АСОСӢ / Таърихи тоҷикон / БУХОРО ПЕШ АЗ РУСҲО

БУХОРО ПЕШ АЗ РУСҲО

Қувваҳои истеҳсолкунанда

Масоҳати аморати Бухоро 180 ҳазор километри мураббаъро ташкил мекард.[1] Маҳалҳои ин сарзамин аз ҷиҳати ҷойгиршавии аҳолӣ яксон набуданд: водиҳои Зарафшон ва Қашқадарё сернуфуз ва Бухорои Шарқӣ нисбатан камнуфус ба шумор мерафтанд. Албатта, дар ин қисмати аморат водиҳое ҳам буданд, ки нуфуси хеле зиёд доштанд.

Ба сабаби набудани маълумотҳои статистикӣ муқаррар кардани миқдори саҳеҳи аҳолӣ имконпазир намегардад. Мувофиқи тахмини Е.Ф.Мейендорф (с. 1820) дар аморати Бухоро дувуним миллион кас мезистааст. Ба тахмини Н.В.Хаников (с. 1841) теъдоди аҳолии ин мамлакат ду-дувуним миллион нафар аст.[2] Мо барои охири асри ХIХ маълумоте (ҳамчунин тахминӣ) дар даст дорем, ки тибқи он нуфузи аморат якуним – ду миллион кас будааст.[3] Шояд миқдори аҳолии аморати Бухороро 2 миллион кас тахмин кардан дуруст бошад. Қисмати асосии аҳолӣ аз ӯзбекон ва тоҷикон (маҷмӯан 80%) иборат буда, аз паси онҳо туркманҳо (10% аҳолӣ), арабҳо, қазоқҳо, қирғизҳо ва дигарон ба шумор мерафтанд. Агарчи ҳудуди нисбатан бештар ва ё асосан иқомат доштани тоҷикон дар шаҳру деҳоти аморати Бухоро ва хонии Хӯқанд мавчуд буд, дар бисёр ноҳияҳо онҳо якҷоя бо ӯзбекон мезистанд, чунон ки дар миёни сокинони бисёр деҳаву шаҳрҳои ӯзбекнишин тоҷикон ҳам буданд, дар аксари   маҳалҳои   тоҷикнишин    ӯзбекон   низ  зиндагонӣ   мекарданд.[4]

Ин ду халқи бо ҳам алоқаи хеле наздикдоштаро робитаҳои хешовандӣ, маданӣ ва иқтисодӣ муттаҳид месохтанд.

buxoro_Таносуби аҳолии муқимиву бодиянишин ва шаҳру деҳотро фақат ба тахмин метавон муқаррар кард. Зоҳиран, дар ибтидои асри ХIХ 40% аҳолиро одамони кӯчӣ ва нимкӯчнишин ташкил медоданд,[5] аммо дар охири аср миқдори онҳо 35% гардид ва худи кӯчиҳо аз 15% бештар набуданд. Аз ин бармеояд, ки на фақат камшавии вазни нисбии ин қисмати аҳолӣ, балки тақсими нави дохилии он бо афзудани фоизи одамони нимкӯчнишин ба амал меомад. Аз эҳтимол дур нест, ки дар шаҳрҳо фақат даҳяки аҳолӣ, ҳатто аз ин ҳам камтар зиндагонӣ мекарданд, яъне нуфузи деҳот назар ба шаҳр бартарии мутлақро соҳиб буд.[6]

Дар нимаи дувуми асри ХVIII ва хусусан дар нимаи аввали асри ХIХ дар аморати Бухоро ва хонии Хӯқанд корҳои бузурги обёрӣ анҷом дода шуданд. Муҳимтарин шабакаҳои обёрии водии Фарғона дар ҳамин вақт ба вуҷуд омаданд. Бо номи қ ӯ ш п у л ӣ андози махсус ҷорӣ гардид, ки маблағҳои ба ин восита ҷамъовардаро аввалҳо барои кандани каналҳои нав истифода мебурданд ва баъдтар барои эҳтиёҷоти дигар низ сарф мекардагӣ шуданд. Каналу ҷӯйборҳоро на фақат ҳукумат, балки феодалони калон ҳам месохтанд, ки сонитар аз ҳисоби истисмори деҳқонони дар заминҳои обӣ зироаткунанда сарвати худро меафзуданд. ҳангоми кандан ва тоза кардани каналҳои давлатӣ мардуми гирду атрофро маҷбуран ба ҳашар ҷалб менамуданд. Таъмири иншооти гидротехникӣ низ ба ҳамин минвол анҷом меёфт, фақат барои нигоҳ доштани дарғоти Чӯпонато баҳору тирамоҳ панҷҳазоркасӣ ба кори маҷбурӣ бурда мешуд.[7]

Дар қатори заминҳои обӣ киштзорҳои лалмӣ ҳам, ки одатан дар баландиҳо, нишебиҳо ва доманаи кӯҳҳо воқеъ мегардиданд, бисёр буданд. Дар заминҳои обӣ усули киштгардони се-панҷқитъавӣ (майдони ришқа ба киштгардон намедаромад) татбиқ карда мешуд. Олоти меҳнат хеле содда буд. Бо омоч шудгор мекарданд. Ду навъи омоч ба кор бурда мешуд: омочи калон барои шудгори мазрааҳои саҳро, ки онро барзагов мекашид ва омочи хурд барои шудгори полиз, ки онро ба хар мебастанд. Ба воситаи омоч замин чунон шудгор карда мешуд, ки барои хокгардон эҳтиёҷе намемонд.[8] Сипас, бо мола ва сихмола хоки замини шудгоршударо майда ва ҳамвор мекарданд. К а л а н д аз муҳимтарин ва қулайтарин олатҳои зироат маҳсуб меёфт ва бесабаб нест, ки то имрӯз дар Осиёи Миёна хеле васеъ ба кор бурда мешавад. Якчанд навъи бел вуҷуд дошт, вале доираи истифодаи он назар ба каланд маҳдудтар буд. Бо дос дарав мекарданд ва ин олати меҳнат ҳам чанд хел мешуд. Деҳқонони камбағалтар ҳосили даравкардаи худро дастӣ бо кӯба ё тӯхмоқи вазнин мекӯфтанд. Барои бод кардани хирман бел ё панҷшохаи чӯбиро ба кор мебурданд. Дар боғдорӣ аз каҷкорд истифода мекарданд. Дар кӯҳистон чигина ва дар водӣ хелҳои гуногуни аробаи дучарха вазифаи нақлиётро адо менамуд.

Барои пурзӯр кардани замин ба киштзор пору ва хоки теппаҳоро мепошиданд, ки дар таркиби худ бисёртар селитра дошт. Албатта, ин корро ҳам фақат заминдорони бою бадавлат карда метавонистанд. Онҳо ба ҳар гектар замини кишт аз се то шаш ҳазор пуд пору, то дувоздаҳ ҳазор пуд хок мерехтанд. Гоҳо ба ҷои пору ахлоти кӯҳнаи пӯсидаро низ истифода мекарданд.

Роҷеъ ба сохт ва таркиби майдонҳои кишти заминҳои обӣ дар давраи ба Россия ҳамроҳшавӣ мадракҳои сершуморе мавҷуданд. Чунончи, дар ноҳияи Хуҷанд 60% заминро киштзори ғалла (аз он нисфаш гандум, баъд ҷуворӣ ва шолӣ, камтар ҷав ва арзан) ташкил менамуд. Тақрибан 14% майдон аз боғу токзор иборат буд. Пахтаи ҷойдорӣ 11,5%, ришқа 6,4%, обчакорӣ 4,6% майдонро ишғол менамуд. Умуман чунин тақсими зироат аксаран хоси водиҳост, аммо бояд таъкид кард, ки дар ин бобат байни ноҳияҳои ҷудогона тафриқаҳои калон вуҷуд доштанд. Дар маҳалҳои ба шаҳр наздик бештар боғдорӣ ва обчакорӣ равнақ меёфт. Дар боғҳо ангур, себ, нок, анор, зардолу, бодом, анҷир, тут ва ғайра парварида мешуданд, ки бо навъҳои олии худ шӯҳрат пайдо карда буданд.[9] Дар баъзе ноҳияҳо мавқеи асосиро зироатҳои саноатӣ ишғол менамуданд, ки муҳимтарини онҳо пахта, тамоку, зағирпоя ва растаниҳои рангӣ буданд.

Дар асарҳои тадқиқии таърихшиносӣ аксар вақт таъкид мешавад, ки техникаи хоҷагии қишлоқ хеле содда ва ибтидоӣ буд. Бешак, ин дуруст аст. Аммо дар ин маврид набояд ба кӯтоҳназарӣ роҳ дод ва ин баҳоро умуман ба хоҷагии кишлоқ раво донист. Мутолиаи дақиқи мадракҳо нишон медиҳад, ки таҷриба ва малакаи дар зарфи ҳазорон сол ҳосилшуда бар абас нарафтааст. Дар Осиёи Миёна тарзҳои ниҳоят оқилонаи истеҳсолоти хоҷагии қишлоқ дар ҳамон дараҷаи тараққиёти техникаи хоҷагии қишлоқ ва муносибати обу замин ба вуҷуд омада, дар амал ҷорӣ гардида буданд. Усули зироати обии ба шароити хоку иқлими  ноҳияҳои гуногун мувофиқ, ки дар он бисёр омилҳо аз пешбинии халқии обу ҳавои сол сар карда, то савияи боздошти оби зеризаминӣ ба назар гирифта мешуданд, таҳия гардида буд. Деҳқон меҳнати хеле зиёде сарф намуда, заминро барои зироат омода месохт. Барои равшантар гардидани ин матлаб ба тариқи мисол дар парвариши  пахта таваққуф  мекунем: Пахта дар замине кишт карда мешуд, ки пештар дар он ҷо ғалла, хусусан ҷойҷуворӣ ва  ҳамчунин зироати лӯбиёӣ  парвариш ёфта бошад. Пас аз ҷамъоварии зироати пешина заминро шудгор карда, то охирҳои тирамоҳ дам  медоданд, ё худ чунон ки  мегӯянд «офтоб мехӯронданд». Сонӣ, яхоб медоданд, ки ин усул то ҳол маъмул аст. Мақсад аз ин дар вақти фаровонии об пешакӣ заминро бо об сер кардан буд. Дар аввали баҳор пору пошида, дафъаи якум шудгор мекарданд, аз паси он об мемонданд. Баъди даҳ рӯз дувумбора аз қаду бар такроран шудгор карда, бо каланд хокро нарм менамуданд. Сонӣ, мола мекарданд. Пунбадонаро 4–5 рӯз дар дегҳои калон тар карда монда, баъд ба замин мепошиданд ва бо мола ба рӯяш хок мекашиданд, ё худ аксар вақт ҷӯякҳо сохта пунбадонаро ба пуштаҳои он мешинонданд. Дар ҳавои гарм пас аз 10 рӯз он аз зери хок неш зада мебаромад. Баъди 10 рӯзи дигар киштзорро каланд мекарданд. Пас аз чанд вақт деҳқони пахтакор заминро дафъаи дувум каланд мекард, вале ин бор андаке чуқуртар. Баъд чеканка мекарданд.

Киштзори пахтаро хишова карда, аз алафҳои бегона тоза менамуданд ва сафолакҳои дар натиҷаи обёрӣ ба вуҷудомадаро бо каланд нарм мегардонданд. Аз рӯи ҳисоби як мутахассиси пуртаҷриба тақрибан чил амали заҳматталабро анҷом додан лозим меомад, то ба чидани пахта шурӯъ намоянд.

А.Ф.Миддендорф дар бораи деҳқонони Фарғона навишта буд: «Қобилияти корӣ ва ҳунари бузурги бо меҳнати сахт ба худ мутеъ сохтани табиат ва ба воҳаҳои биҳиштосо табдил намудани биёбонҳои ҳомун дар ин мардум бурдбории махсусеро парваридааст…».[10]

Дар овони бачагӣ ва ҷавонӣ ман бо рафиқони ҳамсолам дар ин корҳо иштирок доштам. На фақат парвариши пахта, балки дарави дастии ғалла ва бисёр корҳои дигари зироат хеле душвор ва пурмашаққат буд. Ҷавонони рустоии имрӯзаи тоҷик ва ӯзбек ягон қадар тасаввуре надоранд, ки бобоёнашон як луқма нони худро бо чӣ миқдор арақи ҷабин ба даст меоварданд. Дар айни замон, дар миёни ҳамқишлоқиёни ман устодони моҳири хоҷагии қишлоқ, агрономҳои модарзоди таҷрибаи садҳо наслҳоро азхудкарда низ буданд. Онҳо аз хурдтарин нишона ва аломате метавонистанд обу ҳавои соли ояндаро пешгӯӣ кунанд ва медонистанд, ки барои кишт, обмонӣ ва дигар корҳои зироат кадом вақт беҳтар ва мувофиқтар аст. Дар байни онҳо боғбонони гулдаст ҳам буданд, ки усулҳои гуногуни пайванд ва парвариши олитарин навъҳои дарахтони меваро медонистанд. Бояд гуфт, ки боғдорӣ ҳам шуғли осон набуд. Масалан, ба анор дар як сол аз 6 то 10 бор об додан лозим меомад. Дар ноҳияҳои кӯҳистон канал сохтан душвор буд, муддати кӯтоҳи расиши растанӣ ва замини санглох корро боз ҳам мураккабтар менамуд. Яке аз сайёҳони рус дар ҳайрат афтода буд, ки мардуми кӯҳистон аз майдонҳои худ бемуҳобот миллионҳо адад санг ҷамъ мекарданд.

