МАЪЛУМОТҲОИ НАВТАРИН
АСОСӢ / ГУНОГУН / ДОСТОНИ «КОВА ВА ЗАҲҲОК»

ДОСТОНИ «КОВА ВА ЗАҲҲОК»

kova-zahok

Яке мард буд андар он рўзгор
Зи дашти саворони найзагузор,
Гаронмоя(24)  ҳам шоҳу ҳам некмард,
Зи тарси ҷаҳондор бо боди сард,
Ки Мардос номи гаронмоя буд,
Ба доду (25) деҳиш бартарин поя буд…
Писар буд мар-он покдинро яке,
К-аш аз меҳр баҳра набуд андаке.
Ҷаҳонҷўйро ном Заҳҳок буд,
Далеру сабуксору нопок буд…
Чунон буд, к-иблис рўзе пагоҳ
Биёмад ба сони яке некхоҳ.
Дили меҳтар26 аз роҳи некӣ бибурд,
Ҷавон гўш рафтори ўро супурд.
Ҳамоно хуш омад-ш гуфтори ўй,
Набуд огаҳ аз зишт27 кирдори уй…
Чу иблис донист, к-ў дил бидод,
Бар афсонааш гашт наҳмор28 шод.
Фаровон сухан гуфт зебову нағз,
Ҷавонро зи дониш тиҳӣ29 буд мағз.
Ҳамегуфт: «Дорам суханҳо басе,
Ки онро ҷуз аз ман надонад касе».
Ҷавон гуфт: «Баргўву чандин мапой,
Биёмўз моро ту, ай некрой».
Бад-ў гуфт: «Паймон-т хоҳам нахуст,
Пас он гаҳ сухан баркушоям дуруст».
Ҷавон некдил буд, паймон-ш кард,
Чунон к-ў бифармуд, савганд хвард,
Ки: «Рози ту бо кас нагўям зи бун30,
Зи ту бишнавам ҳар чӣ гўӣ сухун».
Бад-ў гуфт: «Ҷуз ту касе дар сарой31
Чаро бояд, ай номвар, кадхудой?..32
Бигир ин сари моя33 даргоҳи ўй,
Туро зебад андар ҷаҳон ҷоҳи ўй.
Бар ин гуфтаи ман чу дорӣ вафо,
Ҷаҳонро ту бошӣ яке подшо».
Чу Заҳҳок бишнид, андеша кард,
Зи хуни падар шуд дилаш пур зи дард.
Ба иблис гуфт: «Ин сазовор нест,
Дигар гўй, к-ин аз дари кор нест»34…
Бад-ў гуфт: «Ман чора созам туро,
Ба хуршед сар бар фарозам туро.
Ту дар кор хомўш мебошу бас,
Набояд маро ёрӣ аз ҳеч кас».
Мар он подшоро дар андар сарой
Яке бўстон буд бас дилкушой.
Гаронмоя шабгир бархостӣ,
Зи баҳри парастиш35 биёростӣ.
Бар он рои вожуна36 деви нажанд37,
Яке жарф чоҳе38 ба раҳ-бар биканд.
Пас иблиси вожуна ин жарф чоҳ,
Ба хошок пўшиду биспард роҳ.
Шаб омад, сўи боғ бинҳод рўй,
Сари тозиён39 меҳтари номҷўй.
Чу омад ба наздики он жарф чоҳ,
Якояк нагун шуд сари бахти шоҳ…
Фурўмоя40 Заҳҳоки бедодгар,
Бад-ин чора бигрифт ҷоҳи падар.
Чу иблис пайваста дидӣ сухун41,
Яке банди дигар нав афканд бун…
Ҷавоне баророст аз хештан,
Сухангўву бинодилу поктан…
Бад-ў гуфт: «Гар шоҳро дархварам42,
Яке номвар пок холигарам43.
Чу бишнид Заҳҳок, бинвохташ,
Зи баҳри хуриш ҷойгаҳ сохташ.
Калиди хуришхонаи подшо,
Бад-ў дод дастури фармонраво.
Зи ҳар гуна аз мурғу аз чорпой
Хуриш карда овард як-як ба ҷой…
Бихурду бар ў офарин кард сахт,
Маза ёфт з-он хурданаш некбахт…
Ба рўзи чаҳорум чу бинҳод хон44,
Хуриш сохт аз пушти гови ҷавон…
Чу Заҳҳок даст андароварду хвард45,
Шигифт46 омадаш з-он хушивор47 мард.
Бад-ў гуфт: «Бингар, ки то орзуй,
Чӣ хоҳӣ, бихоҳ, аз ман, ай некхўй48!
Хуришгар бад-ў гуфт, к — «Ай подшо,
Ҳамеша бизӣ шоду фармонраво!
Маро дил саросар пур аз меҳри туст,
Ҳама тўшаи ҷонам аз чеҳри туст.
Яке ҳоҷат астам зи наздики шоҳ
В-агарчи маро нест ин пойгоҳ49,
Ки фармон диҳад шоҳ, то китфи ўй,
Бибўсам, бимолам бар ў чашму рўй».
Чу Заҳҳок бишнид гуфтори ўй,
Ниҳонӣ надонист бозори ўй.
Бад-ў гуфт: — «Додам ман ин коми ту50,
Баландӣ бигирад магар номи ту».
Бифармуд то дев чун ҷуфти ў
Ҳаме бўсае дод бар китфи ў.
Чу бўсиду шуд дар замин нопадид,
Кас андар ҷаҳон ин шигифтӣ надид.
Ду мори сиёҳ, аз ду китфаш бируст,
Ғамӣ гашту аз ҳар сўе чора чуст.
Саранҷом бубрид ҳарду зи китф,
Сазад гар бимонӣ аз ин дар шигифт.
Чу шохи дарахт он ду мори сиёҳ,
Баромад дигарбора аз китфи шоҳ.
Пизишкони фарзона гирд омаданд,
Ҳама як ба як достонҳо заданд.
Зи ҳар гуна найрангҳо сохтанд,
Мар-он дардро чора нашнохтанд.
Ба сони пизишке пас иблис тафт51,
Ба фарзонагӣ назди Заҳҳок рафт.
Бад-ў гуфт, к- «Ин буданӣ кор буд,
