МАЪЛУМОТҲОИ НАВТАРИН
АСОСӢ / Таърихи тоҷикон / Суғд, Хоразм ва Бохтар дар асрҳои VI–IV пеш аз милод

Суғд, Хоразм ва Бохтар дар асрҳои VI–IV пеш аз милод

Сохти ҷамъиятии халқҳои шарқиэронии Осиёи Миёна дар давраи ҳукмро-нии сулолаи ҳахоманишиҳо, чунон ки аз тадқиқи тамоми сарчашмаҳои мавҷуда маълум мегардад, аз сохти ҷамъиятии эрониёни ғарбӣ моҳиятан фарқ мекард. Агарчи дар Осиёи Миёна ҳам муносибатҳои ғуломдорӣ тараққӣ карда буд, асоси хоҷагиро меҳнати ғуломӣ ташкил намедод. Дар ин ҷо бақияҳои сохти авлодӣ бештар маҳфуз монда, ҷамоати рустоӣ мавқеи афзалиятноке дошт. Барқароршавии ҳукмронии ҳахоманишиҳо дар бобати тараққиёти минбаъдаи иҷтимоию иқтисодии Осиёи Миёна роли дутарафа бозӣ кард: аз як тараф, ба тезтар инкишоф ёфтани муносибатҳои ғуломдорӣ имконият дода бошад, аз тарафи дигар ба ниҳоят хароб ва заиф гардидани иқтисодиёт оварда расонд. Сарватҳои бисёри он дар сурати боҷу хироҷ ва таҳвили молу ашё тороҷ мегардид, беҳтарин пешаварон барои кор кардан дар сохтмони қасрҳои подшоҳони ҳахоманишӣ аз ин мамлакат бурда мешуданд.

Маълумоти археологие, ки аз кофтукови шаҳри кӯҳнаи Афросиёб (Самарқанди қадима) ба даст омадаанд ва инчунин ахбори муаллифони қадим барои тавсиф намудани вазъияти Суғд дар он давра, ҳарчанд ба тарзи хеле умумӣ бошад ҳам, имкон медиҳанд[1]. Дар ҳаёти Суғд махсусан зироаткорӣ, ки акнун дар он давра ба обёрӣ асос ёфта буд, мавқеи муҳиме ишғол мекард. Доир ба ин ҷиҳати охирин марҳилаҳои даврае, ки мавриди таҳқиқи мо қарор гирифтааст, сарчашмаҳои хаттӣ шаҳодат медиҳанд. Страбон (ХI, II, 5) дар хусуси дарёи Политимент (Зарафшон) менависад: «Дарё ин маҳалро шодоб намуда (айнан – ташнагии ин мамлакатро шикаста.– Б.Ғ.) ба сарзамини биёбону регзор мебарояд ва рег онро фурӯ мекашад». Эҳтимол меравад, ки дар ин ҷо ба рӯдхонаҳои сершумори суғдиён об дода, сипас, ба тарафи биёбон ҷорӣ гардидани Зарафшон дар назар дошта шудааст.

Дар қатори масканҳои рустоӣ, ки сокинони онҳо ба зироаткорӣ ва чорводорӣ машғул буданд, масканҳои шаҳрӣ ҳам ба вуҷуд меоянд. Калонтарини онҳо шаҳре буд, ки юнониҳо онро Мараканда ва мардуми маҳаллӣ Смараканда (Самарқанди ҳозира) меномиданд. Ин шаҳр то вақти истилои мақдуниҳо аз ду қисмат, яъне, аз арки бо хандақу девор иҳоташуда ва худи шаҳр, ки бештар аз 12-12,5 км тӯл дошт, иборат буд (Квинт Куртсий, VII, 6, 10). Шаҳр аз кадом як наҳре «об мехӯрдааст» – дар ин ҷо, зоҳиран, наҳрчаи Сиёб (Сиёҳоб) дар назар дошта шудааст.