Дар баробари мавҷуд будани анъанаи ғании зироаткории Осиёи Миёна набояд аз он чашм пӯшид, ки дониши илмии ҳозиразамон, аз ҷумла, илми агрохимия ба ин сарзамин роҳ намеёфт, техникаи хоҷагии қишлоқ ба дараҷаи ибтидоӣ буд ва истифодаи обу замин бо усулҳои аз даҳан мондаи феодалӣ сурат мегирифт. Бинобар ин, ба меҳнати хеле зиёд ва маҳорати деҳқонон нигоҳ накарда, самараи хоҷагии қишлоқ ночиз буд.

chorvo_gusfandЧорводорӣ тақрибан дар тамоми вилоятҳои аморати Бухоро тараққӣ мекард. Вай хусусияти возеҳи экстенсивӣ дошт. Мардуми водинишин аз чорводорӣ дида бештар ба зироаткорӣ машғул буданд. Ба истиснои одамони давлатманд, ҳар як хоҷагӣ 1–2 сар чорво дошт, он ҳам аксаран аз гову барзагов ва хеле кам аз бузу гӯсфанд иборат буд. Дар хоҷагии тоҷикони кӯҳистон ва Помир чорводорӣ мавқеи дараҷаи аввалро ишғол менамуд ва аз ҷиҳати аҳамияти худ бо зироаткорӣ, ки бо он робитаи узвӣ дошт, комилан ҳамвазн буд: бе пору ҳосил хеле кам мерӯид, бе чорво корҳои хоҷагии кишлоқ анҷом намеёфт, вай ба мардум хӯрок ва пӯшок муҳайё мекард. Аз ин ҷиҳат ҳам гов дар ҷои аввал меистод ва гӯсфанду буз мутобиқан ҷойҳои дуввум ва севумро ишғол менамуд. Чун дар фасли зимистони дуру дарози кӯҳистон омода сохтани хӯроки чорво ба сари ҳар охур бо душвориҳои зиёде муяссар мегардид, миқдори рамаҳо маҳдуд буд.

Чорводории тоифаҳои нимкӯчнишин ва алалхусус кӯчӣ хусусияти дигар дошт. Рамаҳо ва ҳамроҳи онҳо аҳолӣ, ё худ як қисми он, гоҳо фақат чӯпонҳо аз як чарогоҳ ба чарогоҳи дигар мегузаштанд. Давраи дар чарогоҳ нигоҳ доштани чорво хеле мураккаб ва тӯлонӣ буд. Чаронидани рама маҳорати калон, донистани чорво ва чарогоҳ ҷасорат ва мардонагиро талаб мекард. Бе сабаб нест, ки дар бораи туркҳои қарлуқ ҳамчун гӯсфандпарварони моҳири шӯҳратёфта дар байни халқ мегуфтанд: «Қарлуқ забони гӯсфандро медонад» ё ки «Қарлуқ модари гӯсфанд аст». Қунғродҳо дар шутурпарварӣ ва лақайҳо дар асппарварӣ машҳур буданд. Қирғизҳоро басазо чорводорони мумтоз медонистанд. Аммо миқдори чорвои онҳо бисёр набуд. ҳар як хонадони қирғизҳои ҷанубӣ ба ҳисоби миёна 1,8 сарӣ гов, 3,1 сарӣ асп ва 12,8 сарӣ гӯсфанд дошт. Чорвои қисми асосии аҳолӣ амалан аз ин ҳам камтар буд, зеро давлатмандон чандин ҳазорсарӣ чорворо соҳибӣ мекарданд  (масалан, дар байни қарлуқҳо касоне буданд, ки ҳар яке 20–25 ҳазор сар гӯсфанд дошт). Миқдори гову гӯсфанди чорводорони камбағал ба дараҷае кам буд, ки барои то охири сол таъмин кардани хӯроки хонаводаашон намерасид. Ҷут, яъне дар натиҷаи ях бастани чарогоҳ ва аз ҳад зиёд боридани барф саросар талаф шудани чорво, боз як балои даҳшатангезе буд.[11]

Аҳолии шаҳр дар баробари касбу ҳунар ва тиҷорат ба заминкорӣ ҳам машғул  мешуд. В.В.Радлов дар бораи Самарқанд аз рӯи таассуроти соли 1868 ҳатто навишта буд: «Самарқандиҳо ба саноат кам шуғл доранд, дар ин ҷо ҳамагӣ чанд фабрикаи бофандагӣ ҳасту халос, машғулияти асосии аҳолӣ боғдорӣ, истеҳсоли абрешим ва пахта аст»[12]. Дар навбати худ дар деҳот истеҳсолоти ҳунармандӣ тараққӣ карда буд. Чунончи, Т.С.Бурнашев соли 1795 хабар дода буд, ки аҳолии деҳоти Бухоро «мисли шаҳриён» ба касби бофандагӣ машғуланд ва онҳо низ на дар бинои махсус, балки дар хонаи худ кор мекунанд. Андаке пештар соли 1781 М.Бекчурин навишта буд, ки дар Бухоро «…фабрикаҳои номӣ вуҷуд надоранд, фақат фабрикаҳои хурди матоъҳои абрешим ва пахтагии одамони соҳибихтиёр мавҷуданд, аксаран дар хонаҳои худ читу хомсуф мебофтаанд…»[13].

Мувофиқи ахбори сайёҳон, касбу ҳунари деҳот ба дараҷаи кофӣ ривоҷ ёфта буд.[14] Аммо дараҷаи тараққиёт ва такомулоти техникии касбу ҳунари шаҳр баландтар буд.

Сайёҳони асри ХIХ аксар вақт савияи пасти инкишофи истеҳсолоти ҳунармандиро таъкид кардаанд. Ин ҳолат аз он ваҷҳ рӯй додааст, ки мушоҳидони онвақта ба воқеияти Осиёи Миёна ба воситаи маншури саноати фабрикию заводии рус (ва ё Европаи Ғарбӣ) назар афкандаанд. Лекин дарвоқеъ, истеҳсолоти ҳунармандӣ, чунон ки аз ахбори онҳо, санадҳо ва мадракҳои этнографӣ маълум мешавад, ба дараҷаи баланди тараққиёт расида буд. Пеш аз ҳама, Бухоро, Тошканд, Қаршӣ, Самарқанд, Шаҳрисабз, Хӯқанд, Хуҷанд ва Ӯротеппа барин шаҳрҳои калон маркази касбу ҳунар ба шумор мерафтанд.

Аз рӯи ҳисоби О.А.Сухарева дар Бухоро 75-90 ҳазор кас, яъне бештар аз сеяки тамоми аҳолии шаҳрнишини аморат зиндагонӣ мекард. Бар тибқи мушоҳидаи Н.В.Хаников дар соли 1841 тоҷикон «нуфуси асосии шаҳри Бухороро ташкил медоданд».[15] Мувофиқи ҳисоби тахминии Е. Мейендорф дар соли 1820 онҳо ба миқдори аз чор се ҳиссаи теъдоди умумии аҳолии пойтахти аморат буданд.[16] Ин сайёҳ асосан ба касбу ҳунар машғул шудани тоҷиконро хотирнишон карда, ба сифати корбарӣ ва ҳамчунин ба тараққиёти умумӣ, пеш аз ҳама тараққиёти мадании онҳо баҳои баланде додааст. Чунон ки мегӯяд: «Тоҷикон коргар ва меҳнатдӯстанд ва ба пешаҳои гуногун қобилияти зиёде доранд: онҳо ҳам тоҷир, ҳам ҳунарманд ва ҳам деҳқонанд ҳаёти бодиянишинӣ барояшон ягон фараҳмандӣ намебахшад. Аксари онҳо хонда ва навишта метавонанд ва ба истиснои рӯҳониён, қисмати  маданитари  аҳолии Бухороро ташкил мекунанд.[17]

Истеҳсолоти ҳунармандӣ дар ҳаёти иқтисодии аморат роли муҳим мебозид. Аксари аҳолии шаҳр аз косибону ҳунармандон иборат буд. Дар Бухоро тақрибан 10-15 ҳазор пешаварон мезистанд, ки бо хонаводаи худ қариб чоряки   аҳолии   шаҳрро ташкил медоданд.

Касбу ҳунар ихтисосҳои зиёдеро фаро мегирифт. О.А.Сухарева, ки касбу ҳунари Бухорои асри Х1Х-ибтидои асри ХХ-ро тадқиқ карда буд, мадракҳои хеле ҷолиб ҷамъ намудааст. Ҷузъиёти масъаларо ба рисолаи ӯ ҳавола карда,[18] фақат тақсиму гурӯҳбандиҳои зеринро хотирнишон менамоем. Қариб сад пешаи ҷудогона вуҷуд дошт, ки дар соҳаҳои зерин гирд омада будааст: 1) сохту пардохти фулузот; 2) коркарди лиф; 3) бинокорӣ; 4) даббоғӣ; 5) либосдузӣ; 6) таббохӣ; 7) дигар касбу кор ва машғулиятҳои тайёр кардани ашёи рӯзгор. ҳар як соҳа дар навбати худ ба бисёр гурӯҳу навъҳои касб ҷудо мешуд. Чунончи, сохту пардохти фулузот ба панҷ гурӯҳ тақсим гардида буд: 1) оҳангарӣ; 2) дегрезӣ; 3) мисгарӣ; 4) рехтагарӣ; 5) заргарӣ.

Дар айни замон, худи як гурӯҳи оҳангарӣ чунин пешаваронро дар бар мегирифт: а) челонгар; б) наългар; в) қуфлсоз; г) кордгар; ғ) сӯзангар; д) мехчагар.

Ин  қабил  тақсиму гурӯҳбандиҳои  зиёде  дар  дигар  соҳаҳои касбу ҳунар низ вуҷуд дошт.

Мадракҳои архивӣ ва  этнографии роҷеъ ба касбу ҳунарҳои мардуми Хуҷанд ва Ӯротеппаи асри ХIХ – ибтидои асри ХХ мавриди мутолиа ва баррасии мутахассисон қарор гирифтаанд.[19] Аз ҳамроҳ шудан ба Россия дере нагузашта аҳолии шаҳри Хуҷанд ба 20 ҳазор нафар наздик расид. Пешаварон бо хонаводаҳои худ  қисми муҳимми аҳолии шаҳр, зоҳиран, чунон ки дар шаҳри Бухоро мушоҳида мешуд, тахминан чоряки аҳолии шаҳрро ташкил мекарданд. Зиёда аз 100 навъи истеҳсолоти ҳунармандӣ вуҷуд дошт. Аз он байн касби бофандагӣ равнақи бештаре пайдо карда буд. Хуҷанд дар қатори Бухоро ва Хӯқанд яке аз муҳимтарин марказҳои истеҳсолоти бофандагии Осиёи Миёна ҳисоб меёфт.[20] Ин хусусияти иқтисодиёти Хуҷанд хеле барвақт ба зуҳур омада буд. Ба ҳар ҳол дар мақолаи беимзои «Роҷеъ ба вазъияти  кунунии баъзе вилоят ва шаҳрҳои  Осиёи Миёна» (с. 1826) гуфта мешавад, ки «аҳолии Хӯқанд ва Хуҷанд» ба Россия (ба Петропавловск) бисёр пахта, абрешим, маҳсулот ва матоъҳои абрешимӣ ва пахтагӣ, аз ҷумла, ҷома меоранд.[21] Кулолӣ дар истеҳсолоти ҳунармандии Хуҷанд назар ба Бухоро мавқеи муҳимтаре дошт.

Дар шаҳри Ӯротеппа аз 1041 дӯкони косибон 187-тоаш дар деҳаҳои калон воқеъ гардида, ҳамаи боқимондааш дар шаҳр ҷой гирифта буд. Ин шаҳр бо истеҳсоли лавозимоти пашмӣ, корд ва устура (поку) шӯҳрат пайдо карда, маснуоти он на фақат эҳтиёҷоти дохилиро қонеъ мегардонид, балки ба берун ҳам содир карда мешуд.[22].

Дар Тошканд, ки аз ҷиҳати нуфус ба Бухоро наздик мешуд, машғулияти асосии аҳолӣ аз зироат ва тиҷорат иборат буд. Вазни нисбии касбу ҳунар назар ба Бухоро камтар буд, вале ба ҳар ҳол маҳсулоти гуногун таҳия мегардид. Беш аз ҳама касби бофандагӣ ва истеҳсолоти чӯянрезӣ ривоҷ дошт.[23]

Таҷҳизоти техникии истеҳсолоти ҳунармандӣ нисбатан паст ва ниҳоятдараҷа кӯҳнаву анъанавӣ буд. Касодии техника ҷиҳатҳои хоси тарзи истеҳсолоти феодалист. Чунон ки В.И.Ленин ишора карда буд: «Қонуни усулҳои истеҳсолоти пеш аз капитализм ба андозаи пештара, дар асоси пештара такрор кардани протсесси истеҳсолот аст…» хоҷагии натуралии деҳқонон, истеҳсолоти касбии саноатчиён аз ҳамин қабил аст.[24]

Истеҳсолоти бофандагӣ бештар тараққӣ карда буд ва дар он ҷо як дараҷа механиконии меҳнат (чархи поякӣ, дастгоҳи бофандагӣ) ба кор бурда мешуд.[25] Бе сабаб нест, ки маҳз истеҳсоли матоъ соҳаи асосии саноати феодалӣ гардид, ки бо бозоргирии маҳсулот ва баъдтар бо вусъати ҳаҷми коргоҳҳои худ тафовут мекард.[26] ҳунармандони Осиёи Миёна дар тайёр кардани маснуоти заргарӣ, кулолӣ, ҳаккокӣ ва ғайра маҳорати комил пайдо карда буданд.

