АСОСӢ / Таърихи тоҷикон / ДАВЛАТИ КУШОН

ДАВЛАТИ КУШОН

Давраи аввали давлати Кушон: Дар Осиёи Миёна ва инчунин дар ноҳияҳои ҷануби он – то худи хоки шимолу ғарби Покистон бисёр вақт тангаҳое ёфт мешаванд, ки дар онҳо аз миён боло сурати марде тасвир шудаасту он мард дар сар пешонабанди подшоҳӣ – диадема дорад. Мӯи сари мард мавҷ зада, хеле дароз шудаанду ҳатто гӯшҳояшро панаҳ кардаанд. Сурати аз миён болои мард ба доирае гирифта шудааст, ки аз доначаҳои арзанмонанди пайваста таркиб ёфтааст. Дар қафои танга сурати саворае менамояд, ки ба тарафи рост рафта истодааст. Дар миёни савор горити дароз (ғилофи камон) ҳамоил мебошад. Дар пушти сари савор олиҳаи зафар – Ника дар парвоз аст. Маълум, ки асп қадам мезанад, зеро пои чапи пешашро бардошта истодааст. Савор болои зин озодона нишаста, ба тарафи нигаранда тоб хӯрдааст, ба ин сабаб тамоми танаш аз пеш баръало намоён буда, фақат сарашро андак гардондааст ва танҳо як бари рӯяш менамояд. Гарчанде танга ниҳоят хурд бошад ҳам, тамоми ҷузъиёти мӯйсару сару-либоси савор равшан намоён мебошад ва аз онҳо маълум, ки савор худи ҳамон подшоҳест, ки дар рӯи танга тасвир шудааст. Дар атрофи танга ба юнонӣ иборае сабт гардидааст, ки аз чор калима иборат мебошад. Маънои калимаи якум «ҳоким» аст ва дар ин маврид ҳамон калимаи юнонӣ истифода шудааст, ки аз калимаи «тиран» бармеояд ва дар он давра ин истилоҳро нисбат ба ҳукмроне кор мефармуданд, ки мустақил набуд, яъне ҳокими олӣ набуд.

Калимаи дувумро аксар вақт «Герай» мехонанд ва онро номи хоси юнонӣ мегӯянд, ки аз номи олиҳаи Юнон — Гера пайдо шудааст. Баъзан дар адабиёт ин номро ба тарзи дигар ҳам мехонанд (масалан, «Миай» ҳам мехонанд). Хондани калимаи севум ҷои баҳс надорад ва он ҳамоно «кушон» аст, калимаи чорумро аз афти кор, «санаб» хондан даркор. Ба ақидаи Е.А.Давидович, умуман хати рӯи танга бояд ин хел хонда шавад: «ҳокими Герай кушони Санаб». Ба ақидаи муҳаққиқи ин тангаҳо нумизмат А.Н.Зограф, тангаҳои мазкур ба тангаҳои Евкратид шабоҳат доранд ва гуфтан мумкин, ки дар миёнаҳои асри I пеш аз милод сикка зада шудаанд[1].

Ганҷинаи тангаҳои калони нуқраи Герай дар маркази райони Вахш ёфт шуд, ки он дар илм аввалин ганҷинаи маълуми ин подшоҳ мебошад[2]. Ғайр аз ин Б.А.Литвинский чор дона тангаи хурди нуқраи Герайро аз димнаи Кушониён–Теппаи Шоҳ ва як донаи онро дар Тирмиз ва як донаи дигарро аз Кайқубодшоҳ ёфт. Дар баробари дигар бозёфтҳо ин бозёфтҳо ба мо ҳақ медиҳанд иддао намоем, ки тангаҳои Герай дар Бохтар ва, эҳтимол, дар Бохтари шимолӣ сикка зада мешуданд.

Маъхазҳои хаттӣ дар бораи касе, ки ин тангаҳоро сикка задааст, яъне дар бораи «ҳокими Герай» ягон маълумот намедиҳанд, ягона чизи маълуми ин подшоҳ калимаи «кушон» аст. Ва аз ҳамин калима равшан, ки шоҳи мазкур ба кадом сулола мансуб буд.

KushanEmpireMap

Доир ба ин масъала Е.А.Давидович навиштааст, ки калимаи «кушон» пеш аз номи сулолаву давлат пайдо шуда, аз тарафи дигар халқҳо эътироф шудани онро ҷудо аз маълумоти роҷеъ ба йуҷиҳо дида баромадан кори ғалат аст.

Аслашро гирем, дар маъхазҳои дар бораи панҷ қабила (ё қавми) йуҷиҳо маълумоти бевосита нест. Дар Хан-шу ва Хоу Хан-шу панҷ си-хоу (ябғу) зикр шудаанд. Ин ду маъхаз дар бораи панҷ си-хоу маълумот диҳад ҳам, маълумоти онҳо ба як андоза муфассал нест ва ҳатто ба назар гуногун ҳам менамояд, вале ҳар ду маъхаз баробар ба як андоза таҳрик менамоянд, ки ба ин муносибат ду масъалаи зеринро, ҳар якеро алоҳида-алоҳида, ба эътибор гирифтан зарур мебошад: 1) масъалаи нисбати панҷ мулку пойтахтҳои онҳо ва мақоми онҳо дар давлати Йуҷиҳои Кабир, 2) масъалаи этимологияи истилоҳи си-хоу ва минбаъд дигар шудани мазмуни он.

Чжан Сян, ки тахминан дар солҳои 130-125 пеш аз милод (баъзе муҳаққиқон санаи аниқтареро пеш ниҳодаанд, вале ин санаҳои аниқ якчандто аст) ба мулки Йуҷиҳои Кабир сафар карда будааст, чунин вазъиятро ба қалам медиҳад; Йуҷиҳои Кабир вилояти Дахя (ҷануби Аму)-ро тасарруф намуда, худ дар шимоли Аму маскан гирифтанд ва дар ҳамон ноҳия кӯчманчигӣ мекарданд. Ҷиҳати муҳими ин маълумот ҳамин аст, ки ҳангоми баёни сарҳади давлати Йуҷиҳои Кабир Дахя сарҳадди ҷанубии давлат номида шудааст.

