МАЪЛУМОТҲОИ НАВТАРИН
АСОСӢ / ГУНОГУН / ГАСТРОСКОПИЯ

ГАСТРОСКОПИЯ

Ҳангоми шунидани ин калима шояд меҳроби дилатон ях мекунад ва рефлексии қайкунӣ пайдо мешавад. Пас маълум мешавад, ки шумо дар асри гузашта зиндагӣ мекунед, он вақтҳое ки рӯдарезини хеле дарози ғафси сиёҳеро ба гулӯи шумо тела мекарданд. Имрӯзҳо ин гуна таҳқиқро бе ҳеҷ гуна дард ва амалан бе ҳеҷ ноқулайӣ гузаштан мумкин аст.

ИН ХУДАШ ЧӢ АСТ?

Эзофагогастродуоденоскопия (ЭГДС) – ин усули таҳқиқие аст, ки тавассути он духтур қисмҳои болоии роҳи меъдаву рӯдаҳо (ЖКТ), сурхрӯда, меъда ва рӯдаи дувоздаҳангуштаро муоина мекунад.

БАРОИ ЧӢ ИН КОРО МЕКУНАНД?

Инак, духтур шуморо ба гастроскопия (ба таври илмӣ гӯем – эзофагогастродуоденоскопия  ё ЭГДС) равона кард. Сабаби ин кор метавонад на фақат дарди меъда, балки зардаҷӯш, оруғзанӣ, ҳиссиёти нофорами зери қафаси сина (меҳроби дил), дар пагоҳӣ ҳис кардани маззаи туршӣ ё талхӣ дар даҳон низ бошад… Ҳамаи инҳо – нишонаҳои хосси бо ном ноҷӯрии (иллатнокии) меъда мебошанд. Пардаи луобӣ, ки вазифааш ҳифозат кардани девораҳои меъда аз кислотаи намакӣ аст ва бо ёрии он раванди хӯрокҳазмкунӣ мегузарад, дар ягон ҷойе вазифаашро иҷро карда наметавонад ва табиӣ аст, ки ба илтиҳоб гирифтор мешавад. Аммо илтиҳоби дарозмуддат ё мунтаззам — дар аксар мавридҳо ба захми меъда, бодхӯра (эрозия) ё маълул (атрофия) оварда мерасонад.

gastroskopiya

Барои онҳое ки дар авлодашон беморони гирифтори бемории захми меъда, гастрити музмин, омоси меъда доштаанд, ҳатто агар шикоят ҳам набошад духтурон метавонанд гастроскопияро пешниҳод кунанд. Аломатҳри ноҷӯрии меъда метавонанд оддӣ бошанд… рихинакҳои рӯй (угри).  Барои ҳамин дар аксар мавридҳо беморони дерматологҳо барои гастроскопия низ роҳхат мегиранд.

ЧӢ ТАВР ИНТИХОБ КАРДАНИ КЛИНИКА?

Бояд ба он ҷое равед, ки дар он ҷо ЭГДС бо ёрии видеоэндоскоп гузаронида мешавад. Дар қисми бештари клиникаҳои Россия ин таҳқиқкунӣ бо гастроскопҳои намунаи кӯҳна – фибронахӣ (худи ҳамон рӯдарезинҳои хеле дарози ғафси сиёҳ) гузаронида мешавад. Духтур чашмашро ба окуляр гузошта меъдаро тавре ки мегӯянд бо чашми худ муоина мекунад.

Видеоэндоскоп – ба таври принсипиалӣ технологияи дигар аст. Он расмро ба таври рақамӣ ба монитор интиқол медиҳад. Ҳангоми таҳқиқкунӣ сабти видеоӣ низ гузаронида мешавад, яъне ки ҳангоми зарурат онро боз аз нав тамошо кардан мумкин аст, ҳар як қисмати шубҳанокро хеле калон карда дидан мумкин аст. Диски CD ё DVD –ро бо сабти гастроскопияи шумо ҳангоми зарурат ба дигар мутахассисон нишон додан мумкин аст; баъд аз чанд вақте аз рӯи ин видеосабтҳо ҳолати беҳтаршавии (динамикаи) меъдаи шуморо дар муқоиса дида назорат кардан мумкин аст.

Ба ғайр аз он диаметри “лӯларезини” видеоэндоскоп назар ба таҷҳизотҳои пештара хеле хурдтар аст. Моделҳое низ ҳастанд, ки дар онҳо ин лӯларезин ба мисли ришта борик аст.

ЧӢ ТАВР ОМОДА ШУДАН ЛОЗИМ АСТ?

Ба гастросокпия бо меъдаи холӣ мераванд. Ин маънои онро дорад, ки охирон бор на дертар аз соати 19:00 –и бегоҳирӯзӣ хӯрок хӯрдан лозим аст. Ба ҳеҷ ваҷҳ аз бегоҳӣ нӯшидани нӯшокиҳои спиртӣ мумкин нест. Аз он рефлекси қайкунӣ чандкарата  зиёдтар мешавад. Зимнан, ин рефлекс дар мардуми маҳаллҳои ҷанубӣ (грузинҳо, арманиҳо, озарбойҷониҳо ва дигар мардуми Қафқоз) бе алкоҳол ҳам хеле пурқувват аст. Меарзад, ки ба онҳо пешакӣ ягон доруе дода шавад ё аз хоболудкунии кӯтоҳмуддат истифода бурда шавад.

ОЁ ДАРДОВАР АСТ Ё НЕ?