Маводи хомро барои истеҳсолоти ҳунармандӣ аз хоҷагии қишлоқ ва ҳам аз истихроҷи маъдан ба даст меоварданд. Мушоҳидони рус аксар вақт ба вазъи истихроҷи маъдан тамоман баҳои манфӣ медоданд (Е.Ф.Мейендорф, Хорунжий Н.И.Потанин, П.И.Неболсин ва диг.). Бисёр фулузот, аз ҷумла, оҳан, тилло, нуқра ва ғ. дар ҳақиқат аз Россия кашонда мешуд. Бо вуҷуди ин, дар Осиёи Миёна истихроҷи маъдан кам набуд, вале ба сабаби ҳанӯз дар ҳолати ибтидоӣ воқеъ гардидани тариқи истихроҷ ва хеле афзун будани талабот эҳтиёҷи кишварро тамоман рафъ карда наметавонист. Миқдори зиёди тилло дар Бухорои Шарқӣ бо усули заршӯӣ ҳосил карда мешуд.[27] Дар кӯҳҳои ҳисор, Помир (дар Ванҷ) ва дигар маҳалҳо маъдани оҳан, дар Кӯҳи Танг, кӯҳсори Фарғона ва Варзоб сурб (қӯрғошим) истихроҷ мекарданд. Дар Фарғона ҳамчунин кони нуқра мавҷуд буд. Дар ҳама ҷо намак ҳосил карда мешуд, онро ҳам ба шакли дурда (масалан, дар ноҳияи Қамишқӯрғон, райони ҳозираи Ашт, дар ҷануби Тоҷикистон) ва ҳам ба шакли намаксанг (конҳои машҳури намаки рангини кӯҳҳои Ғузор, намаки кӯҳи Хоҷамӯъмини наздики Кӯлоб ва ғ.) ба даст меоварданд. Барои тайёр кардани борут аз шӯра (селитра) ва гӯгирд, ки дар маҳалҳои гуногун конҳои худро доштанд, истифода бурда мешуд. Дар кӯҳистони Бадахшон ва  Фарғона  ҳар гуна ҷавоҳирот ва сангҳои қиматбаҳо, аз қабили лаълу ёқут, фирӯза, санги лоҷувард ва амсоли инҳо ба даст оварда мешуданд.

Ҷамъбасти ҳамаи мадракҳои мавҷудаи роҷеъ ба саноати маъдан [28] пешрафти муайянеро дар истихроҷи сарвати зеризаминии асри ХIХ мавриди тадқиқ нишон медиҳад.

Дар ин пешрафт, ғайр аз сабабҳои умумӣ, дар ҷустуҷӯи конҳо иштирок намудани инженерҳои маъданшиноси рус, ки бо даъвати ҳукмронони давлатҳои хонӣ ба Осиёи Миёна омада буданд,[29] ҳамчунин ҳамон русҳое, ки хоҳу нохоҳ дар ин сарзамин иқомат доштанд, низ роли муайяне бозид.

Тадқиқи сарчашмаҳо нишон медиҳад, ки ноҳияҳои ҷудогонаи кори пурмаҳсули саноати маъдан ба ташаккул шурӯъ намуданд. Фарғона бо кӯҳҳои атрофи худ, ки конҳои тилло, нуқра, сурб, оҳан, мис, нафт, ҳамчунин намак ва сангҳои қиматбаҳо доштанд, яке аз ҳамин қабил ноҳияҳо ба шумор мерафт.[30] Дигар аз чунин ноҳияҳо дар самти муқобил, интиҳои ғарбии Осиёи Миёна ҷазираи Чилкон буд.[31]

Ҷамъиятҳои   пешаварон  (сехҳо) – коргоҳҳои  пешаварон  ба вуҷуд омада буданд. К.Маркс ва Ф.Энгелс дар «Идеологияи немис» ба ҷамъиятҳои пешаварони  асри  миёнаи Европаи ғарбӣ, аз ҷумла, чунин  тавсифот додаанд: «Тақсими меҳнат дар шаҳрҳо байни ҷамъиятҳои пешаварони ҷудогона ҳоло (комилан) ибтидоӣ буд, вай дар дохили худи ҷамъиятҳо ҳам байни коргарони ҷудогона тамоман гузаронида намешуд. ҳар як коргар мебоист чанд корро бидонад, аз ӯҳдаи ҳар коре, ки бо асбобу абзораш кардан лозим бошад, баромада тавонад; маҳдудияти тиҷорат ва робитаи сусти байни ҳамдигарии шаҳрҳои ҷудогона, бенавоии аҳолӣ ва камии талабот ба тақсими минбаъдаи меҳнат мамониат мекарданд, бинобар ин ҳар касе, ки усто шудан мехост, мебоист касби худро ба ҳадди аъло аз худ мекард»[32].

Ин тавсифотро комилан ба Осиёи Миёна ҳам нисбат додан мумкин аст. Ин имкон медиҳад, ки моҳияти ҷамъиятҳои пешаварони осиёимиёнагӣ, бо вуҷуди тафовуташон аз ҷамъиятҳои Европаи ғарбӣ, ҳамчунин хусусияти маҳдудии тахассусҳои косибону ҳунармандон амиқтар дарк карда шавад. Дар доираи ҷамъияти пешаварон чанд навъи ячейкаи ибтидоӣ вуҷуд дошт. Оддитарини он ҳавзаи лифбофон буд, ки дар он мавқеи асосиро шакли ҷамоатӣ-хонаводагии ташкили истеҳсолот ишғол менамуд, аммо ҷамъият набуд. Дар дигар соҳаҳо усули дуузва (усто–шогирд) ё худ сеузваи ташкили кор (усто-халифа, усто шогирд) мавҷуд буд. Шогирд аввалҳо фақат хӯрок мегирифт, баъдтар андак музд ҳам мегирифтагӣ шуд. Аслан усули шогирдӣ яке аз тарзҳои истисмор ба шумор мерафт. Пайдоиши усули сеузва (аксаран дар истеҳсолоти бештар ривоҷёфта – бофандагӣ, кафшдӯзӣ, чӯянрезӣ) аз вусъати зиёди истеҳсолоти молӣ шаҳодат медод. Дараҷаи боз ҳам баландтари тараққиёти он аз мавҷудияти нахустин падидаҳои коргоҳи парокандаи саноатӣ ва афзоиши миқдори мардикорон низ аён мегардад. Дар давлати хонии Хӯқанд, дар арафаи ҳамроҳ шудан ба Россия, қӯрхонаи давлатӣ бо милтиқхона ва тӯпхонааш вуҷуд дошт. Устоҳои яроқсоз музд ва хӯрокворӣ (нон, гӯшт, чой ва ғайра) мегирифтанд, баъзан аз андози замин ҳам озод мешуданд[33], шояд ин яке аз шаклҳои  (иловагии)  музди меҳнати онҳо буд.

Дар бораи коргоҳи парокандаи саноатӣ як силсила маълумот дар даст дорем. Чунончи, П.И.Пашино (с. 1866) навишта буд, ки дар истеҳсолоти бофандагӣ, масалан, як хӯҷаин «…ба хонаводаҳои шиносаш– ба яке тоза кардани пахта, ба дигаре нахресӣ, ба севумӣ бофандагӣ, ба чорумӣ рангрезӣ ва амсоли инро тақсим карда медиҳад, ки дар ин сурат ба вай на сохтани бинои коргоҳ, на харидани дастгоҳ ва на додани музди вақти бекорнишинии коргар лозим намеояд». Ва боз: «…дар ин ҷо ҳам, мисли Россияи мо, қисмати зиёди заҳмат ба зиммаи занон ва наврасон меафтад, ки онҳо бо тоза кардани пахта, ресидани нах, ба найча печонидани ресмон ва ғайра машғуланд.»[34] Ба қавли П.И.Неболсин «агар дар Бухоро ягон чизи фабрикамонанд вуҷуд дошта бошад, пас ин муассисаҳоест, ки ба матоъ гулҳои қолабӣ мепартоянд, ҳам ба бофандагон калоба ва ҳам ба хайётаҳо барои дӯхтан ҷомаҳои буридаро тақсим карда медиҳанд».[35]

Миқдори муассисаҳои калон аз миёнаҳои асри ХVIII хеле афзуд. Николай Григорйеви юнонӣ, ки муддати зиёде дар Бухоро зистааст, доир ба миёнаҳои ин аср чунин хотирнишон менамояд: «Фабрикаи мануфактурӣ фақат якест, ки моли ҳамон Раҳимбек (Раҳимбӣ –Б.Ғ.) мебошад ва он ҳам на он қадар калон буда, шоҳиворӣ ва махмал истеҳсол мекунад…».[36]

Дар солҳои 60-уми асри ХIХ вазъият ба куллӣ тағйир ёфт. Гурӯҳи соҳибони давлатманди коргоҳҳои ҳунармандӣ пайдо шуданд, ки сарвати зиёдеро ба дасти худ ҷамъ намуданд. Қисмати косибони оддӣ тамоман дигар буд. «Коргари бофанда,– менависад А.Д.Гребенкин,– аз соатҳои 3–4 то нисфи шаб ва то намози шом нах ба нах кори худро иҷро мекунад. Рӯзе на бештар аз як соат дам мегирад».[37]

Муносибатҳои   иҷтимоӣ  дар   истеҳсолоти  ҳунармандӣ   ҳамоно феодалӣ буд. Чунон ки дар боло гуфта шуд, шогирд ҳамеша мавриди истисмор қарор мегирифт ва аз он ки шогирд аксар вақт писар ва ё хеши хӯҷаин буду дар хонаи вай мехӯрду мезист, ҳолаш беҳтар намешуд. Халифа ҳангоми даромадан ба кор аз хӯҷаин маблағи зиёд бунак мегирифт ва дар сурати тарк кардани кор мебоист онро баргардонад.[38] Азбаски ин дар амал аз имкон берун буд, халифа то охир побанди хӯҷаин шуда мемонд. Умуман сармояи фоидахӯрӣ мавқеи калонро ишғол мекард. Судхӯрҳо аз ҳазор танга ҳар моҳ бист танга мегирифтанд ва дар як сол ситонидани қариб 25%,   яъне 250 сӯм фоида  амри табиӣ ҳисоб меёфт. Аксаран ҳаққи қарз аз ин ҳам зиёдатар мешуд.

Чи навъе ки С. Айнӣ шаҳодат медиҳад, «дар он вақтҳо дар деҳот судхӯрони заминдор ба деҳқонони камбағал ҳар сад тангаро ҳар моҳе то ба даҳ танга ба фоида мемонданд».[39] Бисёр воқеъ мешуд, ки қарздор дар вақташ ҳаққи қарз ва ё тамоми қарзро адо карда наметавонист ва судхӯр ба ивази он бо зӯр духтарони ӯро мегирифт.[40] Ин буд, ки мардум нисбат ба судхӯрон нафрат мепарвариданд.[41]

Чунон ки К.Маркс хотирнишон менамояд, сармояи фоидахӯрӣ истеҳсолотро «ба ҳолати фалокатбор расонида, ба ҷои ин ки қувваҳои истеҳсолкунандаро тараққӣ диҳад, онҳоро фалаҷ мекунад, дар айни замон шароити ночизи ҷамъиятиеро абадӣ мегардонад, ки дар он ҳосилнокии ҷамъиятии меҳнат, мисли истеҳсолоти капиталистӣ, аз ҳисоби худи меҳнат намеафзояд».[42]

Косибону ҳунармандон дар системаи муносибатҳои иҷтимоию иқтисодии давраи мавриди тадқиқи мо муқобили феодалон қарор гирифта буданд. Дар айни замон, муборизаи синфӣ дар дохили табақаи ҳунармандон ҳам давом мекард ва шаклҳои шадидтаре, аз қабили корпартоии шогирдону халифаҳоро ба худ мегирифт.

Пешаварон дар шаҳрҳо гурӯҳ-гурӯҳ ҷойгир мешуданд, чунон ки аҳли ҳар касб бо ҳамкасбони худ дар як маҳалла сокин мегардид. Масалан, дар шаҳри Бухоро бофандагон ду маҳалро маскан намуда, оҳангарону челонгарон низ дар ду маҳалла ва рехтагарон дар як маҳалла ҷой гирифта буданд. Дар шаҳри Хуҷанд бофандагон дар маҳаллаҳои Раззоқ ва Сари Баланди қисми шарқии Қалъаи Нав ва оҳангарон дар се маҳал иқомат мекарданд. Пешаварони Тошканд ҳам аз рӯи касбу ҳирфаашон маҳалли сукунати худро муқаррар карда буданд.[43]

Чи навъе ки Ф.Энгелс дар хусуси шаҳрҳои асримиёнагӣ навишта буд, «дар паси он деворҳову хандақҳо касбу ҳунари асрҳои миёна инкишоф меёфт,– дуруст аст, ки вай бо рӯҳи сехии бюргерӣ хеле оғушта ва маҳдуд буд,– сармояҳои нахустин ҷамъ мешуданд, эҳтиёҷи бо ҳам ва дигарон хариду фурӯш кардани шаҳрҳо ба вуҷуд меомад…»[44]

Тиҷорат

Н.В.Хаников таъкид мекунад, ки Бухоро, Самарқанд ва Қаршӣ марказҳои асосии тиҷорати аморати Бухоро маҳсуб меёфтанд.[45] Ба радифи ин марказҳо Шаҳрисабз ва дар Бухорои Шарқӣ ҳисор ва Кӯлобро низ бояд дохил намуд. Дар давлати хонии Хӯқанд калонтарин марказҳои тиҷорат Хӯқанд, Тошканд, Марғилон, Андиҷон, Намангон, Ӯш, Ӯротеппа ба шумор мерафтанд.

