МАЪЛУМОТҲОИ НАВТАРИН
АСОСӢ / ГУНОГУН / Барои чи муйи сар мерезад?
mardi_kal

Барои чи муйи сар мерезад?

Муи сар аз якчанд сабабҳо мерезад, ки дар қатори онҳо ин ирсият (меърос), хӯроки номувофиқ истеъмол намудан, бемориҳои вазнинро гузаронидан, асабонӣ шудан ва ғайраҳо мебошанд.

Кал шудан ё будан барои ҷамъияти чи ғарб ва ё шарқ чандон байни мардум дилписанд нест ва бисёриҳо шахсони калро таҳқир мекунанд ва онҳоро кал гуфта механданд ё мазоқ менамоянд. Барои ҳамин ҳам бисёриҳо аз калшавӣ шарм медоранду дар кофтукови сабаб ва роҳҳои табобати ин камбудӣ саргардон мешаванд.

Сари кал доштан асосан ба мардҳо дахл дорад ва дар байни занҳо занаки калро қариб дида намешавад. Агар занак кал шавад ҳам ин сабаби гирифтори бемориҳо мебошад. Барои ҳамин ҳам муи сари духтарон-занҳо мерезаду кам мешавад вале одатан кал намешаванд. Занҳоро муяшон асосан кам шуда пешониаон кал мешавад.

Сабаби мардҳо кал буданашон дар он аст, ки дар бадани мардҳо ва хусусан дар қисмати болоии сари беъзе мардҳо як намуди гормон бо номи «дигидротестостерон» бисёр ҷамъ мешавад ва ин ба рехтани муи сари онҳо боис мешавад. Чунин намуди  ҷамъшавӣ асосан хусусияти аҷдодӣ дорад ва ба камбудиҳои ирсӣ (авлодӣ) алоқаманд аст.  Яъне агар падар кал бошад пас эҳтимоли писарбачаҳо кал буданашон низ доранд ва таҷрибаву фактҳо инро таърихан исбот карда истодаанд.

Занаки кал
Занаки кал

Руихатти сабабҳои калшавӣ:

  1. Хусусияти ирсӣ дорад: Яъне дар авлод агар падар, бобо, кал бошанд пас насли оянда –бачаҳо ҳам дар зиёда 50% ҳолатҳо метавонанд сари кал дошта бошанд;
  2. Ғизои нодуруст хурдан. Хуроки камвитамин ки барои муи сар ҳамчун ғизо ҳатмӣ мебошанд метавонанд сабаби афтидани муй шавад;
  3. Обу ҳавои номусоид: Ҳолатҳое вомехуранд ки мардум ба мулки дигар мераванд ва обу ҳавои он ҷойҳои нав барояшон номусоид мебошад вале онҳо инро ҳис намекунанд, лек муи сари онҳо мерезад ва ё дандонҳояшон зарду пусидан мегиранд. Дар қатори ин дар ҷойи торик дурудароз қарор доштан низ дахл дорад;
  4. Асаб — Муомилаи дурушт ва ғаму ғусса низ ба афтидани муи сар – калшавӣ сабабгоранд;
  5. Табобат:  Доруи зарарнон ва ё табобати нодуруст кардан ба афтидану рехтани муйҳо сабабгор буда метавонад;

Чи бояд кард (илоҷ) ҳангоми рехтани муй.

Мардуми имруза бештар вақт барои фаҳмидани сабаб ва роҳи бартараф кардани калшавиро аз дустон, рафиқон, шиносон, ҳамкорон ва дигар наздикони худ пурсон шуда аз истифодаи хизмати духтур худро дар канор мегиранд. Дар деҳот ва хусусан занҳо аз истифодаи усулҳои ананавӣ барои муолиҷа намудани рехтани муй истифода мебаранд. Хусусан китоби Зоҳидов бо номи «Канзи Шифо» дар мавриди табобати калшавӣ хело муолиҷаҳои миллӣ-бобогӣ гирд оварда шудаанд, аз ҷумлаи онҳо омезиши спирт бо занҷабил ё оби пиёз хело тавсия шудааст.

            Лек усулҳои бобои ин соддатарин роҳи муолиҷа буда роҳи камхарҷу дастрастар мебошад. Лек агар усулҳои бобоӣ – қишлоқӣ пешгирӣ кардани калшавиро ёрӣ надиҳанд мардум метавонанд аз истифодаи кумаки духтур истифода бурда муолиҷаи мутахасиси ҳақиқиро бо нархҳои нисбатан гарон истифода баранд.

            Дар Тоҷикистон барои сари калро пур аз муй кардан акнун  имконпазир шудааст ва барои кучондани  1 донаи муй аз бадани ҳамон одам ба сари ӯ арзишаш тақрибан 1 сомонист.

Назди admin

Инчунин хонед инро

algebra_kitob

Китоби Алгебра барои синфи 7, 8, 9, 10 ва 11

Китоби Алгебра фанест дар бораи ҳисоби китоби рақамҳо дар шакли мукаммал мебошад. Худ калимаи Алгебра …