АСОСӢ / Таърихи тоҷикон / Бухоро – маркази давлати Сомониён

Бухоро – маркази давлати Сомониён

Асри VIII барои аҳолии шаҳрҳои Мовароуннаҳр асри бениҳоят вазнин буд. Наршахӣ дар «Таърихи Бухоро» навиштааст, ки арабҳо соли 709 Бухороро ишғол карда, на фақат нисфи ҳавлии ҳар як аҳолии шаҳрро кашида гирифтанд, балки як қисми калони шаҳрро тамоман аз аҳолии маҳаллӣ холӣ карда, дар он гузарҳо намояндагони қабилаҳои арабро ҷой доданд.[1] Аксари араб-ҳое, ки дар Бухоро сокин гаштанд, дар гузарҳои қариби Дарвозаи Куҳандизи шаҳристон мезистанд, зеро дар Бухоро ин маҳалли аз ҳама бехавфтар ҳисоб мешуд.

Ба шарофати авҷи равобити тиҷоратии Шарқи Наздик ва Мовароуннаҳр шаҳрҳои Осиёи Миёна бо суръати тамом ба шаҳрҳои ободи феодалӣ табдил ёфтан гирифтанд. Ин амр ба шаклҳои гуногун зоҳир мегардид–гоҳе сохти дохили шаҳристон дигар мешуд, гоҳе шаҳристон мартабаи худро аз даст медод ва берун аз он маркази нави ҳунармандӣ ва тиҷорат барқарор мешуд ва ғайра.

Бухоро мисоли роҳи якуми таъсиси шаҳри ободи феодалӣ мебошад. ҳаёти иқтисодӣ ва сиёсии шаҳр беш аз пеш дар шаҳристони Бухоро гирд меомад; дар он ҷо бозору гузарҳои нав ба нав бунёд мегардиданд, дӯконҳои нав, корвонсаройҳои зиёд сохта мешуданд. Ба қавли Наршахӣ, ҳанӯз дар аҳди Тоҳириён дар Бухоро корхонаи калони бофандагӣ вуҷуд дошт ва аз эҳтимол дур нест, ки дар ин корхона ғуломон низ кор фармуда мешуданд. Моли ин корхона ба шаҳрҳои марказии хилофат ва ба дуртарин шаҳрҳои Шарқи Наз-дик ба фурӯш мерафт. Дар ҳудуди шаҳристони пештара ҳавлиҳои боҳашамати боён иморат ёфтанд, бисёр биноҳои нав сохта шуданд, ки дар онҳо идораҳои давлатӣ ҷойгир буданд. Дар баробари дигар шудани худи шаҳристони Бухоро аз ибтидои асри VIII сар карда, шаҳр ҳам аз се ҷониб васеъ шудан гирифт – аз ҷониби ҷануб, дар паси дарвозаи Атторон бозору работҳои зиёде пайдо шуданд, аз ҷанубу ғарб ва ҷанубу шарқ низ бозорҳо ва маҳаллаҳои нави косибон ба вуҷуд омаданд. Дар миёнаҳои асри IХ Бухоро хеле калон шуда рафт ва солҳои 849–850 атрофи онро бо девори нав печонида гирифтанд, ки 11 дарвоза дошт.[2]

buxoro

Ба маркази ҳаёти сиёсии давлати Сомониён табдил ёфтани Регистони Бухоро, дар шимоли шаҳр бино шудани қасри амир ва биноҳои сершумори девонҳо намуди шаҳрро хеле дигар кард.

Дар маркази шаҳр гирд омадани ҳаёти иқтисодӣ мусоидат намуд, ки Бухоро ба шаҳри феодалӣ мубаддал шавад. Дар шаҳр маҳаллаҳои махсуси косибон пайдо шуданд, ки дар он ҷойҳо ҳам дар дӯконҳо мол истеҳсол мегардиду ҳам дар ҳамон ҷо фурӯхта мешуд. Ана ба ҳамин сабаб дар асри Х тамоми маркази Бухоро, гӯё як бозори калоне буд ва намуди худи шаҳр ҳам хеле тағйир ёфт.

Созмони инъомоти феодалӣ ва заминдории шартӣ

Асри Х давраи феодализми мутараққӣ мебошад. Давлати Сомониён давлати феодалие буд, ки манфиати заминдорону тоҷирони калонро дастгирӣ менамуд. Ана ба ҳамин сабаб зикри равнақи хоҷагӣ, ривоҷи зироат, косибӣ ва муомилоти пулӣ ҳаргиз чунин маънӣ надорад, ки ин равнақу ривоҷ боиси беҳтар шудани аҳволи аҳли меҳнат мешуда бошад.

