МАЪЛУМОТҲОИ НАВТАРИН
АСОСӢ / Таърихи тоҷикон / МУБОРИЗАИ ШАЙБОНИЁН ВА БОБУР

МУБОРИЗАИ ШАЙБОНИЁН ВА БОБУР

Дар сарзамини паҳновари давлати Шайбониён чанд сол сулҳу осоиш ҳукмфармо гардид ва ба ин восита ҳаёти хоҷагии мамлакат қадре рӯ ба беҳбудӣ ниҳод. Вале дар соли 1510 якбора аз ду самт – ҳам аз шимоли шарқӣ ва ҳам аз ҷануби ғарбӣ ин оромӣ халалдор карда шуд. Бодиянишинони қазоқ, ки замоне аз Шайбонихон сахт шикаст хӯрда буданд, бо муғулҳо як шуда, дар наздикии дарёи Сир ба салтанати Шайбониён зарбаи ҳалокатовар расониданд. Дар худи ҳамин вақт подшоҳи Эрон — Исмоили 1 аз ғарб ба тарафи Хуросон лашкар кашид. Вай дар сари роҳи худ яке аз паси дигаре шаҳрҳоро ишғол карда, фотеҳона ба сӯи ҳирот ҳаракат намуд.

Исмоили 1 аслан аз хонаводаи сӯфияи шаҳри Ардабил буд. Чун аз байни шайхони ин хонадон, хусусан, Сафиуддини Исҳоқ ба «порсоӣ» ном бароварда буд, тамоми авлоди ӯ ва аъзои тариқати дарвешия ба худ номи «сафавӣ»-ро гирифта, пас аз қадам гузоштан ба арсаи сиёсат бо унвони сулолаи «Сафавиён» шӯҳрат ёфтанд. Дар асри ХV пуштибони асосии ин сулола тоифаҳои бодиянишини турк буданд, ки дар хиттаи Озарбойҷони Эрон зиндагонӣ мекарданд. Ононро ба озарӣ «қизилбош»–«сурхсар» меномиданд, зеро сарбозони бодиянишин ба хотири 12 имоми шиа саллаи 12 — рахи арғувонидоштаро ба сари худ мебастанд. Ин тоифаҳо ҳам аз ҷиҳати маънавӣ ва ҳам аз ҷиҳати сиёсӣ тобеи шайхони сафавӣ буданд. Шайхони сафавӣ дар сеяки охири асри ХV аввал ба кишварҳои ғайриисломӣ тохтутозҳои ғоратгарона карда, баъдтар ба муборизаи зидди баъзе ҳукмронони мусулмон низ шурӯъ намуданд. Вале аз байни онҳо фақат ба Исмоили 1 муяссар гардид, ки пирӯзӣ ба даст оварад: ӯ Табрезро забт карда, онро пойтахти худ қарор дод ва дар соли  1501 унвони шаҳаншоҳи «Эрон»-ро ба худ гирифт. Қизилбошҳо бо сардории Исмоили Сафавӣ аз низоъҳои байнихудии хонадонҳои мухталиф истифода намуда, дар як муддати кӯтоҳ тамоми қисматҳои ғарбии Эронро ба таҳти тасарруфи худ дароварданд.

Расми Бобур
Расми Бобур

Ду давлат – Шайбониён ва Сафавиён дар ҳамсоягии якдигар воқеъ гардиданд. Вале дар байни онҳо аз сулҳу сафо асаре набуд. Сарони ин ду салтанат ба мақсадҳои сиёсии худ ранги мазҳабӣ медоданд: Шайбонихон дар қаламрави худ ба муқобили шиаҳо мубориза мебурд, дар сурате ки Исмоил ва қизилбошҳо шиаҳои мутаассиб буданд.

Шайбонихон барои муқовимат кардан бо шоҳ Исмоил қалъаи Марвро такягоҳ интихоб намуда, қӯшуни худро ба он ҷо ақиб кашид ва фавран аз қувваҳои ҳарбии ҳамқавмонаш кӯмак хоста, худ ба мустаҳкам кардани истеҳкомоти шаҳр машғул гардид. Шоҳ Исмоил аз ин кор воқиф шуда, ба зудӣ худро ба Марв расонид ва бо қувваи зиёде онро муҳосира намуд. Азбаски қалъаи Марвро бо ҷанг фатҳ кардан хеле душвор буд, шоҳ Исмоил фиребе ба кор бурда, қувваи худро аз муҳосира гирифт ва чунон вонамуд кард, ки гӯё ақибнишинӣ мекунад. Шайбонихон ин бор саҳви барои сарлашкари корозмуда афвнопазире содир намуд: ӯ ба ин ҳилаи шоҳ Исмоил фирефта шуда, аз қалъа берун баромад ва бо андак қуввае вайро таъқиб кард, дар натиҷа ба иҳотаи душман афтода, тамоми сарбозонашро талаф дод ва худ дар майдони ҷанг кушта шуд. Исмоил аз косахонаи зарандудаи сари Муҳаммад Шайбонихон барои худ ҷоми шароб сохт.

Шоҳ Исмоил ба муқобили Шайбониён на фақат бо силоҳ мубориза бурд, балки тамоми тадбироти дипломатии худро ба кор андохт. Ӯ бозмондагони хонадони темуриро бо ҳар роҳ ташвиқ менамуд, ки барои мулки падару бобоёни худ талош кунанд. Дар ҳоле ки намояндагони бонуфузи сулолаи Шайбониён ба ҳалли масъалаи вориси тахти салтанат саргарм буданд, Темуриён Фарғонаро ишғол намуданд. Бобур, ки то ин вақт мавқеи худро дар Кобул мустаҳкам карда буд, фавран бо роҳи Қундуз ба сӯи ҳисор ҳаракат кард. Муҳорибаи ҳалкунандаи Пули Сангин дар дарёи Вахш (дар он ҷое, ки ҳоло стансияи электрикии обии Норак сохта шудааст) бо ғалабаи Бобур анҷом ёфт. Тамоми ноҳияҳои марказии Мовароуннаҳр бидуни ҷанг ба таҳти тасарруфи ӯ даромаданд. Худи султонҳои шайбонӣ ҳам аз муқовимат даст кашида, шаҳрҳои Самарқанд, Бухоро, Қаршӣ ва ғ.-ро ба ихтиёри Бобур вогузоштанд.

