МАЪЛУМОТҲОИ НАВТАРИН
Чормагз

ЧОРМАҒЗ

Чормағз — ин самари дарахтест, ки маълум мебошад. Мизоҷи самари чормағзи тар, ки расида бошад, гармӣ ва хушкиаш камтар аст. Баъди хушк шудан гармӣ ва хушкиаш зиёда мегардад ва рутубаташ мекоҳад. Мизоҷи чормағзи хушк дар дараҷаи дувум гарм ва дар якум хушк аст.

Хислатҳои шифобахши он: хӯрданаш ғизои бисёр сабук аст, дарунро мулоим мекунад, ахлоти ғализро таҳлил медиҳад, қуввати боҳ мебахшад, бидуни ҳазм дафъ шудани ғизоро дар меъда ислоҳ менамояд ва манъ месозад; узвҳои раисаро, ки иборат аз дил, майна, ҷигар, меъда, хояҳо ва гурда мебошанд, қавӣ мегардонад; ҳамаи панҷ ҳисси ботиниро, ки марказаш дар майна аст, қувват мебахшад, хусусан бо мавизи бедона ва анҷири зард бихӯранд, ин феълаш бештар зоҳир мегардад, пиронро бисёр форам ва мувофиқ аст.

Мағзи чормағзро бо анҷир якҷо кӯфта, аз он 45 грамм бихӯранд, даруни сахтгаштаро мулоим мекунад. Агар хушкашро танҳо ба дили наҳор бихӯранд, қайро осон мекунад. Чормағзро бо пӯсташ бирён карда, баъд мағзашро бихӯранд, барои сурфа, ки аз ҳавои хунук ба ҳам расида бошад, даво мегардад.

Чормағзро бо анҷир ва судоб бихӯранд, газанди заҳрҳоро мешиканад. хоҳ пеш аз заҳролуд шудан бихӯранд ва хоҳ баъд аз он. Мағзи чормағзро бихӯранд, дарди рӯдаҳоро сокин мекунад ва захми рӯдаҳоро шифо мебахшад. Мағзи чормағзро маҳин кӯфта, муттасил  ба чашм гузошта банданд, барои ҷӯшиши хоришнок, шилпуқӣ ва обравии чашм даво мешавад.

Чормағзро сӯхта, мағзи онро кӯфта, занҳо аз таг бардоранд, ҳайзи беҷоравандаи онҳоро манъ мекунад. Агар онро бо асал, намак ва пиёз сиришта гузошта банданд, газидани саги девонаро нафъ дорад. Чун мағзи чормағзро бо зираи сиёҳ маҳин соида, бо асал сиришта, ба сар ва бадани бемори фолиҷ (шал шудани нимаи бадан ба дарозӣ), рӯяш каҷшуда, гирифторони дардҳои буғумҳои аз сардӣ ба амал омада, табҳои хунуки балғамии кӯҳнадошта бимоланду дар ҳаммом ё дар офтоб ва дар хонаи гарме ба палоси гарме бо ҳамон тарафи мухолифи иллати фолиҷ ва барҷомонда ва инчунин, дигар беморӣ бошад, ба пушт бихобанду дар кӯрпаи серпахта худро бипечанду то хуб арақ омадан сабр кунанд, баъд баданро бо матоъи хушк пок карда, аз зери он бароянд, бадани худро аз расидани ҳавои хунук эҳтиёт кунанд, оби сард нанӯшанд, дар як ё ду дафъа аз беморӣ наҷот меёбанд. Ва агар дар ҳаммом ин кор ба амал оварда шавад, луч шуда ба хонаи гармаш раванд ва давои мазкурро гарм карда, ба сар ва тамоми бадан бимоланд, дар иллатҳои фолиҷ ва каҷ шудани рӯй ба тарафи мухолифи иллат бихобанду он миқдор сабр кунанд, ки хуб арақ ояд, баъд бадани худро пок карда, обро мутлақан истеъмол нафармоянду бароянд ва аз ҳавои берун худро нигоҳ доранд, сиҳат меёбанд.