Соҳиби асосии обу замин давлат ва феодалҳои калон буданд. Вобаста ба ҳамин замин ҳам ба заминҳои давлатӣ, феодалӣ, мулкӣ ва вақф тақсим мешуд. Мадракоти давраҳои пешин шаҳодат медиҳанд, ки заминдорони хурд бо шиддати тамом шикаст хӯрда хонавайрон мешуданд, ки маҷбур буданд заминҳои худро «ихтиёран» ба феодалҳои калон диҳанд[3]. Ин кор, албатта, дар асри Х ҳам идома дошт.

Дар аҳди Сомониён ғайр аз мулкҳои ғайришартӣ, инчунин мулкҳои шартӣ, заминдории шартии феодалӣ низ вуҷуд дошт, ки бар ивази хизмате инъом меёфт. Дараҷаи равнақи созмони инъомоти феодалӣ барои хизмат ва заминдории шартӣ яке аз нишонаҳои муҳими он аст, ки ҷамъият «аз боло» то кадом дараҷа феодалӣ кунонда шудааст. Ақидае ҳаст, ки гӯё дар давраи Сомониён ҳам инъомоти феодалӣ ва ҳам заминдории шартӣ мақоми казоӣ надошт, яъне дар ҳаёти иҷтимоию иқтисодӣ таъсире надошт ва танҳо дар асрҳои ХI–ХII дар аҳди Қарохониён ва Салҷуқиён бо суръати тамом ривоҷ ёфт.[4] Мувофиқи маълумоти баъзе маъхазҳои хаттӣ дар аҳди Сомониён қариб нисфи пули давлат барои маоши хизматчиён сарф мешуд ва гӯё ҳамин нукта боиси пайдоиши он ақидаҳои мазкур гардидааст, маъхази хаттии давраи сонитар – «Сиёсатнома» равшану возеҳ навиштааст, ки дар давраи Сомониён дар Хуросон иқтаъ дода намешуд.[5] Ғайр аз ин дар маъхазҳо ниҳоят кам возеҳ зикр шудааст, ки барои хизмати давлат ин ё он инъом дода шуда бошад ва маҳз ҳамин ҳам боиси пайдоиши он ақидаҳо шуданаш мумкин аст. Ана ҳамин тавр дар таърих ду давраи Осиёи Миёна – асрҳои IХ–Х ва асрҳои ХI–ХII ба ҳам муқобил гузошта шудаанд ва пайдоиши созмони инъомоти феодалӣ комилан ба Осиёи Миёнаро тасарруф кардани Қарохониҳо ва Салҷуқиён вобаста карда шуд.

Тадқиқоти таърихию нумизматӣ имкон дод, ки дар асоси материалҳои конкрети Осиёи Миёна ин масъала аз нуқтаи назари нав дида шавад[6]. Дар натиҷаи ин тадқиқот 18 инъоме кашф гардид, ки барои хизмат дода шудааст ва ба ин шумора он инъомҳое, ки қабл аз ин дар адабиёт зикр шуда буданд, аз қабили мулкҳои инъомии Симҷуриҳои Кӯҳистон дохил намешаванд. Ягон инъоме ба назар нарасид, ки ба хизматчӣ ё худ сарбози қаторӣ дода шуда бошад. Вале аниқ маълум шуд, ки дар асри IХ инъомоти басо калон ва пурарзиш (деҳаҳо, шаҳрҳо, вилоятҳои том) фақат ба аҳли сулола дода мешуд. Аммо дар асри Х, хусусан дар нимаи дувуми аср инъом бештар ба онҳое дода мешуд, ки аз аҳли сулола набуданд ва асосан аз ҷумлаи амалдорони оддӣ ва ҳатто баъзан амалдори хурд ҳам буданд. Андозаи инъом пештара барин хеле калон буд, вале акнун инъомҳои хурдтаре ҳам дода мешуд.

