МАЪЛУМОТҲОИ НАВТАРИН
АСОСӢ / Тандурустӣ / Канзи Шифо / Гандуми девона
Гандуми девона

Гандуми девона

Гандуми девона — ин донест аз ҷав борик ва майдатар, таъмаш каме талх, рангаш моил ба сурхӣ. Гиёҳаш монанди растании гандум дар гандумзорҳо мерӯяд. Беҳтарини он фарбеҳдонаи он аст, ки кӯҳна нагашта бошад. Мизоҷаш дар дараҷаи дувум гарм ва хушкиаш зиёда аз ин дараҷа мебошад.

Хислатҳои шифобахши он: агар инро бихӯранд, карахтӣ меоварад, чашмро сиёҳ мезанонад, овозро вайрон мекунад. Ноне, ки дар он гандуми девона дошта бошад, ҳангоми хӯрдан маст мекунад, хоб меоварад ва боиси сиёҳ задани чашм мегардад.

Кӯфтаи онро гузошта банданд, хор ва тирро аз бадан кашида берун меоварад ва моддаҳои рӯйи узвро пок мекунад. Агар кӯфтаи онро бо шароб хамир сохта гузошта банданд, дарди суринҳоро дафъ мекунад: инро бо сирко пухта, бо равғани зайтун сиришта гузошта банданд, шукуфаҳои пӯст, хоришак ва қутури решгаштаро шифо мебахшад ва бо сафедаи тухми мурғ хамир карда гузошта банданд, сахтиҳои баданро ислоҳ мекунад; бо асал хамир сохта гузошта банданд, ниқрисро, ки дард ва варами ангуштони дасту поҳо мебошад, ба ибро меоварад; бо тухми зағир ва саргини кабӯтар сиришта, гузошта банданд, пучак ва чиртакҳоро мекафонад, ҷароҳатҳоро сиҳат мекунад, варамҳоро мегардонад ё пазонида мекафонад; инро бо орди гандум даромезанду бипошанд, шукуфаҳои пӯст ва решҳои дигарро сиҳат мебахшад; агар бо гӯгирд даромехта гузошта банданд, доғи сафеди пӯстро дафъ мекунад.

Ба ҷойи гандуми девона себаргаро истеъмол кунанд, раво мебошад. Агар касе гандуми девонаро хӯрда бошад, давояш равған ва шир хӯрда қай фармудан ва нӯшидани оби меваҳои турш аст.

Аз гандуми девона равған ҳам тайёр мекунанд ба ин тариқ. Колбаро, ки ҳар навъи бузургашро бихоҳанд, гирифта, ба рӯйи он гили бӯта молида, даруни онро то гулӯяш аз гандуми девона пур мекунанд ва дар гулӯяш лифи зағирпоя ё дигар лиф ҷо менамоянд. Баъд лагани калон ё варақи васеътари оҳанро аз миёнаҷояш мувофиқи ғунҷоиши гардани колба сӯрох карда, он колбаро сарозер ба он сӯрохӣ мегузоранду аз боло ба атрофи шиками колба ангишт гузошта оташ меафрӯзанд, аз тафси оташ равғани гандуми девона ҷудо гашта, аз лиф софшавон гузашта, ба зарфи дар поён гузошташуда мечакад. Ин равғанро бимоланд, шукуфаҳои пӯст, захмҳои сари тифлон ва ғайри тифлон, сабӯсаки сар ва доғҳои кунҷидакро дафъ мекунад.

Назди admin

Инчунин хонед инро

tarkibi-xun

Таркиб ва вазифаҳои хун ва плазмаи он

Аҳамият ва вазифаҳои хун. Хун ҳамчун моеъи дохилии организм дар системаи махсуси худ ҳаракат карда, …