АСОСӢ / ГУНОГУН / Чи хел кунем, ки аз амонат фоидаи зиёдтаринро гирем?

Чи хел кунем, ки аз амонат фоидаи зиёдтаринро гирем?

Барои гирифтани фоидаи зиёдтарин якчанд омилҳо таъсир мерасонанд. Пеш аз ҳама бозорро омухтан лозим, ки кадом ташкилоти молиявӣ фоизи баландтаринро аз рӯи амонатҳо пешкаш мекунад.

fozi-amonat

Бонк: Одатан фоизи баландтаринро бонке пешниҳод менамояд, ки эҳтиёҷ ба захираҳои пулӣ эҳтиёҷ дорад, ки ин маънои онро дорад ки вай ташнаи пул асту ва вазъияти пулиаш чандон хуб нест. Яъне чи қадаре, ки бонк ба захираҳои пулии дигарон эҳтиёҷ дошта башад, ҳамон қадар хавфи ӯ зиёд аст. Барои ҳамин ҳам шахсоне, ки ҳаваси фоизи зиёд доранд, фирефтаи хавфи баландтарин шуданро дар аксари ҳолатҳо доранд.

Асъор: Дигар омиле, ки ба баланд шудани даромаднокии амонтаҳо таъсир мерасонад ин асъори амонат аст. Одатан фоизи асъори миллӣ нисбати фоизи асъори хориҷӣ зиёдтар аст.  Масалан мутобиқи омори Бонки милии Тоҷикистон фоизи амонатҳо дар Тоҷикистон соли 2017 бо асъори миллӣ ба 15%-и солона ва бо асъори хориҷӣ, ки асосан долларро дар бар мегирад ба 5,5%-и солона баробар аст.

Муҳлат: Инчунин ба арзиши амонат муҳлати нигаҳдории он таъсир мерасонад. Одатан чи қадаре, ки муҳлати амонат дароз бошад ҳамон қадар фоизаш баланд аст. Лек баъзан вақт ҳолатҳое вомехуранд, ки агар муҳлати амонат ниҳоят дароз бошад ҳамон қадар фоизаш паст мешавад (одатан амонатҳои зиёд аз 3-соларо таалуқ дорад).

Ҳаҷм:  Ба баланд будани фоизи амонат инчунин ҳаҷми мабалағи амонат таъсир мерасонад. Чиқадаре, ки маблағи амонат калон бошад ҳамон қадар фоизаш баланд мешавад.

Замкунӣ: Баъзан вақт бонкҳо ба мизоҷонаш пешниҳод мекунанд, ки фоизи амонатро дар охири муҳлати амонат – пасандоз ҳисоб кунанд ва барои ин онҳо андакак фоизи амонатро баланд мекунанд. Албата ин амали ҷалбкунанда аст барои одамон вале аслан ин амалро бонкҳо бо мақсади кам кардани хароҷотҳо аз болои амонатҳоро меандешанд.

Назди admin

Инчунин хонед инро

maxresdefault

Суруди чечени аз Марха Макаева