АСОСӢ / Тандурустӣ / Канзи Шифо / Газна — талванг

Газна — талванг

Газна   — Ин гиёҳро дар баъзе маҳалҳо тоҷикони шимол талванг ҳам мегӯянд. Зеро агар ин тала кунад, яъне бигазад, баданро ванг (варам) мекунонад.

  Баргаш бо кунгуранокиаш ба барги тут андак шабоҳат дорад. Инро баргаш ҳам, пояаш ҳам пурхор, хорҳояш монанди неши занбӯр борик-борик. Ба воситаи ҳамин хорҳояш касонеро, ки ба он мерасанд, мегазад, заҳр меандозад. Тухмаш майдаи ялаққосӣ, андак паҳнтар аст.

gazna

  Мизоҷаш дар аввали дараҷаи севум гарм ва хушк аст.

  Хислатҳои шифобахши он: агар онро кӯфта, ба узве гузошта банданд, моддаро аз таг ба рӯйи пӯст мекашад, пӯстро захмин мекунад, вале варамҳои сахтро таҳлил медиҳад. Ва агар инро бихӯранд, ахлоти ғализро рақиқ мегардонад; пешоб, ҳайз ва ширро ҷорӣ (равон) мекунад, арақ меоварад, қуввати боҳро бармеангезад; узвҳои даруни сина, шуш ва меъдаро аз моддаҳои ғайрӣ пок мегардонад: даҳани бачадон, гиреҳи ҷигар ва сипурзро мекушояд.

Баргашро дар об ҷӯшонида, он обро бо оби ҷав даромехта бинӯшанд, бемориҳои узвҳои даруни синаро, ки иборат аз дамкӯтаҳӣ, ростнафас мебошанд, шифо мебахшад ва узвҳои даруни синаро аз ахлоти ғафси часпак пок месозад.

  Агар баргашро кӯфта, дар бинӣ ҷо кунанд, хуни биниро бозмедорад. Агар барги тарашро кӯфта, ба пешонӣ гузошта банданд, низ хуни биниро мебандад; агар инро ба бачадоне, ки аз фарҷ берун баромада бошад, гузошта бандад, бачадонро ба ҷойи аслиаш мебарад; агар ба дубайла (кӯряра) ва пучакҳо гузошта банданд, онҳоро мекафонад; ба озахҳо банданд, онҳоро хушк карда меафтонад,хусусан инро бо асал даромехта ба кор баранд, таъсираш зудтар зоҳир мегардад, инчунин печиши асабро ҳам ба ибро меоварад; бо мумравған сиришта, аз рӯ ба сипурз гузошта банданд, ӣллатҳои ин узвро дафъ мекунад. Агар онро пухта, бо равғани зайтун хамир карда, гузошта банданд, варами баногӯшро дафъ менамояд.

  Хокистари газнаро бо намак даромехта, ба решҳо гузошта банданд, онҳоро хушк ва сиҳат мёкунад.

  Тухмашро бихӯранд, барои дамкӯтаҳӣ,-сурфа, иллатҳои узвҳои нафас ва истисқо (водянка) дору мешавад; сафро, зардоб ва балғами часпакро аз бадан хориҷ месозад, барои иллатҳои сипурз ва гурда дармон мебошад; боҳро қавӣ мегардонад. Агар инро бо сиканҷабин (сиркоасал) бихӯранд, дарди гурда, паҳлу ва сипурзро ҳамон дам таскин медиҳад. Агар инро бо решаи бепӯсти ширинбия якҷо дар об ҷӯшонида, он обро бинӯшанд, хичакро (пешобдонро) аз рим пок мегардонад. Агар инро бо тухми карафс ва шири гӯсфанд бихӯранд, боҳро бағоят бармеангезад; бо шароб биёшоманд, балғамро бо исҳоли сабук дафъ мекунад.

