МАЪЛУМОТҲОИ НАВТАРИН
АСОСӢ / ГУНОГУН / Фирдавсӣ — Абулқосим Мансур ибни Ҳасани Тўсӣ

Фирдавсӣ — Абулқосим Мансур ибни Ҳасани Тўсӣ

Абулқосим Мансур ибни Ҳасани Тўсӣ, ки дар таърихи адабиёт бо номи Фирдавсӣ машҳур гардидааст, аз бузургтарин шоирони форсу тоҷик буда, соли 934 дар деҳаи Божи ноҳияи Табарони наздикии шаҳри Тўс дар оилаи заминдор ба дунё омадааст. Давраи ҷавонии шоир нисбатан орому тинҷ буд ва Фирдавсӣ аз ин имконият истифода бурда, ба таҳсили илм машғул шуд, дар мактаб ва мадраса илмҳои расмии даврро омўхт: забонҳои арабӣ ва паҳлавиро хеле хуб медонист ва дар санъатҳои тирандозӣ, шамшерзанӣ ва ғайра устоди беҳамто буд.

Хайкали Фирдавси дар Италия
ҳайкали Фирдавсӣ дар ш. Руми (Пойтахти Италия)

Фирдавсӣ ҳанўз дар айёми ҷавонӣ ба ҷамъоварии қисса, ривоят ва устураҳои халқи худ ба таври ҷиддӣ машғул шуд. Фирдавсӣ ҳамчун фарзанди ҳақиқии халқи хеш ба хубӣ мефаҳмад, ки асотиру достонҳои қаҳрамонии миллӣ мардумро иттифоқ ва муттаҳид менамоянд ва ин муттаҳидӣ имкон медиҳад, ки ягон душмани аҷнабӣ ба сарзамини онҳо ҳуҷум накунад. Фирдавсӣ, ки соҳиби истеъдоди баланд буд, бо хоҳиши шоҳони сомонӣ ва ташвиқу тарғиби яке аз дўстонаш — Абўмансур ибни Муҳаммад ва барои ҷовидонӣ мондани номаш ба навиштани «Шоҳнома» сар кард:
Яке бандагӣ кардам, ай шаҳриёр, Ки монад зи ман дар ҷаҳон ёдгор.

Ай тозаву маҳкам аз ту бунёди сухан,
Ҳаргиз накунад чун ту касе ёди сухан.
Фирдавс мақом бодат, ай Фирдавсӣ,
Инсоф, ки нек додаӣ доди сухан.

Фирдавсӣ дар таълифи «Шоҳнома» зиёда аз сӣ соли умри худро сарф кард:

Басе ранҷ бурдам дар ин сол сӣ,
Аҷам зинда кардам бад-ин порсӣ.

Вақте ки Фирдавсӣ асарашро ба охир расонд, давлати Сомониён, ки як навъ пуштибони гирдоварандагони асотиру достонҳои қаҳрамонӣ ҳисоб мешуд, аз байн рафта, ба ҷои он давлати Ғазнавиён ба сари қудрат омада буд. Султони
Ғазнавиён — Маҳмуди Ғазнавӣ дар ибтидои ҳукмронии хеш худро чун давомдиҳандаи анъанаҳои Сомониён вонамуд карда, қудрату шўҳрати худро зиёд менамуд. Чунин аъмоли Маҳмуди Ғазнавӣ Фирдавсиро водор кард, ки ў «Шоҳнома»-ро дар чандин ҷилд китобат намуда, ба Маҳмуд тақдим кунад. Фирдавсӣ дар таълифи «Шоҳнома» умри ҷавонӣ ва қариб тамоми дороии хешро сарф карда буд ва гумон дошт, ки Маҳмуди Ғазнавӣ дар ивази ин шоҳкории азим мукофоти зиёде медиҳад, то ки айёми пирии худро бо фароғат гузаронад. Мутаассифона, Маҳмуди Ғазнавӣ ба гуфтаҳои бадхоҳон гўш дода, ба «Шоҳнома»-и Фирдавсӣ беэътиборӣ кард ва дар ивази заҳматҳои кашидаи шоир ба ў музди ночизе дод. Чунин рафтори султон боиси ранҷиши Фирдавсӣ гардид ва ў дар ҳаққи Маҳмуди Ғазнавӣ ҳаҷвияе иборат аз сад байт навишт:

