МАЪЛУМОТҲОИ НАВТАРИН
Беданҷир

Беданҷир

Беданҷир — Ин растанӣ ду навъ аст: сафедгул ва гулаш сурхи моил ба бунафш. Навъи дувумаш дар давогӣ қавитар аст. Баргаш монанди барги анҷир, вале гӯшаҳои барги он баландтар аст нисбат ба барги анҷир, қадаш аз 1,5 метр то 2,5 метр мехезад. Решааш монанди най миёнхолӣ. Самараш хорнок дар хӯша, тухми донаҳояш гирдак ба андозаи донаи қаҳва, мағзаш сафеди серравған аст. Мизоҷаш дар дараҷаи дувум гарм ва хушк аст.

Хислатҳои шифобахши он: ин растанӣ барои мулоим кардани асаб, равонидани дарун, моддаҳои нодаркори сардмизоҷ пок гардонидани даруни рагҳо, қувват бахшидан ба аъзо, барои дарди сар, фолиҷ, каҷ шудани рӯй, ларзак, бемориҳои сардмизоҷ, зиқ-ун-нафас (бронхиальная астма), сурфаи хунук, таҳлил додани варами рӯдаҳои ғафс ва бодҳои ғализ, мулоим намудани сахтиҳо, дарди пушт ва хичак, истисқо даво мешавад.

Хусусан мағзи тухми он, ки қуввати исҳоловариаш зиёда аст, инчунин барои равон кардани ҳайз ва берун овардани ҳамроҳаки (ёраки) тифл нафъ дорад.

Чун даҳ адад мағзи тухми онро соида, бо шаҳдоб (асалоб) биёшоманд, балғам ва рутубати обшаклро бо исҳол дафъ мекунад, маҷроҳои ҳаракати моддаҳоро васеъ мегардонад, то он ки моддаҳои бегона гузашта дафъ гарданд, вале иштиҳоро мебандад, ғамгин мекунад, дилро беҷо (беҳузур) месозад, ҳатто қай меоварад. Ин қабил зарарҳояш бо хӯрдани катиро, наъноъ ва мустако ислоҳ мегардад.

Миқдори як бор хӯрдан аз тухмаш аз 5 то 10 адад мебошад, вале бояд, ки аз пӯсташ пок карда бихӯранд. Агар 20 адад аз ин бихӯранд, башиддат маст мекунад. Давои ислоҳи ин ревоҷ ва оби анор ошомидан аст.

Мағзи тухмашро кӯфта гузошта банданд, озахҳоро хушк ва доғи  кунҷидакро дафъ мекунад; варамҳои балғамиро таҳлил медиҳад ва узвҳои сахтгаштаро нарм месозад, ниқрис (подагра) ва дарди буғумҳоро таскин медиҳад. Кӯфтаи онро бо сирко хамир карда гузошта банданд, варами пистонро таҳлил медиҳад ва сурхбодро шифо мсбахшад.

Баргаш дар бобати исҳол овардан заифтар аз тухмаш мебошад,  вале  бар зидди заҳрҳо тареқияти он афзун аст. Оби барги тару тозаашро такрор ба такрор бинӯшанду қай куаннд, заҳрҳои хунукмизоҷ ва заҳри қаттолтаринро, ки биш меноманд, аз бадан дафъ месозад, инчунин каси афюнхӯрда ҳам наҷот меёбад. Барги тарашро кӯфта, бо орди ҷав хамир карда, гузошта банданд, варамҳои гарми чашм, варами зери гулӯ ва ҷоҳои дигари дури баданро таҳлил медиҳад.

9 грамм оби барги тару тозаашро бо шири навдӯшида биёшоманд, дарди дилро, ки аз сардӣ бошад, таскии медиҳад.

Пӯсти решаашро хушк карда кӯфта бихӯранд, узвҳои ҷингакшударо кушода мегардонад, сахтиҳои баданро мулоим мегардонад, дарди гӯшро таскин медиҳад, даҳани басташудаи бачадонро мекушояд ва бачадони чаппагаштаро ба ҳолати аслиаш меоварад; қӯтури решгаштаро, решҳои тари сар ва варами меъдаро дафъ мекунад, инчунин доғи кабуди пӯстро барҳам медиҳад. Агар инро бо пиёзи гандано якҷо карда бихӯранд ва гузошта банданд, бавосирро нест мекунад.

Пӯсти решаи онро дар зарфи мис андохта, ба оташ гузоранд ва болои онро бо зарфи мисин бипӯшонанд, то он ки хуб битафсад. Ба ҳар як 4,5 грамм пӯсти реша ба андозаи як дона гандум кофури холис, дар айни гармиаш сарпӯшашро бардошта, дар он андозанд ва ан нав сарпӯши онро бипӯшанд, то он ки гудохта гардад. Баъд аз оташ баргиранду то хунук шуданаш ҳамон тавр кушода монанд. Сонӣ баъд аз шустани мақъад пас аз қазои ҳоҷат ҳар мартаба мавзеи бавосирро хушк намуда, ин равғанро нимгарм бимоланд, бавосирро дафъ мекунад.

Пӯсти решаи беданҷирро бо пӯсти мор, ҳардал якҷо дар камтар об биҷӯшонанду он таркибро бимоланд, барои иллати кузоз (столбняк), ба гирдак-гирдак мӯйрехтаи сар ва риш, шукуфаҳои гуногуни пӯст ва доғи кунҷидак доруи бебадал мебошад.

Назди admin

Инчунин хонед инро

Пойи зоғ

Пойи зоғ —  ин гиёҳро дар баъзе маҳалҳо панҷаи зоғам ҳам меноманд. Тухмашро ба забони …