МАЪЛУМОТҲОИ НАВТАРИН
АСОСӢ / Тандурустӣ / Канзи Шифо / БЕДОНА ВА ХИСЛАТИ ФОИДАНОКИИ У
бедона

БЕДОНА ВА ХИСЛАТИ ФОИДАНОКИИ У

Ин парандаи маълум аст, ки агар хушксолӣ ояд, шумораш кам ва агар соли серборон ояд, шумораш бисёр мегардад. Мизоҷаш гарм ва хушк аст, вале гармиаш аз хушкии он зиёда мебошад.

Хислатҳои шифобахши он: гӯшти он яке аз беҳтарин гӯштҳои парандаҳо мебошад, зуд аз меъда мегузарад, боҳро ба ҳаракат меоварад, бинобар гармии мизоҷаш ташна мекунад, дар бадан хориш пайдо менамояд, дар пӯст доначаҳо медамонад. Агар бисёр бихӯранд, ба андӯҳи нафастир мубтало месозад — дар ин ҳолат бо чизҳои турш ва равған бипазанд, зарараш ислоҳ меёбад. Ҷӯшонида пухтаи он беҳтар аз кабоби он аст. Зеро ки кабоби онро агар ба зудӣ пухта бошанд, аз меъда дер мефурояд.

Бедонаро инчунин будана, вартиш, варишк, карак, салво, вушм низ меноманд ки як навъи паррандаи хушхон мебошад. Дарозиаш тақрибан 20 см, вазнаш 100-145грам. Парҳои пушти бедона сиёҳтоб буда, рахҳои сафедча дорад. Парҳои синаи бедона каҳвагуни зардча; нул ва пояш ҷигарранг аст. Бедона дар ҳамвориҳо зиндагӣ мекунад. Бедона дар замин лона сохта 9-20 тухм мегузорад (баъди 16-17 шабонаруз аз тухм чуҷа мебарорад).

Назди admin

Инчунин хонед инро

Бемории простата

Табобати Аденома простата, дору барои бемории мардон!

Аденомаи простата ё худ онро гиперплазияи ғадуди простатаи безарар мебошад, ки яке аз маъмултарин бемориҳои …