Инъомоти асрҳои IХ–Х ба инъомгиранда ҳуқуқ медод, ки ба тамоми даромади мулки инъомшуда ва ё ба як қисми он даромад соҳиб шавад, вале худи инъом на умрбодӣ буду на меросӣ. Касе, ки инъом мегирифт, бояд ягон вазифаро ҳам иҷро мекард, яъне худаш бояд соҳиби мансабе мебуд–одатан ин мансаб ҳокими вилоят ё шаҳри инъомгардида буд ва ба ин сабаб инъомгир дар ҳалли масъалаҳои дохилии вилоят ва ё шаҳр ҳукуқ ва имтиёзҳои калон дошт. Касоне, ки шаҳр ва ё вилоятеро инъом мегирифтанд, баъзан ҳуқуқ доштанд, ки ҳатто дар рӯи пул номи худро сабт намоянд. Дар ин ҳолат муносибати байни ҳукумати марказӣ ва соҳибони мулкҳои инъомшуда ва инчунин дараҷаи озодии онҳо хеле мухталиф буд. Масалан, баъзе тангаҳои мис аз номи сардори он сикка зада шуда, номи ҳокими вилояти инъомшуда дар ҷои назарногир қайд карда шудааст (чунин аст Самарқанд ва Шом дар чоряки севуми асри IХ; Исфиҷоб дар ибтидои асри Х). Вале баръакси ин ҳол бештар ба назар мерасад, яъне пули мис аз номи ҳамон кас бароварда шудааст, ки шаҳр ё вилоятеро инъом гирифтааст, номи сардори оли Сомониён бошад, фақат ба нишони ҳурмат навишта нақр гардидааст (чунинанд шаҳрҳои Фарғона – Ахсикат, Насробод, Қуба ва умуман тамоми Фарғона дар якчанд давраҳои муайян). Боз як намуди дигари тангаҳо ҳастанд, ки дар онҳо номи сардори он умуман зикр нашудааст ва фақат номи инъомгирифта ҳасту бас (чунинанд шаҳрҳои Ахсикат ва Шош дар нимаи дувуми асри IХ ва аввали асри Х). Ин ҳолат далолат мекунад, ки инъомгирифта, ҳатто ба ном тобеъ будани худро ҳам эътироф накарда, майли тамоман мустақил шудан мекард. Аз рӯи он маълумоте, ки дастраси мо мебошад, аниқ гуфтан мумкин, ки ин гуна рафтору кирдор фақат ба аъзоёни оли Сомониён хос мебошад, ки вилоятҳои калонро инъом гирифта буданд.

Вилоятҳое, ки инъом мешуданд, дар ҳудуди давлати Сомониён аксар вақт ба мулкҳои мустақил табдил меёфтанд. Волии ин гуна вилоятҳо (хоҳ аз оли Сомониён бошад, хоҳ ягон амалдори калон), аксаран худро бо ҳамон унвонҳое мехонданд, ки сардорони оли Сомониён доштанд.

Дар аҳди Сомониён як нав иерархияи феодалӣ – он муносибати тобеияту итоати зинабазинаи маъмурӣ ба вуҷуд меояд, ки хоси феодализм аст. Чунин ҳодисаҳо низ ба қайд гирифта шудааст, ки масалан, сардори оли Сомониён ба амалдоре шаҳр ва ё вилоятҳоеро инъом мекунаду худи он мансабдор қисми мулки инъомии худро ба каси дигар мебахшад. Дар Фарғона як мулки инъом-шударо ба чор қисмат тақсим карда, боз чор бори дигар инъом кардаанд.

Бояд қайд кард, ки иқтаъдорон мекӯшиданд, ки ҳуқуқи худро васеъ кунанд, ҳукумати марказӣ бошад, ба ин кӯшиши онҳо монеъ мешуд. Дар ин талош гоҳ як тараф, гоҳ тарафи дигар дастболо мегардид. Масалан, Наср ибни Аҳмад ба додараш Исмоил ҳуқуқ дод, ки як қисми хироҷи вилояти Бухороро гирад. Исмоил бошад, як қисм не, тамоми даромади Бухороро гирифтанӣ шуд. Кори Исмоил аввал дар ин боб барор накард, вале баъдтар вай ба мақсадаш расид, ки ин аломати мағлубияти ҳукумати марказӣ буд.