BactriaMap

Мувофиқи мадракҳои илми бостоншиносӣ, Самарқанди қадим (ё худ маркази он) дар ҷои харобаҳои шаҳри Афросиёб воқеъ гардида буд. Дар ҷараёни тадқиқи ин шаҳр нишонаҳои маскани асрҳои VI-IV пеш аз милод, ки дар қисмати шимолу ғарби Афросиёб вуҷуд дошта, тақрибан 50-70 гектарро ишғол мекардааст, пайдо карда шуд. Агар тамоми Афросиёбро умрону обод ҳисоб кунем, пас масоҳати он тахминан ба 200 гектар мерасад. Аз рӯи баъзе мадракҳо дар қисмати ҷануб маскани аввалин берун аз ҳудуди Афросиёб воқеъ гардида буд. Қалъаи шаҳри қадим мумкин аст дар ҷои қалъаи асримиёнагӣ воқеъ гардида бошад.

Ба тӯли 12-12,5 км кашида шудани девори шаҳр, ки дар боло зикр гардид, муаммои сарбастаеро ба миён меорад. Дарозии девори канори Афросиёб қариб 5 км аст, аммо дар сарчашмаҳо девори 2,5 баробар аз он дарозтар ёдоварӣ мешавад. Ин тафриқа шояд аз он ҷиҳат сар зада бошад, ки шаҳри қадим метавонист на фақат дар ҳудуди Афросиёб, балки берун аз он ҳам масоҳати бузургтареро ишғол намояд.

ҳангоми ҳафриёти Афросиёб дар табақаҳои ба ҳамон замон тааллуқ-дошта бақияи иморатҳои шаҳр (аз хишти хом ва гил), зарфҳои гирдаи бо чарху даст сохташуда, дегу дегчаҳои дуруштсохт, ҳамчунин белчаи оҳанӣ, доси оҳанин, оинаи биринҷӣ ва ғайра, ки дар бораи баъзе асбобу олот ва ашёи онвақта тасаввурот пайдо мекунанд, ёфт шудаанд. Мӯҳри сангӣ бо тасвири подшоҳ ва ё худоёни камондардаст низ ба ҳамон давра мансуб аст[2].

Ғайр аз ин, масканҳои шаҳрии аз Мараканда хурдтар ҳам мавҷуд буданд. Бозори онҳо махсусан ба воситаи маснуоти пешаварони моҳири суғдӣ диққати тоҷирони мамлакатҳои гуногунро ба худ мекашид. Шумораи зиёди пешаварон ба сохтани олоти фулузӣ, тайёр кардани зарфҳо, ба бофандагӣ ва ғайра машғул мешуданд. Агарчанде хоҷагӣ асосан хусусияти натуралӣ дошт, ба ҳар ҳол мубодила мавҷуд буд. Аъёну ашрофи Суғд бар аъзои оддии ҷамоат беш аз пеш нуфуз пайдо мекард. Суғдиҳо бештар оини зардуштиро мепарас-тиданд. Дар баробари ин дигар дину мазҳабҳои аз сохти авлодӣ меросмонда ҳам мавҷудияти худро нигаҳ медошт.

Чи навъе ки тадқиқоти экспедитсияи Хоразм муқаррар намуд, дар Хоразми асрҳои VI-V пеш аз милод якчанд масканҳои калони истеҳкомноки аҳолинишин вуҷуд доштанд. Яке аз онҳо шаҳрчаи Гӯзалқир буд, ки намуди секунҷаро дошта, ба тӯли 1 км кашида мешуд. Муҳити берунаи ин шаҳрча саросар аз манзилҳои долонмонанде, ки бари онҳо аз 2,5 то 4 метр меомад, фароҳам гардида буд. Инҳо манзилҳои паноҳгоҳ буданд. Дар миёнаҷои шаҳр бинои хеле калон бо толорҳои фарох ва нақшҳои муназзам сохта шудааст. Шукӯҳу азамати ин бино дар пеши кулбаҳои ҳақири канораҳои шаҳрча як манзараи тазодеро ба назар мерасонид ва аз амиқтар гардидани тафриқаҳои иҷтимоӣ ва молумулкӣ гувоҳӣ медод. Дигар аз ёдгориҳои онвақтаи Хоразм — маскани Дингилҷӣ мебошад. Дар ин ҷо ҳавлии серманзилаи берунишаҳрӣ, ки зоҳиран иқоматгоҳи шахси сарватманде аз ашрофи маҳаллӣ будааст, бо тамоми ҷузъиёташ омӯхта шуд. Шаҳрчаи Кулолгар бо толорҳои сутундори худ ба охири даврае, ки мавриди таҳқиқи мо қарор гирифтааст, тааллуқ дорад[3].

