МАЪЛУМОТҲОИ НАВТАРИН
АСОСӢ / Тандурустӣ / Эритроситҳо ва хунгузаронӣ

Эритроситҳо ва хунгузаронӣ

Сохт ва вазифаҳои эритроситҳо. Вазифаи асосии эритроситҳо аз узви нафаскашӣ ба тамоми ҳуҷайраҳо ва бофтаҳои организм кашонидани оксиген мебошад. Инчунин эритроситҳо дар дур кардани гази дуоксиди карбонат аз бофтаҳо низ иштирок мекунанд. Дар таркиби эритроситҳо гемоглобин мавҷуд аст ва сурхии хун ба он вобаста мебошад. Барои ҳамин эритроситҳоро ҳуҷайраҳои сурхи хун меноманд.
Гемоглобин, дар навбати худ, аз ду қисм: сафедавӣ – «глобин» ва ғайрисафедавӣ – «гемм» иборат аст. Гемоглобин дар шуш ба осонӣ бо оксиген пайваст мешавад ва ранги ин хун сурхи равшан аст, хуни венагӣ бошад, дорои гази карбон мебошад, бинобарин рангаш сурхи хира мешавад.

Эротрицитхо

Эритроситҳои хуни одам аз ду тараф фурў хамида ё яктарафа барҷаста мешаванд. Эритроситҳои одам андозаи на он қадар калон дошта, ба 7,5-8 мкм баробар аст. Миқдори эритроситҳо дар 1 мм3 ё 1 микролитр хун ба ҳисоби миёна 4,5-5 миллионро ташкил медиҳад.
Эритроситҳо дар иллики сурхи устухон ҳосил шуда, қариб 120 рўз умр мебинанд. Эритроситҳо дар испурч ва ҷигар захира мешаванд ва дар ҳолати кам шудани миқдори хун дар организм аз ин узвҳо хун тавассути роҳҳои умумии хунгард ба организм дода мешавад.
Камхунӣ. Камхунӣ ба кам шудани миқдори эритроситҳо дар хун ё ба кам шудани миқдори гемоглобин ва баъзан ба ҳардуи онҳо вобаста аст. Камхунӣ инчунин дар натиҷаи зиёд талаф додани хун низ пайдо мешавад. Дар натиҷаи бемориҳои сирояткунанда, таъсири нурҳои радиоактивӣ мағзи сурхи устухон вазифаи худро гум мекунад, ки сабаби камхунӣ мегардад. Камхуниро муолиҷа кардан мумкин аст. Ба ин пеш аз ҳама хўроки серғизо, ҳавои тоза ба барқарор шудани миқдори мўътадили гемоглобини хун кўмак
карда метавонанд.
Хунгузаронӣ. Ҳангоми беморӣ ё талаф додани хуни зиёд ба одамон хун мегузаронанд. Хунро бошад, аз донорҳо мегиранд. Хуни гирифташударо ба зарфҳои шишагин ба таври герметикӣ маҳкам карда нигоҳ медоранд ва барои лахта нашудани хун моддаҳои махсуси кимиёвиро истифода мебаранд.

Хунгузарониро аз рўи гурўҳҳои хун муайян кардан мумкин аст. Асосан чор гурўҳи хунро фарқ кардан мумкин аст. Барои гузаронидани хун ҳатман ба гурўҳи хуни хунгиранда ва
хундиҳанда аҳамият додан лозим аст. Ҳам гурўҳи хуни онҳо ва ҳам омилҳои резусиашон бояд якхела бошанд.
Ҳар кас бояд гурўҳи хуни худро донад. Гурўҳи хуне, ки ирсӣ мебошад, аз падару модар ба насл, фарзандон мегузарад. Онҳо доимӣ буда, дар давоми умр тағйир намеёбанд. Қариб 35% аҳолии кураи замин хунашон гурўҳи I буда, 36% гурўҳи II-ум, 22% гурўҳи III-ум, 7% гурўҳи IV-умро ташкил мекунад.

Саволҳо

1. Хунгузаронӣ чист?
2. Дар кадом ҳолатҳо хун мегузаронанд?
3. Чанд гурўҳи хун мавҷуд аст?
4. Барои чӣ гурўҳи хунро муайян мекунанд?

Назди admin

Инчунин хонед инро

sutunmuhra

Аҳмияти машқҳои ҷисмонӣ барои мушак ва скелет  

Инкишофи системаи такягоҳ ва ҳаракати одам. Скелети мушакҳодар бачагӣ ва наврасӣ инкишоф меёбад. Мушакҳо дар …