Вале дар дигар як чунин ҳодиса ҳукумати марказӣ ғалаба кард. Қуба ва Насробод ном шаҳрҳои Фарғона ба амалдорони калон инъом шуда буд. Инак, ин амалдорон барои вусъати ҳуқуқи худ ба задухӯрд даромаданд, вале ин задухӯрд бо ҳамин анҷом ёфт, ки ҳар ду шаҳрро аз дасти он амалдорон кашида гирифтанд. Аз ин воқеаҳо хеле пештар низ маълум шуда буд, ки барои мулки умрбод ва меросӣ шудани Ахсикат муборизаи шадиде мерафт. Гуфтан лозим, ки дар он давра Ахсикат дар ихтиёри оли Сомониён буд ва дар ибтидо Ахсикат, ҳатто аз дасти онҳо рафт – солҳои зиёде дар шаҳр ягона соҳиб Исҳоқ ибни Аҳмад буд ва баъди ӯ шаҳрро писараш мерос гирифт. Фақат пас аз он ки Исҳоқ ибни Аҳмад барои тахт исён бардошта, шикаст хӯрд, ҳукумати марказӣ Фарғонаро аз дасти ӯ кашида гирифт ва бо имтиёзи хеле маҳдудтар Ахсикатро ба каси дигар инъом намуд. Дар аҳди Сомониён Кӯҳистон мулки инъоми чор насли Симҷӯриҳо буд.

Хуллас, дар ҳаёти иҷтимоию иқтисодии давлати Сомониён созмони инъомоти феодалӣ мавқеи намоён дошт. ҳатто вилоятҳои марказӣ ва асосии давлат (Самарқанд, Бухоро, Шош, Фарғона ва ғ.) ва, инчунин баъзе дигар шаҳрҳо дар давраҳои гуногун мавриди инъом гардида, аксар вақт ба мулкҳои мустақилу саркаши дохили давлати Сомониён табдил меёфтанд.

Баъзе ишоратҳои равшани маъхазҳо ва мисоли ҳамин гуна ҳодисаҳои Эрони ғарбӣ ва Ироқ ва, алалхусус, шаҳодати ал-Хоразмӣ ба мо имкон медиҳанд иддао намоем, ки ин гуна инъомоту подош дар Осиёи Миёнаи аҳди Сомониён иқтаъ ва тӯъма ном дошт. Ал-Хоразмӣ котиби вазири Сомониён буд ва асари худро дар мобайни солҳои 976–991 таълиф кардааст. «Вазифаи вай асосан ҳамин буд, ки барои девон маълумотномае тартиб диҳад ва ин маълумотнома ба шакли фарҳанги тафсирие навишта шуда буд, ки доираи васеи донишро дар бар мегирифт».[7] Инъомоту подоши феодалии замо-наашро вай бо ду таъбир ифода кардааст.[8] Тӯъма инъомест, ки умрбод дода мешуд, вале аз ин заминҳои инъомӣ як миқдор хироҷ додан лозим буд. Яъне дар ин сурат тӯъмадор на ҳамаи даромади заминро, балки фақат як қисми онро соҳибӣ мекард. Иқтаъ инъомест, ки соҳиби он ҳақ дошт онро мерос гузорад ва зимнан иқтаъдор соҳиби замини инъомӣ дониста мешуд. Гарчанде дар ин давра ва дар давраҳои минбаъда иқтаъ расман инъоми даромади замин бошад ҳам, чи тавре ал-Хоразмӣ ҳам ишорат кардааст, иқтаъдор дар асри Х амалан ба ҳуқуқҳои калон молик гардид ва худи иқтаъ, ҳатто меросӣ шуд. Анвои гуногуни инъомот, ки асосан ба туфайли мадракҳои нумизматӣ ошкор гардиданду онҳо дар асрҳои IХ–Х дар Осиёи Миёна вуҷуд доштанд, ба тамоми он тавсифоти иқтаъ ва тӯъма, ки ал-Хоразмӣ додааст, комилан мувофиқат мекунад. Дар айни ҳол, набояд аз мадди назар дур андохт, ки қариб нимаи нақдинаи давлати Сомониён барои маоши ҳарбиён ва амалдорон харҷ мешуд. Дар давлати Сомониён ду тамоюл ошкоро мухолифат доштанд – аз як тараф, анвои инъомоти феодалӣ беш аз пеш ривоҷ меёфт, аз тарафи дигар, ҳукумати марказӣ ба амалдорон торафт бештар маош дода, мекӯшид, ки ривоҷи анвои инъомотро боздорад.

Мувофиқи далолати баъзе маъхазҳо, бисёр одамони он давра нағз мефаҳмиданд, ки ривоҷи инъомоти феодалӣ, ҳам барои иқтисоди мамлакат ва ҳам барои ҳукумати марказӣ оқибати мӯҳлик дорад. Агар ин ё он шароити мусоид ба даст ояду бе инъомоти замин ҳам корро пеш бурдан мумкин шавад, ҳукумати марказӣ ҳаракат мекард, ки замин инъом накунад (масалан, чунин буд дар аҳди Ғазнавиёни аввал).