Панҷ мулк на дар ноҳияҳои кӯчманчигӣ зикр шудаасту на дар худи Дахя. Албатта, набудани зикри онҳо исботи набудани онҳо нест. Чжан Сян Дахяро бо чашмони худ дидааст ва маълумоти муфассали вай («Онҳо шоҳу волиёни кабир надоранд, вале дар ҳар як шаҳру деҳоти мустаҳками худ ҳокимеро ба тахт шинондаанд») ба нуктаи вуҷуд доштани панҷ ва ё камтар аз он мулк зинҳор мувофиқат намекунад. Он вазъияте, ки Чжан Сян тасвир кардааст, мо шартан марҳилаи якуми таърихи йуҷиҳо меномем, ки баъди аз тарафи онҳо тасарруф шудани ноҳияҳои ҳар ду соҳили Аму сар шуда буд.

Дар маъхази дигар Хан-шу, ки тақрибан солҳои 80-уми солшумории мо таълиф шуда, воқеаҳои то соли 25-уми солшумории моро дар бар мегирад, тамоман вазъияти дигар тасвир шудааст: подшоҳи мамлакати Йуҷиҳои Кабир қароргоҳе дорад, ки дар яке аз шаҳрҳои воқеъ дар шимоли дарё ҷой гирифтааст; сарҳадди ҷанубии мамлакат Дахя не, балки вилояти Гибин мебошад; худи йуҷиҳо дар аввал ҳамчун давлати кӯчманчӣ ташаккул ёфта буданд; панҷ си-хоу ҳаст, ки ба Йуҷиҳои Кабир итоат мекунанд. Пас, маълум мешавад, ки дар бобати ба маданият ва иқтисодиёти маҳаллӣ (ва эҳтимол, қисман ба ҳаёти муқимӣ) марбут шудани истилогарони кӯчманчӣ ва аниқтар ташаккул ёфтани худи давлати Йуҷиҳои Кабир хеле тағйирот ба амал омада будааст. Дар шаҳр вуҷуд доштани қароргоҳи подшоҳ, муқаррар шудани сарҳадди давлатӣ ва ба он дохил карда шудани Дахя, ки дар аввал фақат ба ном тасарруф шуда буд, ниҳоят умумию сатҳӣ бошад ҳам, ба ҳар ҳол зикри вуҷуд доштани шоҳони Йуҷиҳои Кабир ва панҷ мулки алоҳида, ки аз тарафи си-хуоҳои (ябғуҳои) ғайримустақил идора карда мешуданд – ҳамаи ин маълумотҳо фикри болоиро тасдиқ мекунанд. Маълум не, ки ин гуна вазъият кай оғоз ёфта буд ва чӣ қадар давом дошт, фақат ҳамин маълум, ки ин гуна вазъият пеш аз соли 25-уми солшумории мо вуҷуд дошт ва он дар таърихи йуҷиҳо марҳилаи наве мебошад, ки мо онро марҳилаи дувум меномем. Ба ақидаи Е.А.Давидович, ҷулуси Герай ба марҳилаи дувум, яъне ба асри I пеш аз милод ё худ ба ибтидои асри I солшумории мо тааллуқ дорад[3].

Пас аз ин маъхазҳо хабар медиҳанд: «Баъди он ки сад сол ё андак бештар аз ин мурур кард, Гуйшуан Киотсзюкю дигар чор мулкро тасхир намуд ва худро подшоҳи Гуйшуан хонд. Зидди Анси ба ҷанг баромад. Гаофуро ишғол кард. Пуду ва Гибинро торумор намуд ва замини онҳоро забт кард. Киотсзюкю 80 сол умр дид. Баъд аз сари вай писараш Янгаочжен ба тахт нишасту ҳиндустонро мутеъ намуд ва идораи онро ба яке аз сарлашкарони худ супурд. Аз ҳамон вақт сар карда, йуҷиҳо тавонотарин ва бойтарин хонавода шуданд. Мамлакатҳои ҳамсоя онро подшоҳи Гуйшуан меномиданд, вале дарбори Хитой мисли пештара онро Йуҷии Кабир меномид»[4].

Гуйшуан (аниқтараш Kiwӯi-sian)[5] транскрипсияи хитоии калимаи «кушон» мебошад, ки аз рӯи тангаҳо маълум аст. Инак, Герай аввалин ҳокими оли Кушон дар ҳамон даврае будааст, ки ин сулола акнун боло мерафт. Мумкин аст вай аз ниёгони (падар ё бобои) ҳоким Киотсзюкю буд, ки дар тангаҳо номбар шудааст.

Тангаҳои кушонӣ дар хоки Осиёи Миёна, Афғонистон, ҳиндустон бисёр ёфт шудаанд. Онҳо муҳимтарин сарчашмаи тадқиқи таърихи давлати Кушон мебошанд. Катибаҳои ҳиндӣ, ки номи шоҳони Кушонро ифода мекунанд, низ хеле муҳиманд. Ғайр аз маъхазҳои хитоӣ дар баъзе маъхазҳои таърихии ҳиндустон ва Тибет дар бораи фаъолияти шоҳони Кушон камубеш маълумот ба назар мерасанд. Вале ҳамаи ин маълумот порча-порчаи ба ҳам новобаста буда, онҳоро ба ҳам муқоиса кардан душвор аст ва аксари онҳо ба ҳамдигар хилоф мебошанд.