Аё шоҳ Маҳмуди кишваркушой, Зи кас гар натарсӣ, битарс аз Худой… Накардӣ дар ин номаи ман нигоҳ, Зи гуфтори бадгўй гаштӣ зи роҳ. Ҳар он кас, ки шеъри маро кард паст, Нагирад-ш гардуни гарданда даст. Ман ин номаи шаҳриёрони пеш, Бигуфтам бад-ин нағз гуфтори хеш. Чу умрам ба наздики ҳаштод шуд, Умедам баякбора барбод шуд. Ҳаҷвияи Фирдавсӣ боиси қаҳру ғазаби султон Маҳмуди Ғазнавӣ гардид. Ў фармон дод, ки Фирдавсиро дастгир карда, ба зери пои филҳо партоянд. Фирдавсӣ аз таъқиби одамони султон аз шаҳр ба шаҳр гурехта, ниҳоят соли 1020 ба ватани худ баргашта, дар синни 86-солагӣ аз олам даргузашт. Абулқосими Фирдавсӣ дар таърихи адабиёти форс-тоҷик ҳамчун яке аз пайғамбарони шеър шинохта шудааст:

Дар шеър се тан паямбаронанд,
Ҳарчанд ки «ло набия баъдӣ»:
Авсофу қасидаю ғазалро
Фирдавсию Анварию Саъдӣ.

Фирдавсӣ дар навъҳои шеърии қасидаю ғазалу қитъаю рубоӣ қувваозмоӣ карда бошад ҳам, аммо дар таърихи адабиёти форс-тоҷик ва ҷаҳон бо маснавии бузурги худ — «Шоҳнома» машҳур гардидааст. «Шоҳнома» намунаи беҳтарини достонҳои қаҳрамонӣ буда, аз шаст ҳазор байт иборат аст.

Худи Фирдавсӣ мегўяд:

Зи абёти ғарро ду раҳ, сӣ ҳазор,
Мар он ҷумла дар шеваи корзор.

Абулқосими Фирдавсӣ ва асари безаволи ў — «Шоҳнома» дар таърихи тамаддуни башарӣ шўҳрати беандоза дорад. Таълифи «Шоҳнома» дар асри X худ як воқеаи бузурги адабӣ ва маданӣ ба шумор меравад. Шоир дар асари худ беҳтарин хислатҳои писандидаи одамӣ, мисли хираду хирадмандӣ, некию некўкорӣ, инсондўстию ватанпарварӣ ва ғайраро тараннум намуда, ахлоқи бади одамиро маҳкум мекунад, ки дар рўзгори мо барои тарбияи ҷавонон аз аҳамият
холӣ нест.

Хирадманд бошу беозор бош,
Ҳамеша забонро нигаҳдор бош.
Хирад афсари шаҳриёрон бувад,
Хирад зевари номдорон бувад.
Хирад зиндаи ҷовидонӣ шинос,
Хирад мояи зиндагонӣ шинос.
Маёсой з-омўхтан як замон,
Зи дониш маяфган дил андар гумон.
Ба манзил расид он ки гўянда буд,
Беҳӣ ёфт он кас, ки ҷўянда буд.
Ба фардо намон кори имрўзро,
Бари тахт маншон бадомўзро.
Аз имрўз коре ба фардо мамон,
Чӣ донӣ, ки фардо чӣ созад замон.
Ба гетӣ беҳ аз ростӣ пеша нест,
Зи кажжӣ батар ҳеч андеша нест.
Машав дар ҷавонӣ харидори ганҷ,
Ба беранҷ кас ҳеҷ манмой ранҷ.

Фирдавсӣ ва «Шоҳнома»-и ў ба адибони бузурге, ки баъди вай ба майдони адабиёт қадам ниҳоданд, таъсири зиёд расонид. Заҳири Форёбӣ, ки аз шоирони қасидасарои асри XII аст, дар ҳаққи Фирдавсӣ мегўяд:

Ай тозаву маҳкам аз ту бунёди сухан,
Ҳаргиз накунад чун ту касе ёди сухан.
Фирдавс мақом бодат, ай Фирдавсӣ,
Инсоф, ки нек додаӣ доди сухан.

Ҳаёт ва фаъолияти Абулқосими Фирдавсӣ дар замони мо ба таври хеле ҷиддӣ мавриди омўзиш қарор гирифт. «Шоҳнома»-и ў ду маротиба дар нўҳ ҷилд чоп карда шуд. Нависандаи номии тоҷик — Сотим Улуғзода чандин достони «Шоҳнома»-ро ба наср гардонда, пешкаши хонандагони ҷавон кард. Шўҳрати Фирдавсӣ ва эътибори «Шоҳнома»-и ў ҷовидонист.

Назди admin

Инчунин хонед инро

dili-odam

Кори дил

Хосияти автоматикии дил. Дил дар ҳолати нисбатан ором дар як шабонарўз тахминан 100000 маротиба кашиш …