Он вақт протсесси аз саноат ҷудо шудани тиҷорат ҳоло ба анҷом нарасида буд: дӯкон дар як вақт вазифаҳои ҳам фурӯшгоҳ ва ҳам коргоҳи косибонро адо мекард,[46] зеро дар Осиёи Миёна низ, монанди кишварҳои асримиёнагии Европа «косибону ҳунармандон он вақтҳо дар айни ҳол тоҷир ҳам буданд».[47]

samarqand-Дар шаҳрҳо тиҷорат дар бозорҳои махсус сурат мегирифт. Бозор масоҳати калонеро ишғол менамуд. Бозори асосии шаҳри Тошканд, ба қавли А.П.Хорошхин «…бисёр калон ва оригиналист. Фақат дар рӯзи дарози тобис-тон метавон тамоми гӯшаву канори онро паймуд». Бозори Хӯқанд ҳам «…хеле калон ва покиза аст, мисли бозори Тошканд ҷо-ҷо тим дорад».[48] Бозори Ӯротеппа низ қариб тамоман пӯшида буд,[49] бозори Хуҷанд ҳам ҳамчунин. О.А.Сухарева дуруст қайд мекунад,  ки «хусусияти хоси тарҳи шаҳрҳои Осиёи Миёна  аз ин иборат буд, ки дар чорсӯи хиёбонҳои асосӣ марказҳои савдо воқеъ гардида, дар ин ҷо тими дарози гунбаздор сохта мешуд ва аз байни он кӯча мегузашт ва дар ду тарафи он андаруни тим дӯконҳо саф мекашиданд. Маркази савдои Самарқанд ва Шаҳрисабз ин гуна тим дошт; дар Бухоро панҷ тим мавҷуд буд, ки ин аз равнақи тиҷорати Бухоро ва ободии бозорҳои шаҳр гувоҳӣ медиҳад. Чунин иморатҳои бозорро дар  Самарқанду  Шаҳрисабз  «чорсу»,  дар   Бухоро  «тоқ» мегӯянд».[50]  Маркази  шаҳри Бухороро тамоман бозорҳо ишғол карда буданд, дар майдони Регистон ва дигар майдонҳо низ дӯконҳо вуҷуд доштанд, ҳатто дар назди  дарвозаҳои шаҳр ҳам бозор мавҷуд буд. Дӯконҳо на он қадар калон буда, бо ҳам зич ҷо мегирифтанд, растаҳои бозор ҳар яке ба моли муайяне тахсис ёфта буд. Илова бар ин, корвонсаройҳои бисёре буданд (дар солҳои 40-уми асри ХIХ миқдори онҳо ба 38 мерасид ва пасонтар боз ҳам зиёдтар гардид). Дар корвонсарой тоҷирони мусофир ва маҳаллӣ иқомат мекарданд, дар он ҷо анбор, дӯкон, устохона, саисхона ва ғайра мавҷуд буд. Як қисми корвонсаройҳо ба хонҳо тааллуқ дошт, қисми дигар моли вақф ба шумор мерафт ва қисми    боқимонда   аз   они   шахсони   ҷудогона    буд.[51] Корвонсаройҳо дар ташкили тиҷорат роли хеле муҳим бозӣ мекарданд. Гуфтан кофист, ки мувофиқи маълумоти Н.  В.  Хаников  (с.  1841)  ба Бухоро ҳар сол иборат аз  12–15 ҳазор шутур корвон меомад[52] ва он ҳама борҳо, одамон, аспу аробаҳо асосан дар корвонсаройҳо ҷой мегирифтанд.

Дар миёнаи солҳои 60-ум бозори асосии шаҳри Тошканд 16 корвонсарой ва тақрибан 2400 дӯкон дошт (дар сурате, ки дар шаҳр ҳамагӣ 4584 дӯкон мавҷуд буд). Бозор тахминан сӣ растаи махсусро дар бар мегирифт[53]. Дар шаҳрҳои дигар миқдори корвонсаройҳо камтар  буд. Чунончи, дар  шаҳри   Хӯқанд соли 1841 шаш корвонсарой вуҷуд дошт, ки «дар дутоаш сокинони шаҳр тиҷорат мекарданд ва боқимондааш хизмати корвонҳои муттасил ояндаву равандаро баҷо меовард».[54]

Дар солҳои 70-ум шаҳри Хуҷанд ҳамагӣ 5 корвонсарой дошт.[55] Миқдори он дар шаҳри Ӯротеппа сето буд. Дар хусуси ин корвонсаройҳои Ӯротеппа М.С.Бекчурин хотиррасон мекунад, ки ҳамаи онҳо моли шахсони ҷудогона мебошанд. Дар яке 28 дӯкон мавҷуд буда, моликияти хусусии савдогарони кӯтарафурӯши маҳаллӣ ба шумор мерафт. Ду корвонсарои дигар чун маскани тоҷирони мусофир хизмат мекарданд, зимнан, дар яке аз онҳо судхӯрони ҳиндуи сокини Ӯротеппа иқомат доштанд.[56]

Дар Самарқанде, ки нуфусаш дар асри ХIХ аз Бухоро ду-дувуним баробар кам буд[57], дар давраи ҳамроҳ шудан ба Россия, ки он вақт аҳолиаш тахминан ба сӣ ҳазор расид, бештар аз 2400 дӯкон (ҳамроҳи 712 дӯкони корвонсаройҳо) дошт.[58]

Дар марказҳои бузурги тиҷоративу ҳунармандӣ савдои дохилишаҳрӣ равнақ меёфт, зеро аҳолии сершумори шаҳрҳоро бо маснуоти гуногуни пешаварон таъмин кардан лозим меомад.[59] Дар айни замон, як қисми муҳими молҳо барои рафъи эҳтиёҷоти деҳқонон ба деҳот фиристода, дар навбати худ, аз он ҷо барои истеҳсолоти ҳунармандӣ маводи хом оварда мешуд. Шаҳр бо чунин деҳкадаҳои атрофи худ ноҳияи микроиқтисодиро   ташкил мекард.[60]

Дар қария ва деҳкадаҳои калон ба истилоҳ «даври бозор» вуҷуд дошт. Масалан, дар Бухоро бозори Когон рӯзи сешанбе, бозори Баҳоуддин рӯзи чоршанбе ва ғ., дар Самарқанд бозори Ҷамбой рӯзи якшанбе, бозори Меҳнат рӯзи душанбе ва ғ. барпо мегардид. Албатта, анвои молҳо ва хусусияти харидуфурӯш дар ин ҷо дигар буд. Чунон ки В.В.Радлов мегӯяд: «дар ин бозорҳо савдо фақат эҳтиёҷи деҳқононро қонеъ мегардонад, ки онҳо маҳсули меҳнати худро мефурӯшанду чизҳои барояшон заруриро харид мекунанд».[61]

Дар қатори ин савдои дохилии шаҳру деҳот, ҳамчунин савдои нисбатан калони байни шаҳрҳо ва вилоятҳо амал мекард. Бисёр шаҳру вилоятҳо бо  навъи муайяни маҳсулоти ҳунармандӣ ва молҳои фурӯшии худ шӯҳрат доштанд (масалан, ҳисор бо ханҷар ва гӯсфанд, Ӯротеппа бо корд, Хуҷанд бо адрасу шоҳӣ, Қаршӣ бо алоча ва ғайра).

Калонтарин бозорҳои вилоятӣ, умуман, маркази тиҷоратии давлатҳои хонии Осиёи Миёна ба шумор мерафтанд. Алалхусус, савдои  байни  аморати  Бухоро,  давлатҳои  хонии  Хӯқанд  ва  Хева равнақи зиёде пайдо карда буд. Моли бисёре аз кишварҳои хориҷӣ: Афғонистон, ҳиндустон, Қошғар ва Эрон кашонда мешуд. Дар иқтисодиёти давлатҳои хонӣ мақоми махсусеро тиҷорат бо Россия ишғол менамуд (дар ин бора муфассалан дар фасли ҷудогона   сухан   хоҳад  рафт).   Маҳз   шаҳрҳои  калон   муҳимтарин марказҳои  тиҷорати  байнивилоятӣ ва  хориҷӣ  ҳисоб  мешуданд; табиӣ, ки ин тиҷорат хусусияти кӯтарафурӯшӣ дошт.

Дар савдои калони хориҷӣ ҳукмронҳо, хешу ақрабои онҳо, амалдорони олимақом, ҳамчунин савдогарони «касбӣ» ширкат менамуданд. ҳамин савдогарони сарватманд иттиҳодияи махсуси худро доштанд. Рӯихати махсуси хонӣ буд, ки дар он номи савдогарони бадавлатро зикр мекарданд. Дар сари ин иттиҳодия корвонбошӣ меистод. Ба ин вазифа интихоб гардидани корвонбошӣ бо фармони амир тасдиқ карда мешуд. Корвонбошӣ сардори кулли савдогарони мулки Бухоро маҳсуб меёфт.

Савдогарони миёна ва хурд иттиҳодияи худро аз рӯи раставу бозорҳо ташкил дода буданд, ки ба он оқсақол сардорӣ мекард. Аксаран  аз рӯи  принсипи хонаводагӣ ширкати  савдогарон таъсис карда мешуд. Савдогарони калон -мирзоҳои худро доштанд. ҳангоми харидуфурӯш даллолу қосидҳо ва воситачиву амонатфурӯшҳо иштирок мекарданд.[62]  Савдогари калон дар  шаҳр  нишаста, аксар вақт танҳо амалиёти тиҷоратро бо маблағ таъмин менамуд,  дигар   ҳамаи   корҳоро  ҳар гуна   ходимони   тиҷоратхона анҷом медоданд. Масалан, Миралибои Хӯқандӣ дар солҳои охири мавҷудияти давлати хонии Хӯқанд ихтиёри хариди тамоми пахтаи мамлакатро   ба   дасти худ   гирифта буд.   Ин   аз  он   сабаб барояш мумкин гардид, ки ӯ ба пули хон тиҷорат мекард.

Аз Бухоро ба Россия аксаран на худи савдогарони калон, балки хизматчиёни онҳо сафар мекарданд, ки аз 30 то 50 фоизи даромадро мебоист ба савдогар медоданд.[63] А. Гребенкин навишта буд: «Бо кори тиҷорат тавассути дигарон ҳатто муллоҳо, имомҳо, мударрисҳо, эшонҳо, қозиҳо, амлокдорҳо ва оқсаққолҳо – алқисса, ҳамаи касоне, ки як миқдор пули зиёдатӣ доштанд, машғул мешуданд»,[64]

Калонтарин савдогари Самарқанд дар ибтидои асри ХIХ намояндаи номдори  бузургзодагони  олимақоми  Бухоро Муҳаммад Давлатбии иноқ буд, ки муддати дароз дар Самарқанд ҳукмронӣ кардааст. Вай дар соли 1810 ба вақфи фақат як худи мадрасаи Улуғбек 123 дӯкон ва ҳамчунин каппону анборҳо васият намуд.[65]

Дар сурате ки савдогарони сарватманд ва даллолони калон даромадҳои ниҳоят зиёд ба даст меоварданд, майдасавдогарон ва дӯкондорони хурдафурӯш «…ба фоидаҳои ночиз ва бисёр вақтҳо ба он бозёфте, ки барои серии худ ва хӯроки аспашон кифоят мекард, қаноат менамуданд».[66]

Харобии роҳҳо ва набудани амният чи дар роҳу чи дар шаҳр пеши тараққиёти тиҷоратро мегирифт. Дар роҳҳо аз дасти ғоратгарон ва дар шаҳрҳо аз тарафи ҳокимони ҳарис молу ҷони савдогарон ҳамеша дар хатар буд. Боҷу хироҷ ва иҷорапулӣ ҳадду андоза надошт. Ғайр аз ин, доимо хавфи мусодира таҳдид менамуд. Ба қавли Аҳмади Дониш, дар замони ҳукмронии амир Насрулло «баъзе уламои ҳақношиноси манғит ҳозираро ба назар гирифта, мулку моли фуқаро ҳамагӣ аз они подшоҳ аст, раоёро моликият ба ашёе нест, агар ҳар чиз подшоҳ аз ҳар як раия ситонида гирад, тасарруф дар мулки худ кардагӣ мебошад, заҷр ва зулм нест, гуфта фатво ҳам дода буданд».[67]

Заминдории феодалӣ. Аҳволи оммаи халқ

zamindoriУсули заминдории феодалӣ дар охири асри ХVIII-нимаи аввали асри ХIХ, умуман ҳамон тавре ки дар замонҳои гузашта буд, боқӣ монд.[68] Вале бо вуҷуди ин, баъзе тафовутҳо дар истилоҳот ва сохти заминҳои хусусӣ ба миён омаданд, ки он ҳам дар ҳар маҳал гуногун буда, дар давоми ҳамин давраи мавриди баҳс низ ба дигаргунӣ дучор мешуданд. Ин масъала хеле мураккаб аст ва ба миқдори зиёди тадқиқот нигоҳ накарда, бисёр ҷиҳатҳои он мӯҳтоҷи омӯзиш мебошад.[69]

Дар ҳаёти иҷтимоии ин давр усули танхоҳ –тариқи хизматона ба шахсони ҷудогона инъом намудани қитъаи замин, як ва ё якчанд деҳ ва ҳатто вилояти тамом, ки даромади он комилан дар ихтиёри танхоҳдор буд, мавқеи муҳим дошт. Баъзан соҳиби танхоҳ ғайр аз молиёте, ки ба фоидаи худ ҷамъ мекард, музде ба маблағи муайян аз хазинаи амир низ дарёфт менамуд. Танхоҳ метавонист, на  ин ки тамоми даромади солонаи замин, балки як ҳиссаи онро ташкил намояд. Дар баъзе мавридҳо ин ба худ бидуни инъоми замин як навъ шакли нафақаи пулиро мегирифт.

Усули танхоҳ аз оғози ҳукмронии сулолаи Манғития ба таври васеъ ҷорӣ гардид. Ба қавли Ф. Ефремов (солҳои 70-уми асри ХVIII) «ба оқсаққолони калон ивази мавоҷиби пулӣ ва ғалла замин дода мешавад, ки аз он мадохили бузурге ба даст медароранд».[70]

Амир Насрулло ҳамчун падари худ дар ҷойҳое, ки исёни қабилаҳои ҷудогона ва шӯриши халқҳо рӯй медод, «аксари умарои элдор ва номварро ба замин нишонид».[71] Дар яке аз фармонҳои амир ҳайдар дар бораи таъин кардани ҳокими вилояти Нурато ва ҳам дар хусуси он ки ӯ бояд хироҷи ҷамъоваришавандаро ба эҳтиёҷоти қӯшун сарф намояд, сухан меравад.[72] Аммо дар бораи ба хазинаи давлат супурдани қисми боқимондаи хироҷ чизе гуфта нашудааст. Аз эҳтимол дур нест, ки вай ҳамчун як навъ танхоҳ ба ҳоким инъом шуда бошад.