Марғиён бо саҳроҳои ҳосилхези худ шӯҳрат пайдо карда буд. Мувофиқи гуфтаҳои Страбон (1, 10, 102) замини Марғиён «…токҳои хубе мерӯёнад. Нақл мекунанд, ки дар ин ҷо аксар вақт чунон танаҳои ток дучор меояд, ки танҳо дар оғӯши ду кас ҷой мегирад ва дарозии ҳар як сари ангур ба ду олчин мерасид». Дар ин ҷо хеле барвақт, ҳанӯз дар давраи пеш аз ҳахоманишӣ, масканҳои бузурги шаҳрӣ пайдо шудаанд. Яке аз калонтарини онҳо дар ҷои Ғаюрқалъа – шаҳри қадимаи Марв воқеъ гардида буд. Қалъа дар болои суфаи хиштии хеле баланд сохта шудааст. Аз афташ, ин ҷо қароргоҳи ҳокими вилоят будааст. Он чи оид ба Ёзтеппа бошад, вай аҳамияти пештараи худро гум мекунад[4].

Шаҳрчаи Елкинтеппа, ки таҳқиқи он мавҷудияти системаи иншоот ва истеҳкомоти ҳарбиро нишон дод, дар шимоли Порт мавқеи муҳиме дошт[5].

Аз рӯи мушоҳидаҳои археологӣ, ҳанӯз дар ҳамон вақтҳо дар воҳаи Марв каналҳои калони обёрикунанда, ки яке аз онҳо аҳолии Ғаюрқалъа ва саҳроҳои атрофи онро аз об таъмин мекард, вуҷуд доштанд. Археологҳо дар ҷои харобаҳои ин шаҳр бисёр чизҳои сафолӣ, муҷассамачаҳо ва дигар маснуот, аз ҷумла пайконҳои скифии аз биринҷӣ сохташударо дарёфт намудаанд.

Дар Бохтар зироаткорӣ машғулияти асосии аҳолӣ ҳисоб мешуд. Квинт Куртсий менависад: «Табиати Бохтар гуногун аст: дар он ҷо токҳои ангур ҳосили пурбор ва ширин медиҳад; оби фаровон замини тафсонро шодоб мекунад; дар заминҳои ниҳоят ҳосилхез ғалла корида, боқимондаи он ба чарогоҳи гову гӯсфандон табдил дода шудааст, вале қисми зиёди замин дашти бесамар мебошад». Плиний дар бораи дар Бохтар парвариш карда шудани рустаниҳои ғалладонае, ки ҳар як донаи он аз ҷиҳати ҳаҷм бо хӯшаҳои муқаррарӣ баробар аст, хабар медиҳад. Зироат ҳам лалмӣ ва ҳам обӣ буд. Чунончи, дар асрҳои V-IV пеш аз милод аз Вахш канал кашида буданд, ки тахминан ба шохаи ҳозираи Ҷӯйбори Боло мувофиқат мекард. Дар минтақаи обёрии ин канал қариб 50 км мураббаъ замин мавҷуд буд[6].

ҳафриёти Балх нишон дод, ки қадимтарин табақаҳои он ба охири нимаи аввали ҳазораи I пеш аз милод тааллуқ доранд[7]. М.М.Дяконов дар вақти кофтукови харобаҳои Қалъаи Мир дар поёноби дарёи Кофарниҳон (райони Қубодиёни РСС Тоҷикистон) доир ба маданияти Бохтари шимолӣ материалҳои ҷолиби диққат ба даст овард. Дар ин ҷо, яъне дар асосгоҳи маскане, ки то револютсия вуҷуд дошт (он вақтҳо ин ҷо маҳалли таваққуфи бекҳои Қубодиён буд), як силсила иқоматгоҳҳои хеле вайронгардидаи давраи қадими бохтарӣ пайдо карда, аз он ҳашт хонаи камбари аз хишти мураббаъ биноёфта кушода шуд. Девори берунии хонаҳо назар ба дигар деворҳо ғафстар буд. Дар ин ҷо бисёр зарфҳое, ки ба зарфҳои Самарқанд ва Марви қадима монандӣ доштанд, инчунин пайконҳои биринҷии марбут ба асрҳои VII-V пеш аз милод ва маснуоти оҳанӣ, аз қабили сӯзан, корд ва ғайра ёфт шуданд. Аз рӯи кашфиёти археологӣ маълум мешавад, ки бошандагони ин деҳа ба касбу пешаи кулолӣ, бофандагӣ, оҳанолотсозӣ ва биринҷигудозӣ, инчунин ба корҳои хоҷагии қишлоқ – зироаткории обӣ ва чорводорӣ машғул буданд[8]. Дигар аз масканҳои асрҳои V-IV пеш аз милод маскани Булдонтеппа, ки дар водии Вахш, наздикии шаҳри Қӯрғонтеппа кофта ёфтаанд[9].

