МАЪЛУМОТҲОИ НАВТАРИН
АСОСӢ / Таърихи тоҷикон / ФАРҒОНА VI-VII

ФАРҒОНА VI-VII

Дар маъхазҳои хориҷӣ Фарғона дар асрҳои VI-VII Фейхан, Бохан, Паханна номида шудааст. Дар асоси ин транскрипсия ва номи суғдии Фарғона гуфтан мумкин аст, ки дар қадим Фарғона Фарҳо]ғона ё Фрағона талаффуз карда мешуд.[1]

Мувофиқи хабари Сюан-сзан, Фарғона аз чор тараф бо кӯҳҳо иҳота шудааст.[2] Ин гап далели ҳамин, ки дар асри VII Фарғона гуфта водии Фарғонаро дар назар доштанд. Сюан-сзан боз менависад, ки замини Фарғона пурфайзу серҳосили пуроб асту аз гулу мева саршор мебошад. Аспу говҳои Фарғона шӯҳрати зиёд доранд.[3] Хой Чао ба ин гапҳо боз илова мекунад, ки дар Фарғона аспу хачиру гӯсфанд ҳаст. Пахта мекоранд, либосро аз пӯст (яъне аз чарм ё пашм.– Б.Ғ.) ва пахта медӯзанд.[4]

Силсилаи олии Фарғона дар муддати чандин аср гусиста нашудааст.[5] Фақат тақрибан соли 630 ноҳияи Фарғона ягон даҳ сол бе подшоҳ буд. Мувофиқи хабари маъхазҳо, ҳокимони зӯртар ниҳоят тавоно шуда мерафтанд ва онҳо ба ҳамдигар итоат надоштанд.[6]

Қарибиҳои соли 720 дар Фарғона подшоҳи муқтадире ҳукм меронд, ки маъхазҳои арабӣ ӯро Алутар гуфтаанд.[7]

ҳокимони Фарғона унвони маҳаллӣ доштанд, ки он «ихшид» ё «ихшад» буд. Андаке сонитар, дар соли 726 дар Фарғона ду ихшид буд: ихшиди мулк-ҳояш дар ҷануби дарё буда ба арабҳо ва ихшиди мулкҳояш дар шимоли дарё буда ба туркҳо итоат мекард.[8] Соли 739 дар Фарғона Арслон Тархон ном турк ҳукмронӣ мекард.[9] Дар он давраҳо пойтахти Фарғона, мувофиқи баъзе маъхазҳо, шаҳри Косон ва, аз рӯи як қатор дигар маъхазҳо, Ахсикат буд.[10]

fergana

Тавсифу тафсири воқеаҳои давраи истилои араб далолат менамояд, ки Фарғона сарзамини тавоное буд ва дар ҳаёти сиёсии Осиёи Миёна мақоми муҳим дошт. Яке аз сабабҳои ин иқтидори ҳарбӣ он буд, ки ба пойгоҳи мустаҳками иқтисодӣ такя мекард. Дар боло қайд карда будем, ки хоҷагии қишлоқ, ҳам зироат ва ҳам чорводорӣ хеле равнақу ривоҷ дошт. Маҳорати косибони Фарғона ҳам ба дараҷаи баланд расида буд. ҳамин ҷиҳат ҳам хеле аҳамият дошт, ки савдои хориҷӣ басо вусъат ёфта буд ва ба мамлакатҳои ҳамсоя аспҳои хушзот, доруворӣ, рангубор, маснуоти шишагии нилранг ва ғ. ба фурӯш мерафт.[11]

