АСОСӢ / ГУНОГУН / Баёнот — тарзи дурусти навиштан ва намунааш

Баёнот — тарзи дурусти навиштан ва намунааш

Савол: Баёнот чист?

Ҷавоб: Баёнот ин ҳуҷҷатест, ки оиди ин ё он масъала ҳолати мавҷударо тавсиф менамояд. Баёнотро асосан бо даст навишта мешавад ва ин асоси асли будани онро тасдиқ мекунад. Баёнотро дар ҳолати бо компютер навишта бо притер чоп кардан дар аксари ҳолатҳо ғайри қобили қабул шуморида мешавад. Ба забони руссӣ баёнотро «Разяснение» мегӯянд ва тарзи навиштани он талаботи хоса дорад.

Баёнот

Баёнотро баро чи лозим ва чаро менависанд?

Баёнотро асосан роҳбарон аз кормандони худ ва ё аз шахсони тобеъ худ аз ҷумла донишҷуён ва ё кормандони ҳифзи ҳуқуқ аз шаҳрвандон навиштани баёнотро талаб мекунанд. Баёнот барои он лозим аст, ки пеш аз муқаррар кардани муҷозот баёнот гирифта мешавад ва дар доираи камбудии содиршуда ва ё ҷиноят бо назардошти таслим шудан ба гуноҳои содиршуда нисбати шахс тадбирҳои дахлдор андешида мешавад. Масалан касе ба кор ҳар рӯз дер меояд ё дар ҷойи корӣ ба хатогӣ роҳ медиҳад.

Оиди баёнот дар кодекси меҳнати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар моддаи 124 қайд карда шудааст, ки дар он гуфта шудааст:

Моддаи 124. Тартиби истифодаи муҷозоти интизомӣ

Қабл аз истифодаи муҷозоти интизомӣ аз корманд бояд баёноти хаттӣ талаб карда шавад. Аз додани баёнот саркашӣ кардани корманд ба татбиқи муҷозот монеъ шуда наметавонад.

Муҷозоти интизомӣ бевосита баъди ошкор шудани кирдори корманд, аммо на дертар аз як моҳи содири он, ба ғайр аз вақти беморӣ ё дар рухсатӣ будани ў татбиқ мегардад. (ҚҶТ аз 25.03.11с. №683)

Муҷозот баъди шаш моҳи содири кирдори корманд ва аз рўи натиҷаҳои тафтиш ё санҷиши фаъолияти молиявию хоҷагӣ на дертар аз ду соли баъди содири чунин кирдор татбиқ шуда наметавонад. Ба мўҳлатҳои зикршуда вақти тафтиши парвандаи ҷиноӣ дохил намешавад.

Ҳангоми татбиқи муҷозоти интизомӣ вазнинии кирдор, ҳолати содиршавии он, кору амали пешина ва рафтори корманд ба эътибор гирифта мешаванд.

Барои як кирдор фақат як муҷозоти интизомӣ дода мешавад.

Фармон (амр) ё қарори татбиқи муҷозоти интизомӣ ба корманд эълон карда шуда, ў дар зераш имзо мегузорад.

Аз муҷозоти интизомӣ бо тартибе, ки барои баррасии баҳсҳои меҳнатии фардӣ муқаррар гардидааст, арз кардан мумкин аст.

Чи тавр дуруст баёнотро навишт?

Баёнот дуруст навишта мешавад агар дар ҳолати дар баёнот қоидаҳои навиштан иҷро карда шаванд, ки ҷумлаи онҳои инҳоянд:

  1. Баёнотро дар варақи тозаи формати А4 дар ҳолати китобӣ навишта шавад.
  2. Баёнотро бо ручкаи рангаш кабуд навишта шавад;
  3. Дар қисмати росту болои баёнот ба номи пурра ва вазифае ки баёнот ба номи ӯ навишта мешавад, зикр кардан лозим. Баъди он ному насаби пурраи худ ва вазифаи худро навишта шавад.
  4. Дар байни варақ бо ҳарфҳои калон «БАЁНОТ» навиштан лозим;
  5. Баъдан мазмуни баёнотро навишт ки ҳақиқати ҳолро баён менамояд. Яъне аз чи сабаб ин ё он кор содир шудааст;
  6. Дар охири баёнот ному насаби худ, имзо, рақамҳои телефон ва санаи навиштани баёнотро зикр намуд.

Намунаи баёнот

 

Ба Раиси ҶСК «ЭЛИТСОХТМОН»   муҳтарам Ашуров Собир Раҳматович аз номи Сардори шуъбаи таъминотӣ Фозилов Манон Сараевич

 

БАЁНОТ

Ба маълумоти Шумо эҳтиромона мерасонам, ки сабаби дар анбор гум шудани масолеҳи сохтмон ин аз ҷониби шахси номаълум дуздидани моли дар анборбуда санаи 10-уми марти соли 2017 мебошад. Вақте, ки ман субҳидам ба кор соати 7:56 ба назди дари анбор омадам дарҳои он кушода ва  қулфи дарвоза кушодаву шикаста буд. Дар дохили амбор як қатор маводҳои сохтмони вуҷуд надоштанро дарҳол пай бурдаму аз ҳолати мавҷуда постбони корхонаро хабардор кардам.

Дар асл намедонам, ки дуздии маҳсулоти дар анборбударо ки содир кардааст ва шумораву маблағи ба яғмобурдаро низ ҳоло ҳисоб накардаам.

Бо этиром,

Фозилов М.С.

Тел: 909-55-77-33                                                                         _______________

                                                                                                                         ҷойи имзо

Назди admin

Инчунин хонед инро

ochai-jon

Дар васфи Модар видео аз зиндаги

Дар васфи модарон аз ҷониби сомонаи www.mynet.tj видео омода гардид ки дар он аз зиндагии …