Аз рӯи чизҳое, ки ба таркиби ба истилоҳ «Дафинаи Амударё» дохил мешаванд, яъне аз рӯи маҷмаи миқдори зиёди ашёи заргарии асосан аз симу зар сохташуда (ҳамагӣ 180 адад, аввалҳо зиёдтар будааст) ва низ пулҳои тилло ва нуқра дар бораи дараҷаи тараққиёти пешаи санъатварӣ дар Бохтар фикру мулоҳиза рондан мумкин аст. ҳамаи ин тиловорро дар соли 1877 тоҷирони бухо-роӣ аз бошандагони яке аз маҳалҳои райони Қубодиён харида ба ҳиндустон бурданд, ки баъдҳо ин бозёфтҳо ба дасти олимон афтод. Асли таърихи ба вуҷуд оварда шудани ин маҷмаи ашёи заргарӣ ҳанӯз маълум нест[10]. Истеъдоди санъаткории бохтариёни қадим, ҳунари заргарии ҳайратафзои онҳо дар бисёр ашёи «Дафинаи Амударё» ба таври барҷаста муҷассам гардидааст. Чунончи, аробаи дучархаи ҷангии тиллоӣ, ҳайкалчаи нуқрагии одам, сафҳаи тиллоие, ки дар рӯи он сурати барҷастаи одам кашида шуда, либос ва аслиҳаҷоти ӯ бо тамоми ҷузъиёташ тасвир ёфтааст, бозубанди тилло, ки нӯгҳои он ба шакли сари буз зинат дода шудааст, муҷассамаи тиллоии гавазн ва бисёр чизҳои дигари моҳирона сохташуда ба гуфтаи боло далолат мекунанд.

А. Каннингэм чунин мепиндошт, ки ин хазинаи хусусии кадом як хонаводаи ашрофи бохтарист. Р.Гиршман фарзияе пеш ниҳод, ки дафинаи Амударё як қисми хазинаи маъбади машҳури дар Бохтар будаи Анаҳито аст, ки эҳти-мол, дар вақти ҳамлаи қӯшуни Искандари Мақдунӣ ва ё Салҷуқи I хароб гар-дида бошад. Ин фарзияро Р.Бэрнетт, ки зимнан санаи дертари анҷоми таҳни-шасти дафинаро (асри II пеш аз милод) пешниҳод кард, тарафдорӣ намуд[11].

Дар он вақтҳо дар қисмати шимолии Тоҷикистон ҳам як қатор шаҳрҳои калону хурд вуҷуд доштанд. Аз он ҷумла шаҳре буд, ки онро юнониҳо Киропол меномиданд (дар ноҳияи Ӯротеппаи ҳозира).

Дар сарзамини паҳноваре, ки тоифаҳои сакоӣ иқомат доштанд, низ ёдгориҳои мухталиф мавҷуданд. Дар Помири шарқӣ қӯрғонҳои дафнгоҳ кашф гардиданд. Мурдаро ба қабрҳои на чандон чуқур кофташудаи лаҳаднок дафн мекарданд. Баъзан ҷасадҳои ҷуфт гӯркардашуда низ вомехӯранд. Дар ҳафтруд қӯрғонҳои калони дорои хонаҳои чӯбин ва дар маҳалҳои назди Арал, байни дарёҳои Аму ва Сир мақбараҳои калони мураккабсохти аъёну ашрофи сакоӣ ёфт шудаанд. Дар худи ҳамин маҳалҳо масканҳоеро, ки эҳтимолан ба сакоиҳо нисбат медиҳанд, пайдо кардаанд.

