МАЪЛУМОТҲОИ НАВТАРИН
АСОСӢ / Тандурустӣ / Ғадудҳои тарашшӯҳи дохилӣ

Ғадудҳои тарашшӯҳи дохилӣ

Системаи эндокринӣ. Мафҳум дар бораи ғадудҳои тарашшўҳи (секретсияи) берунӣ, дохилӣ ва омехта. Ғадуд гуфта бофтаҳоеро меноманд, ки қобилияти аз худ ҷудо намудани ин ё он моддаро доранд. Аз ҷихати ихроҷи маҳсули худ ғадудҳо се хел мешаванд: 

  1. Ғадудҳои тарашшўҳи берунӣ (экзокринӣ), ки маҳсули худро ба ковокии бадан ва ба муҳити атроф ихроҷ мекунанд. Ба ин ғадудҳои луоби даҳон, ғадудҳои ҷудокунии шираи меъда ва рўда, талха, арақҷудокунӣ, чарбӣ, ширҷудокунӣ ва ғайраҳо дохил мешаванд.
  1. Ғадудҳои тарашшўҳи дохилӣ (эндокринӣ) маҷрои маҳсули онҳо фақат ба системаи сарбаста хун кушода мешавад, яъне роҳи муайяни худро надорад. Ба ин ғадудҳо ҳипофиз, эпифиз, ғадуди сипаршакл, назди сипаршакл душоха, болои гурда дохил мешаванд. Ғадудҳои тарашшўҳи дохилӣ аз худ моддаҳои махсуси биологӣ ҷудо мекунанд, ки онҳоро «ҳормон» (аз калимаи лотинӣ «hormо» ба ҳаяҷоноранда) мебошад. Ҳормон бо хун ба тамоми организм рафта ба кори бисёр системаи узвҳо ва умуман ба фаъолияти ҳаётии организм таъсир мерасонад. Онҳо ҷараёни мубодилаи моддаҳо, сабзиш ва инкишофи организмро танзим менамоянд.
  1. Ғадудҳои омехта хосияти экзокринӣ ва эндокринӣ доранд. Маҷрои ин ғадудҳо ба хун ва ба ковокии бадан ҷорӣ мешаванд. Ба ин асосан — ғадуди зери меъда ва ғадудҳои ҷинсӣ дохил мешаванд.

Ба системаи додашуда фақат ғадудҳои тарашшўҳи дохилӣ ва омехта мансубанд. Нақши гормонҳо дар мубодилаи моддаҳо, афзоиш ва инкишофи организм. Афзоиш ва инкишофи организмро якчанд ғадудҳои тарашшўҳи дохилӣ таъмин мекунад. Масалан, гипофиз гормони сабзишро ҳосил мекунад. Ин ғадуд бо мағзи cap алоқаманд буда, дар қисми поёнии зертеппа (гипоталамус) таркиби мағзи мобайнӣ ҷойгир шудааст. Гормони соматотропини вай ба рибосомаи ҳуҷайра таъсир намуда.

gadudho

Тақсимшавии онро таъмин мекунад, ки инкишофи муътадили организм ба роҳ монда мешавад. Муайян карда шудааст, ки аз давраи кўдакӣ агар миқдори гормони сабзиш кам ҳосил шавад организм аз инкишоф боз монда қади кўдак паст мешавад.

Ғадуди сипаршакл ва назди сипаршакл. Дигар ғадуде, ки гормони вай метавонад ба мубодилаи моддаҳо таъсир расонад ин ғадуди сипаршакл мебошад, ки дар қисми пеши нойи нафаси қисми гардан ҷойгир шудааст, ки ҳангоми нофаъол шудани ин ғадуд гормон кам ҳосил мешавад, дар натиҷа кори дил суст гашта, ҳарорати бадан паст мешавад. Ин имконияти пурра бо ҳаракат даровардани хунро қать гардонида, хун дар мўйрагҳо ва рагҳои варид ҷамъ мешавад, ки ин ба варами гулў оварда мерасонад, онро бемории ҷоғар (зоб) меноманд. Дар кўдакон бошад, нарасидани ин гормон ба суст инкишофёбии скелет хусусан сабзиши устухонҳо ва камақлӣ оварда мерасонад. Ин бемориро «кретенизм» меноманд.