Бимон, то чӣ монад, набояд дуруд52.
Хуриш созу оромияш деҳ, ба хвард,
Нашояд ҷуз ин чорае низ кард.
Ба ҷуз мағзи мардум мадеҳшон хуриш,
Магар худ бимиранд аз ин парвариш».
Нигар наррадев андар ин ҷустуҷў,
Чи ҷусту чи дид андар ин гуфтугў.
Магар то яке чора созад ниҳон,
Ки пардухта53 монад зи мардум ҷаҳон…
Чу Заҳҳок бар тахт шуд шаҳриёр,
Бар ў солиён анҷуман шуд ҳазор54.
Ҳунар хор шуд, ҷодуӣ арҷманд55,
Ниҳон ростӣ, ошкоро газанд56.
Шуда бар бадӣ дасти девон дароз,
Зи некӣ набудӣ сухан ҷуз ба роз…
Надонист худ ҷуз бад омўхтан,
Ҷуз аз куштану ғорату сўхтан.
Чунон буд, ки ҳар шаб ду марди ҷавон
Чи кеҳтар57, чи аз тухмаи58 паҳлавон,
Хуришгар бибурдӣ аз айвони шоҳ
В-аз ў сохтӣ роҳи дармони шоҳ.
Бикуштиву мағзаш бурун охтӣ59,
Мар-он аждаҳоро хуриш сохтӣ.
Чунон буд, ки як рўз бар тахти оҷ60.
Ниҳода ба сар-бар зи пирўза61 тоҷ.
Зи ҳар кишваре меҳтаронро бихост,
Ки дар подшоҳӣ кунад пушт рост62.
Аз ____________он пас чунин гуфт бо мубадон63
Ки: «Ай пурҳунар номвар бихрадон64!
Яке маҳзар65 акнун бибояд набишт,
Ки ҷуз тухми некӣ сипаҳбад66 накишт».
Зи бими сипаҳбад ҳама ростон
Бад-он кор гаштанд ҳамдостон»67.
Дар он манзари аждаҳо ногузир
Гувоҳӣ навиштанд барнову пир…
Ситамдидаро пеши ў хонданд,
Бари номдорон-ш бишнонданд.
Бад-ў гуфт меҳтар ба рўи дижам68,
Ки: «Баргўй, то аз кӣ дидӣ ситам?»
Хурўшиду зад даст бар сар зи шоҳ,
Ки «Шоҳо, манам Коваи додхоҳ!
Бидеҳ доди ман, омадастам давон,
Ҳаменолам аз ту ба ранҷи равон.
Зи ту бар ман омад ситам бештар,
Занӣ ҳар замон бар дилам нештар.
Ситам гар надорӣ ту бар ман раво,
Ба фарзанди ман даст бурдан чаро?
Маро буд ҳаждаҳ писар дар ҷаҳон,
Аз эшон яке мондааст ин замон.
Бубахшову бар ман яке дарнигар,
Ки сўзон шавад ҳар замонам ҷигар.
Шаҳо, ман чӣ кардам, яке бозгўй
В-агар бегуноҳам, баҳона маҷўй.
Ба ҳоли ман, ай тоҷвар, дарнигар,
Маяфзой бар хештан дарди сар…
Ҷавонӣ намондасту фарзанд нест,
Ба гетӣ чу фарзанд пайванд нест…
Яке безиён марди оҳангарам,
Зи шоҳ оташ ояд ҳаме бар сарам».
Сипаҳбад ба гуфтори ў бингарид,
Шигифт омадаш, к-он суханҳо шунид.
Бад-ў боз доданд фарзанди ўй,
Ба хубӣ биҷустанд пайванди ўй.
Бифармуд пас Коваро подшоҳ,
Ки бошад бад-он маҳзар ўро гувоҳ.
Чу бархонд Кова ҳама маҳзараш,
Сабук сўи пирони он кишвараш.
Хурўшид, ки «ай поймардони69 дев,
Бурида дил аз тарси кайҳонхидев70,
Набошад бад-ин маҳзар андар гувоҳ,
На ҳаргиз барандешам аз подшоҳ».
Хурўшиду барҷаст, ларзон зи ҷой,
Бидарриду бистурд71 маҳзар ба пой.
Гаронмоя фарзанди ў пеши ўй,
Аз айвон бурун шуд хурўшон ба кўй…
Чу Кова бурун омад аз пеши шоҳ,
Бар ў анҷуман гашт бозоргоҳ.
Ҳаме бархурўшиду фарёд хонд.
Ҷаҳонро саросар сўи дод хонд.
Аз он чарм, к-оҳангарон пушти пой,
Бипўшанд ҳангоми захми дарой72,
Хамон Кова он бар сари найза кард,
Ҳамон гаҳ зи бозор бархост гард…
Ҳамерафт пеш андар он марди гурд73,
Сипоҳе бар ў анҷуман шуд, на хурд..
Ба ҳар бому дар мардуми шаҳр буд,
Касе, к-аш зи ҷанговарӣ баҳр74 буд…
Зи деворҳо хишту аз бом санг,
Ба кўй андарун теғу тири хаданг.
Биборид чун жола з-абри сиёҳ…
Касеро набуд бар замин ҷойгоҳ.
Сипоҳиву шаҳрӣ ба кирдори кўҳ,
Саросар ба ҷанг андарун ҳам гурўҳ.
Аз он шаҳри равшан яке тира гард,
Баромад, ки хуршед шуд лоҷвард75.
Бибурданд Заҳҳокро баста хор,
Ба пушти ҳаюне барафканда зор…
Биёвард Заҳҳокро чун наванд,
Ба кўҳи Дамованд кардаш ба банд.
Фурў баст дасташ бад-он кўҳ боз,
Бад-он то бимонад ба сахтӣ дароз.
Бимонд ў бар ин гуна овехта
В-аз ў хуни дил бар замин рехта.
Биё, то ҷаҳонро ба бад наспарем,
Ба кўшиш ҳама дасти некӣ барем.
Набошад ҳаме неку бад пойдор,
Ҳамон беҳ, ки некӣ бувад ёдгор.

