МАЪЛУМОТҲОИ НАВТАРИН
Гиёҳи шӯра

Гиёҳи шӯра

Гиёҳи шӯра — Ин гиёҳ бештар дар он ҷоҳое, ки ҷуфт намерасад, яъне шудгор карда намешаванд, мерӯяд. Алафаш сабз, пушти баргҳояш чун шӯра дамидаҳои тунуке дорад. Дар мавсими баҳор нашъунамо мекунад. Онро мардум бо усулҳои гуногун мехӯранд. Ин растаниро ба забони русӣ лебеда меноманд.

Мизоҷаш дар охири дараҷаи дувум гарм ва хушк аст.Хислатҳои шифобахши он: инро бихӯранд, оруғро хушбӯй мегардонад, он чӣ дар шикам бошад, ҳазм мекунад, ғизоияташ кам аст ва часпандагӣ дорад. Хуллас, ҳар он чӣ дар шикам бошад, ба воситаи исҳол хориҷ мекунад. Агар оби гиёҳи тару тозаи онро биёшоманд, зардобро ба воситаи исҳол дафъ мекунад.

Аз 25 то 150 грамми онро бо обе, ки дар он як шабонарӯз мавизи ангур тар карда шуда бошад, бо шакари сурх биёшоманд, лоғарӣ, сустии меъда, дарди камар, дарди пушт ва дарди суринро, агар таб набошад, шифо мебахшад. Вале дар меъда гаронӣ ҳодис мекунад бинобар часпандагӣ доштанаш. Бояд ки оби онро наҷӯшонида биёшоманд ва агар биҷӯшонанд, қувваташ барҳам мехӯрад.

Гиёҳи шӯра

Баъзеҳо 300 грамм оби онро бо 35 грамм шакари сурх меошоманд, қувват ва таъсираш зиёда зоҳир мегардад. Тару тозаи ин гиёҳро бихӯранд, пешоб ва ширро равон мекунад, маниро зиёда мегардонад, боҳро ба ҳаракат меоварад. Вале баъзеҳо мегӯянд, ки маниро хушк, ҳатто қатъ мекардааст. Тухмаш барои дафъ кардани зардоб ба воситаи исҳол қавитар аз гиёҳаш мебошад.

Миқдори як бор хӯрдан аз гиёҳи хушки шӯрагиёҳ дар як рӯз то 10,5 грамм ва аз оби гиёҳи тару тозаи он то 200 грамм аст, ба шарте ки бо 35 грамм шакари сурх биёшоманд.

Назди admin

Инчунин хонед инро

ПАНҶАНГУШТ

ПАНҶАНГУШТ

Панҷангушт ( Витекс ба русс.) — ин буттаест баргаш монанди панҷ ангушти дасти одамӣ ва …