ҳафриёти қабристони сакоиҳо, ки дар поёноби Сирдарё воқеанд, имкон дод, ки дар бораи сохти иҷтимоии ҷамъиятии сакоиҳо баъзе мулоҳизаҳои муҳим пеш гузошта шавад. О.А.Вишневская қабристони Ӯйгаракро тадқиқ намуда, диққати муҳаққиқонро ба ҳамин ҷалб намуд, ки хоктеппаи ин қабристонҳои равшан ба се гурӯҳ тақсим мешаванд ва зимнан дар ҳар се гурӯҳ тарзи ба ҳамон гурӯҳҳо хоси дафн ва асбобу ашёи ба ҳамон гурӯҳ хоси дохили қабрҳо ба назар мерасад. Масалан, дар қабрҳои гурӯҳи шарқӣ дар маросими дафн оташро бисёр кор мефармудаанд ва дар гӯри занҳо ҳатман тахтасанги ниёз мемондаанд, ки ин гуна тахтасанг дар қабрҳои дигар гурӯҳҳо ниҳоят кам вомехӯранд ва хеле дағал сохта шудаанд. Яроқу аслиҳа фақат дар қабристони гурӯҳи марказӣ гузошта шудаанд. Дастос фақат дар гӯрҳои қабристонҳои гурӯҳи ғарбӣ ва марказӣ ба назар мерасанд[12].

ҳамаи ин қонуниятҳо ба Е.Е.Кузмина имкон доданд сохти қабристони Ӯйгаракро бо ҳамон қоидаи анъанавӣ, ки ҷамъияти халқҳои қадими эрониро ба се табақа тақсим менамояд, муқоиса кунад. Мувофиқи ин қоида, ҷамъият ба се гурӯҳ (ё худ, бо истилоҳи баъзе муҳаққиқон, ба се каста) тақсим мешавад: ҷанговарон, коҳинон ва аҳли озоди ҷамоат. Қабрҳои гурӯҳи марказии Ӯйгарак бояд аз они ҷанговарони савора бошад, қабрҳои гурӯҳи ғарбӣ, ки сохташон ҳам оддитар ва ашёи онҳо низ камтар аст, бояд аз они аҳли зироаткори ҷамоат ва косибон бошад; қабрҳои гурӯҳи шарқӣ ба онҳое тааллуқ доранд, ки вазифаи коҳиниро адо мекардаанд[13].

Тасдиқи ба ин се гурӯҳ тақсим шудани ҷамъияти сакоиҳоро, эҳтимол, аз асарҳои муаррихони антиқа дарёфта метавонем, ки онҳо мардумони ин ноҳияро ба қалам додаанд. Масалан, Плинии Калонӣ мардумони сокини ноҳияҳои шимолии Осиёи Миёнаро зикр карда, аз ҷумлаи онҳо котиерҳо ва эвхатҳоро ном мебарад (Pliny, VI, 19). Аз афти кор, ин номҳо номи ҳамон катарҳо ва авхатҳо мебошад, ки мувофиқи маълумоти Геродот (IV, 6) номи авлоди скифҳои Европаро ифода менамояд ва ин скифҳо аз ду бародарони афсонавӣ, ки саравлоди тамоми скифҳо ба шумор мераванд, пайдо шуда будаанд (авлоди севуми скифҳо, ки аз бародари хурдӣ пайдо шуда будаанд, паралатҳо ном доштанд). ҳам этимологияи ин номҳо ва ҳам он атрибутҳое, ки ривояти скифҳо ба намояндагони он авлодҳо ва ба асосгузорони он авлодҳо нисбат медиҳанд, ба муҳаққиқон имкон доданд, ки ривояти ба авлодҳо тақсим шудани скифҳоро тасдиқи тақсимоти иҷтимоӣ, тақсимоти табақавие шуморанд, ки ба қоидаҳои анъанавии мазкури тақсимоти ҷамъиятии халқҳои қадими эронӣ мувофиқат дорад[14]. Умумияте, ки дар вақти скифҳои Европаро тасвир кардани Геродот ва қавмҳои ба онҳо наздики сакоии Осиёи Миёнаро тасвир кардани Плиний ба назар мерасад, ба мо имкон медиҳад даъво кунем, ки анъанаи ривояти скифҳо ҳам ба худи онҳо нисбат дораду ҳам ба сакоиҳо[15]. Ин даъвои моро тадқиқи сохти қабристони Ӯйгарак ҳам тасдиқ мекунад.

