МАЪЛУМОТҲОИ НАВТАРИН
АСОСӢ / Таърихи тоҷикон / Давлати Ғуриҳо

Давлати Ғуриҳо

Дар асрҳои миёна кишвари кӯҳистониеро, ки дар саргаҳи ҳарируд воқеъ гардида, аз ҳирот то Бомиён ва ҳудуди Кобулу Ғазна вусъат дошт, «мамлакати Ғур» меномиданд. Ин мамлакат аз тарафҳои ғарб, шимол ва шарқ бо сарзаминҳое мепайваст, ки аз қадимулайём, тоҷикон зиндагонӣ мекарданд. Қисмати зиёди аҳолии Ғур аз қабилаҳои кӯҳистонии тоҷик иборат буд.

Иқлими мусоид ва обҳои фаровони ин мамлакат барои хеле тараққӣ кардани зироат ва чорвопарварӣ имконият медоданд.

Муаллифони асрҳои Х–ХII ҳангоми тасвири мамлакати Ғур дар бораи мазрааҳои атрофи қасабаҳои аҳолинишин, боғоти ангур ва дарахтони мева, галаву рамаҳои зиёде, ки дар кӯҳсор ва доманаҳои кӯҳ мечариданд, ҳикоят кардаанд.

Дар мамлакати Ғур истихроҷи маъдан ва таҳияи олоти фулузӣ нисбат ба он замон ба дараҷаи хеле баланде расида буд. Силоҳ ва либосҳои ҷангии ин мамлакат бағоят шӯҳрат пайдо карда, аз чизҳои муҳими содиротӣ ҳисоб мешуданд.

Муаллифи асри ХIII Ҷузҷонӣ, ки аслан аз Ғур аст, дар вақоеъномаи таърихии худ дар асрҳои IХ–Х ба қабилаҳо тақсим шудани аҳолии Ғур ва бо ҳам ҷангидани онҳоро зикр намудааст. Кӯшке[1], менависад ӯ, бо кӯшки дигар дар ҳолати ҳарб буда, одамон доимо бо ҳисси адоват нисбат ба якдигар зиндагӣ мекарданд.[2] Дар мамлакати Ғур муносибатҳои ғуломдорӣ мавҷуд буд. Маълумоти муаллифи асри Х роҷеъ ба бурдани ғуломон аз Ғур дар ин бобат зимнан гувоҳӣ медиҳад.[3]

Дар мамлакати Ғур бақияҳои демократияи ҳарбӣ ба муддати хеле тӯлонӣ давом намуданд.

Дар интиҳои асри Х вилоятҳои ҷудогонаи ба сари худ мустақили мамлакати Ғурро подшоҳчаҳо (маликҳо) идора мекарданд. Ин подшоҳчаҳо бештар ҳамчун пешвои қабила ва тоифаҳо буда, фақат аҳёнан якчанд қабилаҳоро ба таҳти фармони худ медароварданд. Ғуриҳо дар айни замон таомули кӯҳнаеро риоя мекарданд: дар сари ҳар вилоят ду пешво, яъне ҳоким ва сипаҳсолор меистоданд, ки ҳукуматро байни худ баробар тақсим карда буданд.[4]

Муносибати феодалӣ дар ин ҷо нисбат ба Мовароуннаҳр ва Хуросон қадре дертар роҳ ёфтанд. Дар зарфи асрҳои Х–ХI дар ин мамлакат муносибатҳои нимпатриархалӣ ва нимфеодалӣ ҳукмфармоӣ мекарданд. ҳокимони вилоятҳои ҷудогона тадриҷан ба феодал табдил ёфта, дар ҳар як вилоят ба худ унвони махсус мегирифтанд. Онҳоро дар вилояти Мандеш «малик» ё худ «меҳтар» (баъдҳо, ғуршоҳ), дар вилояти Тамрон ва Тамазон «варанда», дар Вармишон «вармишпат» меномиданд.

Дини ислом дар мамлакати Ғур ҳам ба мисли дигар вилоятҳои кӯҳистони тоҷик хеле суст ҷорӣ гардид. Ба хулафои араб муяссар нашуд, ки ин мамлакатро ба таҳти тасарруфи худ дароваранд. Аҳолии озодидӯсти он муддати дуру дарозе ақидаҳои қадимаи мазҳабии худро нигаҳ дошта, ҳатто то миёнаҳои асри ХI баъзе қабилаҳо дини исломро комилан қабул накарда буданд.

Ghuriho_davlat

Истиқрори сохти феодалӣ дар мамлакати Ғур, чи навъе ки дар тамоми Осиёи Миёна рух медод, дар баробари муборизаҳои шадиди синфӣ ба амал меомад.

Дар соли 907 дар ноҳияи ҳирот ва Ғур шӯриши халқии қарматиҳо ва маздакиён сар зад. Низомулмулк (асри ХI) дар хусуси ин шӯриш чунин менависад: «Дар доманаҳои кӯҳистони Ғур ва Ғарҷистон марде бо номи «Бӯбилол» пайдо шуда, аз ҳар табақа мардум ба гирди ӯ ҷамъ меомаданд… Аз вилояти ҳирот ва ноҳияҳои атроф одамони пуршумор ба ҳузури ӯ расида, савганд ёд мекарданд; нафароти онҳо аз даҳ ҳазор мутаҷовиз буд…Ёғиҳо дар доманаи кӯҳи ҳирот падид омада, ошкоро ақоиди кофирон ва қарматиҳоро эълон карданд, онҳо аксар чӯпон ва зореъ буданд».[5] Ин шӯришро қӯшуни Исмоили Сомонӣ бо як сурати бераҳмона фурӯ нишонд. Чи навъе ки сарчашмаҳо хабар медиҳанд, ин қабил шӯру ошӯбҳо дар маҳалҳои мухталифи кишвари Ғур борҳо ба вуқӯъ омадаанд.