24-Гаронмоя — гаронбаҳо, қиматбаҳо, азиз, дар ин ҷо ба маънии обрўманд, 25-Дод — адолат, 26-Меҳтар — одами бузург, олимақом, 27-Зишт — бад, қабеҳ, 28-Наҳ-мор — бисёр, беандоза, 29Тиҳӣ — холӣ, 30-Бун — таг, бех, асос, 31Сарой — қаср, даргоҳ, 32Кадхудой — ҳукмфармо, соҳиб, 33Сари моя — молумулк, сарват, сармоя. 34Дари кор нест — яъне кори номувофиқ аст, 35Парастиш — ибодат, намоз, 36-Рои вожуна — мақсади нораво, 37Нажанд — хунхор, даҳшатнок, 38Жарф чоҳе – чоҳи чуқур, 39Тозӣ — араб, сари тозиён-сардори арабҳо, 40Фурўмоя — бадасл, паст- фитрат, разил, дун, сифла, 41Сухун — сухан, 42Дархварам — лоиқам, сазово- ром, муносибам. 43Холигар — ошпазам, 44Хон — дастархон, 45Хвард — хурд, 46Шигифт — тааҷҷуб, ҳайрат, 47Хушивор — хирадманд, оқил, 48Некхўй — хушфеъл, хушхулқ, 49Пой-гоҳ — қадр, мартаба, 50Додам ман ин коми ту — ба ин мақсад мерасонам.