Аксар  вақт минтақаҳои на   чандон  калон  ба  тариқи танхоҳ ба шахсони гуногуни соҳибмансаб, аз он ҷумла, ба сипоҳиён инъом  карда  мешуданд. Миқдори танхоҳдорон дар  чоряки  аввали асри ХIХ фақат дар аморати Бухоро аз  12 то 36 ҳазор нафар ба шумор мерафт. Агар танхоҳдор ба ҷои дигар кӯчад, танхоҳи нав дода мешуд. ҳаҷми танхоҳ ба рутбаи шахс алоқаманд буд: соҳибони рутбаи поинтари ҳарбӣ аз 3 то 5 гектар замин мегирифтанд, аммо шахсони олирутба,  аз қабили саркардаҳо як деҳаи тамомро бо садҳо гектар замин,  осиёб ва дигар дороиҳояш  ба даст  медароварданд.[73] Агар  писар мансаби падарро ишғол намояд, ба танхоҳи ӯ низ соҳиб мешуд. Гоҳо пас аз марги танхоҳдор замини инъомии ӯ ба ворисони бепарастормондааш низ тақдим мегардид. Аз баъзе санадҳо бармеояд, ки он вақтҳо тамоюли меросӣ гардонидани усули танхоҳ вуҷуд доштааст.

Дар мулкҳои кӯҳистонии Бухорои Шарқӣ танхоҳ дорои хусусиятҳои ба худ хосе буд. Дар ин ҷо на замин, балки хоҷагиҳои деҳқонӣ ба танхоҳ дода мешуд. Шахсони поинрутба чанд хоҷагиро, вале бӣ, додхо ва соири амалдорони баландрутба ҳар яке чанд деҳаро бо садҳо хоҷагиҳои деҳқонӣ ба сифати «танхоҳ» инъом мегирифтанд. Онҳо ҳар сол ба ҳиссаи маълуми ҳосилоти деҳқонӣ соҳиб гардида, дар айни замон, аҳолии деҳаҳои зердасти худро ба корҳои хоҷагии шахсии худ низ ҷалб менамуданд ва ба ҳар роҳе, ки метаво-нистанд, истисмор мекарданд. Аз ин сабаб ба танхоҳи гузаштани хоҷагиашон ба деҳқонон ниҳоятдараҷа рӯзҳои сахтеро пеш меовард.

Таассуби динӣ, ки аз замони ҳукмронии Шоҳмурод сар карда, хеле қувват гирифта буд, ба вусъат ёфтани заминҳои вақф роҳ кушод. Дар заминҳои вақф кор кардан низ барои деҳқонон пурмашаққат буд. Зеро онҳо дар заминҳои вақф тамоми сол аз субҳ то шом кор карда, танҳо аз чор ва ё аз панҷ як ҳиссаи ҳосилотро мегирифтанд ва бештар ба мутаваллиҳо вобаста шуда, озодии худро аз даст медоданд. Ба таври васеъ ҷорӣ гардидани усули танхоҳ ва ба фоидаи танхоҳдор ҷамъоварӣ шудани молиёт, ҳамчунин вусъат ёфтани заминҳои вақф ба даромади хазинаи давлати хонӣ таъсир накарда наметавонист. Ин буд, ки амир Насрулло усули ярғу – мусодираро ба роҳ андохт.[74]

Дар Бухоро ҳаҷм ва миқдори андозҳо торафт меафзуд. Дар аҳди амир Музаффар (1860–1885) кор ба дараҷае расид, ки на фақат аз замини зироат, балки аз замини нокорам низ хироҷ меситониданд ва дар ин маврид чунин баҳонаеро пеш меоварданд, ки гӯё ки ин замин ба сабаби камҳавсалагии деҳқон нокишта мондааст.[75]

Аз боғу токзор, кишти юнучқа, полиз ва обчакорӣ андозе ба номи «танобона» ситонида мешуд. Дар ибтидои асри ХIХ амирони Бухоро ба ҳар таноб замин маблағе муқаррар намуда, хостанд ин навъ андозро ба хироҷи расмии замин табдил диҳанд. Дар номаи амир ҳайдар соли 1807–1808 чунин гуфта шудааст: «…аз ҳар таноб ба маблағи як тилло танобона гиред. Агар (соҳиби он) ба додани як тилло розӣ нашавад, он гоҳ ба тариқи мол сеяки ҳосилро ситонед[76]. Соли 1860 дар вилояти Самарқанд тақрибан сеяки хироҷ бо пул пардохта шуд.[77] Дар хонии Хӯқанд дар миёна ва нимаи дувуми аср танобона қариб тамоман ба шакли пул рӯёнда мешуд, ки ба ин ваҷҳ онро «танобпулӣ» мегуфтанд. Дар ин ҷо аз токзор назар ба обчакорӣ дувуним баробар зиёдтар андоз ситонда мешуд.

Дар маҳалҳои гуногуни аморати Бухоро ҳаҷми хироҷ як хел набуд. Баъзан вай ҳаҷми муайянеро дошт: масалан, аз ҳар таноб замини кишт як тангаву севуним килограммро ташкил мекард. Дар мавриди дигар як танга дар баҳор ва дар тирамоҳ як тангаву 6,5–7 кг ғалла ситонда мешуд. Тарзи дигари пардохтани танобона ҳиссаи ҳосилот ба шумор мерафт: чунончи, 2/5, 1/3, 1/5, 1/6, 1/8 қисмати ҳосилро хироҷ ташкил менамуд. Вале ҳокимон аксаран ҳаҷми хироҷро то нисфи ҳосил мерасониданд. Масалан, дар солҳои  1842–1843 хироҷи замин дар давлати хонии Хӯқанд, ки одатан ба ҳаҷми сеяки ҳосил рӯёнда мешуд, то нисфи ҳосил афзун гардид. Яке аз ҳокимони Тошканд андози заминҳои зироатро 2,5 баробар ва дар баъзе маҳалҳо 3–4 баробар зиёд кард. Дар ҳудуди асрҳои ХIХ ва ХХ тамоюли то 40% ҳосил афзудани ҳаҷми хироҷ дар аморати Бухоро низ мушоҳида мешавад »[78]

Рӯидани ҳосили фаровон боиси хушнудии деҳқон намегардид, зеро дар натиҷаи ин ҳаҷми андоз ҳам меафзуд: масалан, аз даҳ ботман ҳосили гандум деҳқон мебоист чор ботманашро ва аз ҷав ҳатто панҷ ботманашро ба хироҷ диҳад. Соҳиби замин пас аз даравидани ҳосил ғалларо кӯфта, ба хирман мерехт. Ҷамъкунандагони хироҷ ба сари хирман омада, як қисми ғалларо барои имоми масҷиди маҳалла ҷудо мекарданд. Агар хироҷ аз панҷ як ҳиссаи ҳосилро ташкил диҳад, бақияи ғалларо ба панҷ ҳисса тақсим карда, аз ҳиссаи   деҳқон (ё заминдор) миқдори муайянро барои саркор, мироб, оқсаққол ва мирзо мегузоштанд. Мабодо деҳқон то омадани ҷамъкунандагони хироҷ ба хирман даст расонида бошад, тамоми ҳосилро мусодира карда, худи деҳконро сахт ҷазо медоданд. Аксар вақт ҷамъоварии хироҷро ба ягон шахс ба орият мефурӯхтанд ва он шахс аз деҳқон маблағи боз ҳам зиёдтареро «фишурда» мегирифт[79].

Дар аморати Бухоро вақти даравро на ин ки худи деҳқон, балки амлокдор (қаламрави бекҳо ба амлокҳо тақсим мешуд) муқаррар менамуд – вай дар ҳама ҷо дар як вақт шурӯъ мегардид. Ба пухта рехтани донаҳои гандум касе парво надошт. Агар дарав баробар дар як вақт сар шавад, ба ҳифзи ҳосил назорат кардан барои амлокдор осонтар буд. Бандҳои гандумпояро дар майдони дарав ғарам карда мемонданд. Амлокдор ба воситаи ходимонаш – доруғаҳо хурдагирона назорат мекард, то ки деҳқон ягон мушт ғалларо ба хонааш набарад.

Доруға баъди аз назар гузаронидани ғарамҳо барои кӯфтан иҷозат медод. Ғаллаи кӯфта ва боддодашуда «нишон зада мешуд»: «таки хирман ва чанд ҷои болои онро аз паҳлӯҳояш гил мемолиданд ва доруға дар нӯки он бо аломатҳои худ як пора кулӯх мегузошт. Ғалла муддати дароз дар хирмангоҳ мехобид, деҳқонҳо гуруснагӣ мекашиданд, аммо дар ҳамин вақт амлоқдор ва муқаррабонаш ҳосили замини худро бо нархҳои хеле гарон ба фурӯш мерасониданд. Ниҳоят, пас аз гирифтани пешкаш, амлокдор бо аҳли рикобаш ба сари хирман меомад. Миқдори ғалларо бо тахмини худ ошкоран аз будаш зиёд муайян мекард ва хироҷро ҳам ба қиёси тахмини амлокдор муқаррар менамуданд. Гоҳо чунин ҳодиса ҳам рӯй медод, ки деҳқон ва ё оқсаққол ба тахминан аз будаш зиёд муайян кардани ҳосил муқобилат мекарданд. Он гоҳ эътирозкунандагонро мезаданд ва ҳатто ба зиндон мепартофтанд. Амлокдор ҳосили замини касони соҳибнуфуз ва сарватмандро ба ивази ришва аз будаш хеле кам нишон медод. Албатта, ҳам дар аморати Бухоро ва ҳам дар давлатҳои хонии Хӯқанд ва Хева ҳар рутба амалдорон низ деҳқононро ғорат карда, насибаи худро мерӯёниданд».[80] Мақоми амлокдори Бухоро ё саркори Хӯқанд бағоят сердаромад буд. «Мадохили» ҳарсолаи саркорони Хӯқанд дар нимаи дувуми асри ХIХ 10–15 ҳазор сӯмро ташкил менамуд.

Вақте ки андозҳо ба шакли пул ситонда мешуданд, амир нархи маҳсулоти зироатро муқаррар менамуд. Усулан, вай мебоист ба нархи бозор баробар меомад, вале амалан онро хеле баланд мебардоштанд.

«Дар натиҷаи ин гуна андозғундорӣ деҳқононе, ки дар асл дар вақти андозандозӣ тороҷ дида буданд, дар вақти пардохтани пули андоз тамоман хонавайрон шуданд ва маҷбур гардиданд, ки баъзеҳошон заминҳошонро бо нархи арзон ба бойҳо фурӯхта, баъзеҳошон ҳайвоноти корӣ ва асбоби хонаашонро фурӯхта пули андозро диҳанд. ҳатто баъзе деҳқонон маҷбур шуданд, ки писару духтарҳошонро ба бойҳо фурӯхта, «қарзи ҳукумат»-ро адо намоянд, ё ин ки духтарҳошонро бо номи «духтархона» ва писарҳошонро бо номи «ғуломбача» ба ҳукумат ба ҷои андоз баҳо карда диҳанд».[81]

buxaraАҳволи корандагони замин боз ҳам бадтар буд. Онҳо, одатан, бояд то сеяки ҳосилро мепардохтанд, вале чунин расм гардида буд, ки барои корандагон фақат аз панҷ як ҳисса ҳосил боқӣ мемонд (ҳиссаи ҳосиле, ки коранда мегирифт, ҳамчунин вобаста ба он буд, ки ӯ бо чорво ва олоти худ кор кард ва ё аз они хӯҷаинро истифода намуд). Ба замми ин, ҳиссаи коранда аз қисмати баъди адои хироҷ мондан ҳосил муайян карда мешуд. Соли 1843 дар ноҳияи Бухоро Идрисбой ном шахс аз мулки  Мулло Фозилҷон қитъаи заминеро ба иҷора гирифт. Дар аҳднома чунин гуфта шуда буд: «…ба ӯҳда мегирам, ки ин заминро пору дода, шудгор карда, хуб кишт мекунам, боғоту дарахтонро парварида, сабзу хуррам нигаҳ медорам. Аз тамоми ҳосилоте, ки аз 14 таноб замини зикршуда мерӯяд, нисфаш аз они ман ва нисфи дигар аз они Фозилҷони номбурда хоҳад буд. Гуфту фармони Мулло Фозилҷонро бечунучаро ба ҷо меорам ва ҳар вақт, ки саҳлангорӣ карда, дар ин замин кор накунам, бигузор замини зикршударо аз ман пас бигиранд…».[82] ҳамчунин ду дафъа ситонидани хироҷ ба таомул даромада буд: бори аввал аз тамоми ҳосилот ва бори дувум аз ҳиссаи корандаи замин, ки маҷбур буд ҳамаи супоришоти соҳиби заминро бегуфтугӯ иҷро намояд. Хусусан, вақте ки корандагон дар ихтиёри иҷорагирони замин кор мекарданд, ҳоли боз ҳам табоҳтаре ба сари онҳо меомад: иҷорагирони қитъаҳои калони замин аз онҳо ба фоидаи худ ҳиссаи иловагии ҳосилро «фишурда» мегирифтанд. Иҷорагири замин на фақат деҳқонони ҷудогона, балки як гурӯҳ деҳқононе ҳам буданд, ки заминро шарикона (пайкол) киштукор мекарданд. Ин тариқа ширкатҳо аз он сабаб ба вуҷуд омада буданд, ки аксари деҳқонон ҷуфти гов ва олоти кишоварзӣ надоштанд. ҳиссаи пайкол дар байни ширкаткунандагони он аз рӯи саҳми молӣ тақсим карда мешуд. Дар натиҷа  узви бенавотари пайкол, ки арақи ҷабин рехта кор мекард, қути лоямутеро соҳиб мегардид.

Дар қатори деҳқонон, безамин мардикорон ҳам буданд, ки мавриди истисмори сахт қарор гирифта, музди ночизе ба даст меоварданд.