Масъалаи хронологияи Кушон

Масъалаи хронологияи Кушон, ки олимон сад сол боз бо ҷӯшу хурӯш муҳокима мекунанд, ҳоло ҳам масъалаи дандоншикан аст. Ба назари аввал кор осон менамояд – катибаҳоеро, ки дар ҳиндустону Покистон ёфт шудаанду номи шоҳони Кушонро ифода менамоянд, ибтидои оли Кушон ҳисоб кардан даркору халос. Вале гап дар ин ки дар аксари ин катибаҳо сол ҳасту вале ишорате нест, ки он сол ба кадом эра нисбат дорад. Эҳтимол, санаи катибаҳо аз рӯи ду ва ё якчанд эра омада бошанд. Аниқ маълум, ки дар ҳиндустон якчанд эра дар як вақт баробар истифода мешуд, масалан, эрае, ки аз нирвонаи Буддо сар мешуд, эраи Викрам – Vikқamaditya Samvat (с.57 то м) эраи Сака – Saka-kâla (соли 78 м) ва ғ. Аз рӯи тахмини олимон дар ҳиндустони Қадим солшуморӣ аз рӯи эраҳои аҷнабӣ: ҳам селевкӣ[6], ҳам портӣ ва ғ. ба амал оварда мешуд. Ғайр аз ин тахмин ҳаст, ки дар замони Кушониён санаи воқеаҳоро мувофиқи бисёр санаҳои дигар, масалан, санаи ба Бохтар дохил шудани йуҷиҳо, санаи ибтидои аҳди ин ё он ҳоким ва ғ. ҳисоб карданашон мумкин буд. Душвории кор боз ҳамин, ки дар ҳиндустони Қадим одате буд, ки рақамҳои садӣ ё ҳазории солҳоро наменавиштанду фақат рақамҳои даҳӣ ва якиро менавиштанд.

Муҳаққиқи англис Э. Томас соли 1874 таклиф карда буд, ки барои муқаррар намудани эраи яке аз машҳуртарин шоҳони Кушон – Канишка эраи селевкиро (с. 312 пеш аз милод) ба асос гирифта, ба он рақамҳои садӣ, дар ин маврид, рақами «се» (садӣ)-ро илова кардан даркор. Дар ин сурат, агар бозёфтҳои навтарини хаттиро ба назар гирем, аҳди Канишка бояд дар соли 9 пеш аз милод сар шавад. Мутахассиси машҳури археология ва нумизматикаи ҳиндустон А. Каннингэм дар байни эраи Викрам ва эраи Селевк ва ғ. мекалавид. Д. Фергюссон ақидае пеш ниҳод, ки аҳди Канишка аз эраи Сака – соли 78 пеш аз милод сар мешавад. Баъдтар А.Каннингэм ҳам ба ин розӣ шуд. Минбаъд ин сана дар адабиёт хеле маъмул гардид. Яке аз эпиграфистҳо ва муҳаққиқи мӯътабари забонҳои хутану сакоиҳо С.Конов, ки тамоми маъхазҳои ин масъаларо бодиққат аз назар гузарондааст, ба як қарори қатъӣ ҳеч омада натавонист. Вай чун ибтидои аҳди Канишка солҳои 128/129, 130, 134, 138 пеш аз милодро пеш ниҳодааст. Вай нишондодҳои астрономии катибаҳоро ба назар гирифта, ҳаракат кард, ки (бо ёрии астрономҳо) ин санаҳоро муайян кунад, вале ба як хулоса омада натавонист. Дар охири охирон гуфт, ки аҳди Канишка тақрибан соли 200 пеш аз милод сар шудааст. Худи ҳамин калавишҳо ва ҷустуҷӯйҳои чунин як муҳаққиқи номдор нишон медиҳад, ки ҳалли ин масъала чӣ қадар душвор аст. Ғайр аз санаҳои мазкур бисёр дигар санаҳо ҳам пешниҳод шудаанд. Масалан, Р.Гиршман таклиф кард, ки ибтидои аҳди Канишка соли 144 пеш аз милод ҳисоб карда шавад[7].

Соли 1902 мақолаҳои муҳаққиқи ҳинд Д.Р.Бҳандаркор нашр шуданд. Ӯ катибаҳои ҳиндии бо Кушониён алоқамандро истифода бурда, дар заминаи таърихи ҳиндустон фактҳои таърихии Кушониёнро таҳлил намуд ва ба хулосаи хориқулоддае омад. Моҳияти тарзи исботи вай чунин аст. Ба қавли вай, (ки инъикоси дараҷаи инкишофи ҳамонвақтаи илм буд), тартиби ба тахт нишастани шоҳони Кушон чунин буд: Куджула Кадфиз, Куджула Кара Кадфиз, подшоҳи беноме ва Вима Кадфиз. Катибаи Панҷтараро, ки санааш соли 192 эраи номаълум асту аҳди яке аз шоҳони беноми Кушон мебошад, Д.Р.Бҳандаркор ба Куджула Кадфиз вобаста мекунад. Вай шартан шуморид, ки ин подшоҳи беном 3 сол пеш аз Куджула Кадфиз, яъне соли 123 эраи номаълум ҳукм рондааст. Д.Р.Бҳандаркор фарз кард, ки ҳар яке аз он чор шоҳи мазкур бистсолӣ подшоҳӣ кардаанд, ҷамъ 80 сол мешавад ва дар ин сурат аҳди Вима Кадфиз бояд соли 200 эраи номаълум ба поён расад. Дар катибаҳои дар ҳамон вақтҳо маълум, ки дар онҳо номҳои Канишка, Хувишка, Васудева буданд, санаи аз соли 5 то соли 98 эраи номаълум зикр шудааст. Ба ақидаи муҳаққиқ ин сана айнан ҳамон санаи матлуб асту фақат садиҳои он нест, пас аҳди ин шоҳон соли 205 эраи номаълум сар шуда, соли 298 эраи номаълум ба охир расидааст. Вай таклиф карда буд, ки ибтидои ин эра ибтидои эраи сана ҳисоб карда шавад (ки он ҳам аз рӯи дигар маъхазҳо муайян карда мешавад) ва он соли 78 милодӣ мебошад. Дар натиҷаи ҳисобу китоби оддӣ чунин мебарояд, ки соли 205 эраи номаълум (яъне катибаи аввалини дар он вақт маълум) соли 283 милодӣ аст, ки он оғози аҳди Канишка мебошад. Бҳандаркор, инчунин, исбот карданӣ мешуд, ки маҳз ба шарти қабул шудани чунин тартиби хронологӣ таърихи Кушониён ба чорчӯбаи таърихи ҳиндустон айнан «мувофиқ» меояд[8].