Худи ҳамин умумият ва, ҳеҷ набошад, қаробати скифҳои ноҳияҳои назди баҳри Сиёҳ ва сакоиҳои Осиёи Миёнаро аз рӯи он атрибутҳое ҳам дидан мумкин аст, ки нишони рамзии намояндагони ин ё он гурӯҳи иҷтимоӣ мебошанд. Ба қавли Геродот (IV,5), ин нишонаҳои рамзӣ табарзин (нишони ҷанговарон), юғу омоч (нишони аҳли зироат) ва ҷом (нишони коҳинон) аст. Ин чизҳо мувофиқи ривояти скифҳо аз осмон афтида будаанд. Дигар муаррихи дунёи қадим Квинт Куртсий Руф (VII, 8,34) чанд ашёро ном мебарад, ки сакоиҳо онҳоро чун чизҳои худофиристода парастиш мекардаанд. Ин чизҳо найзаву тир барои дафъи душман, юғу омоч – барои баҳрабардорӣ аз замин ва ҷом барои адои ибодат будаанд. Маҳз ҳамин ҷиҳати масъала, яъне зикри барои кадом кор даркор будани ин чизҳо равшан нишон медиҳад, ки онҳо дар ҷамъияти сакоиҳо, пеш аз ҳама, нишони рамзии гурӯҳҳои гуногуни иҷтимоӣ буданд. Ба истиснои ба ҷои табарзин ном бурдани найзаву тир, ин нишонаҳои рамзии ҳам скифҳо ва ҳам сакоиҳо айнан якхелаанд[16].

Дар бораи сохти сиёсии ҷамъияти сакоиҳо мо маълумоти казоӣ надорем. Дар сари қабилаҳои сакоӣ шоҳ меистод. Полиен (VII,12) аз ҷанги сакоиҳову Доро сухан ронда, се шоҳи сакоиро ном мебарад. Мумкин аст онҳо шоҳони се қабилаи мустақили аз ҳам ҷудое бошанд, ки фақат дар вақти ҷанг муттаҳид шудаанд. Вале ин нуктаро дигар хел шарҳ додан ҳам мумкин аст. Геродот (IV,120) нақл мекунад, ки дар сари скифҳои ноҳияи назди баҳри Сиёҳ се подшоҳ меистод ва яке аз онҳо подшоҳи асосӣ буд. Мувофиқи ривояти скифҳо ин тарзи якбора ҳукмронӣ кардани се шоҳ дар давраҳои афсонавии қадимтарин пайдо шуда будааст (Геродот, IV,7). Чи тавре мебинем, дар ин ҷо ҳам қаробати ривоятии скифҳои Европа ва сакоиҳои Осиёи Миёна равшан зоҳир шудааст[17].

Эътиқоди диниву мазҳабии аҳолии Осиёи Миёна яксон ва якранг набуд. Дар вилоятҳо ҳазорӣ, дар байни аҳолии муқимӣ оини зардуштӣ паҳн гардида, кешҳои гуногуни маҳаллиро дарбар гирифта буд. Дар хусуси мазмуни воқеии тасаввуроти динии мардумони он замон ҳанӯз яқинан чизе гуфтан душвор аст. Эҳтимол меравад, баъзе тоифаҳои сакоӣ ҳам оини зардуштиро қабул карда, дар байни қавму тоифаҳои дигар ҳамон тасаввуроти диние, ки асоси он аз парастиши яздони меҳр – Аҳуро-Маздо (ё худ Митра) фароҳам омада буд, ҳукмфармоӣ менамуд[18].