Дар ин асос метавон гуфт, ки давлати Сомониён як навъ давраи гузаришро аз сар мегузаронд. Муборизаи он ду тамоюли мухталиф боиси он гардид, ки дар асрҳои IХ–Х амалдорони қаторӣ ва табақаи ҳарбиён аз иқтаъ ва тӯъма тамоман маҳрум карда шуданд ва дар ин кор ҳукумати марказӣ ҳанӯз дар мавқеи худ пойдор буд.

Дар бобати табақаи болои синфи ҳукмрон бошад, ҳукумати марказӣ маҷбур мешуд, ки ба онҳо беш аз пеш замин инъом кунад ва ягона коре, ки аз дасташ меомад, барои мулки меросӣ нашудани ин заминҳо мубориза мебурд ва гуфтан лозим, ки ҳамин муборизааш ҳам на ҳама вақт натиҷае медод. Шакке нест, ки дар вилоятҳои ғарбии хилофат (алалхусус, дар нимаи дувуми асри Х дар давлати оли Бӯя) ин тавр феодалӣ шудани ҷамъият хеле пеш рафта буд. Вале дар давлати Сомониён ҳам вазни қиёсии заминдории феодалӣ ё худ шартӣ (яъне замини инъомӣ) хеле калон буд.

Рентаи феодалӣ, ҳаёти деҳқонон ва неҳзатҳои халқӣ

Дар аҳди Тоҳириён ва Сомониён «тамғазании» деҳқонон, ки онҳоро то ба дараҷаи ғулом паст мекард, қатъ гардид ва зотан ба қатъи ин одати бераҳмонаву пурозор исёни Муқаннаъ дар Мовароуннаҳр (ки дар боло зикр карда будем) ва ҳамин гуна неҳзати тавонои халқӣ дар Озарбойҷон сабаб гардид. Ба ақидаи А.Ю.Якубовский дар ин давра миқдори бегорӣ андак кам шуд, зеро дар аҳди Сомониён деҳқонон барои дафъи ҳамлаи кӯчманчиён деворҳои қалъаҳоро таъмир намекарданд ва девори нав намесохтанд.[9] Вале ин гап чунин маъно надорад, ки дар он давра умуман миқдори рентаи феодалии замин ва истисмори феодалӣ кам ё суст шуда бошад. Инкишофи иқтаъ, бешак, истисмори феодалии деҳқононро хеле зӯртар кард. Аз дигар тараф, давлат миқдори муайяни хироҷро дар вақташ ғундошта мегирифт ва ҳатто дар як сол аз ҳисоби соли оянда ду бор ҳам хироҷ мегирифт. Ва ниҳоят дар асрҳои IХ-Х равнақу ривоҷи пуравҷи муносибатҳои пулию молӣ ҳам боиси хеле вусъат ёфтани рентаи замин гардид. Дар назари аввал барои тасдиқи ин иддао гӯё ҳеҷ далеле нест. Дар воқеъ, мувофиқи маълумоти маъхазҳои асрҳои IХ–Х хироҷи вилоятҳои гуногуни Осиёи Миёна, ки ба шакли пул ҳисоб карда мешуд ва миқдори муайяне дошт, дар ин давра гӯё ҳеҷ каму зиёд нашудааст. Вале ин фақат зоҳиран буд, дар асл бошад, миқдори хироҷ сол ба сол зиёд мешуд.[10] Инро аз маълумоти зерин фаҳмидан мумкин аст. Ба қавли Наршахӣ[11] хироҷи Бухоро аввалҳо аз 200 ҳазор дирами нуқра андак зиёд будааст. Вақте ки дирами қитрифӣ баромад, муқаррар карданд, ки як дирами нуқра ба 6 дирами қитрифӣ баробар аст, пас маълум мешавад, ки хироҷи Бухоро ҳам қариб 1200 ҳазор дирами қитрифӣ будааст.[12]

