МАЪЛУМОТҲОИ НАВТАРИН
Бодиринг

Бодиринг

Бодиринг — Маълум, ки ин самари растании зироатии биёрадор аст. Намудҳои самари ин гуногун аст, вале хислатҳои ҳамаи намудҳои он ба ҳам монанд аст. Мизоҷаш дар дараҷаи дувум сард ва тар аст.

Хислатҳои шифобахши он: бодирингро бихӯранд, барои дарди сари аз гармӣ ба зуҳуромада даво мебошад, инчунин қоши ё кафи онро гузошта банданд, ё дар пешонӣ моланд, низ ҳамин таъсирро дорад, ҳамчунин пора кардашудаи онро бибӯянд, дарди сарро таскин медидад.

Оби бодиринги тару тозаро дар шиша андохта бибӯянд ва дар бинӣ бикашанд, рӯҳи нафсониро, ки марказаш майна аст ва рӯҳи ҳайвониро, ки марказаш дил аст, баланд мегардонад, инчунин аксари бемориҳои гарми шадиди вобаста ба майна бошанд, шифо мебахшад ва бехобиро дафъ мекунад.

Хӯрдани бодиринг аксари табҳои гарм ва тезро дафъ мекунад, ҳарорати сафро, хун ва сӯзиши узвҳои даруни шикам ва ботини синаро таскин медидад, шиддати ташнагиро мешиканад, гиреҳи ҷигарро мекушояд, пешобро меронад, санги гурда ва хичакро майда карда мерезонад, зардпарвин ва исҳоли гарми беистро шифо мебахшад.

Оби инро то 200 грамм бо 35 грамм набот биёшоманд, моддаи сафроеро, ки дар меъда ва рӯдаҳо мавҷуд бошад ва инчунин ахлоти сӯхтаи сафровӣ ва савдовиро ба воситаи исҳол дафъ мекунад, табҳои тези гарм ва зардпарвинро шифо мебахшад.

Агар бодиринг пири зард ва турш гашта бошад, қуввати исҳоловариаш назар ба бодиринги сабз зиёдтар аст. Чун як миқдор қаранфули гарданро дар бодиринги зарди пир фурӯ баранду як шабонарӯз ҳамон тавр бигузоранд ё миқдореро аз қаранфули гардан дар оби он як шабонарӯз тар кунанд, баъд рӯзи дигар онро фишурда, он обро бо шаҳдоб (асалоб) биёшоманд, ранги рӯйро неку мегардонад, гиреҳҳои узвҳои баданро мекушояд, бодҳои ғализ ва моддадои гармидорро таҳлил медиҳад ва пароканда мекунад, дилтапак (дилбозӣ)-ро, ки сабабаш гармӣ бошад, дар як рӯз сиҳат мегардонад.

Се рӯз пай дар ҳам пӯсти бодиринги тару тозаро дар об ҷӯшонида, он обро бинӯшанд, зардпарвинро дафъ мекунад.

Хӯрдани бодиринг барои одамони гарммизоҷ форам аст, вале ба касони сардмизоҷ ва асабу меъда зарарнок аст ва нармкунандаи он мебошад, ғизоро дар меъда хом мегардонад, моддаи бод, қароқур ва дарди тиҳигоҳро пайдо мекунад ва агар бодиринг дар меъда вайрон гардад, моддаи заҳрнокро ба амал меоварад. Бодирингро бо таом ва баъд аз таом бихӯранд, хусусан бо ошҳои ҷурғот дошта ва оши сиркодор бихӯрад, зарар мекунад. Дар ин маврид агар ба гарммизоҷон зарар кунад, сиканҷабин бояд бихӯранд, вале агар ба касони хунукмизоҷ зиён кунад, мавизи ангур ва асал бояд бихӯранд, ки ислоҳи зарари он намояд.