Харобаҳои Косон дар канори Косонсой воқеъ буд, ки аз ду қисм — аз шаҳр ва аз қалъа иборат аст. Тарҳи шаҳр ба шакли трапетсия буда, андозаи тарафҳои он 160, 180 ва 80 м мебошад. Девори шаҳр морпечи шикаста аст ва дар гӯшаҳо бурҷҳои мустаҳкам дорад. Арк дар ҷанубу ғарби шаҳр ҷой гирифтааст. Иқтидори мудофиаи шаҳрро боз девори иловагие меафзуд, ки 15м дарунтар аз девори асосӣ сохта шуда буд ва паси дарвозаи шаҳрро банд мекард. Қалъа андаке дуртар аз шаҳр дар баландие меистод (умуман, намуди ин ҷой Қалъаи Қаҳқаҳаи I ва II-и Шаҳристонро ба хотир меоварад). Қалъа ин девори ғафсу мустаҳкаме мебошад, ки майдончаи вусъаташ 90х70 м бударо гирдогирд печонида гирифтааст. Девори мазкурро боз шаш бурҷи дигар мустаҳ-камтар кардаанд. Аз ин майдонча то дарвозаи шаҳр ду қатор девор будааст, ки аз афти кор, роҳи байни шаҳру қалъаро муҳофизат мекард ва ҳардуро ба ҳам мепайваст. Тӯли умумии атрофи ҳамаи ин харобаҳо ба 2 км мерасад. Соли 1948 дар ин ҷо А.Н. Бернштам каме ҳафриёт карда буд. Маълум шуд, ки ин маскан ҳанӯз дар давраи Кушониён низ вуҷуд доштааст. Дар болои ана ҳамин маскан ва ҳамин масканро ба асос гирифта, дар ибтидои асрҳои миёна Косон қомат афрохт ва иморатҳои сершумору қалъаи мустаҳками худро барпо намуд.[12]

Дар ибтидои асрҳои миёна дигар шаҳри марказии Фарғона шаҳри Қува буд, ки дар он ҷо археологҳои Ӯзбекистон ҳафриёт мебаранд.[13]

Маркази ноҳияи Исфара – қароргоҳи ҳоким Қалъаи Боло буд. Қалъаи Боло дар соҳили дарёи Исфара, 4 км ҷанубтари райони ҳозираи Исфара ҷой дорад. Баландии қалъа 11–12 м андозааш 16Х65 м. ҳангоми ҳафриёти қалъа, ки ба он Е.А.Давидович роҳбарӣ мекард, маълум шуд, ки дар асрҳои VI–VII, дар вақти бардоштани таҳкурсии баланди қалъа, дар таги ин таҳкурсӣ деворҳои кадом як бинои қадимтаре монда будааст. Дар асрҳои VI–VIII ин қалъа дар болои таҳкурсии баланде меистоду деворҳои ғафси қалъа пур аз тиркашҳо буд. Ин қалъа бурҷҳои муқаррарӣ, ки хоси санъати меъмории қалъа мебошад, надошт, вале ба ҷои ин тарҳи беруни девори қалъа зинапояҳои махсус дошту имкон медод, ки аз ду паҳлу ҳам душман тирборон карда шавад. Даруни қалъа иборат аз ҳавличаест, ки дар шимоли он воқеъ буд, дар ҷануби қалъа чанд хонаҳои истиқоматӣ ва хоҷагӣ барпо шуда буд. Деворҳо бо похсаи муқаррарӣ ва хишти чорқирраи хоми андозааш 52х26х10 м бардошта шудаанд, деворҳои бинои қадимтари таги таҳкурсии қалъа ҳам аз чунин масолеҳ сохта шудаанд. Деворҳо ҳама андова буда, ранги деворҳои дарун сиёҳ аст ва деворҳои берун нақши хиштӣ доранд. Хонаҳои чоркунҷа бо сақфҳои шарафадори гунбазшакл пӯшида шудаанд.