Деҳқонон бисёр андозҳои иловагӣ низ мепардохтанд. Монанди «миробона» (барои обёрии замин), «алафпулӣ» (барои юнучқазор), «қӯшпулӣ» (барои ҷуфти гов), «яксарӣ» (барои ҳар сари чорво, аз қабили асп, хар ва барзагов), инчунин барои чидани ҳезум, гузаштан аз пул ва ғайра андозҳои нав пайдо шуда, аҳволи гурӯҳҳои истеҳсолкунандаи мамлакатро боз бештар вазнин мегардонид. Чунон ки А.А.Семёнов дуруст қайд мекунад, «…боре, ки ба дӯши деҳқони азиятдидаи Бухоро гузошта мешуд,   дарвоқеъ ҳам тоқатфарсо буд»[83]

Барои аҳолии кӯчӣ ва нимкӯчӣ молиёти аз ҳама миёншикан «закот» ба шумор мерафт. Ин навъ молиёт аслан мебоист аз чил як қисми чорворо ташкил медод. Аммо амалан тамоман таври дигар буд. Ба қавли яке аз шоҳидон, ҷамъ кардани закот «… дар Хӯқанд бо чунон сӯиистеъмолҳо сурат мегирифт, қирғизҳои он ҷо ҳар сол қариб аз бист як қисмати чорвои худро медоданд»[84].

Дар миёнаҳои асри ХIХ закотро бештар ба шакли пул мегирифтагӣ шуданд. Сарчашмаҳо иттилоъ медиҳанд, ки дар давлати хонии Хӯқанд ҷамъ кардани закот ба як навъ азимати низомии омилони хироҷ ба нишемангоҳи қирғизҳо табдил ёфта буд. Қирғизҳо ҳар гоҳ ба муқобили ҷамъкунандагони закот сар мебардоштанд. Дар    ин сурат дастаҳои калонтари низомӣ фирис-тода, ғайр аз закот «амонпулӣ» ҳам меситонданд.[85]

Ба деҳқонон лозим меомад, ки маҷбуриятҳои гуногунро низ адо намоянд. Яке аз маҷбуриятҳои хеле вазнин ҳашар буд. Ин истилоҳ дар он замон корҳои маҷбуриеро, ки  деҳқонон бояд иҷро мекарданд, ифода менамуд. Сохтан ва таъмир кардани каналҳо, иншоотҳо, роҳҳо, инчунин киштукор ва ниҳолшинонӣ дар заминҳои амир ё хон аз ҳамин қабил корҳо ба шумор мерафт. Гоҳо дар як ҳашар то 10 ҳазор кас иштирок мекард. Деҳқонон  вазифадор буданд, ки ба ҳашар бо хару асп, ароба ва асбобу абзори худ ҳозир шаванд. Дар хонии Хӯқанд муқаррар гардида буд, ки ҳар як деҳқон бояд се рӯз дар ҳашар ширкат менамуд, хӯроки одамон ва хошоки чорворо хон ба зиммаи худ мегирифт. Албатта, харҷи хон аҳёнан риоят мешуд. Ба ҳар ҳол, бисёр далелҳои воқеа мавҷуданд, ки дар мулки Шаҳрисабз деҳқонон ҳангоми ҳашар аз ҳисоби худ хӯрок мехӯрданд ва дар Қаротегин муддати ҳашар то 15 рӯз мекашид. ҳашар ҳам як воситаи фоидаи иловагӣ ба даст овардани амалдорони амир гардида буд. Инро устод С. Айнӣ дар тасвири ҳашари канали тумани Шофирком хеле хуб нишон додааст[86].

Ба замми ин хироҷу маҷбуриятҳои маъмул боз бисёр андозҳои дигар низ мавҷуд буданд. Онҳо махсусан дар давраи амалиёти ҳарбӣ вусъати зиёда пайдо мекарданд. Яке аз ҳамин қабил андозҳои фавқулодда ҷул буд, ки пардохтани он барои аҳолӣ хеле гарон меафтод. Як муаллифи мӯътабари рус дар дар бораи хонии Хӯқанд дар овони ҳамроҳ шудан ба Россия чунин навиштааст: «…дар вақти ҷанг ва ё бо майли хон ё худ бекҳо фуқаро ба додани боҷу хироҷҳои аз ҳад зиёд маҷбур карда мешаванд, дар ин вақтҳо аз маврид истифода бурда дуздӣ мекунанд ва барои ҳамин ҳам аз мардум ба ҳаҷми зиёдтар (молиёт) меситонанд, оқсаққоли деҳ ё маҳалла медуздад, ҷамъкунандаи хироҷ медуздад, бек медуздад, хазинадори хон медуздад, хон фақат бо ҳамин қаноат мекунад, ки миқдори таъинкардаи ӯ пурра ҷамъ оварда ва супурда шавад»[87].

Дигар аз андозҳои аз ҳама гаронтарин «чӯбпулӣ» буд. Вай ҳатто аз янтоқ ҳам гирифта мешуд. Аҳолии хонии Хӯқанд бе иҷозати амалдор ҳатто хори дар саҳро рӯидаро ҳам наметавонист ҷамъ кунад.

Дар мулкҳои кӯҳистонии Бухорои Шарқӣ аҳолиро маҷбур мекарданд, ки  барои ҳокимон ва амалдорон ҳезум тайёр созанд.

Дар Хӯқанд давлат ҳатто аз ақди никоҳ ва тақсими мерос ё хоҷагӣ низ андоз мегирифт (дар вилоятҳои дигар ин навъ андозро ба қозӣ медоданд). Аз осиёб ва ҷувоз, ҳамчунин дар сари пул ва гузаргоҳҳо барои бор ва чорво «боҷ» ситонда мешуд. Аҳолии шаҳру деҳот дар вақти чизеро фурӯхтан ғайр аз «закот» (аз чил як ҳиссаи нархи мол) андози иловагии бозор «тагиҷой»-ро ҳам мепардохтанд. Умуман ва дар мавридҳои махсус ба фоидаи ҳукумати маҳаллӣ андоз ҷамъ карда мешуд, зимнан ба ҳамаи намояндагони ҳукумат пул додан лозим меомад. ҳамчунин барои рӯҳониён ва масҷидҳо андозҳои гуногун вуҷуд доштанд, хусусан «даҳяк» ё «ушр» ба андоздиҳандагон гарон меафтод[88].

Дар яке аз манбаъҳои хаттии Хӯқанд чунин хабар дода мешавад: «Дар Хӯқанд аз қадимулайём одате ба таомул даромада буд, ки мутобиқи он уламо, қозиҳо, сипоҳиён ва навкарон аз додани хироҷ ва андози танобона аз боғи ангур, кишти юнучқа ва дарахтзорашон озод буданд». Вале, азбаски танобона андози муайян буд, дар соли фаровонҳосилӣ ҳиссаи аз ҳадди эътидол изофан ҳосил гирифта мешуд[89].

Ҷамъоварии андозро аксар вақт ба иҷорадорон вомегузоштанд. Ба қавли А.К.Гейнс дар давлати хонии Хӯқанд, ки ҷабру ситам, бедодгарӣ ва худсарӣ ҳукмфармо буд, «…ин тариқа ҷамъ кардани андоз барои мавриди истисмори бетартибона, боздоштанашаванда ва аз назорат берун қарор гирифтани халқ баҳонае мегардид [90]. Ин ҳодисаро ба аморати Бухоро ва давлати хонии Хева ҳам нисбат додан мумкин аст [91].

Зикри тамоми хироҷу молиёт ва маҷбуриятҳои махсусе, ки дар вилоятҳои мухталифи Осиёи Миёна маъмул гардида буданд, дар ин баёни мухтасари мо ғунҷоиш нахоҳанд ёфт. Хироҷу молиётҳои иловагӣ ва маҷбуриятҳои гуногуни меҳнатӣ, алалхусус, дар Бухорои Шарқӣ ҳадду ҳисоб надоштанд.

samarqand-Чунин буд аҳволи гурӯҳҳои истеҳсолкунандаи деҳот. Аммо вазъи зиндагии шаҳриён аз ин беҳтар набуд. Аз дасти ҳукмронони ҳарису озманд на фақат аҳолии оддии шаҳр, балки табақаҳои давлатманд ва боиститоат, аз ҷумла, тоҷирон ҳам азият мекашиданд. Мувофиқи суханони яке аз шахсони бомаърифати Хуҷанд, ки соли 1824 гуфтааст, фақат ононе, ки дар хидмати амир ё ҳоким мартабаҳои баландро соҳиб шудаанд ва ҳам ҷамъкунандагони андоз аз ҳоли худ қонеанд[92]. Чунон ки муҳаққиқи бо вазъияти Осиёи Миёна ба хубӣ шиноси рус дар миёнаҳои асри ХIХ навиштааст: «…худи халқ дар ниҳояти қашшоқӣ ва мазлумӣ зиндагӣ ба сар мебарад», аммо давлатмандон «дороии худро аз соҳибонашон (ҳокимон–Б.Ғ.) пинҳон мекунанд, ки ба ҳирси онҳо нарасанд, то дар ноомади кор мавриди ғорати онҳо қарор нагиранд, зеро ин соҳибон… аслан бедодгаранд, аз чизе андеша намекунанд, худсарона ва бевиҷдонона ба дороии тобеонашон ихтиёрдорӣ менамоянд» [93]. Худи ҳаёти одамӣ ҳам, ба таъбири шоири файласуф Абдулқодири Бедил «бар сари мижгон чу ашк истода» буд, зеро зулму истибдод ва бедодгарӣ ҳадду ҳисоб надошт ва мумкин буд, ки ҳар касе бидуни таҳқиқ ва ҳукм ба қатл расонида шавад.

Ба болои ин ҳама сахтиву талхиҳои рӯзгор хурофот ва таассуб ҳукмфармоӣ мекард. Чунончи, дар давлати хонии Хӯқанд ҳангоми сохтмони канал об қитъаеро рахна карда, ба роҳи дигар ҷорӣ шуд. Амалдорони хон, ки ба кори сохтмон назорат мекарданд, аз байни коргарон ҳамаи касони «Тӯхтасин» номдоштаро даъват карда, фармуданд, ки онҳоро зинда ба замин гӯронанд, то роҳи ҷараёни об боздошта шавад [94].

«Дар вақти баҳо додан ба вазнинии андозҳо,– гуфтааст К.Маркс,– чандон маблағи муқаррарии онро не, балки тарзи ситондан ва харҷ кардани андозҳоро бояд дар назар гирифт. Тарзи ситондани андозҳо дар ҳиндустон нафратовар аст ва агар ба тариқи мисол хироҷи заминро гирем, дар натиҷаи тарзи мавҷуда, аз эҳтимол дур нест, ки маҳсулот аз ҷамъоварӣ дида бештар нобуд мегардад. Он чӣ оид ба харҷи андозҳои ғундошташуда бошад, гуфтан кофист, ки ягон ҳиссаи он дар шакли биноҳои судманди ҷамъиятӣ, ки назар ба ҳар ҷои дигар, барои кишварҳои Осиё заруранд, ба халқ барнамегардад»…[95] Ин суханони пурарзиш барои Осиёи Миёна низ комилан мутобиқат доранд. Даромади солонаи замин, хироҷу молиёти ҷамъшуда ҳама тамоман барои афзудани сарвати синфи феодалон, барои таъминоти дастгоҳи идораи давлат, ки олати истисмор ва ғорати мардум буд, барои қувваҳои аскарӣ, ки ҳамчун олоти фурӯ нишондани норизоятии оммаи халқ хизмат мекард, сарф мешуд.

Муборизаи синфӣ

Аҳолии шаҳри Бухоро ва ноҳияҳои атрофи он борҳо ба муқобили амирони манғит шӯриш бардоштанд. Ин қабил шӯриш, аз ҷумла, дар соли 1758 барпо гардида, шӯришчиён дар кӯчаҳои шаҳр сангарҳо сохта буданд. Шӯриши дигар соли 1785 сар зад, ки иштирокчиёни он бештар аз ҳазор нафар, зоҳиран, намояндагони синфи ҳукмронро ба қатл расонданд[96].

Соли 1810 дар Бухоро қаҳтӣ рӯй дод. Қиматӣ ва гуруснагӣ сар шуда, ба сари мардум азобу уқубатҳои зиёде омад. Дарбори амир барои сабуктар гардидани вазъияти ниҳоят сахти аҳолӣ ягон чорае надид. Он гоҳ шаҳриёни баошӯбомада майдони Регистонро фаро гирифтанд. Амир ба ҳарос афтода, аз шаҳр фирор намуд. Оқибат ошӯби халқ бо зӯрӣ фурӯ нишонда шуд.

Аз рӯи баъзе мадракҳои ғайримустақим шӯру ошӯбҳои халқӣ дар соли 1819 ё 1820 низ ба вуқӯъ омада буданд[97]. Ҷунбиши калони халқӣ соли 1821 дар қисмати миёнаи водии Зарафшон байни Самарқанд ва Бухоро (дар Миёнкол) ба амал омад. Дар ин ҷо тоифаҳои нимкӯчии ӯзбек хитойқипчоқҳо зиндагӣ мекарданд. Тазйиқи андозҳо, мусодираҳои доимӣ, ба хизмати ҳарбӣ сафарбар кардани миқдори зиёди мардони қабилаҳо – ҳамаи ин якҷоя аҳолии Миёнколро ниҳоят ба шӯр овард. Соли 1821 ҳукумат дубора ба сарбозӣ одам гирифтанро сар кард. Косаи сабри хитойқипчоқҳо лабрез шуда, норизоятии онҳо ба шӯриши ошкоро фурӯ рехт. Қарақалпоқҳои сокини ин маҳал низ ба шӯришчиён ҳамроҳ шуданд. Тамоми тоифаҳои ноҳияи байни Самарқанду Каттақӯрғон ба зери ливои шӯришгарон даромаданд. Шӯришчиён маъмурони амирро ронда, Каттақӯрғон, Чалак, Янгиқӯрғон ва дигар шаҳру деҳаҳои гирду атрофро забт намуданд. Камбағалони ин ҷойҳо ҳам ба сафи шӯришгарон дохил шуданд, аммо аъёну ашроф барои кӯмак ба амир рӯ оварданд. Шӯришгарон ба тарафи Самарқанд ҳаракат намуданд. Амир ба Каттақӯрғон ҳамла оварда, онро забт кард ва аҳолиро аз дами теғ гузаронид. Шӯришгарон аз Хӯқанд, Шаҳрисабз ва дигар мулкҳои душмани амир ҳайдар мадад хостанд. Аммо иттифоқчиён байни худ мувофиқат ҳосил накарда, ба таври пароканда амал менамуданд. Хитойқипчоқҳо хостанд ба Бухоро зарба зананд, вале ба ин муваффақ нашуданд. Шӯришичиён кӯшиш карданд, ки деҳқонони ноҳияҳои гуногунро ба тарафи худ кашанд. Ин ҳам нашуд. Охируламр қувваҳои асосии шӯришчиён аз ҳам пош хӯрд ва онҳо усули мудофиаи пассивро пеш гирифтанд. Дар ҳамин вазъият соли 1825 амир ҳайдар муҳимтарин нуқтаҳои муқовимати шӯришчиёнро ишғол намуд[98].