Ғалабаи ба осонӣ дастдода Бобурро рӯҳбаланд ва дар айни замон як дараҷа фориғбол ҳам намуд. Мувофиқи шаҳодати сарчашмаҳо, Бобур ва наздикони ӯ, ҳатто сарбозонаш ҳам ба базму зиёфат ва айшу ишрат машғул шуданд. Ин ҳама маблағи зиёдеро талаб мекард ва Бобур барои пайдо кардани он аз ҳеҷ чиз рӯй намегардонид. Як мисоли нисбат ба вазъи худ хеле бепарвоёна муносибат кардани Бобур дар зарби сикка ҳилаву найранг ба кор бурдан ва меъёри муомилоти пулии муқарраркардаи Шайбонихонро вайрон кардани ӯст. Аз ин амали Бобур тамоми табақаҳои ба харидуфурӯш сарукордоштаи ҷамъият зарар кашиданд. Қӯшуни чандинҳазорнафараи Бобур, ки таъминоти он аз ҳисоби аҳолӣ муқаррар гардида буд, тамоми буду бозёфти мардумро ба ғорат бурд. Вале Бобур, ки аз талхиҳои рӯзгори гузаштаи худ сабақ гирифта буд, ба кам кардани сарбозони худ ҷуръат намекард. Махсусан, дастаҳои қизилбош, ки шоҳ Исмоил ба кӯмаки Бобур фиристода буд, боиси норизоиятии аҳолӣ мегардиданд. Кайфияти шиапарастии Бобур ва инро бебокона намоиш додани ӯ ба онҳо ҳеҷ маъқул набуд.

Табақаҳои васеи Бухоро ва Самарқаяд ба сари кор омадани Бобур ва пирӯзиҳои ӯро бо хушнудӣ истиқбол карда буданд. Вале ним сол ҳам нагузашта, вай аз чунин пушту паноҳи муқтадир маҳрум гардид ва чашми умед фақат ба қӯшуни гуногунхаёли худ дӯхта монд. Аммо ҳамин пуштибони ягона ҳам ба дарди ӯ барнахӯрд. Баҳорони соли 1512 бародарзодаи Шайбонихон, ҷавони хеле ғаюр ва шуҷоъ — Убайдулло султон ба дигар намояндагони хонадони шайбонӣ аз ваҷҳи сар кардани ҷанги нав баҳри Мовароуннаҳр чизе нагуфта, худ бо қӯшуни начандон калон ба Бухоро ҳамлавар шуд. Ва ба ҳайрати ҳамзамонони худ, дар набарди шадид бар қӯшуни миқдоран чандин мартаба афзунтари Бобур ғалабаи қатъӣ ба даст овард.[1]

image020

Бобур ба ҳисор фирор намуд. Тирамоҳи ҳамон сол, вақте ки қӯшуни пуршумори қизилбош ба ёрии ӯ расид, барои дубора ба даст даровардани Мовароуннаҳр охирин кӯшиши худро ба кор бурд. Қувваҳои аскарии ӯ дар хоки Мовароуннаҳр чун мӯру малах ҳаракат мекарданд, гӯё ки ба ин сарзамин офати табиӣ рӯ оварда бошад. Онҳо ба ҳар ҷое, ки по мегузоштанд, сокинонашро аз дами теғ мегузарониданд. Хусусан, қатли оми аҳолии Қаршӣ ба худ манзараи даҳшатангезеро гирифта буд. Ниҳоят, дар назди Ғиждувон ба Шайбониён муяссар гардид, ки қизилбошҳоро комилан торумор намоянд.[2]

Қатлу куштори ваҳшиёнаи мардуми Қаршӣ ҳатто норозигӣ ва эътирози муаррихони тамоюли сафавиро низ ба вуҷуд овард. Ба замми ин, боз овозае паҳн шуд, ки қизилбошҳо тамоми аҳолии Самарқандро низ қир карданианд. Ҳамаи ин сабаб шуд, ки аҳолии маҳаллӣ ба атрофи Шайбониён муттаҳид гардида, нисбат ба онҳо ҳусни таваҷҷӯҳ ва нисбат ба Бобур ҳисси нафрат пайдо кунанд.

[1] Манбаъҳои форсӣ ин марҳилаи муборизаи байни Шайбониён ва Бобурро таври дигар тасвир менамоянд, вале бояд ба муосирон ва шоҳидони воrеа бештар бовар кард (Семёнов А. А., 1954г., с. 127–131). Катибаи Бобур ба ҳамин давраи ҳаёти ӯ тааллуr дорад (ниг.: Мухторов А., 1960).

[2] Ҷузъиёти ин воrеаҳо дар ҳар манбаъ ба таври гуногун баён ёфтааст (Семёнов А. А., 1954 г., с. 131–136; Болдырев А. Н., 1957, с. 115–121).

Назди admin

Инчунин хонед инро

hulbuk

ШАҲРҲОИ ОСИЁИ МИЁНА ДАР АСРҲОИ ХI–ХII

Тараққиёти босуръати шаҳрҳо, истеҳсолоти молӣ ва тиҷорати пулӣ аз муҳимтарин аломатҳои давраест, ки мо ба …