Ғайр аз Қалъаи Боло, ки дар водӣ сохта шудааст, дар райони Исфара дизҳо, яъне қалъаҳои кӯҳӣ низ буданд, ки дар рӯи мунчакӯҳҳои мусаттаҳ сохта мешуданд. Масалан, чунин аст Қалъаи Кофир, ки дар соҳили чапи рӯди Исфара ҷой дорад. Дар ин мавзеъ як тарафи мунчакӯҳ рост то ба 50–60 м ба лаби дарё мефарояд. Аз ин тараф ба қалъа баромадан ҳеҷ имкон надорад. Аз дигар тарафҳо ҳам ба қалъа наздик шудан душвор аст. Дар болои ин мунчакӯҳ дар майдончае (80х60 м) боқимондаи девори қалъа ёфт шуд, ки замоне вуҷуд доштааст. Тарҳи девори ин қалъа печдарпечи каҷукилеб буда, мувофиқан ба шакли сатҳи болои мунчакӯҳ сохта шудааст ва девор се бурҷ доштааст. Ин қалъаи себурҷа қалъаи дастнорасе буд. Ин гуна қалъачаҳо дар қарибии деҳаҳои Сурх, Ворух ва ғайра низ сохта шуда буданд. Онҳо гӯё сипаре буданд, ки даромадгоҳи водии Исфараро муҳофизат карда, дар пеши роҳи душман садди рахнанопазире мегардиданд. Дар айни ҳол, худи ҳамон қалъаҳо такягоҳи мустаҳками феодалҳои маҳаллӣ буданд ва онҳо имкон медоданд, ки ба тақсими об соҳибӣ кунанд.[14]

Қалъаҳои кӯҳӣ ва қалъаҳои дигар, ки дар водӣ сохта шуда буданд, дар он давраҳо дар райони Ашт ҳам вуҷуд доштанд. Дар ҷануби Фарғона, дар водии дарёи Хоҷабоқирғон (райони Лайлаки РСС Қирғизистон) харобаҳои ҳавлии калони қадимии ҳокиме ёфт шуд. Ба туфайли ҳафриёте, ки Г.А.Брикина дар ин ҷо гузаронд, иморатҳои зиёде падид омад, ки дар байни онҳо биноҳои хо-ҷагӣ (масалан, анборе, ки дар он 16 хум будааст) ва хонаҳои истиқоматӣ ҳас-танд. Дар ибодатхонаи ҳавлӣ, ки деворҳояш пури нақшунигор мебошад, чанд суфача ба назар расид. Дар яке аз суфачаҳо бутҳои гаҷии одамсимое истодаанд, ки бо услуби махсус сохта шудаанд. Дар худи ҳамин ҷо се бухурдон ёфт шуд. Г.А. Брикина фаразияе пешниҳод кард, ки дар ин ибодатхона ба арвоҳи ниёгон ибодат мекарданд ва, ба фикри мо, ин ақидаи вай аз ҳақиқат дур нест.[15]

Дар водии Фарғона дар қатори аҳолии тубҷоӣ аҳолии кӯчманчӣ ва нимкӯчманчӣ ҳам бисёр буд. Дар қаторкӯҳи Қурама, дар ҳамон қисми он, ки кӯҳи Қаромазор ном дорад (шимоли вилояти Ленинобод), чанд осори маросими дафн ёфт шуд, ки онҳо маҳз ба ҳамин аҳолии кӯчманчию нимкӯчманчӣ тааллуқ дорад. Дар ин ноҳия аз посёлкаи Қуруқсой сар карда, то худи Ашт ва Понғоз бисёр гӯрҳое ёфт шуданд, ки сангпӯш мебошанд ва мардуми тубҷоӣ он гӯрҳоро «қурама» ё «муғхона» меноманд.

Ба туфайли тадқиқоти археологӣ маълум шуд, ки ин гӯрҳо, дар ҳақиқат, сағонаи калоне доштаанду ба он сағона нақби махсус канда шудааст. Дар ин сағона як ё якчанд устухони одамӣ ва асбобу ашёи маросими дафн — косаву та-бақ, яроқу аслиҳа, зебу зинат ва ғ. ҳастанд. Дар яке аз сағонаҳо ҳатто ас-перо гӯр кардаанд. Як рикобе ҳам ёфт шуд, ки маҳсули косибони Осиёи Мар-казӣ мебошаду баъд дар асрҳои V–VI дар Осиёи Миёна маъмул гардидааст.[16]