Суст будани бисёр нуктаҳои ин фарзияро ба осонӣ дидан мумкин. Он тартибе, ки Бҳандаркор шоҳонро ба тахт мешинонад, хато будааст. Маҳз бистсолӣ ҳукм рондани ҳар як подшоҳ низ ҳеҷ як асос надорад (дар омади гап, аз рӯи маъхазҳои хитоӣ Куджула Кадфиз хеле тӯлонӣ ҳукмронӣ карданаш мумкин).

ҳозир маълумоти зиёд гирд омадааст. Дар катибае, ки алҳол маълум аст, аз соли 200 то соли 299 эраи номаълум фосилае ҷой дорад. Дар катибаи соли 187 (ё 184) Вима Кадфиз[9] номбар мешавад. Мувофиқи маълумоти нумизматӣ Кадфиз баъди Канишка ба тахт нишастааст, вале катибае, ки дар он номи Канишка аст, бо санаи соли якум (?) сар мешавад, баъд катибаи соли дувум ме­ояд ва, ҳамин тавр, то соли 23 давом мекунад. Аз ин рӯ, санаи аҳди шоҳон ин тавр мешавад: Васишка солҳои 24-48; Хувишка солҳои 28-60; Канишка солҳои 11-41; Васудева солҳои 64 (ё 67) -98 уми эраи номаълум.[10] ҳама гап дар сари ҳамин, ки муаллифони катибаи Канишка ва дигар шоҳони минбаъда маҳз эраро дар назар доштанд.

Яке аз мумаййизони мӯътабари ин масъала, профессори голландӣ хонума Лохвизен де Леев тамоми материалҳои мавҷударо хеле дақиқона таҳлил намуда, ба хулосае омад, ки «дар савияи ҳозираи дониш бояд эътироф намуд, ки соли якуми аҳди Канишка ба соли 200-уми эраи кӯҳна ё айнан баробар аст ё худ чанд сол сонитар мебошад». Дар асоси ақидаи «мувофиқат»-и эраҳо вай соли 199 пеш аз милодро сароғоз ҳисоб кард. Дар ин сурат ибтидои аҳди Канишка соли 78 милодӣ мешавад[11].

Баъзе дигар олимон ҳам дар асоси ин ё он маълумот ба ақидае омадаанд, ки соли 78 милодӣ ибтидои аҳди Канишка аст.[12]

Таҳлили ниҳоят дақиқкоронаи палеографии олими покистонӣ А.Донӣ[13] имкон медиҳад хулосае бароварда шавад, ки палеографияи катибаҳо ба «мувофиқат»-и эраҳо хилоф нест, балки онро тасдиќ мекунад.

Ин далели хеле мӯътабар бошад ҳам, вале ҳалкунанда не, зеро палеографияи ҳиндї ба он дараҷа кор карда нашудааст, ки дар асоси он роҷеъ ба даҳсолаҳо бо итминон ҳукм баровардан мумкин бошад.

Чи тавре дар боло гуфтем, дар масъалаи муайян кардани ибтидои аҳди Канишка дигар фикру ақидаҳо ҳам ҳастанд: соли 101 милодӣ (Нарайн), соли 128/29 милодӣ (Д.Маршалл), соли 144 милодӣ (Р.Гиршман), қарибии соли 200 (охирин ақидаи С.Конов), соли 235/36 (Р. Гёбл), соли 248 (Р.Маҷумдар).

Ба қарибӣ олими советӣ Е.В.Зеймал ба фоидаи фарзияи Бҳандаркор далелҳои хеле муфассал овард, ки мувофиқи онҳо тамоми санаҳои аҳди шоҳони кушонӣ ҳаддалимкон сонитар мешаванд.

Ғайр аз катибаҳое, ки дар ҳиндустону Покистон ёфт шудаанд, вай материалҳои нумизматиро низ истифода бурдааст. Ҷадвали хронологияи нисбӣ, ки Е.В.Зеймал онро дар асоси ақидаҳои Бҳандаркор таҷдид намудааст, чунин аст (дар қавсайн рақамҳои садие оварда шудаанд, ки дар худи катиба нестанд) [14]:

Номи ҳокимон             Соли катиба                           Соли милодӣ

Куджула Кадфиз         қарибии 100–160                 178–238

Вима Кадфиз                қарибии 160–200                 238–278

Канишкаи I                   қарибии (2)00–(2)23            278–301

Васишка                         қарибии (2)24–(2)28            302–306

Хувишка                         қарибии (2)28–(2)60            306–338

Канишкаи II                  қарибии (2)41                        319

Васудева                          қарибии (2)64–(2)98            342–376

Маълум, ки санаи ибтидои аҳди Куджула Кадфиз аз рӯи ақидаи Бҳандаркор гирифта шудааст. Соли 160 бошад, мутлақо шартист ва ба интихоби он шояд дарозии умри ин шоҳ таъсир расонда бошад, ки дар маъхазҳои хаттӣ қайд гардидааст.

