МАЪЛУМОТҲОИ НАВТАРИН
Банги Девона

БАНГИ ДЕВОНА

Банги девона (ба руссӣ «Дурман») — ин растании маълум аст, аслан ду навъ мешавад: якеро гулаш сафед ва ба шакли қиф аст, дигареро гулаш таҳбартаҳ, баргаш ва пояаш ҳама ранги бунафш доранд. Самараш дар бузургӣ ба андозаи чормағз аст ва чун самари беданҷир хорнок мебошад. Дар даруни он тухмҳои бисёри ба миқдори мурч, вале тираранг ҷойгир ҳастанд. Мизоҷаш дар дараҷаи чорум сард ва хушк аст.

Хислатҳои шифобахши он: барг, пӯсти самар ва тухми онро кӯфта гузошта банданд, дарди сари кӯҳнаро, ки аз бисёр ҷамъ шудани сафро ва баланд гаштани фишори хун ҳодис шуда бошад, таскин медиҳад; тафсҳои узвҳои гуногунро паст менишонад, варамҳоро таҳлил медиҳад. Барги онро кӯфта гузошта банданд ё равғани тухмашро бимоланд, бавосир ва дардҳои гарми мақъадро дафъ мекунад.

Агар онро дар сирко пухта бимоланд, варамҳои гуногун ва истисқоро (водянкаро) таҳлил медиҳад, дарди луққосиро басанда мекунад, арақ карданро қат месозад. Ҳар як қисми наботи онро кӯфта гузошта банданд, узвҳои суст ва нотавонгаштаро ба ҳоли сиҳати аслиашон бармегардонад ва намегузорад, ки моддаҳои зарарнок ба узвҳо рехта шаванд, рутубатҳои бегонаро хушк мекунад.

Bangi Devona
Bangi Devona (surat -rasm)

Баргашро дар оташ гарм карда ба чашм банданд, дарди чашмро шифо мебахшад; ба сар гузошта банданд, дарди сари аз хунукӣ сар задаро таскин медиҳад, назлаҳои сарро аз фуромадан манъ месозад; ба хояҳо гузошта банданд, оби ба даруни онҳо фуромадаро пароканда ва дафъ менамояд; агар инро ба варамҳо ва пучаку чиртакҳо гузошта банданд, онҳоро таҳлил медиҳад ва мепазонад. Миқдори як бор хӯрдан дар як рӯз аз тухми он то ним грамм аст. Вале агар аз ин як грамм бихӯранд, низоми фикрро вайрон ва як шабонарӯз девона мегардонад.

Одамоне, ки дар шушашон пуфакчаҳо дошта бошанд ва ё ба зукомҳои вирусӣ гирифтор гарданд ва инчунин, гирифтори варами пардаҳои даруни сина бошанд, ҳар рӯз як дона барги миёнаҳаҷми онро дар об ҷӯшонида, он обро бинӯшанд, шифо мебахшад. Вале дар ин амал баъзе одамонро як ё нимсоат гаранг мекунад.

Назди admin

Инчунин хонед инро

Пойи зоғ

Пойи зоғ —  ин гиёҳро дар баъзе маҳалҳо панҷаи зоғам ҳам меноманд. Тухмашро ба забони …