Ҳангоми аз меъёр зиёд ҳосилшавии гормонҳои ин ғадуд нерўи зиёд ихроҷ мешавад, ки организмро харобу лоғар мегардонад, асабҳо суст гашта себаки чашм аз косааш мебарояд, ки ин бемориро чашмкалонӣ ё бемории, «базед» меноманд. Ғадудҳои назди сипаршакл узви ҷуфт буда дар қисми ақиби қабати болоӣ ва поёнии ғадуди сипаршакл ҷойгир шудаанд.

Ҳуҷайраҳои ин ғадуд аз худ паратгормон, паратин ё, ки паратироидӣ ҷудо мекунанд. Ин гормонҳо дар ҷараёни мубодилаи калсий иштирок мекунад. Бо таъсири паратгормон фаъолгардии витаминӣ дар гурда ва ҷигар мушоҳида мегардад. Ҳангоми кам шудани ин гормон кашишхўрии мушакҳои скелетӣ, хусусан мушакҳои рўй ва ақиби сар мушоҳида карда мешавад. Зиёдшавии ин гормон ба камшавии моддаҳои минералии устухонҳо оварда мерасонад, ки ин бемориро остеопороз меноманд. Инчунин миқдори намаки калсий афзуда, пайдошавии сангро дар гурдаҳо ва талхадон таъмин мекунад.

Ғадуди зери меъда. Аз худ гормони инсулин ихроҷ мекунад, ки дар ҷараёни мубодилаи моддаҳо хусусан карбогидратҳо нақши марказиро мебозад. Инсулин аз b-ҳуҷайраҳои ин ғадуд ҳосил мешавад, дар баробаркунии миқдори қанд дар хун фаъолона иштирок мекунад, ки дар вақти оксидшавии он организм нерўи даркориро мегирад. Ҳангоми кам ҳосил шудани инсулин ба ҷойи инсулин (қанд) дигар моддаҳо оксид шуда, мубодилаи карбогидратҳоро вайрон мекунад, ки дар натиҷа пайдошавии бемории диабети қанд ба вуҷуд меояд.

Ғадуди болои гурда дар навбати худ аз қабати қишрӣ ва мағзӣ иборат буда ҳар яки он махсус гормонҳоро ҷудо мекунанд. Масалан, қабати қишрӣ гормонҳои кортизон, гидрокортизон ҳосил мекунанд, ки дар мубодилаи моддаҳо иштирок намояд.

Аз қабати мағзӣ бошад гормонҳои адреналин ва норадреналин ҳосил мешаванд, ки дар фаъолгардонии кори дилу рагҳо барои иҷрокунии ин ё он кор иштирок мекунанд. Инчунин гормонҳои ғадуди болои гурда расиши узвҳои ҷинсиро таъмин мекунанд.

Саволҳо

  1. Барои чӣ ғадудҳои тарашшўҳи дохилӣ мегўянд?
  2. Чанд ғадудҳои тарашшўҳи дохилиро медонед?
  3. Ғадудҳои тарашшўҳи дохилӣ аз берунӣ чӣ фарқ доранд?
  4. Кадом ғадудҳоро омехта меноманд?
  5. Кадом гормонҳо дар расиши қади одам иштирок мекунанд?
  6. Гормони ғадуди сипаршакл ба кадом органоидҳои ҳуҷайра таъсир мерасонад?
  7. Сабабҳои пайдошавии бемории диабети қанд чист?
  8. Кадом ғадудҳо расиши узвҳои ҷинсиро таъмин мекунанд?

Назди admin

Инчунин хонед инро

tarkibi-xun

Таркиб ва вазифаҳои хун ва плазмаи он

Аҳамият ва вазифаҳои хун. Хун ҳамчун моеъи дохилии организм дар системаи махсуси худ ҳаракат карда, …