Тару тозаи онро кӯфта гузошта банданд, доғи аз зарба ба амал омадаро нест мекунад; агар бимоланд, доғи кунҷидакро дафъ месозад ва кашида шудани мушаки рӯйро ба ислоҳ меоварад. Мағзи чормағзро ҳангоми дили наҳор будан хоида бимоланд, шукуфаи пӯстро дар кӯдакон ва варами савдовиро, ки захм шуда бошад, шифо мебахшад. Мағзи кӯҳнашудаи онро ҳангоми дили наҳор будан хоида, ба обравии муттасили чашм, гонағараё (гангрена), ҷамра (карбункул),  шукуфаи пӯсти кӯдакон, печиши асаб, ҷингак шудани узв ва рагкашии поҳо, ки аз хушкӣ ва сардӣ сар зада бошад, инчунин ба гирдак-гирдак мӯйи рехтаи сар ва риш ва ба варами пистон бимоланд, ҳамаи онҳоро сиҳат мебахшад. Мағзи кӯҳнаи онро сӯхта, бо зифт (қатрон) сиришта бимоланд, решҳои сарро дафъ месозад.

Мағзи чормағз аз боиси нозукии таркиби худ ва равғаннокиаш зуд вайрон мешавад, яъне талх ва зарарнок мегардад. Мағзи чормағзро бисёр бихӯранд, кирми кадудонаи (солитёри) шикамро ихроҷ мекунад ва ғадудҳои бодомшакли ҳалкумро варам мекунонад, дар даҳон ҷӯшишҳоро ба амал меоварад, хусусан ин ҳодисот дар одамони гарммизоҷ бештар рӯй медиҳад, зеро ки ба гарммизоҷон зарар дорад. Бинобар ҳамин баъди онро хӯрдан бояд даҳонро хуб бишӯянд ва анори майхушро бимаканд ва сиканҷабин (сиркоасал) бихӯранд, ин зарараш ислоҳ мешавад.

Агар таъми мағзи чормағз талх ва манфур гашта бошад, хӯрдани он ҷоиз нест, зеро вай дар он ҳолат ба заҳр табдил меёбад. Ва агар ин навъашро хӯрда бошанд, илоҷаш қай кардан ва чизҳои турш хӯрдан аст. Мағзи чормағзи солимро бо асал мураббо карда бихӯранд, гурдаро фарбеҳ мекунад. Модоме ки гурда фарбеҳ гардад, он қавӣ мешавад ва дар он санг пайдо намешавад ва инчунин, қуввати мардӣ базарба мегардад. Хӯрдани мураббои он дарунро мулоим мекунад ва кӯррӯдаро пурқувват месозад.

Мағзи чормағзро як шабонарӯз дар сирко тар карда, баъд бихӯранд, барои меъдаҳои заиф дармон мешавад. Шилми хушки чормағзро ос карда бипошанд, захмҳои бадфиолро (злокачественные язвы) шифо мебахшад. Усораи пӯсти сабзи беруни чормағз, яъне оби пӯсти беруни чормағзро дар офтоб ғафс гардонида, баъд бо оби анор якҷо ҷӯшонида, ғафс гардонида бошанд, барои варами мушакҳои ҳалқ давои аҷибест.

Пусти чормагзПӯсти сабзи чормағзро дар об ҷӯшонида, бо он об даҳонро чайқонанд, варамҳои милки дандонро таҳлил медиҳад ва дандонро мустаҳкам мегардонад. Пӯчоқи хушки чормағзро маҳин кӯфта, ба ҷароҳатҳо бипошанд, онҳоро хушк мекунад. Хунравиро манъ мекунад, инчунин, чакмезакро, ки аз сустии мушакҳои пешобгузар ба амал омада бошад, сиҳат мебахшад. Ин ордакро бо шароб хамир карда, занҳо аз таг бардоранд, хунравии бачадонро манъ мегардонад.

Чун аз 13 то 25 грамм пӯсти решаи чормағзро дар як нӯшиданӣ об ҷӯшонида, он обро баъд аз пур гаштани меъда аз хӯрок, бар болояш бинӯшанд, қай меоварад, бо ин восита ахлоти часпаки бисёрро дафъ месозад . Чун пӯсти беруни чормағзро дар ҳолати тару тозагиаш бикӯбанд ва бар он рими оҳанро ос карда бипошанду ҳар рӯз бар ҳам зананд ва бикованд, ин барои мӯйро сиёҳ кардан ранги неку ва бардавом мегардад. Инчунин, чун бо рими оҳани кӯфтагӣ ва сирко биҷӯшонанд, баъд то як ҳафта дар офтоб гузоранд, ҳар рӯз бар ҳам мезада бошанд, пас мӯйро ранг кунанд, ин қавитар аст аз аввала.