Дар баъзе одамон ҳатто мӯйи борике ҳам қайкуниро ба бор меорад. Барои ҳамин ҳам дар гастроскопияи ҳозира анестезияи муосир истифода бурда мешавад: на беҳискунандаи ҷойҳои алоҳида, балки доруҳои хобовари таъсири кӯтоҳмуддат. Одам ба муддати як соат ба ҳолати хоболудӣ мефтад ва дертар «навигариеро» мефаҳмад, ки ӯро гастроскопия кардаанд. Ин метафора нест: дар ҳақиқат бисёр беморон проседураро дар ёд надоранд.

Маълум аст, ки пурра ба ин қоида такя кардан низ лозим нест, баъди фаҳмидан дар бораи ин таҷҳизот меарзад, ки оиди намудҳои анестезия низ маълумот гиред. Агар ба шумо хоб рафтан бештар маъқул бошад, ба назар гиред, ки пас аз он аксуламали (реаксияи) одам паст мешавад – баъди он то рӯзи дигар дар сари чанбараки рул нишастан мумкин нест.

АФЗАЛИЯТҲОИ  ИЛОВАГӢ

Хусусияти фарқкунандаи гастроскопияи муосир – дар давоми проседура духтур метавонад экспресс-таҳлилро барои пайдо кардани Helycobacter Pylory (хеликобактер пилори) – гузаронад, ки он микроорганизме аст, ки дар бисёр ҳолатҳо сабаби гастритҳо, эрозияҳо ва  захми меъда мегардад. Пешакӣ аз коргузори (маъмурияти) клиника фаҳмида гиред, ки оё онҳо ин гуна хизматрасонӣ доранд ё не.

Агар экспресс-ташхис гузаронида нашавад, ҳатман пурсед, ки оё умуман дар ин муассиса таҳлил барои Ҳеликобактерия гузаронида мешавад ё не? Агар ҷавоб, Не бошад, пас ному шӯҳрати (репутатсияи) ин клиника зери шубҳа аст.

Агар оиди омос (опухоли) камтарин шубҳае бошад, пас нисбати интихоби муассисаи тиббӣ бояд хеле ҷиддӣ бошед. Пурсидан зарур аст, ки оё биопсия (таҳқиқи луқмачае аз луобиятҳои меъда дар зери микроскоп) ва усулҳои иловагии ташхисӣ , масалан хромогастроскопия гузаронида мешаванд ё не. Чунки ҳамаи инҳо ташхиси дақиқро кафолат медиҳанд.

ТО КАДОМ АНДОЗА ИН БЕХАВФ АСТ?

Меарзад аниқ кунед, ки дар клиника чӣ қадар эндоскопҳо ҳастанд. Стандартҳои амалкунандаи тамъизкунӣ (стерилизатсия) хеле ҷиддӣ ҳастанд: коркарди механикӣ, тар карда мондан дар маҳлулҳои махсус, коркард бо спирт … Ин гуна кор аз 15 то 30 дақиқа вақтро мегирад. Барои ҳамин дар клиникаҳои хуб ҳама вақт якчанд эндоскоп кор мекунанд: ҳангоме ки яке аз онҳо кор фармуда мешавад, дигараш аз тамъизкунӣ мегузарад. Ин гуна тарзи кор имкон медиҳад, ки навбатпойии одамони гурусна ва ғазаболудшуда  бартараф карда шавад ва хавфи бо ҳеликобактерия ва гепатитҳо сироят кардани онҳо низ вуҷуд надорад.

Агар гастроскоп фақат якто бошад, барои он ки ҳатто хавфи фарзӣ (гипотетикӣ) бартараф шавад, бояд навбати одамон ҷиддан назорат карда шавад. Агар бемори навбатиро пас аз панҷ дақиқаи баромадани бемори пешина даъват кунанд, пас маълум аст, ки ин ҷо корҳо тоза ва поквиҷдонона нестанд.

Тавсияи аз ҳама оддитарин ва боэтимодтарин: агар шумо ба ин клиника бори аввал омада бошед ва ному шӯҳрати он ба шумо маълум набошад, пас худро дар навбати се нафар аввалинҳо нависед. Беҳтараш аз ҳама аввалин бошед.

Имрӯзҳо гастроскопия ҳам ба мисли Таҳқиқи Фаросавтӣ (УЗИ) ё ченкунии фишори чашмон проседураи тоқатпазир шуда мондааст. Фоидаи онро набояд нодида гирифт. Ба шарофати амалӣ кардани видеоэндоскопия Ҷопон кишваре гашт, ки дар он ҷо аз ҳама зиёдтар омосҳои меъда маълум карда шуданд ва мутаносибан ҳам кишваре гашт, ки дар он ҷо аз ҳама фоизи зиёдтари шифоёбӣ аз ин омосҳо вуҷуд дорад.  Аз ин мебарояд, арзанда аст, ки ақаллан як маротиба дар яку ним – ду сол соате дар кати эндоскопист бихобед, то мутмаин бошед, ки ҳатто агар осебе бошад ҳам он натавонад марговар шавад. Оиди захми меъда, ки ҳоло техникаи муосир ва фармакология ба осонӣ дар давоми 7-10 рӯз онро бартараф мекунанд, ҳоҷати гап ҳам нест.

Назди admin

Инчунин хонед инро

xirs

ҲИКОЯИ ХИРС ВА ОН АБЛАҲ, КИ БАР ВАФОИ Ў ЭЪТИМОД КАРДА БУД

Хирс ҳам аз аждаҳо чун вораҳид Во-н карам з-он мард мардона бидид. Чун саги асҳоби …