Баъдтар қурби дирами қитрифӣ боло рафта, қобилияти харидории он ба дирами нуқра баробар шуд. ҳукумат мисли пештара хироҷро бо дирами қитрифӣ меситонд. Ин бошад, чунин маъно дорад, ки миқдори хироҷ дар як муддати кӯтоҳ 6 баробар зиёд шуд. Зиёда аз ин – дар аввалҳои соли 835 қурби дирами нуқра ва қитрифӣ боз тағйир ёфт – акнун 10 дирами нуқра ба 20 дирами қитрифӣ не, балки ҳамагӣ ба 8,5 дирами қитрифӣ баробар шуд. Соли 921 бошад, 10 дирами нуқра ҳамагӣ ба 7 дирами қитрифӣ баробар шуда монд. Хуллас, агар миқдори пештараи хироҷро 100 фоиз ҳисоб кунем, соли 921 миқдори он ба 857 фоиз расид. Ин рақам, албатта, шартӣ мебошад ва бисёр дигар омилҳоро (тағйири нархи мол, озуқа ва ғ.) пурра ба ҳисоб гирифтан аз имкон берун аст. Вале ҳамин ҷиҳат бешак аст, ки дар муддати асрҳои IХ-Х миқдори хироҷи Бухоро зоҳиран тағйир наёфта бошад ҳам, аслан доимо зиёд мешуд. Маълум, ки ин ҳодиса дар дигар ҷойҳои Осиёи Миёна ҳам айнан чунин буд.

Боз як масъалае ҳаст, ки ба андозае норавшан мебошад – аниқ маълум, ки хироҷи замин ба чӣ шакл адо карда мешуд. Маъхазҳои давраҳои сонитар шаҳодат медиҳанд, ки дар Осиёи Миёна рентаи феодалӣ одатан ба шакли омехта рӯёнда мешуд, яъне хироҷ ҳам ба намуди маҳсулот, ҳам ба намуди бегорӣ ва ҳам бо пул адо мегардид ва зимнан беш аз ҳама ба намуди маҳсулот рӯёнда мешуд. Маъхазҳои асрҳои IХ-Х миқдори хироҷро фақат бо пул ифода кардаанд. Вале равшан кардан хеле муҳим мебошад, ки пули хироҷ бевосита аз худи хироҷдиҳанда гирифта мешуд ва ё миқдори хироҷ бо пул эълон гардида, баъд баробари ҳамон миқдори пул маҳсулот меситониданд. Агар аз худи хироҷдиҳанда пули хироҷ гирифта шавад, бо имони комил гуфтан мумкин, ки намуди пулии хироҷ афзалияти том дошт.

А.Ю.Якубовский ҳам тарафдори ақидае буд, ки «дар асрҳои IХ-Х пардохти пулакии хироҷ қисми асосӣ шуда буд».[13] Зотан А.Ю.Якубовский барои тасдиқи иддаои худ ба як ривояти Наршахӣ такя мекунад. Мувофиқи ин ривояти Наршахӣ, соли 874 ҳусайн ибни Тоҳир Бухороро ишғол намуда, хироҷи онро бо дирами қитрифӣ рӯёнд ва баъд онро ба нуқраи холис иваз карданӣ шуд.[14] Чи тавре ки мебинем, дар он давра хироҷ, дар воқеъ, пулакӣ ситонда шудааст. Пулакӣ ситонда шудани хироҷ воқеаи ягона набуд – барои исботи ин даъво хироҷи Бухороро мисол овардан кифоя аст – алалхусус, дар боло ҳам гуфта шуда буд, ки ҳукумат баъди баланд шудани қурби дирами қитрифӣ барои адои хироҷ ҳатто нуқраи холисро нагирифт ва талаб кард, ки хироҷ фақат бо дирами қитрифӣ дода шавад. Пулакӣ рӯёндани хироҷ дар асрҳои IХ-Х дар бисёр музофотҳои Ироқ ҳам расм буд.[15]

Бухоро яке аз марказҳои калонтарини ҳунармандӣ ва тиҷорат буд. Тамоми вилояти Бухоро дар муомилоти пулию молӣ фаъолона ширкат мекард. Чи тавре дар боло ҳам қайд кардем, ҳатто дар бисёр деҳаҳои атрофи Бухоро истеҳсоли мол равнақу ривоҷи том дошт. Вале истеҳсоли мол дар тамоми ноҳияҳои Осиёи Миёна баробар тараққӣ накарда буд ва дар ҳама ҷойҳо муносибатҳои пулию молӣ ба як дараҷа равнақ ёфта буд. Дар аксари вилоятҳо, алалхусус вилоятҳои аз марказ дур барои ривоҷи хироҷи пулакӣ ягон заминаи реалӣ вуҷуд надошт. Он маълумоти конкрете, ки дар даст дорем, фақат ба вилояти мутараққии Бухоро дахл дорад. Дар асоси маълумоти як вилоят дар бораи тамоми Осиёи Миёна ҳукм баровардан кори дуруст нест, фақат ҳаминро аниқ гуфтан мумкин, ки дар вилоятҳои гуногуни Осиёи Миёна хироҷ ба намудҳои гуногун гирифта мешуд.