Пӯсти сабзи самари чормағзро ба шукуфаҳои пӯст ва сабӯсаки сар бимоланд, фоида мекунад. Агар инро ба дандон бимоланд, милки дандонро сахт ва худи дандонро мустаҳкам мегардонад. Пӯсти тари решаи чормағзро ҳар панҷ рӯз як маротиба ба дандон бимоланд, мағзи сарро аз моддаҳои бегона пок месозад. Оби баргашро нимгарм дар гӯш чаконанд, онро аз чирк пок мекунад.

Оби пӯчоқи сабзу тозаи чормағзро дар зарфе бо асал якҷо то ғафс шудан ҷӯшонида, баъд бимоланд, барои дарди шадиди гулӯ, ки аз ҷамъ шудани хун дар он ҷо ҳодис шуда бошад, ҷӯшиши (пухтани) даҳан, хунравии бехи дандон ва ба сустии дандонҳо дору мебошад, дар ин хислат давои бемисл аст. Пӯсти сабз ва тару тозаи самари чормағзро бо ҳамвазни он барги ҳино кӯфта бимоланд, назлаҳои аз сар фурояндаро манъ мекунад; дарди сари кӯҳна, дарди нимсар, фолиҷ ва дигар дардҳои аз сардӣ ҳодисшаванда, монанди ниқрис (подагра) ва ғайраро шифо мебахшад.

Пӯстлохи хушки дарахти чормағзро бо сӯҳон тароша карда, баъд онро бо сирко хамир сохта бимоланд, рӯйро сурх мегардонад, бо зифт (қатрон) хамир карда, ба ҳар узв, ки бимоланд, онро қавӣ мекунад. Агар ин тарошаи сӯҳониро чанд рӯз дар равғани зайтун тар карда, баъд бар бадан бимоланд намегузорад, ки дар бадан шапуш пайдо гардад ва агар инро бихӯранд, барои иллатҳои сипурз дармон мешавад.

Дар фасли хазонрезӣ мозуро дар равғани зайтун то сиёҳ шудан биҷӯшонанд, баъд соф намуда, дар шишае рехта, бехи дарахти чормағзро кушода, решаеро аз он бароварда, сарашро бурида партофта, нӯги он решаро ба даруни шиша дароранд ба ҳадде, ки дар равған бошаду ба таги шиша нарасад. Сони атрофи даҳани онро хуб маҳкам кунанду аз нав хокпӯш намоянд. Ҳамон тавр гузоранд то замоне, ки он дарахт ба самар ояд. Пас шишаро аз ин ҷо бароваранд, дар он шиша чизе сиёҳ, монанди сиёҳии хаттотӣ хоҳад буд. Он ранги бисёр неку аст ва муддатҳои дароз асари он боқи мемонад. Инро эҳтиёҷи ба мӯй молидан нест, балки фақат шонаро дар он тар сохта, бар мӯй кашидан кофӣ мебошад, ки мӯйро сиёҳ гардонад. Ин аз асрори тибби қадим аст. Ин рангро пеш аз баромадани мӯй дар ҳаммом бар ҳар ду хояҳо бимоланд, монеъи рӯйидани мӯйи сафед мегардад.

Мувофиқи баъзе қавлҳо агар дар сояи дарахти чормағз бихобанд, баданро лоғар мегардонад ва девонаи ҳушбойдода дар зери дарахти он бихобад, ҳушёр мешавад. Чун хоҳанд, ки мағзи чормағзро аз пӯсти нафиси он мағз ҷудо намоянд, дар орд андохта, дар зарфе андак бирён кунанду баъд бо даст бимоланд, пӯсти он ҷудо мегардад. Равғани аз ин гуна мағз гирифташуда дар хислат монанди мағзи кӯҳнаи он аст. Агар аз равғани ин ҳар рӯз 10,5 грамм то як ҳафта биёшоманд, дарди суринро дафъ мекунад. Ин равған барои одамони сардмизоҷ ва бемориҳои аз хунукӣ пайдошуда фоида мебахшад. Ин равғанро бимоланд, барои решҳои хӯранда, носурҳои чашм, мулоим кардани асабҳо, таскин додани дардҳои аз хунукӣ ба амал омада, дафъ гардонидани шукуфаи пӯст ва рӯёнидани мӯй ба ҷоҳои гирдак-гирдак мӯйрехтаи сар ва риш даво мебошад. Агар инро дар бинӣ бирезанд, каҷ шудани рӯй, фолиҷ ва ҷингак шудани узвҳоро нафъ дорад.

Назди admin

Инчунин хонед инро

Пойи зоғ

Пойи зоғ —  ин гиёҳро дар баъзе маҳалҳо панҷаи зоғам ҳам меноманд. Тухмашро ба забони …