АСОСӢ / Тандурустӣ / Канзи Шифо / ГАЗ дар Канзи Шифо (Китоб)
Газ

ГАЗ дар Канзи Шифо (Китоб)

Газ (ба русс. Гребенщик) — хелҳои гуногун дорад: баъзе босамар, баъзе бесамар; баъзеаш пуштиранги майда дар хӯша гул мекунад ва баъзеаш гул намекунад. Баргаш монанди барги арча. Беҳтаринаш дар канорҳои обҳои ширин рӯйидаи он аст. Мизоҷаш дар дараҷаи якум сард ва хушк аст, вале баъзеҳо сардии мизоҷи онро дар дараҷаи дувум медонанд.

Хислатҳои шифобахши он: решаашро дар равғани зайтун пухта, ҳар дуро, яъне реша ва равғанро бихӯранд, иллати махавро, ки аз варами заҳрнокии сипурз ва аз гиреҳ пайдо кардани ин узв ҳодис шуда бошад, шифо мебахшад; агар решаи онро бо сирко пухта бихӯранд, зардпарвинро, ки сабабаш сустии заҳрадон ва банд шудани моддаи сафро дар он бошад дафъ мекунад. Барои кушодани гиреҳҳо ва таҳлил додани варами сахти ҷигар ҳар рӯз 150 грамм сиркоеро, ки решаи газ ҷӯшонида шуда бошад, бинӯшанд, шифо мебахшад.

Баргҳояшро дар об ҷӯшонида, он обро дар даҳан гардонанд, дандон ва милки онро мустаҳкам мекунад. Ва агар ин обро биёшоманд, исҳолро банд месозад ва рафтани хунро аз бачадон мебандад, инчунин рафтани рутубатро аз он хушк мекунад.

Усораи барги он, яъне оби барги онро дар офтоб ғафс гардонида ё баргҳояшро дар об ҷӯшонида, он обро, ё гулаш ва ё тухмашро биёшоманд, сипурзи сахти беҳад васеъгаштаро кӯчак мегардонад, хусусан онро дар сирко ва бо анҷир ҷӯшонида бошанд, зудтар таъсир мекунад.

Ҳар як қисми газро дар об ҷӯшонида, дар он об то ноф даромада нишинанд, хунравиро аз мақъад, бачадон ва инчунин аз бавосир манъ мекунад. Агар бо он об сарро бишӯянд, шапуш ва ришкро дафъ месозад.

Баргҳояшро пухта, кӯфта, бо сирко ва решаи кавар ё сабир (алоэ) хамир сохта гузошта банданд, варами гарм ва сахтии сипурзро таҳлил медиҳад. Ин баргҳои пухтагиро аз рӯ гармбандӣ кунанд, иллатҳои сипурзро дафъ мекунад.

Газ

Гази хушкро кӯфта бипошанд, решҳои тар ва захми обилаи дар оташ сӯхтагиро хушк мекунад. Шох ва баргҳои онро сӯхта, дудашро бигиранд, зукомро шифо мебахшад, зулуки дар ҳалқ мондаро ихроҷ мекунад ва инчунин обила ва захмҳои тарро хушк мегардонад.

Се дафъа баргашро сӯхта, мақъадро ба дудаш бидоранд, донаи бавосирро меафтонад ва озахҳоро хушконида мерезонад. Хокистари чӯби газро дар мақъад бардоранд, иллати сустии мақъад (кӯтан) ва баромадани онро ба ибро меоварад. Агар инро бипошанд, решҳои тарро хушк мекунад ва сӯхтагии оташро шифо мебахшад.

Самари газро кӯфта бихӯранд, хун қай карданро, ки кӯҳна шуда бошад, шифо мебахшад, милкҳои сусти дандонро мустаҳкам мекунад ва фасоди ҳавои вабоиро дафъ менамояд, инчунин заҳри ғундаро аз бадан хориҷ мегардонад. Агар аз зарфи чӯби газӣ об ва таом бихӯранд, барои бемориҳои сипурз фоида дорад.

Назди admin

Инчунин хонед инро

bouna

Бобуна чиро табобат мекунад?

Бобуна (русс. ромашка) —   Гули ин дар сохт ба гули бобунаи говчашм монанд аст, вале …