Дар асрҳои IХ-Х гурӯҳи асосии истеҳсолкунандагон бевосита ба ду тақсим карда мешуданд: деҳқонони ҷамоатӣ ва деҳқонони иҷоракор. Умуман гирем, фарқи байни онҳо торафт ноаён мегардид, зеро на фақат деҳқонони безамин, балки деҳқонони камзамин ҳам заминро ба иҷора гирифта, чоряккор мешуданд.

Дар адабиёти оид ба таърих чунин ақидае изҳор шуда буд, ки дар Шарқ иҷора додани замин шакли асосии истисмори деҳқонон буда, худи деҳқонони иҷорагир дар зироат симои асосӣ ба шумор мерафт[16]. Вале агар фактҳоро ба назар гирем, бояд иқрор кард, ки дар шароити конкрети Осиёи Миёнаи асрҳои IХ-Х чи гуна вазну мавқеъ доштани ҷамоат ва иҷора додани замин ҳанӯз мавриди тадқиқ қарор нагирифтааст.

Шаклҳои маъмули истисмори феодалӣ (хеле афзудани рентаи феодалии замин: дар як сол ду бор хироҷи солона ситондан; равнақу ривоҷи иқтаъ ва тӯъма; иҷора додани замин ва ғайра), ки дар аҳди Сомониён вуҷуд дошт, боиси ҳамин гардид, ки аҳли сершумори меҳнат аз замин тамоман маҳрум шуда, батамом побанди заминдорони калон шуда монданд. Аҳли меҳнат – деҳқонону косибон зиндагии қашшоқона ба сар бурда, беш аз пеш хонабардӯш мешуданд.

Сомониён бошанд, аз ҳисоби халқ қасрҳои бошукӯҳ, мадрасаҳои бодабдаба ва масҷидҳои бокарруфар месохтанд ва тамоми хароҷоти он иморатҳоро аз аҳли меҳнат меситонданд. Ҳамаи ин зулму бедодиҳо боиси чандин шӯришу исёнҳои мардум гардид, ки зидди зулми тоқатгудози феодалӣ равона шуда буданд.

ҳанӯз худи Исмоили Сомонӣ дар соли якуми ҳукмронии худ шӯриши калони деҳқононро пахш карда буд. Роҷеъ ба ин шӯриш Наршахӣ гуфтааст: «Ва яке аз дуздон халқеро ба худ гирд карда буд ва аз авбошон ва риндони русто чаҳор ҳазор мард ҷамъ шуда буданд ва ҳама дар миёни Ромитан ва Баркад роҳ мезаданд ва наздик буд, ки қасди шаҳр кунанд»[17].

Шакке нест, ки дар ин ҷо сухан аз шӯриши деҳқонон меравад. Вале худи Наршахӣ, ки маддоҳи феодалҳо буд, тоби шӯриши халқ надошт ва шӯришгарону роҳбарони онҳоро «пойлучону роҳзанон» номидааст.

ҳаёти косибон низ бениҳоят вазнин буд. Шоири арабизабони тоҷик Абӯҳатими Варроқ, ки касби коғазсозӣ дошт, дар поёни умри худ, баъди 50 сол коғазсозӣ кардан бо дарду алам аз нодорӣ ва бенавоӣ шикваҳо карда, гуфтааст:

Зи варроқӣ, ки шуғли пасту ночиз аст,

Надорам рӯзгори хуш, забунбахтам.

Агар зистам, чу муфлис бенаво зистам,

Ва гар мурдам, ҳамоно бекафан рафтам.

Зиддияти асосии дохили давлати Сомониён аз муборизаи ду синф – аз як тараф, деҳқонону косибон, аз тарафи дигар, синфи феодалҳо ва табақаи ҳукм-рони онҳо ба миён омада буд.