Дар солҳои 1840–1842 муносибати байни аморати Бухоро ва давлати хонии Хӯқанд хеле тезутунд гардид. Вақте ки дар соли 1840 хони Хӯқанд аз хавфи ҳуҷуми қӯшунҳои Бухоро ба тарс афтода, Хуҷандро дод, дар Хӯқанд шӯриш ба амал омад. Ба шӯриш Хоҷа Қаландари мисгар сардорӣ мекард. ҳазорон камбағалони шӯришгар бо роҳбарии ин марди шуҷоъ амалан пойтахти мамлакатро ишғол намуданд. Онҳо манзилҳои амалдорони хонро ба хок яксон карда, сафирони Бухороро низ эмин нагузоштанд.

arab_osiyoi_miyonaЧи навъе ки таърихи Хӯқанд иттилоъ медиҳад, ҳамаи амалдорони низомӣ ва ғайринизомӣ «ба гӯшаҳо пинҳон шуданд». Сипас, шӯришчиён дарбори хонро иҳота намуданд. Доираҳои ҳукмрон фақат бо макру фиреб ва душвориҳои зиёде тавонистанд, ки ин шӯришро фурӯ нишонанд. Вале сабабгори асосии сар задани шӯриш, пеш аз ҳама, зулму ситами бераҳмона аз байн бурда нашуд. Ин буд, ки соли оянда боз шӯриши халқ ба вуқӯъ омад. Вай чунон вусъат пайдо намуд, ки хони ба ҳарос афтода аз Хӯқанд фирор кард. Ҷунбишҳои халқӣ дар Хӯқанд соли 1842 вақти ҳуҷуми қӯшунҳои Бухоро низ ба амал омада буданд[99].

Дар охири солҳои чилум (эҳтимол соли 1847) шӯриши сокинони шаҳри Тошканд барпо мегардад. Он вақтҳо шаҳри Тошканд таҳти тасарруфи хонии Хӯқанд қарор гирифта, дар он ҷо намояндаи бузургзодагони дар сари идораи давлати хонӣ нишастаи қипчоқ — Азиз парвоначӣ ҳукмронӣ мекард. Ў борҳо ба муқобили шаҳри Туркистон лашкар кашида, дар натиҷаи ҷангҳои дурударози тоқатфарсо хазинаро холӣ карда буд. Ба ин сабаб, дар машварати ҳоким бо аъёну ашрофи Тошканд қарор карда шуд, ки илова ба андозҳои маъмулӣ аз аҳолии шаҳр ва деҳоти атроф ба тариқи фаврӣ андози фавқулоддаи пулӣ ҷамъ карда шавад. Аҳолии шаҳр, ки аз ҷабри доимӣ ва тазйиқи бераҳмонаи Азиз парвоначӣ ҳолашон табоҳ мешуд, ҳамеша ба исён омода буданд. Қаҳру ғазаби халқ ба ниҳояти худ мерасид. Ҷамъоварии андози нав косаи сабри мардуми Тошкандро лабрез намуд. Сокинони шаҳр ба ҷамъкунандагони андоз дарафтоданд ва пулҳои ситондаи онҳоро кашида гирифтанд. Дар бисёр маҳалҳо сангарҳо ба вуҷуд омаданд. Яке аз марказҳои муҳимми шӯриш растаи мисгарони бозори Тошканд буд. ҳоким шаш рӯз бо кӯмаки тӯпу туфанг зӯр зада, бисёр марказҳои шӯришро забт кард, вале фурӯ нишондани шӯриш барояш муяссар нагардид. Шӯришгарон қувваи нав ҷамъ карда, тамоми шаҳрро ишғол намуданд. ҳоким фурсати гурехтан наёфта, дар даруни қалъаи шаҳр пинҳон шуд. Шӯришгарон ҳамроҳи қӯшуни ҳокими ноҳияи ҳамсояи Қурама Азиз парвоначиро аз шаҳр ронданд.

Чунон ки аз сарчашмаҳо маълум мешавад, нерӯи асосии ҳаракатдиҳандаи ин шӯриш камбағалони шаҳр буданд, ҳарчанд ки дар он шаҳриёни доро ва намояндагони ҷудогонаи аъёну ашрофи аз ҳукумати Хӯқанд норозӣ низ иштирок доштанд. Оммаи халқ муваффақ шуданд, ки андозҳои нави хеле гаронро бекор кунонанд ва гумоштаи нафратангези Хӯқандро аз шаҳр берун кунанд[100].

Тоифаҳои ҷануб ва шимоли Қирғизистон ва қазоқҳо низ чандин бор бар зидди юғи асорати Хӯқанд сар бардошта буданд. Дар ҷараёни ин шӯришҳо меҳнаткашони кӯчнишин аксар вақт бо деҳқонон ва шаҳриёни мазлум муттаҳид мешуданд [101].

Муборизаи синфӣ дар ноҳияҳои ҷудогонаи кӯҳистони Помири Ғарбӣ ҳам бо шиддати тамом давом мекард. Дар ибтидои солҳои 60-ум деҳқонони Шуғнон, Рушон ва Вахон шӯриш бардоштанд, ки ба он Шайхзодаи рӯшонӣ сардорӣ намуд. Шӯришгарон нишемангоҳи мири Рӯшон Қалъаи Вомаро ба даст дароварданд. Сипас, онҳо ба сӯи қароргоҳи ҳокими Шуғнон Қалъаи Барпанҷ ҳаракат карда, қӯшуни онро торумор намуданд. Тамоми дороии ҳокимон дар байни деҳқонон тақсим карда шуд. Ин шӯриш фақат пас аз он ки ҳукмрони кулли Бадахшон ба Помири Ғарбӣ қувваи зиёди ҳарбӣ фиристод, шикаст хӯрд [102].

Яке аз калонтарин ва пурдавомтарин шӯришҳои асри ХIХ шӯриши туркманҳои Хоразм дар солҳои 1855–1867 мебошад. ҳамчунин шӯриши деҳқонони бенаво бо сардории муздур Муҳаммад Фаноро, ки солҳои 1858–1859 дар хонии Хева ба амал омада буд[103], метавон хотирнишон кард.

Мо фақат чанде аз лаҳзаҳо ва лавҳаҳои муборизаи синфии дар нимаи дувуми асри ХVIII–нимаи аввали асри ХIХ ҷараён доштаи давлатҳои Осиёи Миёнаро зикр  намудем. Мавҷи пурвусъати шӯришҳои халқӣ гоҳо саросари Осиёи Миёнаро фаро   мегирифт. Аммо муаррихони давр онҳоро нодида меангоштанд. Ин, дарвоқеъ, хусусияти таърихнигории феодалии Шарқ аст. Ин аст, ки мо дар бораи онҳо аксаран аз рӯи маълумот ва аломатҳои ғайримустақим огоҳ мешавем ва қазоват мекунем. Таърихшиноси машҳури советӣ П.П.Иванов аз хусуси ҳаракатҳои халқии аҳди амир Дониёл сухан ронда, нуктасанҷона хотирнишон карда буд: «Муаррихони Бухоро, ки ин воқеаҳоро бароямон нақл мекунанд, онҳоро асосан ҳамчун лавҳаҳои муборизаи феодалони маҳаллӣ бар зидди ҳукумати хонӣ ба қалам медиҳанд. Вале бояд қайд кард, ки аъёну ашрофи маҳаллӣ дар муборизаи зидди хон қариб тамоман ба фавҷҳои деҳқонон такя менамуд ва саранҷоми ин мубориза ҳам маҳз ба фаъолияти онҳо вобаста буд. Аз ин рӯ, фарз кардан мумкин аст, ки бештарини лавҳаҳои муборизаи мусаллаҳ дар аморати Бухорои асри ХVIII муҳимтарин унсурҳои ҳаракатҳои халқӣ ё деҳқониро дар худ нуҳуфта буданд, фақат фарқ дар ин буд, ки феодалони маҳаллӣ аз рӯи манфиатҳои маҳдуди синфии худ ба онҳо сардорӣ мекарданд ва аз онҳо истифода мебурданд»[104]. Ин фикри бағоят амиқ ва пурмаънист. Бо вуҷуди ин, метавон ба он илова намуд, ки ин  гуфтаҳо  ба нимаи аввали асри ХIХ низ комилан нисбат доранд.

Чи навъе ки аз мисолҳои овардашуда аён мегардад, ҳаракатҳои халқии ондавра, асосан, хусусияти аграрӣ доштанд. Зимнан деҳқонони тоҷику ӯзбек аксаран бо қавмҳои кӯчӣ ва нимкӯчии ӯзбек, қирғиз ва қазоқ якҷоя амал менамуданд. Манфиатҳои синфӣ ва муборизаи якҷояи табақотӣ бар зидди золимони умумӣ монеаҳои тоифавӣ ва нажодиро шикаста, меҳнаткашонро бо ҳам муттаҳид месохт.

Дар баробари шӯру ошӯбҳои аҳолии деҳот шӯришҳои шаҳриён низ ба амал меомаданд. Ҷунбишҳои ҳам деҳот ва ҳам шаҳр ба таври стихиявӣ ва ғайримуташаккил сар мезаданд ва давом мекарданд, аммо дар шӯришҳои шаҳриён гоҳо унсурҳои муташаккилӣ падидор мегардиданд. ҳамаи шӯришҳо хусусияти маҳаллӣ дошта, тамоми хоки давлати хониро фаро намегирифтанд ва аз ин рӯ қисми асосии аҳолии мамлакат аз муборизаи фаъолона дар канор мемонд, ки ин ҳолат ба ҳукумат барои фурӯ нишондани ин ва ё он ошӯби халқ имкони мусоид фароҳам меовард.

Идеологияи ҳаракатҳои халқии он давр ба мо кам маълум аст. Одатан, шӯришгарон дар назди худ мақсад мегузоштанд, ки ба барҳам додани сӯиистеъмол ва ноинсофиҳои аз ҳад зиёди намояндагони ҳокимияти давлатӣ, аз сари кор дур кардани амалдорону ҳокимони ҷудогона, беҳтар кардани аҳволи моддӣ ва ғайра муваффақ шаванд. Аз ин бештар мақсад ва вазифа намегузоштанд. Ақибмондагии шуури синфии хоси он замон дар ин соҳа низ возеҳу равшан зуҳур мекард.

[1] Галкин А., 1890, с. 191; Шубинский П., 1892, с. 380–386.

[2] Mӯyӯndorff J., 1826 ,с. 196–197; Ханыков Н.В., 1843, с. 75–76.

[3] Мо ба масъалаи сукунати тоҷикон дар Афuонистон дахл намекунем. Барои солҳои сивуми асри ХIХ М. Элфинстон (Ӯlphinstonӯ М., 1839, 1, р. 403–422) манзараи хеле пурра ва муфассалро тасвир менамояд. Мувофиrи маълумоти Н.А.Кисляков тоҷикон аҳолии аслии вилоятҳои шимолӣ ва rисман марказии Афuонистон буда, аз ҷиҳати миrдор дувумин халrи ин мамлакат ба шумор мераванд –тахминан 2 миллиону 300 ҳазор кас (Кисляков Н.А., 1957, с. 149). Аз рӯи маълумоти дигар дар Афuонистон rариб се миллион тоҷикон иrомат доранд –ниг.: Массон В, М., Ромодин В.А., 1, 1964, с. 10.

[4] Гребенкин А .Д., 1872, в. с. 54.

[5] Аз рӯи ҳисоби Мирабдулкарими Бухорӣ дар ноҳияи Миёнкол ва Самарrанд чӣ rадар, ки муrимиҳо бошанд, ҳамон rадар кӯчиҳо буданд (Mir Aӣdoul Kӯrim Ӣoukhary, 1876, с. 77).

[6] Барои хонии Хӯrанд ба сабаби ноустувории ҳудудаш овардани ҳатто чунин раrамҳои тахминӣ ҳам амри маҳол аст. Раrами якуним – ду миллион аҳолӣ, ки дар китоби бе зикри номи муаллиф барои соли 1840 оварда шудааст («Обозрение Кокандского ханства в нынешнем его состоянии», 1849, с. 191), ба мисли раrами се миллион» аҳолӣ, ки таrрибан барои ҳамон ваrтҳо Волф зикр намудааст (Wolf J., 1846, с. 353) ба тафтиши даrиr эҳтиёҷ дорад.

[7] Радлов В.В., 1880, с. 12.

[8] Омоч заминро ба чуrурии 40–45 см шудгор мекард ва дар айни замон онро ковок ва нарм ҳам менамуд. Академик А.Ф.Миддендорф (1882, с. 229) чунин аrидае дошт: «{ангоми шудгори амиr вай, албатта, зерхокро ҳаво медиҳад ва аз сипори гардон чунин бартарии муҳимро дорост, ки хоки замин пас аз шудгори омоч дар зери офтоби сӯзон он rадар сахт хушк намешавад».

[9] Муфассалан ниг.: Ханыков Н.В., 1843, с. 121–123, 129–130, 137–139; Ефремов Ф., 1950, с. 26.

[10] Миддендорф А, Ф., 1882, с. 402.