Ягона асосе, ки мувофиқи он муддати аҳди Вима Кадфиз муайян карда шуд, дар навиштаҷоти соли 184/187 зикр гардидани вай мебошад. Сабаби соли 160 будани ибтидои аҳди вай соли (мутлақо шартии) поёни аҳди пеш гузаштаи вай Куджула Кадфиз аст. Поёни аҳди Вима Кадфиз барои ҳамин соли 200 шудааст, ки аз соли 200 ё 201 (яъне соли 278 милодӣ) аҳди Канишкаи I сар мешавад. Асоси ин сана фақат фарзияи Бҳандаркор дар бораи «мувофиқат»-и ҳамаи ин санаҳо мебошад (баъди илова намудани садиҳои зикрнашуда).

Ба ҳамин тариқ, схемаи Е.В.Зеймал таҷдидкардаи Бҳандаркор хеле бамантиқу бамаврид намояд ҳам, нуқси асосии он, яъне ба исбот нарасидани «мувофиқат»-и санаҳо (сарфи назар ба далелҳои палеографии А.Донӣ) бартараф нашудааст[15]. Иддаои соли 78 (эраи сакоӣ) будани оғози хронологияи Кушониён ҳам баҳснок мебошад.

Е.В.Зеймал ба тарафдории фарзияи Бҳандаркор боз чанд далелҳои муҳими иловагӣ овард. Вай дар баъзе ашхос ва ҷузъиёти тангаҳои кушонӣ тимсоли тангаҳои римиро дидааст. Масалан, дар тангаҳои кушонии Хувишка тимсоли тангаҳои давраҳои чоряки дувуми асри III ва даҳаи аввали асри IV-уми римиро мебинад. Азбаски ин хусусияти сиккаи Кушониён фақат баъди дар сиккаи римиҳо қабул шудан метавонист маъмул гардад, ба ин сабаб тангаҳои кушонии Хувишка бояд ба нимаи аввали асри IV ё IV/V ба давраҳои сонитар мансуб бошанд. Е.В.Зеймал ана ҳамин ҷиҳатро далели дурустии ақидае мешуморад, ки оғози эраи номаълум соли 78 мебошад ва дар ин сурат Хувишка бояд солҳои 306-338 эраи нав ҳ(78 + 228) –(78 + 260)] ҳукмронӣ кунад. Дигар далели нумизматӣ, ки ба он Е.В.Зеймал такя мекунад, таърихи сиккаи Кушону Сосониён ва санаи заволи империяи Кушониён (солҳои 70-80-уми асри IV) мебошад, ки В.Г.Луконин пешниҳод кардааст (ин тангаҳо мисли тангаҳои Васудеваанд, аз ин рӯ, пас аз вай баромадаанд). Дар ин бобат, инчунин маъхазҳои эронӣ, хитоӣ ва ҳиндӣ мавриди истифода ва тафсир қарор гирифтаанд.[16]

Фарзияи Бҳандаркор-Зеймал бо ин ҳама диққатҷалбкунандагии худ танҳо фарзия асту бас. Худи ҳамон як материалҳои нумизматӣ аз тарафи Р.Гёбл чунон тавзеҳ ёфтаанд, ки схемаи хронологии ӯро ба исбот мерасонанд, ҳол он ки санаҳои он аз схемаи дар боло зикркардаи мо қариб ним аср «калонтаранд»[17].

Гарчанде таърихи давлати Кушон дар сарзамини беканоре ҷараён ёфта, бо таърихи ханнҳои Хитой, Сосониёни Эрон ва давлатҳои ҳиндустон робитаи зич дошта бошад ҳам, дар санаи воқеаҳои онҳо ягон мувофиқати баҳснопазир ба назар намерасад. Як мисол меоварем.

Мувофиқи сарчашмаи хитоӣ 5 январи соли 230 ба Хитой ҳайъати сафорати Po-t’iao шоҳи йуҷиҳо омадааст. ҳанӯз Э.Шаванн эътироф карда буд, ки эҳтимол, ин талаффузи хитоии номи Васудева бошад, вале аз имкон берун мешумурд, ки ин ҳамон подшоҳи Кушон — Васудева мебошад, ки пас аз Канишка ва Хувишка ҳукмронӣ кардааст.

Ба фикри Карлгрен, ба хитоӣ ин ном бояд *Pғâd’iӯғ талаффуз карда шавад. Одатан ҳарфи аввали р-и хитоӣ, ки дар номҳои хориҷӣ меояд, садои р ё ӣ-ро ифода мекунад. Дар ин маврид бошад, барои ифодаи ҳарфи υ истифода шудааст. П.Пело илоҷи корро дар ҳамин медид, ки ба матн тағйирот даровардан даркору Ӣғâd’iӯғ хондан лозим. Вай ҳам эътироф мекард, ки ин ном бо Васудева алоқаманд аст, вале дар ин ақидааш устувор набуд ва дар ин шакке нест. Э.Пуллейблэнк чунин тағйиротро имконнопазир медонист ва ба чунин ақидае майл дошт, ки ин одам ба ҳар ҳол, ҳамон Васудева аст, гарчанде дар ин иддаои худ исрор намеварзад ва масъалае мегузорад, ки ин одам маҳз кадом Васудева бошад, зеро аз эҳтимол дур нест, ки ин ном дар байни авлоди шоҳони Кушон серистеъмол буд ва мумкин чандин кас чунин ном доштанд [18].

Барои ҳалли ин масъалаи бениҳоят мураккаб муҳаққиқон ғайр аз материалҳои номбурда дигар мадракаву маълумот– бозёфтҳои якҷояи тангаҳои кушону римӣ дар хазинаҳо ва аз табақоти археологӣ, маълумоти сиккаи маҳаллии ҳиндӣ (ва шарқитуркистонӣ), материалҳои археологии осоре, ки дар онҳо танга ё катибаи кушонӣ ёфт шудаанд, асарҳои санъат, шаҳодати номукаммали маъхазҳои ҳиндӣ ва тибетӣ ва ғ.-ро низ мавриди истифода қарор додаанд. Вале ҳамаи инҳо ҳам имкон намедиҳанд, ки як хулосаи аниқ бароварда шавад.