  Агар ин тухмашро кӯфта, бо асал хамир карда, латта ё пахтаи покро ба он олонда, занҳо аз таг бардоранд, ҳайзи қатъгаштаро равон мекунад. Ва агар кӯфтаи онро  бо асал хамир карда гузошта банданд, закарро калон мегардонад. Кӯфтаашро бо барги сагангур, барги зуф якҷо сиришта, бо маска хамир карда, чун марҳам ба захмҳо ва саратон гузошта банданд, онҳоро шифо мебахшад. Агар тухмашро танҳо кӯфта гузошта банданд, варамҳоро таҳдил медиҳад.

  Баргашро кӯфта гузошта банданд ё кӯфтаи онро бо асал хамир карда, ба закар ва каши рон бимоланд, боҳро ба ҳаракат меоварад.

  Оби газнаи тарро дар даҳан ва ҳалқ гардонанд, варами забончаи ҳалқро таҳлил медиҳад.

  Барги хушк ва тухмашро кӯфта бипошанд, барои хушконидани захмҳои хӯранда, саратони решгашта нофеъ аст, дард намеоварад.

  Хӯрдани маҳсулоти газна ба гурда ва рӯдаҳо зарар дорад. Дар ин маврид шилми бодомҳоро бихӯранд, зиёнашро дафъ мекунад.

  Миқдори як бор хӯрдан аз тухмаш дар як рӯз то 10,5 грамм аст, вале агар аз ин зиёд бихӯранд, мӯҳлик аст. Дар он ҳолат, ки зарар ёбанд, чизҳои хунукмизоҷ бояд бихӯранд.

  Аз тухми газна равған ҳам тайёр мекунанд. Равғанаш барои бемориҳои номбурда қавитар аз тухми он аст: барои қувват бахшидани боҳ, бартараф кардани дарди буғумхо (пайвандҳо), дарди сурин (кафал), ниқриси балғамӣ бихӯранд ва бимоланд, шифо мебахшад.

  Тариқи тайёр кардани равғани тухми газна ии аст. Ин тухмро, ҳар қадар ки хоҳанд, бигиранд, нимкӯфта дар андак об тар намоянд. Як колбаро бо гили бӯта андуда кунанду даруни онро аз тухми намгирифтаи газна пур кунанд. Дар гулӯи колба лиферо ҷо намоянд. Табақеро ё варақи васеи оҳанинро аз миёнаҷо барои ҷо додани гулӯи колба сӯрох гардонанду гулӯи колбаро дар он сӯрох чаппа гузоранд. Баъд ба атроф ва болои колба, ки дар рӯйи табақ аст, аз ҳезуми тез ё ангшнт оташ афрӯзанд. Аз тафси ин равғани тухми газна муқаттар шуда поён меоад ва аз лиф покшавон ба зарфе, ки дар поён гузошта мешавад, мечакад. Ё ба он тухми намгирифта андак намак дохил карда, дар анбиқ ё дар колба ҳамон тавр муқаттар менамоянд. Баъд шурӣ ва обияташро аз он ҷудо сохта дур мекунанд, ин равғанро ба кор мебаранд.

  Ин равған, ки бо ду усул ҳосил карда мешавад, бисёр қавӣ аст.

  Тариқи тайёр кардани равғани тухми он ба усули дигар ин аст. Тухми газнаро кӯфта, дар панч баробари вазни он об биҷӯшонанд, то чоряки об бимонад. Баъд молида, соф карда, бо ним вазни он ё баробари он равғани кунчиди тоза аз болояш рехта, дар зарфе бичӯшонанд, то об бухор шуда раваду равған бимонад. Вале ин равған назар ба ду навъи дар боло зикрёфта заифтар мебошад.

Назди admin

Инчунин хонед инро

миробалан- халила

Ҳалила ва фоидаи у

Ҳалила (ба русс. Миробалан) — Ин самари дарахти ҳиндист, дар ҳаҷм ва намуд гуногун мебошад, ки …