, якчанд рӯз бихӯранд, ба ғайри ихтиёр равон гаштани пешоб, ҳангоми хоб ба ҷогаҳ шошидан ва ғайрииродӣ равон шудани оби маниро ислоҳ мекунад,. яъне  сиҳат мебахшад; нори форсӣ ном реши раддиро хушк мегардонад.

  Самари балут ва кастонаро орд карда аз он нон пухта бихӯранд, гаронӣ мебахшад, дарди сар меоварад, дар узвҳои бадан гиреҳҳо пайдо мекунад, хилти савдоро ба амал меоварад. Дар ин ҳолат сиканҷабин (сиркоасал) ё қанд бихӯранд, зиёнаш ислоҳ меёбад.

  Микдори як бор хӯрдан аз самари балут ва кастона дар як рӯз аз 4,5 то 40 грамм аст, яъне истеъмол намудан аз ҷуфти балут 4,5 грамм ва аз кастона 40 граммаст.

  Мизоҷи ҳамаи кисмҳои дарахти он сард ва хушк аст ва хушкии решаҳои борики он дар амали катъ кардани рутубати бачадоҷ аз кисмҳои дигари дарахташ афзунтар мебошад.

  Баргашро кӯфта гузошта банданд, ҷароҳати навро ба ҳам меоварад.

  Хокистари чӯби онро бимоланд, дандонро пок ва сафед мегардонад Ва агар ба решҳои хӯранда гузошта банданд, шифо мебахшад.

Оберо, ки аз сӯхтани чӯби он таровиш мекунад, ба абрӯ бимоланд, беҳтар аз рангҳои дигар асар мекунад.

  Самари балут башиддат хушккунанда ва манъкунандаи ҳаракати моддаҳо мебошад: барои ҷароҳатҳо, манъ кардани рутубат ва хуни равонгашта хоҳ бихӯранд, хоҳ гузошта банданд, нафъи тамом мебахшад. Барои иллати чурра, яъне даридани пардаҳои шикам дар зери пӯт гузошта банданд ҳам, шифо мебахшад.

Миқдори як бор хӯрдан аз ҷуфти балут дар як рӯз 4,5 грамм аст ва агар дар об ҷӯш дода, он обро нӯшиданӣ бошанд, 15 грамм дар об бияндозанд.

  Чун пӯсти дарахти балутро муҳарро пухта, як шаби комил бар мӯй гармбандӣ кунанд ё гузошта банданд, мӯйро сиёҳ мекунад, ба шарте ки сарро бо кӯфтаи булӯри бӯр шуста бошанду баъд гузошта банданд.

  Вале хӯрдани самари кастона андак ҳарорат ва қабз мебахшад. Хушкӣ дар ин камтар аз ҷуфти балут аст. Вале ҳамчун ғизо аз он афзун мебошад, поккунандагиаш ҳам зиёдтар асг, баданро фарбеҳ месозад, равғани гурдаро зиёд мегардонад.

  Самари кастонаро дар хамир ё дар гил печонида, дар қӯри оташ пухта, бо мураббои сабзӣ ва дигар ошомиданиҳои қувватбахш бихӯранд, боҳро (пушти камарро) ба ҳаракат меоварад; барои бадан қувват мебахшад (аз ҷумла ба камари занони навзоида қувватбахш аст); барои аз бадан дафъ намудани захмҳо хеле пуртаъсир аст. Дар дигар хислатҳо заифтар аз ҷуфти балут аст ва бодангез мебошад.

  Хоҳ ҷуфти балут ва хоҳ самари кастонаро бихӯранд, ба ҳалқ ва ба хиҷак зарар дорад. Дар ин маврид тухми себарга, шакар, сиканҷабин — ҳар кадомашро, ки дастрас бошад, биёшоманд, зиёнаш ислоҳ меёбад.

Назди admin

Инчунин хонед инро

балут

Дорчинӣ ва фоидаи ин чиз

Дорчинӣ —   Ин пӯсти шохҳои дарахтесг, ки маконаш асосан ҷазираи Сарандеб (Цейлон) мебошад ва дар …