Солҳои 1913 ва 1960 дар Лондон дар масъалаи муайян намудани санаи аҳди Канишка симпозиум гузаронда шуд. Ин масъала дар Конференсияи байналхалқии роҷеъ ба таърих, археология ва маданияти Осиёи Марказӣ дар давраи Кушониён (Душанбе, 1968) хеле муфассал ва амиқ муҳокима карда шуд. Ва боз муҳаққиқон ба як қарори қатъӣ омада натавонистанд[19].

Ба фикри мо, миқдори материалҳои мавҷуда алҳол имкон намедиҳад, ки масъалаи дурустӣ ё нодурустии ин ё он схема, ҳатто ба таври пешакӣ ҳал карда шавад, барои ҳар як схема далелу бурҳони қотеъ ёфтан мумкин, ки мувофиқи он ибтидои аҳди Канишка ба ҳар як соли давраи аз нимаи дувуми асри III эраи нав рост омаданаш мумкин аст. Бинобар ин, шаҳодати бисёр катибаҳои ҳиндӣ, маъхазҳои хитоӣ ва ғарбиро, ки роҷеъ ба ин ё он воқеаи давлати Кушон аст, муаррихони ҳозиразамон ба аҳди ин ё он шоҳ мулҳақ намуда, ба қавли хеле муносиби олими ҳинд Б.Н.Пурӣ, «онҳоро дар ҷазираҳои мутаҳаррики хронологияи Кушониён баста монданӣ мешаванд». Асари худи Б.Н.Пурӣ [20], ки маҷмӯи хеле муфиди материалҳо мебошад, дар айни ҳол равшан нишон медиҳад, ки барои ҳалли бисёр масъалаҳои таърихи Кушон дар дасти илм алҳол меъёрҳои объективӣ нестанд.

Забти сарзаминҳо

«ҳокими Гуйшуан Киотсзюкю» (ба қавли П.Пелйо, ин ном дар қадим K’iəғdz ‘iəғ kiəp талаффуз карда мешудааст), ки дар маъхазҳои Хитой зикр шудааст, ҳамон Куджула Кадфиз мебошад, ки дар тангаҳои Кушониён номаш ба назар мерасад (ду қисми аввали номи хитоӣ «Кудзула» ва қисми охираш «Кадфиз»-ро ифода мекунад)[21]. Инак, мо медонем, ки вай бо Анси, яъне Порт ҷангида буд. Сипас, ривоят мешавад, ки ин ҳоким Гаофу (ё Каофу), яъне Кобулро тасхир кардааст. Вале дар бораи ин мулк мо ҳаминро медонем, ки он пеш тобеи Анси будааст ва йуҷиҳо (Кушониён) фақат аввал Ансиро шикаст додаанду баъд Гаофуро ишғол кардаанд[22] (Дар ин асос ба хулосае омадан мумкин, ки Кушониён дар ин давраи мавҷудияти худ бо худи Порт не, балки бо ҳокимони номустақили Порти шарқӣ задухӯрд карда, онҳоро торумор намудаанд). Баъд ба Пуду зарба зада шуд, ки дар қадим ӣ’ғok-d’ât талаффуз карда мешуд ва ба қавли И.Маркварт, эҳтимол, этноними пактиё мебошад (Геродот, IV, 44; VII, 67; Гекатей, фиқраи 178).[23]

Масъалаи Гибин хеле мураккаб аст. Дар бобати муқаррар кардани ҷои он мо ҳамфикри олими Италия Л.Петеч мебошем, ки вай Гибинро дар қисми шимолу ғарбии ҳиндустон – дар ноҳияҳои Қандаҳор ва Панҷоби ғарбӣ ҷой додааст[24].

Ба ҳамин тариқ, аллакай дар аҳди Куджула Кадфиз, ки онро ғолибан Кадфизи I меноманд, хоки давлати Кушон хеле васеъ шуд. Масоҳати давлат аз ҳудуди Бохтар берун рафта, бисёр дигар ноҳияҳо ва халқҳоро дар бар гирифт.

Дар бораи аҳди Кадфизи I баъзе маълумотҳоро аз тангаҳо гирифтан мумкин[25]. Як силсила тангаҳо ба даст омаданд, ки дар рӯи онҳо расми яке аз охирин ҳокимони Юнону Бохтар — Гермей ва номи он сабт шудааст. Дар пушти танга ҳайкали Геракл тасвир шуда, чунин хат ҳаст: «Куджула Кадфиз, Ябғуи кушон, қавиимон». Ба ақидаи баъзе мухаққиқон (масалан, Д.Саркор, А.Симонетта, В.М.Массон) тангаҳои мазкур инъикоси авзое мебошад, ки дар айни ба кӯҳистони Афғонистони марказӣ ҳаракат кардани Кадфизи I ба вуҷуд омада буд ва Кадфизи I дар ин давра маҷбур буд, ки муваққатан сарвар будани подшоҳчаи Юнону Бохтар — Гермейро эътироф намояд ва ба ҳамин сабаб дар тангаҳое, ки ҳар дуи онҳо сикка заданд, дар рӯяш расми Гермей ҳаст.[26] Вале дигар ақида ҳам ҳаст, ки ин сиккаи якҷояи Гермей ва Кадфизи I не, балки сиккаи худи Кадфизи I аст, ки тақлидан ба тангаҳои қадима баровардаасту фақат номи худро илова намудааст. Ба фикри В.В.Тарн, сабаб ҳамин, ки кадоме аз ниёгони Кадфизи I домод ё почои Гермей будааст ва ин тангаҳои якҷоя варосаттарошии Кадфизи I-ро ифода мекардаанд. Вале ин қаробати Гермей ва Кадфизи I исбот нашудааст. Дигар олимон (Рапсон, Бахофер, Нарайн) низ ба ин тахмин зид не, балки онҳо нуктаҳои ба ҳақиқат наздиктари ин тахминро тарафдорӣ мекунанд, яъне Кадфизи I маҳз барои ҳамин дар сиккаи Гермей номи худро илова намуда, онро давом дод, ки ин тангаҳо дар маҳалҳо аз ҳама маъмултар буданд.[27]

Хулоса, барои муайян кардани шароити сиккаи ин тангаҳо алҳол имкон нест.

