АСОСӢ / Тандурустӣ / Канзи Шифо / БУЗ дар Канзи Шифо (Китоб)
Буз

БУЗ дар Канзи Шифо (Китоб)

Буз ҳайвони маълум ва машҳур аст, ки навъҳои аҳлӣ, саҳроӣ ва кӯҳӣ дорад. Мақоми ин баъд аз гӯсфанд ҷойи дувумро ишғол мекунад.  Мизоҷаш гарм ва тар аст, вале гармии гӯшти он аз гӯшти гӯсфанд камтар мебошад, мизоҷи кӯҳиаш аз аҳлӣ гармтар ва сабуктар, саҳроияш низ аз аҳлӣ гармтар ва сабуктар аст.  Хислатҳои шифобахши он: гӯшти буз барои одамони гарммизоҷ, беморон, барои одамони сарзаминҳои гарм форам ва мувофиқ аст, аз он дар ҷигар моддаи солим, инчунин хуни сара пайдо мешаванд. Вале хӯрдани гӯшти буз барои одамони савдовимизоҷ зарар дорад — дар ин маврид бодом, хурмо хӯрдан даркор аст, ки ислоҳи зарари он намояд. Бо гӯшти буз меваҳои тар, туршиҳо ва чаккаи ҷурғот ё дӯғ хӯрдан бағоят зарарнок аст.

Гӯшти бузғола, ки аз шашмоҳагӣ гузашта бошад, рутубаташ афзун ва беҳтарини гӯштҳо буда, фишори баланди хунро паст мекунад, сабукҳазм ва барои беморон, инчунин барои касони нав аз беморӣ хеста форам ва мувофиқ аст. Гӯшти бузро гармогарм ба узви зарба ва латхӯрда, инчунин, ба пӯсти гармогарми он печонидан дардашро таскин медиҳад, намегузорад, ки он ҷо варам оварад. Пӯсти сари бузғоларо дар вақти гарм буданаш ба сар гузошта банданд, варами пардаҳои майна ва худи майна, инчунин зехни беҷошударо ба ибро меоварад. Майнаашро ба сар гузошта банданд, майна ва узвҳои сахтро мулоим ва аз рутубат таъмин мегардонад.

Заҳраи хушкшудаашро ос карда, чун сурма ба чашм кашанд, пардаи ба он афтодаро, ки чашмро торик мегардонад, дафъ месозад. Ҷигари бузи сиёҳро чун реза-реза намуда, он резаҳои ҷигарро як ҷо карда, ба он мурч ва занҷабили кӯфтаро пошида, кабоб кунанд, оби аз он чудошударо гирифта, дар чашм кашанд, шабкӯриро дафъ мекунад. Саргини нимсӯхтаи бузро бо намаксанг даромехта, ба дандонҳо бимоланд, зардии дандонро мебарад ва бадбӯии милки онро дафъ мекунад.

Чун хояи таккаро чок карда, дар он зарованди гирд (карказон), натрун (танакори арманӣ ё ки ба русӣ едкий натрий) ва зира пошида, хушк кунанд, баъд 4,5 грамми онро соида бо оби гарм биёшоманд, кӯтоҳнафасӣ, дамкӯтаҳӣ, дардҳои ҷигар ва хичакро шифо мебахшад. Агар инро бардавом бихӯранд, боҳро хеле қувват медиҳад. Чун он хояро бо танакор ва кокутӣ хушк кунанду 4,5 грамми онро ба сиркои пиёзи ансул биёшоманд, иллатҳои сипурзро шифо мебахшад.

Чун таккаи чорсолаи сурхи якрангро дар аввали фасли тобистон ҳангоми ранг гирифтани ангур кушта, хуни аввал ва охири онро партоянду хуни мнёна омадаи онро дар зарфе гирифта, то шах шудан бигузоранд, баъд онро реза-реза карда, бар рӯи коҳ ё рӯи элак дар соя хушк кунанд, онро ядулло меноманд, зеро ки барои майда карда резонидани санги гурда ва хичак қавӣ ва ҳатто бемисл аст. Аз равғани он бо орди биринҷ ва арзан ҳарида (кисель) тайёр карда бихӯранд, барои исҳоле, ки аз харошида шудани сатҳи даруни рӯдаҳо, ки аз хӯрокҳои гарммизоҷ ва таъми тез дошта ба амал омада бошад, инчунин, барои манъи амали исҳол дору мешавад.