[11] Вазъияти хоҷагии rишлоrи Осиёи Миёнаи онваrта ҳанӯз тадrиrкунандаи худро интизор аст. Бисёр мадракҳои муҳим дар ҳисоботи сайёҳон, ҳуҷҷатҳои архивии Россия ва Осиёи Миёна парокандаанд, баёноти мутахассисоне, ки пас аз ҳамроҳшавии Осиёи Миёна ба Россия додаанд, ҳамчунин нашрияҳои этнографӣ дар ин бобат арзиши муҳиме доранд. Аз ҷумла, ниг.: Бродский М., 1872, 1875; Миддендорф А.Ф., 1882; Шоҳназаров А.И., 1908; Юферев В.И., 1925; Кисляков Н.А., 1947; Кармишева Б.Х., 1954; Сухарева О.А., Бекҷонова М.А., 1955; Раҳимов М.Р., 1957; Андреев М.С, Писарчик А.К., 1958; Ершов Н.Н., 1960; Усенбоев К., 1961; Таджики Каратегина и Дарвоза, вып. 1–1966, вып. II – 1970, вып. III – 1976, «Очеркҳои этнографӣ», 1969 ва бисёр асарҳои дигар.

[12] Радлов В В., с. 39; Семёнов А.А., 1960 а, с. 1001. 48.

[13] Бекчурин М.. 1916. с. 303–304.

[14] Семёнов А.А., 1960 а. с. 1002.

[15] Ханыков Н.В., 1843, с. 55. Роҷеъ ба роҳи мураккаби ташаккулро паймудани аҳолии Бухоро ва дар он иштирок доштани ӯзбекон ниг.: Сухарева О.А.,1958, с. 74 ва давомаш, 1966, с. 113 ва давомаш.

[16] Мейендорф Е.Ф., 1975, с. 95.

[17] {амон ҷо, с. 105.

[18] Сухарева А., 1958; 1962; 1966.

[19] Турсунов Н., 1967; Мухторов А., 1964; 1975.

[20] Пашино П.И., 1868, с. 139.

[21] «Роҷеъ ба вазъияти кунунӣ», 1826, с. 177–178.

[22] Мухторов А., 1964, с. 72, 75.

[23] Маев Н., 1876; Хорошхин А.П., 1876; Гейнс А.К., 1898; Добромыслов А.И., 1911; Озодаев Ф., 1959; {оҷиев Э., 1960; Набиев Р.Н., 1966.

[24] Ленин В.И., Асарҳо, ҷ. 3, с. 58

[25] Петровский Н.Ф., 1874; Бродовский М.И., 1875, с. 15–17; .29–31

[26] Сухарева О.А., 1962, с. 142.

[27] Ниг.: масалан, Краткое описание., 1823, с. 7–8.

[28] Иванов П.П., 1932, с. 44–75; Бубнова М.А., 1975.

[29] Свенское К., 1851, с. 149; Жуковский С.В., 1915, с. 112–113; Маслов О.В., 1955, с. 47–48; Халфин Н.А., 1974, с. 47–60 ва uайра.

[30] Маълумотро дар ин хусус аз таҳrиrоти гуногуни роҷеъ ба хонии Хӯrанд ба даст овардан мумкин аст, ки баъзе аз онҳо дар боло зикр ёфтаанд. {амчунин ниг: Богословский, 1842, с. 21. Обозрение., 1849, с. 124–125;Потанин Н.И., 1856, с. 278; Максимов, 1860, с. 74; Вревский А.Б., 1868, с.137; Краузе Ч.И., 1872 ва бисёр таълифоти дигар. Махсусан санадҳои бо кори маъдан алоrаманд аз архиви хонҳои Хӯrанд ҷолиби диrrат мебошанд– ниг.: Троицкая А.Л., 1968, с. 353–354, № 2507–2522.

[31] Литвинский Б.А., 1949.

[32] Маркс К. и Энгельс Ф. Соч., том. 3, с. 52.

[33] Троицкая А.Л., 1968, с. 278–279, № 1878, 1879, 1883; с. 311–322 (№2160–2272).

[34] Пашино П.И., 1868, с. 139–140. Инчунин ниг.: Пашино П.И., 1867, с. 121.Маълумоти мушобеҳи аз ин барваrттар дар бораи давлати хонии Хӯrанд дар ҳисоботи Хорунжий Потанин Н.И. мавҷуд аст. Дар асари беимзои «Обозрение Кокандского ханства в нынешнем его состоянии» (1849), «Заводи хиштсозии хон» ва «фабрикаи коuазбарорӣ» «корхонаи мануфактурӣ» номида шудаанд. Обозрение., 1849, с. 213.

[35] Небольсин П.И., 1865, с. 36. {амин тариrа, ҳаr ба ҷониби Бунаков Е.В. нест. Ӯ нодуруст таъкид мекард, ки маълумоти оид ба коргоҳҳои парокандаи 1138-саноатӣ фаrат дар Пашино П.И. мавҷуд аст, ниг.: Бунаков Е.В., 1969, с. 97.

[36] Вельяминов–Зернов В.В., 1853, с. 20, 71.

[37] Гребенкин А.Д., 1-872 а, с. 31.

[38] Роҷеъ ба бунак дар хоҷагии rишлоr ҳамчун байъона ниг.: Иванов П.П., 1937, с. 38–40.

[39] Айнӣ С., 1970, с. 156–157.

[40] Айнӣ С., 1961, с. 97.

[41] Дар бораи судхӯрҳо ва мардумро uорат кардани онҳо ҳамчунин ниг: Айнӣ С., 1960, с. 524–531.

[42] Маркс К. и Энгельс Ф., Соч., т. 25, ч. II, с. 145.

[43] Озодаев Ф., 1959, с. 24–25.

[44] Маркс К. и Энгельс Ф., Соч., т. 21, с. 406.

[45] Ханыков Н.В., 1843, с. 161.

[46] Аминов А.М., 1959, с. 50–51; Бунаков Е.В., 1960, с. 99.

[47] Маркс К. и Энгельс Ф. Соч., т. 3, с. 50–51.

[48] Хорошхин А.П., 1876, с. 41, 96; Роҷеъ ба бозори Хӯrанд ва хусусиятҳои он ниг.: Федченко А.П.,1875, с. 48.

[49] Бекчурин М.С, 1871, с. 218; Мухторов А., 1964, с. 81–87.

[50] Сухарева О.А., 1966, с. 43.

[51] Илова ба асарҳои Сухарева О.А. ниг.: Семёнов А.А., 1960, с. 1009–1010; Ремпель Л.А., 1962. с. 237–247. Миrдори корвонсаройҳо ҳама ваrт таuйир меёфт, яъне меафзуд (муrоиса кунед бо маълумоте, ки барои солҳои 20-уми асри ХIХ мавҷуд аст).

[52] Ханыков Н.В., 1843, с. 163.

[53] Тетеревников А.Н., 1867, с. 39. Мувофиrи маълумоти С.Н.Трубинков – 20 корвонсарой ва бозорҳои сарпӯшида (Материалҳо…, 1869, с. 4).

[54] Обозрение…, 1849, с. 213.

[55] Кушакевич А., 1872, с. 52.

[56] Бекчурин М.С., 1871, с. 218; Мухторов А., 1964, с. 82.

[57] Раrами барои соли 1820 овардаи Е.Ф.Мейендорф – панҷоҳ ҳазор (Mӯgӯndorff J., 1826, р. 160) ба назар муболиuаомез менамояд.

[58] Костенко Л.Ф., 1871, с. 23–24.

[59] Ваҳҳобов М., 1961, с .60–61.

[60] Ханыков Н.В., 1843, с. 93, 105.

[61] Радлов В.В., 1880, с. 18-19.

[62] Гребенкин А.Д., 1872 а, с. 26–30; Сухарева О.А., 1966, с. 236–240.

[63] Рожкова М.К., 1963, с. 38.

[64] Гребенкин А.Д., 1872 а, с. 26.

[65] Файзиев А., 1970, с. 58–59.

[66] Гребенкин А.Д., 1872, с. 30.

[67] Ин фиrра дар ҳамаи нусхаҳои дастнавис мавҷуд аст, ниг.: Аҳмад Маҳдуми Дониш, 1960, с. 33–34 (тавзеҳи 4).

[68] Дар ин хусус ниг.: Брагинский И.С, Раҷабов С.А., Ромодин В.А., 1953, с. 25.

[69] Тавсифи зерин бештар ба далелҳои санаду васиrаҳо (матбӯъ ва номатбӯъ), материалҳои архив, иттилооти пештар ва баъди ба Россия ҳамроҳ шудани Осиёи Миёна додаи сайёҳон ва rайдҳои этнографӣ (аз худи мо ва этнографҳо) асос ёфтааст. Дар илми советӣ ба омӯзиши ин масъала Бартолд В.В. ва хусусан Семёнов А.А. (1929, 1954 а) ибтидо гузоштанд. Ин масъала дар асарҳое, ки хусусияти ҷамъбастӣ ва умумӣ доранд, ҳамчунин дар тадrиrҳои махсус борҳо мавриди баррасӣ rарор гирифтааст, аз ҷумла ниг.: Абдураҳимов М.А., 1961; Баҳромов З., 1957; Искандаров Б.И., 1960, 1962; Юлдошев М.Ю., 1959; Кисляков Н.А., 1940, 1954, 1967; Мирзоев К.М., 1954; Муҳсинова К.3., 1969; Мухторов А., 1964; Плоских В.М., 1968; Раҳимов М., 1957; Сухарева О.А., Бекҷонова М.А., 1955; Троицкая А.Л., 1969; Усенбоев К., 1961; {амроев М., 1959; Чехович О.Д., 1961; Очеркҳои этнографӣ, 1969; Юсуфов Ш.Т., 1964 ва u.

[70] Ефремов Ф., 1950, с. 18, 27.

[71]Аҳмади Дониш, 1967, с. 39.

[72] Ин ҳуҷҷат дар китоби Абдураҳимов М.А., 1961, с.100, (ҳуҷҷати 690) оварда шудааст.

[73] {уҷҷатҳо, 1954, с. 209-217. Инчунин ниг.: Вяткин В.Л., 1928, с. 17.

[74] Айнӣ С., 1966, с. 40

[75] Аҳмади Дониш, 1967, с. 87.

[76] Абдураҳимов М.А., 1961, с. 45, 95 (ҳуҷҷати 483). {амчунин барои солҳои 20-ум низ сабт гардидааст — ниг.: Краткое описание, 1823, с. 7. Аз рӯи гуфтаҳои Радлов В. В, ки ҳамроҳи rӯшунҳои рус будааст, дар ваrти истилои ҳукумати подшоҳӣ танобонаро фаrат ба шакли пул меситонидаанд (Радлов В.В., 880, с. 92).

[77] Бунаков Е.В., 1960, с. 98.

[78] Ниг.: Айнӣ С., 1960, с. 182; инчунин Чехович О.Д., 1961; Мӯҳсинова К.З., 1969.

[79] Семёнов А.А., 1929, с. 12-25; Семёнов А.А., 1960, с. 999-1000; Абдураҳимов М.А., 1961.

[80] Дар бекии Rӯрuонтеппа (дар ибтидои асри ХХ) бек аз ҳар ботман (16 пуд) барои худ як пуд, мироб аз ҳар як хирман якуним пуд, доруuа аз хирман чор пуд, амлокдор аз ҳар ботман як пуд мегирифтанд (Гавеский П., 1919–1923, с. 65)

[81] Айнӣ С., 1960., с. 88.

[82] {уҷҷатҳо, 1954, с. 192-193 (ҳуҷҷати 42).

[83] Семёнов А.А.,1960, с. 1000. Uайр аз андозҳои зикршуда бисёр хироҷу маҷбуриятҳои дигар низ вуҷуд доштанд — хуҷҷатҳо ба ин шаҳодат медиҳанд — ниг.: Ягонӣ А. I, 1968, с. 29-30.

[84] Обозрение…, 1849, с. 209.

[85] Плоских В.М., 1968, с. 107-111.

[86] Айнӣ С., 1960, с. 77–78.

[87] Хорошхин А.П., 1876, с. 45.

[88] {укумат дар амал оидоти ин навъ андозро ба маrсадҳои гуногун харҷ менамуд. Ниг.: Иванов П.П., 1940, с. 28, 98–99.

[89] Набиев Р. Н., 1961, с. 38–39; инчунин ниг.: Ягонӣ А.А., 1968, с. 16 (№ 36). Дар бораи чунин расм дар хонии Хева. Ниг.: Иванов П.П., 1940, с. 28.

[90] Гейнс А.К., 1898, с. 720–721. Дар бораи ба иҷора додани ҷамъоварии андоз инчунин ниг. Обозрение., 1849, с. 208, 216.

[91] Роҷеъ ба зулми феодалӣ дар хонии Хева – ниг.: Кун А.Л., 1873 а,1873 б; Иванов П. П., 1937 б, 1940, с. 26–29, 51–121; Юлдошев М.Ю., 1959,1966; {уҷҷатҳо, 1967, с. 25–55, 79–296.

[92] Набиев Р.Н., 1961, с. 40.

[93] Иrтибос аз Халфин Н.А., 1960, с. 24.

[94] Набиев Р.Н., 1961, с. 41. Дар бораи rурбонӣ кардани одамон ҳангоми каналсозӣ ва пайдоиши ин одати хурофӣ ниг.: Богомолова К.А., 1952, с. 112–115.

[95] Маркс К. и Энгельс Ф., Соч., т. 12, с. 531–532.

[96] Чехович О.Д., 1954, с. 76–77.

[97] Мухторов А., 1963, с. 34–46.

[98] Дар таҳrиrи ин шӯриш Иванов П.П., ки ҳамаи манбаъҳои мавҷударо ба диrrат омӯхтааст, хидмати пурарзише дорад–ниг.: Иванов П.П., 1937 а.

[99] Набиев Р.Н., 1961.

[100] Барои тафсили шӯриш ниг.: Набиев Р.Н., 1966, с. 62–76.

[101] Усенбоев К., 1961, с. 44–51; История Киргизской ССР, т. 1,1968, с. 293–298.

[102] Искандаров Б.И., 1960, с. 39–42.

[103] Юлдошев М.Ю., 1966, с. 112-113.

[104] Иванов П.П., 1958, с. 112.

Назди admin

Инчунин хонед инро

hulbuk

ШАҲРҲОИ ОСИЁИ МИЁНА ДАР АСРҲОИ ХI–ХII

Тараққиёти босуръати шаҳрҳо, истеҳсолоти молӣ ва тиҷорати пулӣ аз муҳимтарин аломатҳои давраест, ки мо ба …