МАЪЛУМОТҲОИ НАВТАРИН
АСОСӢ / ГУНОГУН / Дар куҷо беҳтараш амонат гузошт?

Дар куҷо беҳтараш амонат гузошт?

Дар урфияти мардуми содда чунин аст, ки онҳо пулҳояшонро дар таги болишт (тагсарӣ) нигоҳ медоранд, ки ин амал дар баъзе вақт хатарноку камсамар аст. Лек гуфт, ки нигоҳ доштани маблағ дар бонк низ 100%-а бехатару хеле муфид гуфтан нодуруст аст. Чунки бонкҳо ҳам муфлис мешаванд ва дар баъзе ҳолатҳо ҳатто кишварҳо харобу парешон мешаванд, ки дар натиҷа амонатҳои дар бонкҳо гузошташуда нобуту беқадр мешаванд.

bonk

Дар хона амонатро нигоҳ доштан низ як қатор хатар дорад ва бар иловаи ин масъалаи аз даст додани фоидаи иловагӣ аз ҳисоби нагирифтани фоизи амонат вуҷуд дорад. Барои ҳамин ҳам масъалаи интихоби шакли нигаҳдории пул ба сифати амонат масъалаи ҳасос аст.

Барои интихоби ҷойи беҳтарин бо мақсади нигаҳдори амонат маълумоту саводи хубро талаб мекунад ва ҳар касе, ки масъалаҳои бонкӣ, молиявӣ, сиёсӣ, иқтисодиро хуб дарк менамояд дар интихоби ҷойи беҳтарини амонатгузорӣ хатогӣ намекунад.

Шумо шояд воқиф бошед, ки бар асоси пош хурдани Иттиҳоди шӯравӣ бонкҳои кишвар муфлис шуданд ва бар асари таваррум амонатҳои мардум то ҳазорон маротиба беқурб шуданд. Инчунин чихеле, ки маълум аст солҳои охир бар асоси бӯҳрони иқтисодӣ дар Тоҷикистон аз соли 2015 инҷониб якчанд бонкҳои калонтарини кишвар ба мардум маблағҳои амонатии онҳоро саривақт ва пурра баргардонида наметавонанд, ки ҷумлаи онҳо ин Агроинвестбонк, ТоҷикисодиротБонк, Фононбонк ва Таджпромбонк мебошанд.

Барои донистан оиди он, ки ба кадом ҷой маблағро амонат гузошт, дар бораи мавзӯи.нозукиҳои амонатгухорӣ маълумот бихонед.

Якчанд нозукиҳоро ҳангоми интихоби ҷойи амонатгузориро ба назар гиред!

  1. Агар шумо бонк ё ташкилоти молиявиро ба сифати ҷойи амонатгузорӣ интихоб намоед, пас ба назар гиред, ки ин ташкилот бояд фаъолияти хуби якчандсола дошта бошад. Бонки хуб кадом буданаш ин масъалаи дигар аст ва вобаста ба он маълумоти васеъ дар дигар саҳифаҳо гуфта шудаанд;
  2. Агар амонатро дар хона нигоҳ доштани бошед пас ҳатман онро дар ҷойи ноаён (пинҳон), камхаф дуртар аз обу оташ нигоҳ дошта шавад. Инчунин ҷойи ниагҳдории амонатро ба аъзоёни оила нагуед ва беҳтараш пулро дар дохили сандуқи оҳанӣ бо қулфи мустаҳакам нигоҳ доред;
  3. Агар пулро ба шакли электронӣ мубаддал карда амонатро дар воситаҳои электронии байналҳалқӣ нигоҳ доштанӣ бошед пас беҳтараш дар интихоби низоми маъруфтарин аз ҷумла PayPal, Webmoney, YandexMoney ва ғайраҳо.
  4. Додани маблағҳои амонатии худ ба дасти наздикони ва ё хешвандон. Дар инҳолат.

Назди admin

Инчунин хонед инро

Бофтахо

Бофтаҳо, аъзо ва танзими узвҳо

Бофта чист? Бофта ин Маҷмўи ҳуҷайраҳо ва моддаи байниҳуҷайравӣ, ки аз рўи пайдоиш, сохт ва иҷрои …