Аксар вақт муборизаи синфӣ, ки бо баҳонаи иқтисодӣ (масалан, зиёд шудани хироҷ ва ғайра) сар мезад, ба худ пардае мепӯшид, ки он задухӯрди байни дини расмӣ ва бидъатҳоро ифода менамуд ва гуфтан лозим, ки мазлумон асосан зери байрақи ҳамин гуна бидъатҳо ба по мехестанд. Ин гуна шӯришҳо дар Бухоро, Систон, Чағониён ва ғайра шуда буданд.

Дар омади гап, қарматия ҳам як шакли динии эътирози ҳалқ бар зидди зулму истисмор буд. Дар ибтидои худ қарматия бисёр мазҳабу фирқаҳои тоисломӣ ва, аз ҷумла, баъзе ақидаҳои маздакияро ҳам дар бар мегирифт. Қарматиҳо талаб мекарданд, ки дар баробари вуҷуд доштани ғуломдорӣ мардум бояд ба тарзи зиндагии қадимии деҳотӣ бозгарданд, ки дар он ҷамоа, тамоми аъзоёни озоди он баробарҳуқуқ мебошанд. Тарғиби баробарии аъзоёни озоди ҷамоат ба сафи қарматия бисёр деҳқононро ҷалб намуд, ки онҳо дар зери зулми феодалҳо буданд. Сабаби дар Осиёи Пеш босуръат паҳн шудани қарматия маҳз ҳамин буд.

Дар асрҳои IХ-Х дар Осиёи Миёна бисёр неҳзатҳои халқиро ба фирқаи қарматия мепайвастанд. Бисёр равшанфикрони он давраҳо қарматияро василаи муборизаи зидди зулми иҷтимоӣ, василаи баробарии ҷамъиятӣ медонистанд.

Вале қарматия аз оғози пайдоиши худ пур аз зиддият буд. Ва ин зиддият, аз як тараф, неҳзати халқ буд ба муқобили тартиботи нави феодалӣ, аз тарафи дигар, баромади аъёну ашрофи феодалӣ ба муқобили ҳукумати марказӣ.

[1] Наршахӣ, Теҳрон, с. 63.

[2] Сухарева О.А., 1954, с. 28 ва мобаъд.

[3] Дар хилофати араб соҳибони заминҳое, ки дар ҷойҳои забтшуда мемонд, аксар вакт маҷбур мешуданд заминҳои худро ба халифа диҳанд, баъдтар он заминҳоро боз гаш-та мегирифтанд, вале акнун замин моликияти онҳо ҳисоб намешуд, балки онро ба ин ё он шарт мегирифтанд (Lokkӯgaard U., 1950, р.68-70, Lamӣton A.К.S., 1969, р.21,25-26).

[4] А.Ю.Якубовский (1949, с.37, 38; худи ӯ, дар китоби Тревер И.В. ва диг., 1950) дар бобе, ки роҷеъ ба асри IХ–Х аст, дар бораи созмони инъомоти феодалӣ ва заминдории шартӣ ҳарфе намезанад.

[5] Дар бораи пайдоиш ва таҳаввулоти иrтаъ дар Шарrи асрҳои миёна ниг.: Lokkӯgaard U., 1950, р. 58 ff; Саhеn С., 1953; Lamӣton А. К. S., 1967, 1969, р. 28-30, 53 ff.

[6] Давидович Е. А., 1954, с. 69–117; 1950 б, с. 154-257 ва диг.

[7] Крачковский И.Ю., 1957, с. 240.

[8] Rодирова Т., 1965, с. 38, 42.

[9] Якубовский А.Ю., 1949, с. 35-36.

[10] Ба ин Е.А. Давидович ҳам диrrати моро ҷалб карда буд.

[11] Наршахӣ, Теҳрон, 43–44; дар тарҷумаи Н. Ликошин хеле таҳрифот ҳаст.

[12] Мувофиrи маълумоти Наршахӣ–1168567, Ибни Хурдодбеҳ – 1189200, Маrдисӣ–1166897.

[13] Якубовский А.Ю., 1932, с. 16.

[14] Наршахӣ, Теҳрон, с. 92.

[15] Lamӣton А. К. S., 1969, р. 31–49.

[16] Якубовский А. Ю., 1934, с. 61–62; 1947.

[17] Наршахӣ, с. 95.

Назди admin

Инчунин хонед инро

hulbuk

ШАҲРҲОИ ОСИЁИ МИЁНА ДАР АСРҲОИ ХI–ХII

Тараққиёти босуръати шаҳрҳо, истеҳсолоти молӣ ва тиҷорати пулӣ аз муҳимтарин аломатҳои давраест, ки мо ба …