Санъати сакоиҳо ва, пеш аз ҳама, сабки тасвири ҳайвон, ки дар он замонҳо дар саросари даштҳои паҳновари Евросиё паҳн шуда буд, бо ақидаҳои динии сакоӣ алоқаи зич дорад. Вале масъалаи аҳамияти ин образҳо ҳоло ҳам масъалаи баҳснок мебошад. Ба ақидаи баъзе муҳаққиқон, ин образҳо инъикоси ақидаҳои хурофии сакоиҳост, ба қавли дигар муҳаққиқон, ин образҳои ҳайвонсимо тасвири худоҳои скифу сакоӣ мебошад. Ба ҳар ҳол, ин масъала ҳоло торик аст ва тадқиқи муфассалро тақозо дорад. «Дафинаи Амударё» барои омӯзишу тадқиқи ақидаҳои динию хурофотии халқҳои қадими Осиёи Миёна аҳамияти калон дорад. Гуфтан мумкин, ки дар ин дафина беш аз ҳама анъанаи санъати бохтарҳо ва сакоиҳои кӯчманчӣ акс ёфтааст[19]. Вале, чи тавре ки дар боло ҳам инро қайд кардем, масъалаи тавзеҳи этникӣ ва мадании ин дафина ҳанӯз масъалаи басо баҳснок мебошад.

Дар давлати ҳахоманишӣ ба истилоҳ тақвими хурдавестоӣ ҷорӣ шуда буд. Ин тақвим аслан ба тақвими шамсии Миср, ки ҳар сол аз 12 моҳи сирӯзӣ ва панҷ рӯзи илова фароҳам меомад, шабоҳат дошт. Моҳ ва рӯзҳои ин тақвим бо номи худоён ва шахсони асотирии мансуб ба оини Зардуштии «Хурд-Авесто», ки дар «Готҳо» зикр гардидаанд, инчунин бо номи дигар худоёни эронӣ (аз ҷумла, ононе, ки Зардушт яқинан мункир шудааст) тасмия ёфтаанд. Ин тақвим дар байни мардуми эронинажод ба таври васеъ паҳн гардида буд. Ёдгориҳои хаттии марбут ба Суғд, Хоразм ва Порт дар замонҳои қадим ва ибтидои асрҳои миёна дар сарзамини Осиёи Миёна мустаъмал будани онро шаҳодат медиҳанд. Тақвими форсии миёна ва тақвими аз он баромадаи форсии нав дар заминаи ҳамин тақвим ба вуҷуд омадааст (номи моҳҳои тақвими шамсии имрӯзаи Эрон аз номи худоёни «Хурд-Авесто» гирифта шудааст). Номи моҳҳои ин тақвими қадима дар ёдгориҳои хаттии баъзе дигар кишварҳои Осиёи Наздик, аз ҷумла, дар Арманистон низ дучор меояд[20].

Он вақтҳо дар байни қавму тоифаҳои Осиёи Миёна достоне, ки дар «Авесто» ҳам инъикос ёфта буд, ривоҷ дошт. Тавассути ривояти Ктесий порчае аз қиссаи маликаи Заррина ва Стриангеи мидӣ маҳфуз мондааст. Дар он нақл карда мешавад, ки Заррина пас аз фавти шавҳараш подшоҳи сакоӣ ба Мармар ном ҳокими вилояти портҳо хонадор мешавад. Подшоҳи мулки Форс ба муқобили Мармар лашкар мекашад. Дар вақти муҳориба «Стриангей ном марди мидӣ як зани сакоиро аз асп фурӯ меандозад – занҳои сакоӣ воқеан ҳам савораи хуб буда, мардонавор меҷанганд. Ӯ ба маҳзи дидани ин зани соҳибҷамол ва мисли гул шукуфон вайро зараре нарасонида, сар медиҳад». Пас аз чанд вақт худи Стриангей ба дасти шавҳари вай асир меафтад. Дар дили Стриангей нисбат ба ин зани соҳибҷамол оташи ишқ шӯълавар мегардад ва зоҳиран чунин эҳсос дар дили зан ҳам пайдо мешавад. Вале шавҳари вай Стриангейро куштанист ва ҳеҷ як зорию таваллои зан ӯро аз ин қасд боздошта наметавонад. Он гоҳ Заррина асиронро раҳо карда, бо кӯмаки онҳо шавҳарашро мекушад ва бо Стриангей «унсият меварзад» (Ктесий, фиқраҳои 7 (26), 8а (27) ва ғ.).

Ба ақидаи як қатор олимон, ин асаре аз достони сакоист, аммо баъзеҳо чунин тахмин доранд, ки он намунае аз офаридаҳои мидӣ аст. Ба назари мо, ақидаи аввалӣ саҳеҳтар менамояд.

