МАЪЛУМОТҲОИ НАВТАРИН
АСОСӢ / Тандурустӣ / Канзи Шифо / Гандум дар табобат
Гандум

Гандум дар табобат

Ин растании зироатӣ ба ҳама маълум аст. Дар тиб аксар дони он истеъмол мешавад. Беҳтарини он гандуми нави пурраи сафеди моил ба зардии он аст ва баъд аз он сафедаш мебошад. Мизоҷаш дар дараҷаи якум гарм ва дар хушкиву тарӣ мӯътадил аст, вале гандуми нави хушкнашудаи он, яъне дулмули он дар дараҷаи якум тар аст.

Хислатҳои шифобахши он: ин беҳтарини хӯрокҳо мебошад, ғизоияташ бисёр, баданро фарбеҳ мегардонад, вале ба касоне, ки дар рагҳо ва узвҳои дохилиашон гиреҳҳо пайдо шуда бошанд, зарарнок аст, инчунин ба занони ҳомила ҳам зиён дорад. Гандуми пухтагӣ дерҳазм ва пайдокунандаи бод аст ва барои осон кардани ҳазмаш бояд бо шириниҳо бихӯранд. Агар аз болои гандуми хом ва норасида об биёшоманд, иллати кулинҷи бодиро пайдо мекунад.

Гандумро хоида гузошта банданд, пучак ва чиртакҳоро мепазонад, зеро ин хислати гарм кардани пӯстро дорад. Инчунин гандуми бирёнкарда ҳам дерҳазм ва бодангез мебошад. Гандумро сӯхта, ос карда, бо муми занбӯри асал ва равған сиришта гузошта банданд, рухсораро пок мекунад.

Бо орди сафеди гандум, ки он андак сабӯс дошта ва хамираш хеста бошад, нон аз он бипазанду бихӯранд, серғизо мешавад, баданро фарбеҳ мекунад, қуввати боҳ мебахшад. Нони фатир ё ордаш бисёр маҳин ва дар он мутлақан сабӯс набошад ва ҳамчунин гандумаш шустагӣ бошад, нон пухта бихӯранд, ба душворӣ ҳазм мегардад, дарунро сахт мекунад, дар узвҳои бадан гиреҳ пайдо менамояд. Дар ин ҳолат набот, анҷир ва меваҳои гуногуни пухтагӣ истеъмол намоянд, зарари мазкураш ислоҳ меёбад.

Агар орди гандумро бо шакар ва бодом пухта лесида бихӯранд, сурфа, хун қай кардан, дарди узвҳои даруни сина ва гурдаро шифо мебахшад, баданро фарбеҳ мекунад, боҳро қувват медиҳад. Аз орди гандум бо об ва наъноъ ва равғани тоза нишоиста (крахмал) пухта бихӯранд, дағалӣ ва дуруштии узвҳои даруни синаро ислоҳ мекунад.

Орди гандумро бо об ва равғани зайтун пухта гузошта банданд, варамҳои гармро таҳлил медиҳад ва агар бо оби пиёз пухта гузошта банданд, варамҳои хунукро мегардонад, пучакҳоро мепазонад; бо оби кашниз пухта гузошта банданд, варамҳои гарм, ханозер ва ғадудҳоро таҳлил медиҳад. Орди гандумро бо сиканҷабин хамир карда бимоланд, рихинакҳои чеҳраро дафъ мекунад; бо оби гиёҳи банг (кирмрезонак) хамир карда бимоланд, рехтани моддаҳои нодаркор ва зарарнокро ба асабҳо манъ мекунад, пурбодшавии рӯдаҳоро бар ҳам медиҳад.

Орди гандуми сурхро бо шароб ё бо сирко хамир сохта бимоланд, зиёни заҳри ҷонваронро мешиканад. Орди гандумро ба мавзеъи газидагии саги девона бипошанд ва аз болои он барги беданҷир банданд, таъсираш пурқувват мешавад. Агар хамири орди гандумро ба ҷойи газидаи саг чанд соат бибанданд ва баъд онро гирифта, назди саг партоянд, агар саг онро нахӯрад,  маълум мешавад, ки саги газида девона будааст.

Нишоистаи орди гандумро бо арпабодиён хамир карда бихӯранд, шири занонро зиёда мегардонад. Аз гандум равған хам тайёр мекунанд ба ин тариқ. Даруни колбаро то гулӯгоҳаш аз гамдум пур менамоянд. Дар гулӯи колба лиф ҷо мекунанд. Баъд ба колба аз рӯ гили бӯта ё гили ҳикмат мемоланд. Табақи фулузиро аз миёнаш, барои ҷо гиронидани гулӯи колба сӯрох мекунанду колбаро сарозер ба он сӯрох мегузоранд. Табақро дар болои ду хишти пухта ҷо дода, ба поён зарферо мемонанд. Баъд ангишт ба атроф ва болои колба рехта, онро оташ медиҳанд. Аз таъсири тафси оташ равған аз гандум ҷудо шуда, дар лиф софшавон поин мечакад. Ин равғанро бимоланд, ширинча ва шукуфаи пӯст, доғҳои кунчидак ва сабӯсаки сарро дафъ мекунад.

Назди admin

Инчунин хонед инро

Пойи зоғ

Пойи зоғ —  ин гиёҳро дар баъзе маҳалҳо панҷаи зоғам ҳам меноманд. Тухмашро ба забони …