Тадқиқи дигар тангаҳо, ки онҳоро худи Кадфизи I баровардааст, нишон медиҳад, ки унвони вай аз ябғу («сарвар») сар карда, то «подшоҳи аъзам» ва ҳатто то «шаҳаншоҳ» тадриҷан дигар шудааст.[28]

Аз афти кор, васеъ шудани масоҳати давлат ва пурзӯр шудани ҳокимият боиси зӯр шудани ғурури Кадфизи I гардиданд. Дар ҳақиқат ҳам, дар муддати ниҳояти тӯлонии ҳукмронии худ вай аз як ҳокимчаи вилояти хурдакак ба шаҳаншоҳе мубаддал шуд, ки ба вай мамлакатҳову халқҳои бисёр итоат мекарданд.

Ғайр аз маъхазҳои хаттӣ бисёр тангаҳое, ки дар шимолу ғарби ҳиндустон ёфт шуданд, шаҳодат медиҳанд, ки як қисми ин ноҳияро Кадфизи I ба мулки худ ҳамроҳ карда буд. Фақат дар димнаи Таксила (Сиркап) 2500 танга ёфт шуд. Дар Осиёи Миёна бошад, ин гуна тангаҳо кам вомехӯранд. Дар Тоҷикистон ин хел тангаҳо дар Шаҳринав, Душанбе, Қабодиён[29], Хоруғ ва дар дигар ҷойҳо ёфт шудаанд.

Тангаҳои Кадфизи I фақат аз мис будаанд. Ба фикри Е.В.Зеймал, қадимтарини ин тангаҳо ҳамон тангаҳое мебошанд, ки тақлидан ба тангаҳои Гермей бароварда шудаанд. Дар байни тангаҳои Кадфизи I тангаҳое ҳастанд, ки ба тангаҳои қадими императории Рим шабоҳат доранд.[30]

Боз як гурӯҳи тангаҳо ҳастанд, ки дар онҳо номи подшоҳ несту фақат унвони вай – «шаҳаншоҳ, наҷотбахши аъзам» («сотер мегас») сабт гардидааст. Ин тангаҳо ҳам дар Осиёи Миёна хеле кам ёфт шудаанд; онҳо дар гӯшаҳои гуногуни Тоҷикистон ба назар мерасанд. Дар асоси якчанд маълумотҳо баъзе олимон (М.Е.Массон, Г.А.Пугаченкова, А.К.Нарайн) тахмин мекунанд, ки ин тангаҳои беномро Кадфизи I баровардааст.[31] Ин фарзия хеле ҷолиби диққат бошад ҳам, бисёр муаммоҳои печдарпечи нумизматӣ дорад. А.Симонетта тахмин мекунад, ки подшоҳи ин тангаҳоро сикказада баробари Кадфизи II ҳукм меронду баъд Кадфизи II он подшоҳро дур кард.[32] Борҳо чунин ақида ҳам изҳор гардид, ки тангаҳои ин подшоҳи беномро якчанд подшоҳ баровардаанд, ки тақрибан дар як вақт ҳукмронӣ мекардаанд. Ба фикри Е.В.Зеймал, қадимтарини ин силсила тангаҳо ба давраи Кадфизи I мансуб буда, тангаҳои давраҳои сонитар андаке пеш аз тангаҳои Кадфизи II ё баробари онҳо бароварда шудаанд.[33] Ниҳоят, чунин ақида ҳам ҳаст, ки «сотер мегас» ба доираи ҳокимони олии давлати Кушон тааллуқ надошт, балки аз онҳо мартабааш пасттар буд [34].

Солномаи Хитой пас аз Киотсзюкю (яъне Кадфизи I) писари вай Янгаочженро (талаффузи қадимаи вай Iäm-kâғ-t iӯn) [35] зикр кардааст. Аз рӯи мадракаи тангаҳо ин одам Вима Кадфиз аст, ки унвони болохонадоре дошт – «шаҳаншоҳ, подшоҳи олам, наҷотбахш». Аз рӯи хатту мадракаи тангаҳо ва маълумоти солнома бисёр ноҳияҳои шимоли ҳиндустонро забт кардани ин подшоҳ ба ҳақиқат хилоф нест. Дар Матхура ҳайкали сангине ёфт шуд ва одатан, тахмин мекунанд, ки катибаи ин ҳайкал номи Вима Кадфизро ифода мекунад[36]. Дар Ладак бошад, дар маҳалли Калатсе (Кhalatsӯ) – катибае бо зикри номи вай ва санаи соли 187-ум (эрааш номаълум) ёфт шудааст. Ба фикри баъзе олимон, Кадфизи II тамоми шимоли ҳиндустон, аз ҷумла Кашмирро ҳам забт карда будааст (дар омади гап, Кашмирро забт кардани Кадфизи II боиси шубҳа мебошад)[37].

[1] Зограф А. Н., 1937, Давидович Е. А., 1976, с. 72.

[2] Давидович Е. А.. 1976, с. 71.

[3] Давидович Е. А., 1976, с. 59-60.

