АСОСӢ / Тандурустӣ / Канзи Шифо / ДӮҒ МАНФИАТ ДОРАД дар Канзи Шифо (Китоб)
дӯғ

ДӮҒ МАНФИАТ ДОРАД дар Канзи Шифо (Китоб)

Инро дар баъзе маҳалҳои тоҷикон аз ӯзбекӣ гирифта, айрон ҳам меноманд. Ин ҷурғотест, ки дар зарфе бо андохтани андак об хоҳ бо чархчӯб (пишкак), хоҳ дар машке ҳаракат дода, маскаи онро гирифта, боқиашро монда бошанд — ин дӯғ аст. Беҳтаринаш он аст, ки тоза аз ҷурғоти шири гов дӯғ тайёр карда шуда бошад. Мизоҷи ин дӯғ дар дараҷаи дувум сард ва тар аст, вале тарӣ дар он назар ба хушкӣ зиёдтар мебошад.

Хислатҳои шифобахши он: агар инро бинӯшанд, ҷӯшиш ва фишори баланди хунро паст мегардонад, боҳи (пушти камари) одамони гарммизоҷро ба ҳаракат меоварад, иштиҳоро мекушояд, баданро фарбеҳ мекунад, шиддати таби диқ (лоғаркунанда), заҳрҳои гарммизоҷ ва ҳароратро хомӯш месозад; тафси меъда ва ҷигарро, ки сабабаш гармӣ бошад, басанда мегардонад, инчунин ташнагиро таскин медиҳад. Агар инро бо рими (дажголи) оҳан ва итрифал (маъҷуни иборат аз ҳалила, балила ва омула) даромехта биёшоманд, меъдаро қувват мебахшад; агар оҳани тафсонро дар он сард карда ё сангрезаҳои тафсонро дар он сард карда, баъд он дӯғро бинӯшанд, исҳоли хунин ва сафровиро мебандад. Биринҷ ё орди ҷави тафсонидашударо дар дӯғ пухта бихӯранд, барои исҳоле, ки аз гармӣ бошад, бисёр даво ва ба он одам ғизои хубест ва инчунин барои фарбеҳ кардани бадан воситаи хубе мебошад.

Барои таби диқ 75 грамм дӯғро бо 45 грамм нони хушк ошомиданро раво медонанд ва аз ин зиёдашро ҷоиз намешуморанд. Дастури ошомидан ҳангоми таб, қай ва бемориҳои гарм ва тез чунин аст: дӯғи нави ҷурғоти шири говро гирифта, нағз биполоянд, ки тамоми маскаи он ҷудо гардад ва равған дар он асло намонад. Баъд панҷ-шаш соат бигузоранд, ки таъмаш хуш ва андак туршмаза гардад. Сонӣ хуб барҳам зананд, яъне бикованд, то он ки обияташ дар худ омехта шавад. Пас нони тунукмайдаи холисро миқдори 35 грамм гирифта, реза карда, дар 105 грамм аз он дӯғ ҳамроҳ кунанду бигузоранд, то ба ҳам хуб омехта гардад, пас тановул намоянд. Ва агар аз ин ним миқдор зиёда хоҳанд ва эҳтиёҷ бештар бошад, ба ҳамин таносуб зиёда намоянд; рӯзи дувум 17,5 грамм дӯғ бияфзоянд ва аз нон 3,5 грамм кам созанд ва инак, ҳамчунин ҳар рӯз 17,5 грамм дӯғро зиёда карда, аз нон 3,5 грамм кам намоянд, то он ки дӯғи холис бимонад ва одат ба он ҳосил гардад.

Чун тарк намудан хоҳанд, баръакс амал кунанд, то ба миқдори рӯзи аввала бирасад. Баъзе табибон аз нуқтаи назари камоли эҳтиёт гуфтанд, ки аз 35 грамм дӯғ ва 3,5 грамм нон бияфзоянд, то ки дӯғ ба 105 грамм расад ва агар зиёда аз 105 грамм хоҳанд, ба ҳамин таносуб зиёда намоянд ва ба тадриҷ кам гардонанд. Аммо касоне, ки ба дӯғ нӯшидан одат карда бошанд, ба ин тадбир мӯҳтоҷ нестанд, балки ҳамин риоят кифояти ҳазм ва ба он кас, ки ба таби бадбӯ гирифтор набошад, кифоя аст. Зеро ки дар вақти гирифтани таби бадбӯ нӯшидани он ҷоиз нест, балки фақат гармии ҳаво ва риққат (суюқӣ) ва тезии модда, монанди таби рӯздармиёнгирандаи холис ва монанди ин бемориҳои дигар ошомиданро талаб мекунад. Он ҷое, ки бадбӯйй дар ахлот (моддаҳо) мавҷуд бошад, бо қурси табошир (мағзи миёни най) тановул намоянд. Ва ҳангоме ки мизоҷи он мулоимкунандаи дарун бошад ва боз бар болояш давои мулоимкунанда бихӯранд, боиси заиф гаштани гурда мегардад.

Чун тухми чилмангӯштак (семизут)-ро кӯфта, се мартаба дӯғро ба он ҷаббонанду хушк кунанд, баъд миқдори камеро аз он тухм биёшоманд, ташнагӣ ва хоҳиши об нӯшиданро то чанд рӯз дафъ мекунад — ин аз асрори дарвешон ва зоҳидон аст. Зарараш: нӯшидани дӯғ ҳангоми гирифтани табҳои бадбӯйи хилтӣ (моддӣ) зарар дорад бинобар он, ки бадбӯйӣ ба зиёда гаштани иллат сабаб мешавад. Ислоҳи он дӯғи нӯшидаро қай намудан ва баъд ошомидани сиканҷабини (сиркоасали) биҳигӣ аст. Чун дӯғ дар меъдаи сардмизоҷ турш гардад, чарх задании сар ва беҳуширо ба амал меоварад. Ислоҳи он ҳам қай кардан ва гуворишот (давоҳои ширинтаъми ҳазмовар)-и гарммизоҷ хӯрдан аст.

Назди admin

Инчунин хонед инро

siresh-daraxt

Сиреши саҳроӣ чист ва барои чи лозим?

Сиреши саҳроӣ —   Ин гиёҳ монанди сиреши кӯҳӣ, вале баргаш аз барги он хурдтар, пояаш …