Тухми бодиринги норас, яъне сабзи сабукҳазми форам, вале гӯшти он боднок, вазнин ва дерҳазм аст. Тухми бодиринги расидаи пири он сардтар, тариаш бештар аст. Ин дар манфаатҳои зикршуда ва паст гардонидани ҳарорат ва тафси сафро, ташнагӣ ва равон кардани пешоб ва ғайраҳо болиғтар, яъне манфиаташ зиёдтар аст, аммо зуд вайроншаванда мебошад.

Тухмашро кӯфта гузошта банданд, сӯзиши меъда ва дигар узвҳои шикам ва даруни синаро таскин медиҳад, варамҳои гармро ба таҳлил мебарад; барои қутур, хушк шудани пӯст, шаро (аллергия), хориши бадан, мулоим кардани пӯст дору мешавад ва шахшӯлию дағалии онро дафъ мекунад. Агар инро ба зери ноф гузошта бандавд, пешоби бандшударо мекушояд, душвор шошиданро ислоҳ мекунад, пешобро бошиддат ҷорӣ месозад (хусусан дар кӯдакон). Барои бемориҳои номбурда тухми бодиринги талх қавитар таъсир дорад назар ба ширини он. Агар инро бо танакор якҷо кӯфта ё бо асал сиришта гузошта банданд, варамро таҳлил медиҳад. 10,5 грамм аз тухм ё пӯсти хушкардаи он бихӯранд, зоиданро осон мекунад, вале хӯрдани он барои занони ҳомила зарар дорад.

Бодиринг

Мизоҷи тухми бодиринг назар ба тухми тарра хунуктар ва барои табобат беҳтар аст, инчунин нисбат ба он дер вайрон мешавад. Агар инро бихӯранд, савдои дар як ҷо мондаро ба ҷунбиш меоварад, пешобро равон мекунад, сафрои сӯхтаро ба воситаи пешоб дафъ месозад; барои дарди шуш ва захми он, сӯзиши пешоб (сӯзок), варами ҷигар ва сипурзи гарммизоҷ ва инчунин табҳои гарм шифо мебахшад.

Миқдори як бор хӯрдан аз тухми бодиринг дар як рӯз то 17,5 грамм аст. Аз бодиринг равған ҳам тайёр мекунанд ба ин тариқ. Оби бодиринги пири расидаи турбастаи онро гарифта, дар зарфе бо равғани кунҷид ё равғани зайтун, ки баробари оби бодиринг бошад, бо оташи мулоим меҷӯшонанд, то об тамоман бухор шавад ва равған бимонад. Аломати батамом бухор шуда рафтани об он аст, ки равған аз ҷӯшиш мемонад. Вале эҳтиёт кунанд, ки равған доғ нагардад.

Молидан ва ошомидани ин равған барои бехобӣ, хушкии майна, дарди рӯдаҳо аз ҷамь шудани сафро, сил ва табҳои гарм даво мешавад. Бодирингро дар хамири орди ҷав гирифта, аз болояш лой печонида, дар танӯри гарм бипазанду баъди пухтан фишурда оби онро ҳосил карда бинӯшанд, барои ҳамаи бемориҳои аз гармӣ баамаломада, табҳои тези сафровӣ ва иллати диқ, ки беморро тамоман лоғар мегардонад, даво мебошад.

Хӯрдани бодиринг барои меъда аз пӯст ҷудо накардааш беҳтар аст, назар ба он ки пӯсташро пок карда бошанд. Зеро агар пӯсти онро пок карда бихӯранд, боднок ва дар меъда муддати дароз мемонад. Ваде бодирингро бо шир бихӯранд, бисёр бад аст ва агар одамони хунукмизоҷ онро бо шир бихӯранд, ба иллати фолиҷ (шал шудани нимаи бадан ба дарозӣ) гирифтор мегарданд.

Назди admin

Инчунин хонед инро

Бемории простата

Табобати Аденома простата, дору барои бемории мардон!

Аденомаи простата ё худ онро гиперплазияи ғадуди простатаи безарар мебошад, ки яке аз маъмултарин бемориҳои …