МАЪЛУМОТҲОИ НАВТАРИН
АСОСӢ / Тандурустӣ / Дарди дандон ва табобати он

Дарди дандон ва табобати он

Дари дандон ба одамон ташвишу ғами исёр мерасонад. Агар дарди дандон ногаҳон пайдо шавад пас аз байн бурдани ӯ бо якчанд роҳҳои осону дастрас имконпазир аст. Дандонҳои дардманд на танҳо таъби касро вайрон мекунанд, балки хоб рафтанӣ намемонад, кор кардан намемонад, хӯрокхурӣ намемонад, хурсандӣ кардан намемонад ва дигар ғаме медиҳад, ки то ба гиряву гизалагӣ оварда мерасонад.

Дарди дандон

Дарди дандон на танҳо бо дарди худ нишона дорад, балки дар ин ҳангом ҳарорати бадан  баланд мешавад асабҳо ноороманд, таъб хира ва афт турш мешавад. Ин нишонаҳо талаб менамоянд, ки ба духтури дандон муроҷиат карда шавад. Ҳоло ҷунин духтуронро дантист ва ё стомотолог мегӯянд, ки мафҳумҳои инглисӣ ва таносубан руссӣ мебошанд.

Сабабҳои дарди дандон

  • Қисман ё пурра вайрон шудани эмали дандон ва кафидани дандон. Дар ин ҳангом ҳисёти дандонҳо зиёд мешавад;
  • Кариеси дандон. Яъне сиёҳак шуда шикоф шудани дандон. Дар ин ҳангом дарди ногаҳ ва начандон зиёд бар асоси хурдани ширинӣ, оби гарм ё хунук ва ё шустани дандон ҳис карда мешавад. Агар чуқураки сиёҳ хеле калону фурурафтабошад пас дарди вазнин ва пайдарпай пайдо мешавад.
  • Пултит (бофтаи асаби дандон). Бар асари хунукӣ гирифтани бофтаи асабҳо дард ба гӯшу ҷағ мерасад.
  • Касали раги устухони зери дандонҳо. Ин аз ҳама вазнинтарин бемории дандон буда ба шукуфтани устухони ҷоғи инсон оварда мерасонад. Ин бемориро периодонтит мегӯянд ба забони руссӣ;

Чи хел аз дари дандон озод-халос шуд?

Бо пайдо шудани дардоҳои аввалини дандон тавсия карда мешавад, ки хӯрокхуриро манъ карда дандонҳоро бо оби нимгарм шуста шавад. Чунки резаҳои хӯрок метавонанд, барои зиёд шудани дарди дандон сабаб шавад.

Пеш аз он ки ягон намуди табобатро дар шароити хона оғоз карда шавад пешниҳод мешавад ки ба ҷойи дарди андон порае аз ях монда шавад. Ях ки хунук аст дарди вазнини дандонро камтар мекунад.    Инчунин дарди дандонро барги зуф (зулф) ва ё решаи он низ мефарорад. Дар баъзе ҳолатҳо намакоб (намаки дар об омехташуда) ва арақ (Водка) ҳамчунин дарди дандонро мефарорад.

Агар роҳхои дар боло навишташуда барои аз байн бурдани дарди дандон ёрӣ нарасонанд, пас чунин тавсияи пурзуртаро пешниҳод мекунем:

Растании Мармаракро (ташнак), ки онро бар русси шалфея мегӯянд гирифта дар об хеле ва хеле ҷушонида пас оби гарми онро дар даҳон гирифта дандонҳоро намнок кардан лозим.  Инчунин дар оби он латтаро тар карда баъдан аз болои дандони нолакардаистода гузошта дардро бартараф кардан мумкин аст.

Назди admin

Инчунин хонед инро

Бемории простата

Табобати Аденома простата, дору барои бемории мардон!

Аденомаи простата ё худ онро гиперплазияи ғадуди простатаи безарар мебошад, ки яке аз маъмултарин бемориҳои …