[1] Тереножкин А. И., 1947, с. 128; 1950 б, с. 153, 155-156

[2] Тереножкин А.И., 1950 б, с. 153–156; Шишкин В.А., 1969, с. 148-149; Шишкина Г.В., 1969 б, 1969, а; Филанович М.И., 1969, с. 206 ва мобаъд; Uуломов Я.Г., 1969, с. 7; История Самарканда, 1, 1969; Пьянков И.В., 1970. Муносибати нигилистона нисбат ба баробарии Мароrанд (Смараканд) ва Самарrанд (Пачос М. К., 1967) ба назари мо тамоман беасос менамояд.

[3] Толстов С.П., 1962, с. 96-117.

[4] Пиотровский Б.Б., 1949, с. 35-41; Массон В.М., 1954.

[5] Марущенко А.А., 1959, с. 54-72.

[6] Зеймаль Т.И., 1971, с. 52.

[7] Доир ба ҳафриёти Балх: Schlumӣӯrgӯr D., 1949, р. 1973-190.

[8] Дьяконов М.М., 1954 б.

[9] Зеймаль Т. И., 1971, саҳ,. 50-52.

[10] Нашри пурра: Dalton O.М., 1964; Ӣӯllingӯr А.Н., 1962, 51-57. Доир ба вазъу ҳолати бозёфт ниг.: Зеймаль Т.И., Зеймаль Е.В., 1962. Баъзе олимони uарб исбот мекунанд, ки дар он бисёр ашёи аз хориҷа оварда мавҷуд аст. Мо аrидае дорем, ки вай асосан аз маснуоти бохтарист. Он чи ки санъати Бохтар ва вилоятҳои uарбии Эрон бисёр ҷиҳатҳои муштарак дошта, ба якдигар нуфуз кардаанд, гапи дигар аст ва ба ин ҳеч шубҳае нест. Воrеан, асари М.Далтон, ки аввалин бор соли 1905 ва бо баъзе тасҳеҳот соли 1926 чоп шуда буд, ҳоло дар rисмати тадrиr тамоман кӯҳна шудааст. Акнун ваrте расидааст, ки кашфиёти тозаи дар ҷанбаи санъати бостонии Эрон ва дигар кишварҳои шарrи хориҷӣ ва ҳамчунин Осиёи Миёна ба даст омадаро пурратар ба ҳисоб гирифта, ашёи хизонаи Амударё аз сари нав мавриди таҳrиr rарор дода шавад.»

Тадrиrоти Р.Д.Бэрнетт (Ӣarnӯtt R.D., 1968) дар ин роҳ фаrат як rадами хеле хурд ба шумор меравад.

[11] Ghrishman R., 1964, с. 88-94, Ӣarnӯtt R.D., 1968, с. 35-52 Бояд rайд кард, ки Р.Бэрнет дар санагузории худ, алалхусус, ба фикри В.В.Тарн дар бобати набудани тилло дар Бохтар такя мекунад. Аммо ин ба ҳаrиrат рост намеояд, зеро осори конҳои тилло дар замини Бохтар боrист.

[12] Вишневская О. А., 1973, с. 67-68.

[13] Кузьмина Е.Е., 1975, с. 291-292.

[14] Dumӯzil G., 1930, с.123-124; 1926; Грантовский Э.А., 1950; Раевский Д.С., 1977, с.46-71.

[15] Раевский Д.С., 1977, с.129-130.

[16] Раевский Д.С., 1977, с.130.

[17] Дар ҳамон ҷо, с.128-121.

[18] Литвинский Б. А., 1968 б.

[19] Dalton O.M., 1905, р. ХIII; Артамонов М.И., 1977, с. 14-15.

[20] Дьяконов И.М. ва Лившиц В.А., 1966, с. 153 ва мобаъд.

Назди admin

Инчунин хонед инро

hulbuk

ШАҲРҲОИ ОСИЁИ МИЁНА ДАР АСРҲОИ ХI–ХII

Тараққиёти босуръати шаҳрҳо, истеҳсолоти молӣ ва тиҷорати пулӣ аз муҳимтарин аломатҳои давраест, ки мо ба …