Охири асри ХI дар Ғур айёми барқароршавии муносибати феодалӣ буд. Дар нимаи дувуми асри ХI ва нимаи аввали асри ХII доираи ҳокимияти маликҳои вилояти Мандеш хеле вусъат пайдо намуда, ба тамоми Ғур паҳн гардид. Дар миёнаҳои асри ХII давлати феодалии Ғуриҳо таъсис ёфт.[6]

ҳокимони Ғур баъзе вақтҳо исман ба шинохтани ҳокимияти олии Ғазнавиён маҷбур шуда бошанд ҳам, вале дар зарфи чандин даҳсолаҳо бар зидди ин сулола мубориза бурдаанд. Ниҳоят, онҳо заиф шудани давлати ғазнавиро фурсати мусоид дарёфта, истиқлолияти худро аз нав ба даст оварданд ва дар аҳди ҳукмронии Қутбиддин Маҳмуди Ғурӣ ба қувваи бузурге соҳиб гардиданд.

Ин буд, ки Баҳромшоҳ (яке аз охирин султонони ғазнавӣ) аз афзудани иқтидори Ғуриҳо ва шӯҳрат ёфтани Қутбиддин Маҳмуд тарсида, вайро бо роҳи фиреб ба Ғазна биёвард ва ба ҳабс гирифта, пас аз чанде заҳр дода ҳалок намуд.

Бо вуҷуди ин, дигарбора тасарруф кардани давлати Ғур ба Баҳромшоҳ муяссар нагардид. Баҳромшоҳи Ғазнавӣ дар чанд муҳорибаи шадиде, ки байни ӯ ва бародарони Қутбиддин ба амал омаданд, якзайл шикаст хӯрд. Султон Алоуддини Ғурӣ дар охирин муҳориба қӯшуни Баҳромшоҳро торумор карда, худи ӯро ба гурехтан маҷбур намуд. Шаҳри Ғазна аз тарафи Алоуддин (1150– 1151) хароб карда шуд.

Вале муборизаи Ғазнавиён ва  Ғуриҳо бо ин ҳама ба итмом нарасид. Дар соли 1186–87 бародарзодаи Алоуддин — Ғиёсиддин Муҳаммади Ғурӣ дар яке аз ҷангҳо охирин хонадони ғазнавӣ, ҳокими Лоҳур — Хисравмаликро асир карда, ба пойтахти давлати Ғур — Фирӯзкӯҳ фиристод. Бо ҳамин салтанати Ғазнавиён тамоман аз миён бардошта шуд. Ғуриҳо ҳокимияти Ғазнавиёнро барҳам дода, ҳукмрони давлати бузурге гардиданд, ки дере нагузашта ҳудуди он дар натиҷаи футуҳоти минбаъдаи онҳо хеле вусъат пайдо намуд. Маркази ин давлат ҳамоно Ғур буд.

Султонони Ғур қувваи зиёдеро ташкил мекарданд. Дар ихтиёри онҳо қӯшуни пуршуморе буд, ки дастаҳои низомии қабилаҳоро низ дар бар мегирифт. Ғайр аз ин, онҳоро ашрофи феодалии тоҷик дар кӯҳистони Бадахшон ва ҳавзаи дарёи Аму пуштибонӣ менамуданд. Дар охири асри ХII маҳалҳои ҷанубии Тоҷикистон) ва Ӯзбекистони кунунӣ, аз ҷумла, ноҳияи Вахш, Чағониён, Шуғнон ва Вахон ба ҳайъати давлати Ғур дохил карда шуданд.

Солҳои 1152–1206 дурахшонтарин давраи таърихи мамлакати Ғуриҳо ҳисоб мешавад. Пешрафти бузурги иқтисодӣ ва мадании давлати Ғур низ ба ҳамин давра алоқаманд аст. Лекин азбаски мамлакати Ғуриҳо нисбат ба дигар маҳалҳои Осиёи Миёна хеле ақибмонда буд, ин пешравӣ дер давом накард.

[1] Кӯшк ва истеҳкомот дар rарияҳои авлодӣ дар назар аст.

[2] Ҷузҷонӣ, тарҷумаи Раверти, с. 318

[3] {удуд-ул-олам, 1930. в. 21 б.

[4] Ниг.: ба гуфтаҳои Ф.Энгелс дар бораи ду пешво доштани ирокезҳо дар шароити демократияи ҳарбӣ (К. Маркс ва Ф. Энгельс Соч., т. 21, с. 96, 129).

[5] Низомулмулк, 1949, с. 218-219.

[6] Вosworth С. Е., 1961; 1968 а, р. 159–166; Массон В. М., Ромодин В. А.. 1964, с. 255–265.

Назди admin

Инчунин хонед инро

hulbuk

ШАҲРҲОИ ОСИЁИ МИЁНА ДАР АСРҲОИ ХI–ХII

Тараққиёти босуръати шаҳрҳо, истеҳсолоти молӣ ва тиҷорати пулӣ аз муҳимтарин аломатҳои давраест, ки мо ба …