[4] Бичурин, II, с. 227-228. Тарҷумаи Э.Шаванн (Chavannӯs Е., 1907, р. 190-192) ва ҳам тарҷумаи Э.Пуллейблэнк (Pullӯyӣlank Ӯ.G., 1961-1968, р. 1) бо тарҷумаи Бичурин амалан як аст.

[5] Pullӯyӣlank Ӯ.G., 1962, р. 118.

[6] Cunningham A., 1883; Sircar D.C., 1965, р. 219–235; «Thӯ Agӯ of Impӯrial Unity», 1951, р. 154–158.

[7] Тафсирҳои беҳтаринро ниг.: Van Lohuzӯn-dӯ Lӯӯuw J.Ӯ., 1949; р. 1-72; Ghirshman R. 1957, р. 690-722; Rosӯnfiӯld J.M., 1967, р. 253-258; Narain А. К., 1968. Тафсилоти муфассалтарро ниг.: Зеймаль Е. В., 1968 а.

[8] Ӣhandarkor D. K., 1902, р. 269-302, 385-386.

[9] Зотан аrидае ҳаст, ки дар хондани ин ном саҳв рафтааст, ин одам на Вима Кадфиз, балки ягон волии Кушониён аст (Sircar D.C, 1963, р.139). Ба аrидаи Рапсон, ин номи ҳокими маҳаллии кӯҳистон мебошад.

[10] Maricq А., 1958, р. 380-393; Rosӯnfiӯld J.M., 1967, 1968 а, р.264–273; Зеймаль Е.В., 1968 а, с.18-23, 32–47 (рӯйхати муфассали катибаҳо).

[11] Van Lohuizӯn-dӯ Lӯӯuw J.Ӯ., 1949, р. 63–65, 1–72, 302–387, ҷадвали А., В.

[12] Sircar D.C. 1960, р. 185–188.

[13] Dani A.H., 1968, р. 1–3.

[14] Зеймаль Е. В., 1964, с. 40–46; 1965, с. 4–6; 1968 б.

[15] Яке аз эпиграфистҳои машҳури ҳозира Д. Саркор ({индустон) аrидаи дар эраи Канишка навишта нашудани садиҳо ва, умуман, аrидаи «мувофиrат»-и эраҳоро rатъиян инкор мекунад (Sircar D.C., 1960, р. 249–250; ниг.: низ Mukhӯrjӯӯ Ӣ.N., 1967, р. 107, 110, 117).

[16] Зеймаль Е. В., 1968 б; Луконин В. Г., 1967, с. 16–40.

[17] Ниг.: Göl R., 1964, s. 7; 1967.

[18] Pӯlliot Р., 1934, р. 40; Harmatta J., 1965; Pullӯyӣlank Ӯ.G., 1966–1968, р. 121.

[19] Ниг.: «Центральная Азия в кушанскую эпоху», 1974; «Центральная Азия в кушанскую эпоху», т. II, 1975.

[20] Puri Ӣ.N., 1965.

[21] Pӯlliot Р., 1934, р. 39. Чунин шаклро Б. Карлгрен ҳам пешниҳод кардааст (ниг.: Konow S., 1933, р. 27–28).

[22] Бичурин, II, с. 228.

[23] Pӯtӯch L., 1950, р. 69. Муrоиса шавад: Массон В. М. ва Ромодин В. А., 1964, с. 68.

[24] Pӯtӯch L., 1950, р. 69–70.

[25] Cunningham А., 1892, р. 6–8, 25–28 ва дигар мадракаву маrолаву тадrиrот роҷеъ ба тангаҳои Кушониён.

[26] Sircar D.C., 1938; Simonӯtta A.M., 1958, р. 171; Массон В.М., Ромодин В.А., 1964, с. 158–159.

[27]Таrn W., 1951, р. 503–507; Narain A.K., 1968, р. 160–162; Rozӯnfiӯld J.M., 1967, р. 12–13.

[28] Marquart J., 1901, s. 208–209.

[29] Зеймаль Е. В., 1960, с. 115–116.

[30] Göӣl R., Зеймаль Е. В., 1965, с. 6–7. Дар байни нумизматҳо аrидаи ягонае нест, ки тимсоли сурати (сари марде дар аверс) баъзе тангаҳои Кадфиз ба кадом тангаҳои римӣ – тангаҳои Август, ё Тиберий, ё Клавдий ва u. алоrаманд аст. Ба фикри Розенфелд, суратҳои рӯи тангаҳои Кушониён чунон мавҳуму умумӣ мебошанд, ки онҳоро бо ин ё он оригинали римӣ аниr муrоиса кардан мумкин нест (Rosӯnfiӯld J.M., 1967, р. 13)

[31] Массон М. Е., 1950; Пугаченкова Г. А., 1966 а; ба фикри А. К. Нарайн (Narain A.K., 1968, р. 8) ин тангаҳоро Кадфизи I дар нимаи дувуми аҳди худ баровардааст.

[32] Simonӯtta А., 1958, р. 171.

[33] Зеймаль Е. В., 1957, с. 7

[34] Göӣl R., 1968, р. 5–6.

[35] Pӯlliot P. 1934, р. 34.

[36] Vogӯl J., 1930, р. 22, II. Вале якчанд олимон ба ин зид ҳастанд (Rosӯnfiӯld J.M., 1967, р. 144-145).

[37] Ghirshman R., 1946, р. 142. Муrоиса кунед: Pӯtӯch L.,1950, р. 75.

Назди admin

Инчунин хонед инро

hulbuk

ШАҲРҲОИ ОСИЁИ МИЁНА ДАР АСРҲОИ ХI–ХII

Тараққиёти босуръати шаҳрҳо, истеҳсолоти молӣ ва тиҷорати пулӣ аз муҳимтарин аломатҳои давраест, ки мо ба …