Равғани онро бо орди ҷав атола сохта нимгарм ҳуқна (клизма) кунанд, захми рӯдаҳоро шифо мебахшад. Саргинашро бо пешоби он даромехта бимоланд, истисқо (водянка) ва варами сипурзро даво мебошад. Саргинашро бо пешоби кӯдакон ҷӯшонида бимоланд, кулинҷи (колити) балғамӣ, бодҳои ғализ ва зардобро дафъ мекунад. Чарбиашро гузошта банданд, ҳар гуна дардҳоро таскин медиҳад.

Саргини бузро бимоланд, варамҳои кӯҳнаро таҳлил медиҳад. Ин саргинашро сӯхта, бо сирко сиришта бимоланд, ба ҷоҳои гирдак-гирдак мӯйрехтаи сар ва риш мӯй мерӯёнад; нимсӯхтаи онро бо сирко сиришта бимоланд низ, ба он ҷоҳои мӯйрехта мӯй мерӯёнад, озахҳои чаппаро хушк карда мерезонад. Ва агар бо асал даромехта бимоланд, кӯтур, доғи сафеди пӯст, варамҳои сахт ва ширинчаро ба ибро меоварад; бо тухми банг (кирмрезонак) сиришта бимоланд, пистони занҳо ва хояҳои мардонро кӯчак мегардонад.

Саргини бузро дар шароб бо ҳулба бипазанду гузошта банданд, варамҳоро таҳлил медиҳад. Чун гурдаи онро реза карда, гӯгирди кӯфтаро бар он пошида, кабоб кунанд, оби аз он баромадаро низ ба доғи сафеди пӯст бимоландд, дафъ мекунад. Равғанашро гузошта банданд, ба захмҳо гӯшт мерӯёнад. Саргинашро сӯхта, бо асал сиришта бимоланд, решҳои даванда ва рутубаташон асалмонандро шифо мебахшад. Ва агар саргини сӯхтаи инро бихӯранд, заҳри ҷонваронро аз бадан дафъ мекунад.

Саргини хушки бузро бо шароб ё бо сирко пухта бимоланд, заҳри ҷонваронро ба худ мекашад. Заҳраи бузи кӯҳӣ тарёқи заҳри ҷонварон аст. Равғанашро бо саргинаш ва заъфарон даромехта гузошта банданд, ниқрис (подагра)-ро шифо мебахшад. Саргини хушки онро тафсонида, бо он доғ кунанд, ирқуннасо (радикулит)-ро шифо мебахшад — инро доғи арабӣ меноманд. Тариқи он чунин аст, ки саргинро даргиронида, дар пашм печонида, дар ҷои чуқураки бехи нарангушти даст, ки дар таҳти бандҳо ва баробари нарангушт аст, то ҳарораташ кам гаштан бигузоранд, баъд бо доғи дигаре иваз кунанд, то он ки ҳарорати он дар сурин ҳис гардад.

Саргини сӯхта ва ғайрисӯхтаи бузро бо асал сиришта бимоланд, дарди буғумҳоро, ки аз сардӣ бошад, шифо мебахшад ва агар бо сирко даромехта бимоланд, дарди буғумҳоро, ки аз гармӣ бошад, ба ибро меоварад. Саргини бузро дуд кунанд, ҷонварони зарарнок ва ҳашарот аз он ҷо мегурезанд. Чун шох ва суми онро сӯҳон карда, бо турб, асал ва беданҷир муқаттар (перегон) намоянд, фулуззот ва ҳамаи чизҳои сахтро мулоим месозад. Чун инро ҳал кунанд, ранги бағоят сиёҳ мегардад барои навиштан.

Назди admin

Инчунин хонед инро

siresh-daraxt

Сиреши саҳроӣ чист ва барои чи лозим?

Сиреши саҳроӣ —   Ин гиёҳ монанди сиреши кӯҳӣ, вале баргаш аз барги он хурдтар, пояаш …