Баъзе аз гӯрҳо, аз ҷумла, баъзе муғхонаҳо, эҳтимол, бо туркон алоқаманд бошад, беҳуда нест, ки дар як ангуштарини биринҷие, ки дар яке аз муғхонаҳо ёфт шудааст, ҳатто ба назар мерасад, ки аз чор ҳарфи рунии туркии қадимӣ иборат мебошад ва номи соҳиби ангуштаринро ифода мекунад.[17]

Дар Фарғона алҳол бисёр ёдгории хаттии рунии миёнаи туркӣ ба даст омадааст.[18] Шумораи ин гуна бозёфтҳо рӯз аз рӯз зиёд шуда истодааст. Онҳо инчунин дар қисми тоҷикистонии Фарғона, аниқтараш, дар кӯҳҳои Қаромазор ва дар водии Исфара ёфт шудаанд. Ёдгории хати рунӣ, гӯрҳои туркӣ ва мадракоти маъхазҳои хаттӣ шаҳодат медиҳанд, ки дар аввалҳои асрҳои миёна туркон на фақат дар таърихи сиёсӣ, балки дар таърихи этникии Фарғона ҳам таъсире доштанд.

Ин нукта ба ноҳияи ҳамсояи Фарғона – ба Чоч ва, алалхусус, ба ҳафтруд ҳам пурра дахл дорад. Вале, мутаассифона, мо имкон надорем, ки дар таърихи ин ноҳияҳо, ҳамчунин дар таърихи Хоразму Туркманистони ҷанубӣ ва ёдгориҳои аҷоиби он ҷойҳо таваққуф намоем.

Чанд маълумоту мадракот ҳаст, ки қисми асосии аҳолии Фарғонаи қадим аслан мардуми шарқиэронӣ буданд, инчунин забони махсуси фарғонагӣ вуҷуд дошт, ки ба гурӯҳи забонҳои шарқиэронӣ мансуб буд.[19]

[1] Лившиц В.А., 1962 б, р. 85.

[2] Веа1 8., 1906, I, р. 30.

[3] Iӣid, р. 30–31

[4] Fucsh W., 1938, 8. 452.

[5] Бичурин, II, с. 319.

[6] Fucsh W., 1938, 8. 452.

[7] Пештар номи ин подшоҳро Аттор мехонданд (ва дар имлои арабӣ ин гуна хондан раво аст) ва В.А. Лившитс, ҳатто этимологияи ин номро пешниҳод кард, ки он «сиёҳ» мебошад (Лившиц В.А., 1962 6, с.85). Алутар талаффуз шудани ин номро О.И.Смирнова (1969, с. 213–214) муrаррар кардааст.

[8] Fucsh W., 1938, 8. 452.

[9] Сhavannӯs Е., 1903, р. 149.

[10] Дар бораи пойтахти Фарuона дар ибтидои асрҳои миёна ва вобаста ба ин таҳлили маъхазҳоро (вале маълумоти онҳо ба ҳамдигар хилоф аст) ниг.: Бартольд В.В., 1965 в, с. 529

[11] Schafӯr Е. Н., 1963, р. 64-65, 212-236.

[12] Бернштам А.Н., 1952, с. 233-244.

[13] Булатова-Левина В.А., 1961, с. 41-43.

[14] Давидович Е.А., 1958; Давидович Е.А. ва Литвинский Б.А., 1955, с. 144-147, 165–174.

[15] Брикина Г.А., 1971 а; 1971 6.

[16] Дар бораи муғхона (ё rурамаҳо) ниг.: Воронец М.Э., 1957; Спришевский В.И., 1956; Литвинский Б.А., 1959; Литвинский Б.А., 1972.

[17] Кляшторный С.Г., 1959.

[18] Заднепровский Ю.А., 1967.

[19] Лившиц В.А., 1969, Литвинский Б.А., 1976, с. 55–61.

Назди admin

Инчунин хонед инро

hulbuk

ШАҲРҲОИ ОСИЁИ МИЁНА ДАР АСРҲОИ ХI–ХII

Тараққиёти босуръати шаҳрҳо, истеҳсолоти молӣ ва тиҷорати пулӣ аз муҳимтарин аломатҳои давраест, ки мо ба …