51Тафт — шитоб кард, 52Набояд дуруд — (морро) буридан лозим нест, 53Пардух-та — холӣ, тиҳӣ, 54Мазмуни мисраъ — подшоҳии ў ҳазор сол давом кард, 55Арҷ-манд — соҳиби эътибор, 56Газанд — зиён, зарар. 57Кеҳтар — хурд, 58Тухма — асл, нажод, 59Охтан — берун кардан, 60Тахти оҷ -тахте, ки аз устухони фил сохта шудааст, 61Пирўза (фирўза) — навъе аз санг-ҳои қимматбаҳои кабудранг ё осмониранг, ки барои зебу зинат ба кор меба-

ранд, 62Пушт рост кардан — устувор шудан, пойдор шудан, 63Мубад — олим вадонишманди дини зардуштӣ, 64Бихрад — донишманд, 65Маҳзар — ҳуҷҷат, шаҳо-датнома, 66Сипаҳбад — подшоҳ, 67Ҳамдостон — ҳамфикр, 68Дижам — хашмгин, ғазаболуд. 69Поймардон — мададгорон, ёварон, 70Кайҳонхидев — подшоҳи ҷаҳон, 71Бис-турд — пок кард, тарошид.  72-Захми дарой — болғазанӣ, 73Гурд — паҳлавон, 74Баҳр — баҳра, 75Лоҷвард — ка-буд ва тираранг.

САВОЛ ВА СУПОРИШ:

  1. Заҳҳок чӣ тавр ба доми Аҳриман афтод?
  2. Заҳҳок ба сари раият чӣ ситамҳо овард?
  3. Кова кӣ буд ва чаро шўриш бардошт?
  4. Муколамаи Кова ва Заҳҳокро батафсил баён намоед.
  5. Аз оқибати ҷафокориҳои Заҳҳок ба кадом хулоса омадан мумкин аст?
  6. Ҷабру ситами Заҳҳок чӣ тавр анҷом ёфт?
  7. Ба фикри шумо, ҳақ ва адл ба ҷониби кӣ сурат гирифт?

Назди admin

Инчунин хонед инро

dili-odam

Кори дил

Хосияти автоматикии дил. Дил дар ҳолати нисбатан ором дар як шабонарўз тахминан 100000 маротиба кашиш …